Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/10/2015

Шиъа адолат ва имоматро илова бар тавҳид ва набувват ва маъод ҷузъи усули дин медонад. Назари ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ин маврид чист?

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2015

Эътиқод ба тавҳид, набувват ва маъод аз усули Ислом ва эътиқод ба хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз усули имон аст ва бо ин васф, касе ки ба хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам эътиқод надорад, ҳаргоҳ ба тавҳид, набувват ва маъод мӯътақид бошад, мусалмон шумурда мешавад ва ҷону мол ва обурӯйи ӯ мӯҳтарам аст, агарчи мӯъмин шумурда намешавад. Эътиқод ба тавҳид низ эътиқод ба ин аст ки Худованд дар таквин, ташриъ ва таҳким ягона аст ва шарике надорад. Пас агар касе ба ягонагии Худованд дар ташриъ ва таҳким эътиқод надошта бошад, ҳаргоҳ онро пас аз инки барояш табйин шуд инкор кунад, мусалмон нест; Чароки ду севвуми тавҳидро инкор кардааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهَاشِمِيَّ الْخُرَاسَانِيَّ يَقُولُ: مَنْ وَحَّدَ اللَّهَ فِي الْخَلْقِ وَالرَّزْقِ وَتَدْبِيرِ الْعَالَمِ وَشَهِدَ أَنَّ الرَّسُولَ حَقٌّ فَقَدْ أَسْلَمَ، وَلَكِنَّهُ لَيْسَ بِمُؤْمِنٍ حَتَّى يُقِرَّ بِأَنَّ اللَّهَ وَاحِدٌ لَا شَرِيكَ لَهُ فِي الْحُكْمِ وَالْمُلْكِ لَا يُصْدِرُ حُكْمًا وَلَا يَبْعَثُ مَلِكًا إِلَّا هُوَ، فَإِنْ جَهِلَ ذَلِكَ فَهُوَ ضَالٌّ وَإِنْ جَحَدَهُ فَهُوَ مُشْرِكٌ»[1]; «Шунидам Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Ҳар кас Худовандро дар офаридан, рӯзӣ додан ва тадбир кардани ҷаҳон ягона бидонад ва гувоҳӣ диҳад ки Паёмбар ҳаққ аст, мусалмон аст вале мӯъмин нест то он гоҳ ки иқрор кунад Худованд дар ҳукм додан ва ҳукумат кардан низ яке аст ва шарике надорад, (ба ин маъно ки) касе ҷуз Ӯ қонуне намегузорад ва ҳокиме бар намеангезад, пас агар инро надонад, гумроҳ аст ва агар онро инкор кунад, мушрик аст».

Эътиқод ба адолат низ ҳаргоҳ ба маънои одил донистани Худованд дар афъолаш бошад, аз фуруъи тавҳид аст ва ҳаргоҳ ба маънои ақлӣ донистани ҳусну қубҳ дар баробари шаръӣ донистани он ду бошад, чунонки ба аҳли он «Адлия» гуфта мешавад, аз усули Исломи нест, балки аз усули имон низ шумурда намешавад; Чароки ҳар кас ба тавҳид, набувват, маъод ва хилофати аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мӯътақид бошад, дар ҳоле ки ба мабонии амалии Ислом мултазим аст, мӯъмин маҳсуб мешавад, агарчи эътиқоде ба ҳусну қубҳи ақлӣ надошта бошад.

↑[1] . Гуфтори 173, фақараи 1