Нависандаи пурсиш: Ҳомид Муқаддам Тарихи пурсиш: 26/10/2015

Оё тақлид аз олимон дар сурати илм ба далойили онҳо ҷойиз аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 5 Тарихи посух ба пурсиш: 26/10/2015

Чуононки аз сареҳи ибороти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[1] дониста мешавад, мурод аз тақлид амал ба гуфта ё кардаи дигарӣ бидуни далил аст ва бо ин васф, амал ба гуфта ё кардаи дигарӣ бо далил, тақлид шумурда намешавад, балки итоъат аз далил аст. Бинобарин, амал ба фатвои олимон дар сурате ки далоили қонеъ кунандае барои он аз китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар ё ақлӣ салим иқома кунанд, ҷойиз аст, балки воҷиб шумурда мешавад; Чароки амал ба он дар чунин сурате, амал ба китоби Худо ё суннати мутавотири Паёмбар ё ақли салим аст.

Оре, дар сурате ки далойили олимон барои фатвояшон, ғайри яқинӣ ва аз хабари воҳид ё иҷмоъ ё шӯҳрат бошад, амал ба он ҷойиз нест; Чароки занн дар Ислом кофӣ шумурда намешавад ва бо ин васф, руҷӯъи мустақим ба китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар ё ақли салим ба манзури фаҳс аз далойили яқинӣ дар сурате ки эҳтимоли он вуҷуд дошта бошад, воҷиб аст ва дар сурате ки эҳтимоли он вуҷуд надошат бошад ё фаҳс аз далойили яқинӣ ба натиҷае наянҷомад, руҷӯъ ба усули аввалӣ монанди асли ибоҳа ва ҳузур ё усули амалӣ монанди бароъат ва эҳтиёт ва тахйир ва истисҳоб, мутаъаййин аст; Машрут ба инки иқомаи лозим барои дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин анҷом шуда бошад; Чароки руҷӯъ ба усули аввалӣ ё амалӣ дар сурате ки чунин иқомае анҷом нашуда бошад, монанди руҷӯъ ба онҳо дар мавориди вуҷуди далил аст ки кофӣ шумурда намешавад ва иқдоми лозим барои дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин, иҷобат ва ёрии Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст ки даъват кунандае ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасози зуҳури ӯ аз тариқи маъқул ва машрӯъ аст ва Худованд танҳо аз парҳезкорон мепазирад.

Ин сироти мустақиме аст ки ҳар кас ба он гом ниҳода, комёб шуда ва ҳар кас аз он рӯй гирифта, дар гумроҳӣ аст ва оқибат барои парҳезкорон аст.

↑[1] . с 45