Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 1/11/2015

Бӯсидани дасти ҳокимон ё олимон ё падар ва модар чи ҳукме дорад? Бӯсидани дасти Расули Худо (с) ва аъимаи аҳли байт (а) ба вежа ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) чи ҳукме дорад?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 3/11/2015

Бӯсидани дасти ҳеҷ кас суннат нест, вале бӯсидани дасти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва дасти халифаи ӯ барои табаррук, ҷойиз аст; Чунонки бархӣ ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: «أَرادَ رَجُلٌ أَن یُقَبِّلَ یَدَ الْمَنْصُورِ فَأَبْعَدَ یَدَهُ وَ قالَ لَهُ: أَ تُریدُ أَنْ تُغِرَّنِي کَما تُغِرُّ هَؤُلَاءِ الدَّجاجِلَةَ؟! لا یُقَبِّلُ الرَّجُلُ یَدَ الرَّجُلِ إلّا أَن یَکُونَ إِماماً مُفْتَرَضَ الطّاعَةِ! قالَ الرَّجُلُ: وَاللّهِ ما فَعَلْتُ ذَلِكَ إلّا لِأَعْلَمَ أَهُوَ مِنَ الدَّجاجِلَةِ أَمْ لا، فَعَلِمْتُ أَنَّهُ لَیْسَ مِنْهُمْ»; «Марде хост ки дасти Мансурро бибӯсад, пас он ҳазрат дасти худро дур кард ва ба ӯ фармуд: Оё мехоҳӣ манро бифиребӣ ҳамон гуна ки ин даҷҷолҳоро мефиребӣ?! Касе дасти касеро набӯсид магар онки имомӣ муфтаризи алаттоъа бошад! Мард (пас аз он) гуфт: Ба Худо савганд ин корро накардам магар барои инки бидонам оё ӯ ҳам аз даҷҷолҳо аст ё на, пас донистам ки ӯ аз онҳо нест»! Бо ин ҳол, бӯсидани дасти падар ва модар дар сурате ки мусалмон бошанд, ишколе надорад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «سَأَلْتُهُ عَنِ الرَّجُلِ یُقَبِّلُ یَدَ والِدَیْهِ، فَقالَ: لا بَأسَ بِهِ، أَما سَمِعْتَ قَولَهُ تَعَالَى: ﴿وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ؟!»; «Аз он ҳазрат дар бораи марде пурсидам ки дасти падар ва модарашро мебӯсад, фармуд: Ишколе надорад, оё сухани Худованди баландмартабаро нашунидаи ки мефармояд: «Ва боли фурутаниро аз меҳрубонӣ барои он ду фуруд овар»[1]?!», вале бӯсидани дасти ҳокимони золим ва олимоне ки пайрави онон ҳастанд, ҳаром аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: مَنْ قَبَّلَ یَدَ ظالِمٍ یُظْهِرُ بِذَلِكَ وَلایَتَهُ فَکَأَنَّما قَبَّلَ اللّاتَ وَ الْعُزَّى»; «Шунидам Мансур мефармояд: Ҳар кас дасти золимеро бӯса занад то бо он таваллии ӯро изҳор кунад, монанди ин аст ки бар лот ва уззо бӯса зада бошад» Ва дар китоби «Бозгашт ба Ислом»[2] омадааст ки он ҳазрат аз бӯсидани дасти олимӣ мутакаббир ибо кард.

↑[1] . Исроъ/ 24
↑[2] . с97