Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/10/2015

Оё гуфтани «Ашҳаду Анна Алиян Валиюллоҳ» дар азон, онро ботил мекунад? Уламои шиъа онро ҷузъе аз азон намедонанд, вале аз он наҳй ҳам намекунанд ва истидлолашон ба ояи 55 сураи Моъида аст. Оё ҷаноби Хуросонӣ дар ин бора бо онон мувофиқ аст?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2015

Тардиде нест ки Алӣ ибн Абӣ Толиб валии Худованд аст, вале азон ибодати хоссе аст ки Худованд ва Паёмбараш онро ташриъ кардаанд ва барои касе ҷойиз нест ки чизеро бар он бияфзоянд, агарчи он чизи фий ҳадди нафс ҳаққ бошад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ الشِّيعَةِ فِي الْأَذَانِ: <أَشْهَدُ أَنَّ عَلِيًّا وَلِيُّ اللَّهِ>، فَقَالَ: بِدْعَةٌ، ثُمَّ قَالَ: إِنِّي وَاللَّهِ لَأَعْجَبُ مِنْ قَوْمٍ يُنَاقِضُونَ أَنْفُسَهُمْ عَلَى كُلِّ مِئْذَنَةٍ! قُلْتُ: وَكَيْفَ ذَلِكَ؟ أَصْلَحَكَ اللَّهُ، قَالَ: يَشْهَدُونَ أَنَّ عَلِيًّا وَلِيُّ اللَّهِ وَهُمْ يُخَالِفُونَهُ فَيُؤَذِّنُونَ بِمَا لَمْ يُؤَذِّنْ بِهِ! وَاللَّهِ مَا كَانَ عَلِيٌّ يَقُولُ هَذَا فِي أَذَانِهِ وَلَا يَأْمُرُ بِهِ»; «Аз Мансур дар бораи сухани шиъа дар азон пурсидам ки мегӯянд: <Ашҳаду Анна Алиян Валиюллоҳ>, пас фармуд: Бидъат аст, сипас фармуд: Ман ба Худо савганд дар шигифтам аз гурӯҳе ки бар сари ҳар манорае (иддаъои) худро нақз мекунанд! Гуфтам: Чигуна ин корро мекунанд? Худованд коратро сомон диҳад, фармуд: Шаҳодат медиҳанд ки Алӣ валии Худованд аст, вале бо ӯ мухолифат мекунанд, пас ба гунае азон мегӯянд ки ӯ нагуфтааст! Ба Худо савганд инро дар азони худ намегуфт ва ба он амр намекард!».

Бинобарин, гуфтани «Ашҳаду Анна Алиян Валиюллоҳ» дар азон бо эътиқод ба инки ҷузъӣ аз азон аст, ҷойиз нест ва агар касе онро бидуни эътиқод ба инки ҷузъӣ аз азон аст бигӯяд, дар байни азон сухан гуфта ва ин коре аст ки дар ҳамаи мазоҳиб макрӯҳ шумурда шуда ва Шофеъӣ иъодаи азон пас аз онро мустаҳаб донистааст ва агар ин корро дар иқома анҷом диҳад, бояд иқомаро аз сар бигӯяд; Чароки он ба манзалаи ҷузъе аз намоз аст; Чунонки Абу Ҳоруни Макфуф ривоят кардааст: «قَالَ أَبُو عَبْدِ اللَّهِ -يَعْنِي جَعْفَرَ بْنَ مُحَمَّدٍ الصَّادِقَ- عَلَيْهِ السَّلَامُ: يَا أَبَا هَارُونَ! الْإِقَامَةُ مِنَ الصَّلَاةِ، فَإِذَا أَقَمْتَ فَلَا تَتَكَلَّمْ وَلَا تُؤْمِ بِيَدِكَ»[1]; «Абу Абдуллоҳ –яъне Ҷаъфар ибни Муҳаммади Содиқ- алайҳи салом фармуд: Эй Або Ҳорун! Иқома аз намоз аст, пас чун иқома гуфтӣ дар байни он сухан нагӯ ва бо даст ишора накун» Ва Амр ибни Абӣ Наср ривоят кардааст: «قُلْتُ لِأَبِي عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ: أَيَتَكَلَّمُ الرَّجُلُ فِي الْأَذَانِ؟ قَالَ: لَا بَأْسَ، قُلْتُ: فِي الْإِقَامَةِ؟ قَالَ: لَا»[2]; «Ба Абу Абдуллоҳ (Содиқ) алайҳи салом гуфтам: Оё инсон метавонад дар азон сухан бигӯяд? Фармуд: Ишколе надорад, гуфтам: Дар иқома читур? Фармуд: На» Ва Муҳаммад ибни Муслим ривоят кардааст: «قَالَ أَبُو عَبْدِ اللَّهِ عَلَيْهِ السَّلَامُ: لَا تَتَكَلَّمْ إِذَا أَقَمْتَ لِلصَّلَاةِ، فَإِنَّكَ إِذَا تَكَلَّمْتَ أَعَدْتَ الْإِقَامَةَ»[3]; «Абу Абдуллоҳ (Содиқ) алайҳи салом фармуд: Ҳаргоҳ барои намоз иқома гуфтӣ, дигар сухан нагӯ; Чароки агар сухан гӯйи, бояд иқомаро иъода кунӣ».

Аҷиб аст ки шиъаён, аҳли суннатро бобати гуфтани «Ассалоту хайру минан навм» ба далили адами вуруди он дар азон аз тариқӣ собит, некуҳиш мекунанд, аммо худашон чизеро мегӯянд ки мушобаи он, балки бебунёдтар аз он аст! ﴿كَذَلِكَ زُيِّنَ لِلْمُسْرِفِينَ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾[4]; «Ин гуна барои исроф кунандагон коре ки анҷом медиҳанд зиннат дода шуда» Ва ин ҳақиқате аст ки бар олимони мутақаддим пӯшда будааст; Чунонки Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобувей (д.381қ) маъруф ба шейхи Садуқ, дар «Ман ло яҳзарул фақиҳ»[5] тасриҳ карда ки гуфтани ин иборат дар азон аз бидъатҳои «Муфавваза лаънаҳумулоҳ» аст ки худро ба дурӯғ дар миёни шиъа ҷо задаанд!

↑[1] . Ал-Кофии Кулайнӣ, ҷ3, с306; Таҳзибул Аҳкоми Тувсӣ, ҷ2, с54
↑[2] . Ал-Кофии Кулайнӣ, ҷ3, с304; Таҳзибул Аҳкоми Тувсӣ, ҷ2, с54
↑[3] . Таҳзибул Аҳкоми Тувсӣ, ҷ2, с55
↑[4] . Юнус/ 12
↑[5] . Ман ло яҳзарул фақиҳ Ибни Бобувей, ҷ1, с290