Нодонро аз ҳар тараф навиштам, нодон буд!

Гирифтори гурӯҳӣ ҳатток, фаҳҳош, мутаъассиб, мутакаббир, лаҷуҷ ва фосиқ шудаем ки илмро бо ҷаҳолат ва ҳикамтро бо сафоҳат ва далилро бо иҳонат ва тавзиҳро бо тӯҳмат посух медиҳанд ва бузургонро хурд ва афроди ҳақирро бузург мешуморанд ва бо онки авлавияти Исломиро намедонанд, худро меъёр ва сухангӯйи он мепиндоранд ва ҳар касро меписандад, мӯъмин ва ҳар касро намеписандад, кофир мешуморанд ва аз фарти ҷуръат бар Худованд, якеро биҳиштӣ ва дигариро ҷаҳаннамӣ мехонанд ва аз фарти ҳамоқат, хурдтарин тардиде низ дар ҳидояти худ ва залолати дигарон ба худ роҳ намедиҳанд ва бо онки дар аъмоқи ҷаҳл ғӯтаваранд, муъаллими дигарон шудаанд ва бо онки истеҳқоқашро надоранд, дӯст медоранд ки дар ҳама ҷо ситойиш ва пайравӣ шаванд!! Сафиҳ, худраъй, кӯтоҳфикр, тангназар, каҷфаҳм, мағрур, ҳасуд, бехабар, беадаб, пурсухан ва дурӯғгӯ ҳастанд!! Ҳеҷ гоҳ сухане намегӯянд магар инки яке аз панҷ чиз дар он ёфт мешавад; Тавҳин, тӯҳмат, таъна, дурӯғ ва муғолита!! Агар ба чизе ки мегӯянд посух диҳӣ, раҳоят намекунанд то он гоҳ ки интиқоми худро аз ту бигиранд ва беҳурмати кунанд ва агар ба чизе ки мегӯянд посух надиҳӣ, туро оҷиз ва мағлуб ва худро бар ҳақ ва пирӯз мепиндоранд!! Онон ба ростӣ ки дарди бедармонанд!!

Худованд моро аз шарри ин гурӯҳ ҳифз фармояд ва наҷот диҳад; Чароки ҷуз Худованд паноҳ диҳанда ва наҷот диҳандае нест!!