Нависандаи пурсиш: Алӣ Розӣ Тарихи пурсиш: 21/10/2015

Расм ва насби тимсоли Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аъимаи аҳли байт чи ҳукме дорад?

Посух ба пурсиши шумораи: 3 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2015

Расм ва насби тимсоле ки ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аъимаи аҳли байт нисбат дода мешавад, ҷойиз нест ва ин ба чанд далил аст:

Яккум онки тасвиргирӣ аз ҷондорон аст ки дар Қуръон ва суннат ҷойиз дониста нашудааст[1].

Дуввум онки ҳамонандӣ бо масеҳиён аст; Чароки онон ба расму насби тимсоли Масеҳ алайҳи салом, Ҳавориюн ва Қиддисон мепардозанд, дар ҳоле ки ҳамонандӣ бо онон ҷойиз нест; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ كَفَرُوا﴾[2]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳамонанди касоне ки кофир шуданд набошед» Ва ривоят шудааст ки Умми Ҳабиб ва Умми Салама барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳикоят карданд ки вақте дар Ҳабаша буданд, калисоеро диданд ки дар он тасовире буд, пас он ҳазрат фармуд: «إِنَّ أُولَئِكَ قَوْمٌ إِذَا كَانَ فِيهِمُ الرَّجُلُ الصَّالِحُ فَمَاتَ، بَنَوْا عَلَى قَبْرِهِ مَسْجِدًا، وَصَوَّرُوا فِيهِ تِلْكَ الصُّوَرَ، فَأُولَئِكَ شِرَارُ الْخَلْقِ عِنْدَ اللَّهِ يَوْمَ الْقِيَامَةِ»[3]; «Онон қавме ҳастанд ки ҳаргоҳ марди солеҳе дар миёнашон бошад, пас аз дунё биравад, бар рӯйи қабраш масҷиде бано мекунанд ва ин тасовирро дар он мекашанд, пас онон бадтарин мардумон назди Худованд дар рӯзи Қиёмат ҳастанд».

Севвум инки аз масодиқи дурӯғ аст; Чароки чеҳра ва бадани онон дақиқан маълум нест.

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Пурсиш ва посухи 323.
↑[2] . Оли Имрон/ 156
↑[3] . Муваттаъи Молик, ҷ2, с102; Табақотул Кубро ибни Саъд, ҷ2, с239; Мусаннафи ибни Аби Шейба, ҷ3, с30; Муснади Исҳоқ ибни Роҳувей, ҷ2, с264; Муснади Аҳмад, ҷ40, с296; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ1, с93; Саҳиҳул Муслим, ҷ1, с375; Сунани Насоъи, ҷ2, с41; Муснади Абӣ Яъло, ҷ8, с92; Саҳиҳи ибни Хузайм, ҷ2, с7; Мустахриҷи Абӣ Авон, ҷ1, с334; Сунанул Кубро Байҳақӣ, ҷ4, с135