«Барге аз дарахти дин намекананд вале решаи онро аз бех дар меоваранд! Хасро аз чашми мардум бар мегиранд, вале коҷро дар чашми худ вомегузоранд! Магасро аз пушти мардум мепаронанд, вале шутурро бар пушти худ ҳамл мекунанд! Зоҳири хешро меороянд, вале ботини хешро меолоянд! Дар инзори мардум аз асал ширинтаранд, вале дар пушти деворҳо аз ҳанзал талхтаранд! Ҳақиқатро дӯст медоранд, вале на ба андозаи қудрат ва маърифатро дӯст медоранд, вале на ба андозаи шӯҳрат! Охиратро барои дигарон мехоҳанд ва дунёро барои худ! Худро аз ончи ҳастанд бузургтар мепиндоранд ва дигаронро аз ончи ҳастанд кӯчактар мешуморанд! Худоро барои худ мехоҳанд ва худро барои Худо намехоҳанд! Ҳикматро ба ҷаҳолат баробар медонанд ва нурро бо зулмат яксон мешуморанд! Чоплусии ҷоҳилон ононро фиреб дода ва алқоби бошукуҳ ононро хуш омадааст! Маслиҳатро бар шариъат муқаддам медоранд ва манфиъатро бар сири ҳақиқат менишонанд! Гумон намекунанд ҳақиқат дар чизе бошад ки мункири онанд ва мепиндоранд варои ончи бадон даст ёфтаанд чизе нест! Ба Худо савганд, инон по ба пои олимони умматҳои гузашта рафтаанд, ҷуз инки онон, алфози шаръиро таҳриф мекарданд ва инон, маъонии онро таҳриф мекунанд! Зинҳор! Аз инон бар ҳазар бошед ки шуморо гумроҳ накунанд ҳамон гуна ки олимони умматҳои гузашта ононро гумроҳ карданд!».

Шарҳи нома:

Рӯшан аст ки муроди он ҳазрат аз ин олимон, хоъиноне ҳастанд ки либоси аҳли илмро бар тан доранд ва алқоби ононро ядак мекашанд, вале даъвати он ҳазрат ба Исломи ростин душманӣ меварзанд ва мардумонро аз иҷобати он боз медоранд, на олимонӣ солеҳ ки чун онро мешунаванд мепазиранд ва мегӯянд ки ҳамаи он ҳақ аст ва сипас онро ёрӣ мекунанд; Чароки онон беҳтарин бандагони Худо ҳастанд ва дар Пешгоҳаш мақомӣ воло доранд.