Ҳало эй мардум! Бимнок бошед; Чароки шумо бидуни ҳидояте аз ҷониби Худо диндорӣ кардаед ва ба роҳҳоӣ ношинохта гом ниҳодаед ва дар гиру дори дигаргуниҳои замон ранг бохтаед ва дар кашо каши фитнаҳои ҷаҳон дар ҳам шикастаед ва акнун пайрави касоне шудаед ки Худованд пайравии ононро аз шумо нахостааст; Пас авлиёъатон шуморо аз нур ба торикӣ берун овардаанд ва бароятон дар дин чизеро ташриъ кардаанд ки Худованд ба он изн надода; Чунонки фармудааст: ﴿أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ شَرَعُوا لَهُمْ مِنَ الدِّينِ مَا لَمْ يَأْذَنْ بِهِ اللَّهُ ۚ وَلَوْلَا كَلِمَةُ الْفَصْلِ لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ ۗ وَإِنَّ الظَّالِمِينَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ[1]; «Ё барои онон пешвоёне аст ки барояшон чизе аз динро ташриъ кардаанд ки Худованд ба он изн надодааст ва агар набуд банои бар ҷудоӣ, миёни онон ҳукм мешуд ва ҳароина ситамкоронро азобӣ дарднок хоҳад буд». Ба ростӣ ки бим диҳанда бим дод ва ҳақ шинохта шуд ва ботил расво гардид, вале бештари мардум шиносо ва пазирои ҳақ нестанд. Албатта агар шинохт ва пазириши он бо аҳвоъи онон созгор буд ва дунёи касонеро ба хатар намеандохт, ҳамагон онро мешинохтанд ва мепазируфтанд ва ду кас дар бораи он ихтилоф намекарданд, аммо ҳақ бар хилофи писандҳои деринаи мардум дар меояд ва боварҳои бебунёди ононро ки чун тори анкабут суст аст, фуру меравад ва доштаҳои дунявии ононро дар маърази хатар қарор медиҳад ва инҷост ки шиносои ҳақ кам мешавад ва пазирои он костӣ мепазирад. Ҳангоме ки ҳақ зуҳур мекунад сарватмандон барои сарвати худ нигарон мешаванд ва қудратмандон барои қудрати худ ҳаросон мегарданд ва шаҳирон барои шӯҳрати худ ҳирс мезананд ва вобастагон аз арбоби худ касби таклиф мекунанд ва муқаллидон аз мароҷеъи тақлиди худ истифтоъ менамоянд! Аз ин рӯ, ҳамеша фақирон ва мустазъафону гумномон ва озод андешону муҳаққиқон ҳастанд ки ҳаққро иҷобат ва аз он пайравӣ мекунанд; Зеро на ононро сарвате аст ки нигаронашон кунад ва на ононро қудрате аст ки ҳаросонашон кунад ва на ононро шӯҳрате аст ки ҳарисашон кунад ва на ононро арбоде аст ки бозхосташон кунад ва на ононро марҷаъе аст ки ақидаи худро бо номи фатво ба онон таҳмил кунад! Ҳангоме ки Ислом зуҳур кард, фақирони Макка онро иҷобат карданд ва сарватмандони Макка онро инкор намуданд; Мустазъафони Макка онро ёрӣ карданд ва қудратмандони Макка дар баробари он истоданд; Гумномони Макка ба он рӯй оварданд ва машҳурони Макка аз он рӯй гирифтанд; Озод андешони Макка аз он пайравӣ карданд ва вобастагони Макка аз бузургони қавми худ пайравӣ намуданд; Муҳаққиқони Макка дар бораи он таҳқиқ карданд ва муқаллидони Макка аз обоъу руъасои худ тақлид намуданд. Ҳамон Ислом, ғариб оғоз шуд ва акнун ба ғурбати оғозини худ боз гаштааст; Ҷуз он ки ғурбати вопасин аз ғурбати оғозин бузургтар аст; Зеро дар ғурбати оғозин, мардум бутҳое аз санг ва чӯбро мепарастиданд ва дар ғурбати вопасин, мардум бутҳое аз гӯш ва хунро мепарастанд!

↑[1] . Шуроъ/ 21