Ҳангоме ки ҷамъе аз ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ, барои ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ номае навиштанд ва ҳимояти худ аз ӯро эълом намуданд ва аз ӯ талаби ҳидоят карданд, фармуд:

«Ба онон саломи маро бирасонед ва бигӯйед: Ҳонгоме ки ҳамагон ба сӯӣ рост ва чап мегароянд, шумо бар тариқати вусто устувор бимонед ва ҳангоме ки ҳамагон ба сӯӣ Зайд ва Амр мешитобанд, шумо ба сӯӣ Маҳдӣ бигаройед. Худовандро бисёр ёд кунед ва биҳиштро савдои худ қарор диҳед ва намозро дар аввали вақт барпо доред ва закотро ба аҳлаш бипардозед ва ба падару модари худ никӣ кунед ки дере бо онон нахоҳед монд ва ба маърифат амр намойед ва аз мункар боз доред ва корҳотонро сабук созед ва ҳар чи гузаштанӣ астро бигзоред ва ҳар чи бардоштани астро бардоред ва барои куч кардан ба сӯӣ Маҳдӣ омода шавед; Чароки ман ҳаргоҳ ҳамроҳонӣ кофӣ биёбам, ба сӯӣ ӯ кӯч хоҳам кард, агарчи миёни ман ва ӯ ҳафт дарё бошад. Кист ки даҳ ҳазор танро барои ман тазмин кунад то ман зуҳури Маҳдиро барои ӯ зомин шавам?! Замин гандида ва замон монанди думали чиркине аст ки сар боз карда бошад, вале оқибат барои парҳезкорон хоҳад буд».