Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/10/2015

Оё даст додан бо ҳамкорони зан аз рӯӣ риъояти қавонин ва завобити урфӣ ва иҷтимоъӣ ва на аз рӯӣ ҳусн било ишкол аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2015

Даст додан бо зани мусалмони аҷнабӣ, агарчи бидуни райба ва қасди лаззат бошад, ҷойиз нест, магар онки ҳоъиле монанди дасткаш дар миён бошад ки дар ин сурат бидуни райба ва қасди лаззат ва фишурдан, ишколе надорад; Чароки ин ҳолат, ламс кардани ҳоъил аст ва ламс кардан бидуни зан маҳсуб намешавад; Чунонки Самоъа ибни Меҳрон ривоят кардааст: «سَأَلْتُ أَبَا عَبْدِ اللَّهِ -يَعْنِي جَعْفَرَ بْنَ مُحَمَّدٍ- عَلَيْهِ السَّلَامُ عَنْ مُصَافَحَةِ الرَّجُلِ الْمَرْأَةَ، قَالَ: لَا يَحِلُّ لِلرَّجُلِ أَنْ يُصَافِحَ الْمَرْأَةَ إِلَّا امْرَأَةً يَحْرُمُ عَلَيْهِ أَنْ يَتَزَوَّجَهَا، أُخْتٌ أَوْ بِنْتٌ أَوْ عَمَّةٌ أَوْ خَالَةٌ أَوِ ابْنَةُ أُخْتٍ أَوْ نَحْوُهَا، فَأَمَّا الْمَرْأَةُ الَّتِي يَحِلُّ لَهُ أَنْ يَتَزَوَّجَهَا فَلَا يُصَافِحْهَا إِلَّا مِنْ وَرَاءِ الثَّوْبِ وَلَا يَغْمِزْ كَفَّهَا»[1]; «Аз Абу Абдуллоҳ -яъне Ҷаъфар ибни Муҳаммад- алайҳи салом дар бораи даст додани мард бо зан пурсидам, фармуд: Барои мард ҳалол нест ки бо зан даст бидиҳад, магар зане ки издивоҷаш бо ӯ ҳаром аст, яъне хоҳар ё духтар ё амма ё хола ё духтари хоҳар ё монанди он, аммо зане ки издивоҷаш бо ӯ ҳалол аст, набояд бо ӯ даст бидиҳад, магар аз рӯӣ либос ва набояд дасташро фишор диҳад» Ва Абу Басир ривоят кардааст: «قُلْتُ لِأَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ: هَلْ يُصَافِحُ الرَّجُلُ الْمَرْأَةَ لَيْسَتْ بِذِي مَحْرَمٍ؟ فَقَالَ: لَا إِلَّا مِنْ وَرَاءِ الثَّوْبِ»[2]; «Ба имоми Содиқ алайҳи салом гуфтам: Оё мард метавонад бо зани номаҳрам даст бидиҳад? Фармуд: На, магар аз рӯӣ либос» Ва Саъида ва Аймана хоҳарони Муҳаммад ибни Абӣ Умайр ривоят кардаанд: «دَخَلْنَا عَلَى أَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ فَقُلْنَا: تَعُودُ الْمَرْأَةُ أَخَاهَا فِي اللَّهِ؟ قَالَ: نَعَمْ، قُلْنَا: فَتُصَافِحُهُ؟ قَالَ: نَعَمْ مِنْ وَرَاءِ ثَوْبٍ، كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ لَبِسَ الصُّوفَ يَوْمَ بَايَعَ النِّسَاءَ، فَكَانَتْ يَدُهُ فِي كُمِّهِ وَهُنَّ يَمْسَحْنَ أَيْدِيَهُنَّ عَلَيْهِ»[3]; «Хидмати имоми Содиқ алайҳи салом расидем ва гуфтем: Оё зан метавонад ба аёдати бародари диниаш биравад? Фармуд: Бале, гуфтем: Метавонад бо ӯ даст бидиҳад? Фармуд: Бале аз рӯӣ либос, рӯзе ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо занон байъат кард, либосӣ пашмӣ пӯшида буд, пас дасташ дар остинаш буд ва онҳо дастҳои худро бар рӯӣ остинаш мекашинанд». Ҳамчунин, наздик ба эҳтиёт тарки мусоҳифа бо зани китобии аҷнабӣ аст, агарчи ҷавози он бидуни райба ва қасди лаззат муҳтамал аст; Чароки адиллаи манъ, ба занони мусалмон инсироф дорад, на занони ғайри мусалмон ва барои занони ғайри мусалмон ҳурмате нест ва ба ҳамин далил, нигоҳ кардан ба онон бидуни рейба ва қасди лаззат ҷойиз аст; Чунонки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят шудааст ки фармуд: «لَا حُرْمَةَ لِنِسَاءِ أَهْلِ الذِّمَّةِ أَنْ يُنْظَرَ إِلَى شُعُورِهِنَّ وَأَيْدِيهِنَّ»[4]; «Барои занони аҳли зимма ҳурмате нест ки ба мӯҳо ва дастҳошон нигоҳ шавад» Ва дар ривояти дигаре омадааст ки фармуд: «لَيْسَ لِنِسَاءِ أَهْلِ الذِّمَّةِ حُرْمَةٌ، لَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَيْهِنَّ مَا لَمْ يَتَعَمَّدْ ذَلِكَ»[5]; «Барои занони аҳли зимма ҳурмате нест, нигоҳ кардан ба онон модоме ки амди набошад, ишколе надорад» яъне бо қасди лаззат набошад ва аз Алӣ ибни Абӣ Толиб алайҳи салом ривоят шудааст ки фармуд: «لَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَى رُؤُوسِ نِسَاءِ أَهْلِ الذِّمَّةِ»[6]; «Нигоҳ кардан ба сари занони аҳли зимма ишколе надорад» Ва аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «لَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَى رُؤُوسِ أَهْلِ التِّهَامَةِ وَالْأَعْرَابِ وَأَهْلِ السَّوَادِ وَالْعُلُوجِ، لِأَنَّهُمْ إِذَا نُهُوا لَا يَنْتَهُونَ، وَالْمَجْنُونَةِ وَالْمَغْلُوبَةِ عَلَى عَقْلِهَا، وَلَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَى شَعْرِهَا وَجَسَدِهَا مَا لَمْ يَتَعَمَّدْ ذَلِكَ»[7]; «Нигоҳ кардан ба сари занони аҳли таҳома ва бодеянишин ва рустойи ва бедин ишколе надорад; Зеро онон агар наҳй шаванд худдорӣ намекунанд ва ҳамчунин аст зани девона ва зане ки ақлашро аз даст додааст; Нигоҳ кардан ба мӯву бадани онҳо ишколе надорад, ҳаргоҳ амдӣ набошад» яъне бо қасди лаззат набошад; Зеро беишкол будани он дар ҳоле ки амдӣ набошад, ба ин гурӯҳ аз занон ихтисосе надорад ва ин назари Сӯфиёни Сурӣ аст ки аз ӯ нақл шудааст: «لَا بَأْسَ بِالنَّظَرِ إِلَى زِينَةِ نِسَاءِ أَهْلِ الذِّمَّةِ، إِنَّمَا يُنْهَى عَنْ ذَلِكَ لِخَوْفِ الْفِتْنَةِ، لَا لِحُرْمَتِهِنَّ»[8]; «Нигоҳ кардан ба зинати занони аҳли зимма ишколе надорад; Чароки танҳо аз бими афтодан ба фитна аз он наҳй шудааст, на аз боби ҳурмати онон» Ва ба сухани Худованд дар боби ҳиҷоб истидлол карда ки фармудааст: ﴿وَنِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ﴾[9]; «Ва занони мусалмон» Ва аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳимо салом ривоят шудааст ки фармуд: «إِنَّمَا كُرِهَ النَّظَرُ إِلَى عَوْرَةِ الْمُسْلِمِ، فَأَمَّا النَّظَرُ إِلَى عَوْرَةِ مَنْ لَيْسَ بِمُسْلِمٍ مِثْلُ النَّظَرِ إِلَى عَوْرَةِ الْحِمَارِ»[10]; «Танҳо нигоҳ кардан ба аврати мусалмон нописанд аст, аммо нигоҳ кардан ба аврати ғайри мусалмон, монанди нигоҳ кардан ба аврати улоғ аст» яъне бидуни райба ва қасди лаззат ҷойиз аст; Чароки онон ﴿كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ ۚ أُولَئِكَ هُمُ الْغَافِلُونَ﴾[11]; «Монанди чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтаранд, онон ҳамон бехабаронанд». Бо ин авсоф, агар марди мусалмоне бими он дошта бошад ки тарки мусоҳифа бо зани китобии аҷнабӣ, зарари муҳимме ба ӯ бирасонад, чунонки гоҳе дар бархӣ кишварҳои ғайри Исломӣ пеш меояд, метавонад бидуни райба ва қасди лаззат бо ӯ даст бидиҳад; Зеро он тақияе аст ки бо он ҳараҷеро дафъ мекунад ва Худованд фармудааст: ﴿إِلَّا أَنْ تَتَّقُوا مِنْهُمْ تُقَاةً﴾[12]; «Магар инки аз онон тақия кунед» Ва фармудааст: ﴿مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ﴾[13]; «Худованд намехоҳад ки барои шумо ҳараҷе қарор диҳад».

↑[1] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ5, с525
↑[2] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ,ҷ5, с525; Ман Ло Яҳзарул Фақиҳ ибни Бобувей, ҷ3, с469
↑[3] . Мишкотул Анвор Табарсӣ, с355
↑[4] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ5, с524
↑[5] . Ҷаъфариён ибни Ашъас, ҷ1, с210; Фирдавс Бимоъсур Хаттоби Дейламӣ, ҷ3, с413
↑[6] . Қурбул Иснод Ҳумайрӣ, с131
↑[7] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ5, с524
↑[8] . Тафсири ибни Касир, ҷ6, с482
↑[9] . Аҳзоб/ 59
↑[10] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ6, с501; Ман Ло Яҳзарул Фақиҳ ибни Бобувей, ҷ1, с114
↑[11] . Аъроф/ 179
↑[12] . Оли Имрон/ 28
↑[13] . Моъида/ 6