Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 1/11/2015

1- Назари аллома Хуросонӣ дар мавриди қиёс чист?

2- Назари эшон дар мавриди истеҳсон чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 3/11/2015

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1. Аҳкоми шаръ, чизе ҷуз эътибороти шаръи нестанд ва эътибороти шаръи, ҷуз бо талаққӣ аз ӯ шинохта намешавад ва бо ин васф, қиёси бархӣ аз онҳо бо бархӣ дигар оқилона нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки аз як сӯ ҳукми ҳар мавзӯъе дар китоби Худо ва суннати Паёмбараш табйин шуда ва дар назди халифааш маҳфуз аст ва бо ин васф, ниёзе ба қиёси як мавзӯъ бо мавзӯъи дигар нест, балки танҳо ниёз ба истеълом аз халифаи Худо дар замин аст ва агар истеълом аз ӯ дар замоне меяссар нест ба сабаби тақсири аҳли он замон дар таъмини муқаддамоти ин кор аст ки узре барои онон дар рӯй овардан ба қиёс шумурда намешавад ва аз сӯӣ дигар ақл бидуни талаққӣ аз Худованд қодир ба эҳсоъи милокҳои эътибороти ӯ нест; Чароки ба унвони мисол, агар бо истинод ба ояи ﴿يَسْأَلُونَكَ مَاذَا أُحِلَّ لَهُمْ ۖ قُلْ أُحِلَّ لَكُمُ الطَّيِّبَاتُ[1]; «Аз ту мепурсанд ки чи чизе барояшон ҳалол шуда, бигӯ чизҳои таййиб барои шумо ҳалол шудааст», таййиб будани чизеро милоки ҳалол будани он бишиносад, мумкин аст ки Худованд бо милокӣ дигар монанди уқубат ё озмойш, бархӣ чизҳои таййибро ҳаром карда бошад; Чунонки ба унвони намуна фармудааст: ﴿فَبِظُلْمٍ مِنَ الَّذِينَ هَادُوا حَرَّمْنَا عَلَيْهِمْ طَيِّبَاتٍ أُحِلَّتْ لَهُمْ وَبِصَدِّهِمْ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ كَثِيرً[2]; «Пас ба хотири зулме аз касоне ки яҳудӣ шуданд, бархӣ таййибаҳо ки барояшон ҳалол будро бар онон ҳаром кардем ва ба хотири боздоштани бисёрашон аз роҳи Худованд» Ва фармудааст: ﴿فَلَمَّا فَصَلَ طَالُوتُ بِالْجُنُودِ قَالَ إِنَّ اللَّهَ مُبْتَلِيكُمْ بِنَهَرٍ فَمَنْ شَرِبَ مِنْهُ فَلَيْسَ مِنِّي وَمَنْ لَمْ يَطْعَمْهُ فَإِنَّهُ مِنِّي إِلَّا مَنِ اغْتَرَفَ غُرْفَةً بِيَدِهِ[3]; «Пас чун Толут ба ҳамроҳи лашкариён равона шуд гуфт: Ҳароина Худованд шуморо бо наҳре меозмояд, пас ҳар кас аз он биёшомад аз ман нест ва ҳар кас аз он нахурад ӯ аз ман аст магар касе ки бо дасти худ як мушт баргирад» Ва агар бо истинод ба ояи ﴿وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ[4]; «Ва чизҳои хабисро бар онон ҳаром мекунад», хабис будани кореро милоки ҳаром будани он бишносад, мумкин аст ки Худованд бо милокӣ дигар монанди уқубат ё озмойиш, бархӣ корҳои хабисро воҷиб карда бошад; Чунонки ба унвони намуна фармудааст: ﴿وَإِذْ قَالَ مُوسَى لِقَوْمِهِ يَا قَوْمِ إِنَّكُمْ ظَلَمْتُمْ أَنْفُسَكُمْ بِاتِّخَاذِكُمُ الْعِجْلَ فَتُوبُوا إِلَى بَارِئِكُمْ فَاقْتُلُوا أَنْفُسَكُمْ[5]; «Ва чун Мӯсо ба қавми худ гуфт эй қавми ман! Бегумон шумо бо гирифтани гӯсола ба худатон зулм кардед, пас ба сӯӣ офаринандаятон боз гардед ва худатонро бикушед» Ва фармудааст: ﴿فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ السَّعْيَ قَالَ يَا بُنَيَّ إِنِّي أَرَى فِي الْمَنَامِ أَنِّي أَذْبَحُكَ فَانْظُرْ مَاذَا تَرَى ۚ قَالَ يَا أَبَتِ افْعَلْ مَا تُؤْمَرُ ۖ سَتَجِدُنِي إِنْ شَاءَ اللَّهُ مِنَ الصَّابِرِينَ[6]; «Пас чун (Исмоъил) бо ӯ ба (синни) кӯшиш расид гуфт: Писаракам! Ман дар хоб мебинам ки туро забҳ мекунам, пас бингар ки назарат чист! Гуфт: Эй падар! Коре ки ба он амр мешавӣ анҷом бидеҳ, ин шоъ Аллоҳ манро аз собирон хоҳӣ ёфт»! Рӯшан аст ки ҳурмати чизҳои таййибе монанди оби ҷорӣ ва вуҷуби корҳои хабисе монанди худкушӣ ва забҳи фарзанд, бар хилофи милокҳои қобили дарк барои ақл аст ва бо ин васф, чорае ҷуз руҷуъ ба Худованд барои шинохти аҳкомаш бидуни қиёси бархӣ аз онҳо бо бархӣ дигар нест.

2. Истеҳсон дар шинохти аҳкоми шаръ, ба тариқи авло ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَى أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ[7]; «Ва шояд чизеро макруҳ доред дар ҳоле ки он хайре барои шумост ва шояд чизеро маҳбуб доред дар ҳоле ки он шарре барои шумост ва Худованд медонад ва шумо намедонед» Ва фармудааст: ﴿وَتَحْسَبُونَهُ هَيِّنًا وَهُوَ عِنْدَ اللَّهِ عَظِيمٌ[8]; «Ва шумо онро ночиз мепиндоред, дар ҳоле ки он назди Худо азим аст»!

↑[1] . Моъида/ 4
↑[2] . Нисоъ/ 160
↑[3] . Бақара/ 249
↑[4] . Аъроф/ 157
↑[5] . Бақра/ 54
↑[6] . Соффот/ 102
↑[7] . Бақара/ 216
↑[8] . Нур/ 15
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Абу Ҳасануи Ҳассонӣ Тарихи таълиқ: 22/11/2017

Қиёс дар дин ба маънои чист? Оё ба сурати куллӣ истихдоми он дар дин мамнӯъ аст ё фақат қиёси било далил ҳаром аст?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 30/11/2017

Қиёс дар истилоҳи фуқаҳо, ба маънои истинботи ҳукми мавзӯъ аз ҳукми мавзӯъи мушобеҳ ба далили мушобиҳат миёни ду мавзӯъ аст ки аз назари бештари мазоҳиби Исломӣ хусусан Ҳанафия мӯътабар маҳсуб мешавад, вале аз назари шиъа, зоҳирия ва бисёрӣ аз аҳли ҳадис мӯътабар нест; Чароки аҳкоми шариъат моҳияти қиёсӣ надоранд, балки комилан симоъӣ ҳастанд; Ба ин маъно ки сирфан бо насси шаръи маълум мешаванд. Ҳар чанд аҳли қиёс, барои исботи эътибори он ба насси шаръи истинод мекунанд; Монанди сухани Худованд ки фамрсудааст: ﴿لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِأُولِي الْأَلْبَابِ[1]; «Ҳароина дар достонҳои онон ибрате барои хирадмандон аст» Ва фармудааст: ﴿فَاعْتَبِرُوا يَا أُولِي الْأَبْصَارِ[2]; «Пас ибрат бигиред эй соҳибони бинишҳо»; Бо таваҷҷуҳ ба инки ибрат гирифтан аз гузаштагон, ба маънои қиёси худ бо онон ва истинботи оқибати худ аз оқибати онон ба далили мушобеҳат миёни аъмол аст ва ин бар эътибори қиёс далолат дорад, вале мухолифони қиёс низ барои радди эътибори он ба насси шаръи истинод мекунанд; Монанди сухани Худованд ки дар бораи шайтон фармудааст: ﴿قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ ۖ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ[3]; «Гуфт ман аз ӯ беҳтарам, манро аз оташ офаридӣ ва ӯро аз гил офаридӣ» Ва ба нақл аз фиръавн фармудааст: ﴿أَمْ أَنَا خَيْرٌ مِنْ هَذَا الَّذِي هُوَ مَهِينٌ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ[4]; «Ё ман беҳтарам аз ин касе ки ӯ бемиқдор аст ва наздик нест ки ба рӯшанӣ сухан бигӯяд»; Бо таваҷҷуҳ ба инки истинботи бартарии худ бо қиёси оташ ба гил ва имконоти моддии бештар ба имконоти моддии камтарро корӣ шайтонӣ ва фиръавнӣ шумурдааст ва ин барои адами эътбори қиёс далолат дорад.

Аз инҷо дониста мешавад ки Худованд дар бархӣ оёт ба қиёс амр ва дар бархӣ аз он найҳ фармуда ва ин ба маънои он аст ки қиёс дар назди Ӯ на мутлақан мӯътабар аст ва на мутлақан мардуд, балки гоҳе мӯътабар ва гоҳе мардуд аст; Чароки гоҳе иллати ҳукм аз насси Ӯ маълум ва дар мавзӯъи дигар муҳриз аст; Монанди ҷойе ки фарзан фармуда: «Хамр ҳаром аст; Чароки маст кунанда аст» ва аз он маълум мешавад ки ҳар чизи маст кунандае ҳаром аст, агарчи хамр номида нашавад ва табъан оби ҷав низ ҳаром аст; Чароки монанди хамр маст кунанда аст ва ин «Қиёси мансусул иллат» ном дорад ки ғолибан мӯътабар дониста шудааст, балки бархӣ онро аз қиёси мусталаҳ хориҷ донистаанд; Чароки шумули ҳукми хамр бар оби ҷав, мубтанӣ бар насси шаръи аст ва чизе ҷуз татбиқи ом бар яке аз масодиқи он нест ва аз ин рӯ, посухи боло дар бораи адами эътибори қиёс, ба ин навъ аз он назар надоштааст; Ҳамчунонки гоҳе иллати ҳукм дар мавзӯъи дигар зуҳури бештаре дорад ва аз ин рӯ, ҳукм ба тариқи авло бар он сидқ мекунад; Монанди ҷойе ки аз гуфтани уф ба падару модар наҳй карда ва фармудааст: ﴿فَلَا تَقُلْ لَهُمَا أُفٍّ[5]; «Пас ба он ду уф нагӯ» ва аз он дониста мешавад ки сабби он ду ба тариқи авло ҳаром аст ва бо ин васф, посухи боло дар бораи адами эътибори қиёс, нозир ба ин навъ аз он ки «Қиёси авлавият» номида мешавад низ набудааст, вале гоҳе иллати ҳукм аз насси шаръи маълум ё дар мавзӯъи дигар муҳриз нест, балки ҳадди аксар занни ба он вуҷуд дорад; Монанди ҷойе ки закотро дар гандум воҷиб карда ва гумон меравад ки иллати он ривоҷаш дар миёни оммаи мардум аст ва аз ин рӯ, ба вуҷуби закот дар биринҷ ҳук шавад; Чароки монанди гандум дар миёни оммаи мардум ривоҷ ёфтааст ва ин «Қиёси мустанбитул иллат» ном дорад ки бидуни шак мардуд аст; Чароки мубтанӣ бар занну тахмин аст, дар ҳоле ки зан ва тахмин дар Ислом мӯътабар нест; Чунонки фармудааст: ﴿إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ[6]; «Онон ҷуз аз зан пайравӣ намекунанд ва онон ҷуз тахмин намезананд».

Бинобарин, истинботи ҳукми як мавзӯъ аз ҳукми мавзӯъи дигар, ҳаргоҳ мубтанӣ бар илм ба милок ё иллати ҳуки мавзӯъӣ дигар ва илм ба вуҷуд ё ғалабаи он дар як мавзӯъ бошад, қиёси ботил маҳсуб намешавад, бал иҷтиҳод дар дин ва тадаббур дар Қуръон ва суннат аст ки ишколе надорад; Чароки пайравӣ аз илм аст на зан ва бидуни он Қуръон ва суннат аз байн меравад, вале ҳаргоҳ мубтанӣ бар зан ба милок ё иллати ҳукми мавзӯъӣ дигар ё зан ба вуҷуд ё ғалабаи он дар як мавзӯъ бошад, қиёси ботил маҳсуб мешавад ва ҷойиз нест; Чароки пайравӣ аз зан аст на илм ва бо он Қуръон ва суннат аз байн меравад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ[7]; «Ва аз чизе ки ба он илме надорӣ пайравӣ накун» Ва фармудааст: ﴿نَبِّئُونِي بِعِلْمٍ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ[8]; «Манро аз рӯӣ илм хабар диҳед агар рост мегӯйед».

↑[1] . Юсуф/ 111
↑[2] . Ҳашр/ 2
↑[3] . Сод/ 76
↑[4] . Зухруф/ 52
↑[5] . Исроъ/ 23
↑[6] . Анъом/ 116
↑[7] . Исроъ/ 36
↑[8] . Анъом/ 143