(أعوذ بالله من الشیطان الرجیم

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطاهرین

Худоро сипос мегузорем ки моро тавфиқ дод ду монеъ аз мавонеъи бузурги шинохтро дар каломи бандаи солеҳаш Мансури Ҳошимии Хуросонӣ баррасӣ кунем ва аз даргоҳи Ӯ масъалат дорем ки моро тавфиқ диҳад дар мақоми амал низ аз ин ду монеъ яъне «Ҷаҳл» ва «Тақлид» иҷтиноб кунем то битавонем ҳақро дар ҳамаи заминаҳо аз ботил ташхис диҳем; Чароки баррасӣ назарии ин ду монеъ ва дигар мавонеъи шинохт, агар ба иҷтиноби илмӣ аз онҳо наянҷомад, фоидае надорад. Ба ҳар ҳол, бояд таваҷҷуҳ дошта бошем ки дар ҳар як аз мо кам ё беш ҷаҳли ба Ислом ва ҷаҳли ба аҳли он ва ҷаҳли ба душманони он вуҷуд дорад ва ин монеъ аз шинохти ҳақ ва ботил тавассути мо мешавад. Ҳамчунонки мумкин аст дар ҳар як аз мо тақлид аз гузаштагон, ё тақлид аз олимон, ё тақлид аз аксарияти мардум, ё тақлид аз золимон, ё тақлид аз кофирон вуҷуд дошта бошад ва дар ин сурат бояд ҳар чи зудтар худро аз он раҳоӣ диҳем то битавонем ба шинохти ҳақ ва ботил дар ҳамаи арсаҳо мувафақ шавем.

Аммо монеъи севвум аз мавонеъи ҳафтгонаӣ шинохт ки ба таъбири устозунал Мансур, ҳафт дарвозаи дӯзаханд, «Аҳвоъи нафсонӣ» аст. Мурод аз аҳвоъи нафсонӣ, хостаҳои нафси инсони аст ки аз ғароъизи ҳайвонӣ ва ниёзҳои ҷисмонии ӯ бар мехезад ва лузуман бо ақли ӯ созгор нест ва лизо метавонад монеъи шинохти ӯ аз ҳақ ва ботил бишавад. Устозунал Мансур дар табйини ин монеъи шинохт ки мутаъассифона нақши бисёр барҷастае дар муъодилоти замони мо пайдо кардааст, дар зейли унвони)

3. Аҳвоъи нафсонӣ

(мефамояд:) Яке дигар аз мавонеъи шинохт, «Аҳвоъи нафсонӣ» аст; Чароки нафси одамӣ (яъне неруӣ ҳаёти ӯ), ба иқтизои ғаройизи (моддӣ ва ҷисмонии) худ (монанди ҳубби зоти ва қудрат ва лаззат ва осойиш), хушояндҳо ва нохушояндҳое дорад ки лузуман (яъне ҳатман ва ҳамеша) бо воқеъ мутобиқ нестанд ва бар шинохти ӯ аз он (яъне аз воқеъ), таъсири (манфӣ) мегузоранд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَعَسَى أَنْ تَكْرَهُوا شَيْئًا وَهُوَ خَيْرٌ لَكُمْ ۖ وَعَسَى أَنْ تُحِبُّوا شَيْئًا وَهُوَ شَرٌّ لَكُمْ ۗ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ;[1] «Ва бошад ки чизеро хуш надошта бошед ва он бароятон хайр бошад ва бошад ки чизеро хуш дошта бошед ва он бароятон шар бошад ва Худованд медонад ва шумо намедонед»! Ин хушояндҳо ва нохушояндҳо ки аз авотифи одамӣ (яъне кӯшишҳои мавҷуд дар ӯ ба сабаби ғароъиз ва ниёзҳояш) нашъат гирифтаанд ва бо ақли ӯ мутобиқат надоранд (чун агар мутобиқат дошта бошанд дигар аҳвоъи нафсонӣ номида намешаванд ва монеъи шинохт нестанд), хушбиниҳо ва бадбиниҳоеро дар зеҳни ӯ падид меоваранд ки ақли ӯро аз воқеъбинӣ боз медоранд (монанди хушбинҳойе ки дар бештари мусалмонон нисбат ба мазоҳибашон падид омада ва ононро аз шинохти маъойиб ва ишколоти он боздошта ва монанди бадбиниҳойе ки дар бархӣ мусалмонон нисбат ба даъвати устозунал Мансур падид омада ва ононро аз иҷобати он ба рағми мутобиқаташ бо шаръ боз доштааст); Чароки ақли ӯ, дар ҳисори ҳуббу буғзиҳои (хушбинона ва бадбинонаи) ӯ, қодир ба шинохти хуб ва бад нест ва маҷбур ба хуб шумурдани маҳбубҳо ва бад шумурдани мабғузҳои ӯст (чунонки гӯйи нафси аммора, ақлро таҳти фишор қарор медиҳад ва назари эҳсосотии худро бо он таҳмил мекунад); То ҷойе ки гуфтаанд: «حُبُّ الشَّيءِ يُعْمِي وَ يُصِمُّ»; «Дӯст доштани як чиз, кӯр ва кар мекунад»; Ба ин маъон ки дӯст доштани як чиз пеш аз шинохти он, бар шинохти он асари (манфӣ) мегузорад ва боъис мешавад ки бадии он, (бо инки дар воқеъ вуҷуд дорад) шинохта нашавад; Ҳамчунонки дӯст надоштани як чиз пеш аз шинохти он, бар шинохти он асари (манфӣ) мегузорад ва боъис мешавад ки хубии он, (бо инки дар воқеъ вуҷуд дорад) шинохта нашавад. Аз ин рӯ, дӯст доштан ё надоштани як чиз (монанди як фард ё ақида ё амал), пеш аз шинохти он маъқул нест (яъне на оқилона аст ки инсон чизе ё касеро нашинохта дӯст бидорад ва на оқилона аст ки аз чизе ё касе ношинохта кароҳат пайдо кунад) ва пас аз шинохти он маъқул аст; Чароки дӯст доштани як чиз, мубтанӣ бар хубии он ва дӯст надоштани як чиз, мубтанӣ бар бадии он аст (бо таваҷҷуҳ ба инки фитрати инсон дӯстдори хубӣ аст ва аз бадӣ кароҳат дорад ва бо ин васф, агар чизеро дӯст дорад ба ин хотир аст ки онро хуб мепиндорад ва агар аз чизе кароҳат дорад ба ин хотир аст ки онро бад мепиндорад) ва хубӣ ва бадӣ, воқеъиётӣ (мустақил ва) берун аз нафси одамӣ ҳастанд ки аз эҳсосоти дарунии ӯ (чи мусбат ва чи манфӣ) табаъият намекунанд (лизо як чизи воқеъан бад бо дӯст доштани он хуб намешавад ва як чизи воқеъан хуб бо дӯст надоштани он бад намешавад). Ба илова, эҳсосоти дарунии ӯ, натанҳо бо воқеъият мулозимае надоранд, балки ба теъдоди одамиён мутаъаддиданд (чароки эҳсосоти онон аз муҳаррикаҳои дарунӣ ва берунӣ таъсир мепазиранд ва ин муҳаррикаҳо қобили эҳсо нестанд ва дар ҳар фард мутафовитанд) ва ин чизе ҷуз тазод падид намеоварад ки (қаблан рӯшан шуд) маншаъи нобудӣ аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَلَوِ اتَّبَعَ الْحَقُّ أَهْوَاءَهُمْ لَفَسَدَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ وَمَنْ فِيهِنَّ;[2] «Ва агар ҳақ аз аҳвоъи онҳо табаъият мекард, осмонҳо ва замин ва ҳар ки дар он аст, нобуд мешуд»! Аз ин рӯ, писандҳо ва нописандҳои одамӣ (ки салойиқи ӯ маҳсуб мешаванд), бояд тобеъи шинохти ӯ бошанд, на инки шинохти ӯ, тобеъи писандҳо ва нописандҳои ӯ (яъне салойиқи ӯ) бошад; Бо тавҷҷуҳ ба инки ҳаргоҳ шинохти ӯ, тобеъи писандҳо ва нописандҳои ӯ бошад, мумкин аст ҳаққеро написандад, пас ботил шуморад (ва ин чизе аст ки мутаъассифона имрӯз дар миёни мардум бисёр ройиҷ аст; Чароки онҳо ҳар чизе ки хилофи майлашон бошадро ботил мешуморанд ва аз он танаффур меёбанд; Гӯёки меъёри шинохти ҳақ ва ботил ҳастанд! Ба унвони намуна, чанде пеш марде мутакаббир –аз инҳо ки ба лиҳози илмӣ ва ахлоқӣ ҳеҷ чиз нестанд вале худро бартар аз дигарон мепиндоранд- барои ман навишт ки ман аз фалон гуфтори Мансур хушам наёмад ва фалон ибороти ӯро написандидам ва манзураш он буд ки ба ин далил эшон дар хато аст! Дар посух ба ӯ навиштам: Эй бандаи Худо! То кай дар ботлоқи худпарастӣ фурӯ хоҳӣ рафт?! То кай ба ин «Ман! Ман!» идома хоҳӣ дод?! Даст аз худбинӣ бардор ва Худобин шав! Бубин Худо аз кадом гуфтор хушаш меояд ва кадом иборотро меписандад! Инки ту аз гуфтори ин абди солеҳ хушат наёмадааст ва ибороти ӯро написандидаӣ, ба андозаи боли пашае аҳаммият надорад! Муҳим ин аст ки гуфтаи ин абди солеҳ мубтанӣ бар фалон ояӣ Қуръон ва ҳадиси мутавотир аст ва бо фалон ҳукми ақлӣ созугорӣ дорад! Бо ин васф, ту бирав хушоянд ва писандтро ислоҳ кун ҷонӣ бародар то дар залолат намирӣ! Ин маризии муҳлике аст ки дар қалби бисёрӣ аз мардум ҳаст); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿أَفَكُلَّمَا جَاءَكُمْ رَسُولٌ بِمَا لَا تَهْوَىٰ أَنْفُسُكُمُ اسْتَكْبَرْتُمْ فَفَرِيقًا كَذَّبْتُمْ وَفَرِيقًا تَقْتُلُونَ;[3] «Оё ҳаргоҳ фиристодае барои шумо чизе овард ки нафсҳотон намеписандад, бузургӣ ҷустед; Пас бархеро такзиб кардед ва бархеро куштед?!» Ва фармудааст: ﴿لَقَدْ جِئْنَاكُمْ بِالْحَقِّ وَلَكِنَّ أَكْثَرَكُمْ لِلْحَقِّ كَارِهُونَ;[4] «Ба дурустӣ ки барои шумо ҳаққро овардаем, вале бештари шумо ҳаққро хуш намедоред»! Бал гоҳ кароҳати одамӣ аз ҳақ, чунон шиддат меёбад ки тарҷеҳ медиҳанд бимирад, вале онро қабул накунад; Монанди касоне (аз мушрикони Қурайш) ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَإِذْ قَالُوا اللَّهُمَّ إِنْ كَانَ هَذَا هُوَ الْحَقَّ مِنْ عِنْدِكَ فَأَمْطِرْ عَلَيْنَا حِجَارَةً مِنَ السَّمَاءِ أَوِ ائْتِنَا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ;[5] «Ва ҳангоме ки гуфтанд: Худовандо! Агар ин ба ростӣ ҳаққе аз ҷониби Туст, пас бар мо аз осмон санге бибор ё моро азобӣ дарднок биёвар»! (Бубинед ки такаббур ва худписандӣ, инсонро то чи ҳадде соқит мекунад ва ба чи марҳалае аз шақоват ва шарорат мерасонад! Аз ҳамин рӯ аст ки устозунал Мансур бар)

[Лузуми тарки пешзеҳниятҳо]

(пой мефишорад ва мефармояд:) Ба илова, ризоятҳо ва кароҳатҳои одамӣ (ки аҳвоъи нафсонии ӯ маҳсуб мешаванд), тавакқуъоте аз ҳақ дар зеҳни ӯ падид меоваранд ки шинохти онро барои ӯ душвор мекунанд (ба ин маъно ки ӯ таваққуъ дорад ҳақ ба гунаи хоссе бошад ки хушоянди ӯст ва ин боъис мешавад ки агар онро ба гунаи дигар бубинад нашносад ва инкор кунад ва масалан бигӯяд: Ҳақ ки ин тавр набояд бошад!); Зеро ин таваққуъоти зеҳнӣ ки «Пешзеҳниятҳо» (ба маънои зеҳниятҳои пеш аз шинохт) номида мешаванд, ҳақро пеш аз шинохти он, мутобиқ бо писандҳои одамӣ интизор мебаранд ва ҳаргоҳ бар хилофи онҳо падидор шавад, ботил мешуморанд (ин хатари бисёр бузурге аст ки шинохти ҳақро таҳдид мекунад ва мутаъассифона бисёр ҳам ройиҷ аст; Чунонки устозунал Мансур ба намунаҳое аз он ишора мекунад ва мефармояд:). Намунаи ин пешзеҳниятҳо, пешзеҳнияти мушрикон буд ки тавақкуъ доштанд Паёмбари Худо (табиъати фавқу башарӣ дошта бошад ва), ғазо нахурад ва дар бозор роҳ наравад ва ба ҳамроҳи худ фариштае дошта бошад (то Паёмбариаш азҳару минал шамс бошад) ва ҳангоме ки Паёмбари Худо, бар хилофи тавакқуъи онон зоҳир шуд, ӯро такзиб намуданд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَقَالُوا مَالِ هَذَا الرَّسُولِ يَأْكُلُ الطَّعَامَ وَيَمْشِي فِي الْأَسْوَاقِ ۙ لَوْلَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مَلَكٌ فَيَكُونَ مَعَهُ نَذِيرًا;[6] «Ва гуфтанд: Ин Паёмбарро чи мешавад ки ғазо мехурад ва дар бозор роҳ меравад?! Чаро ба сӯӣ ӯ фариштае нозил нашуд то ба ҳамроҳи ӯ бимдиҳанда бошад?!»; Ё тавакқуъ доштанд ки Худованд худ (бидуни воситаӣ Паёмбар) бо онон сухан гӯяд ё нишонаи мувофиқи майли онон биёяд ва ҳангоме ки ин таваққуъашон бароварда нашуд (ва нишонаҳои дигаре барояшон омад), кофир шуданд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَقَالَ الَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ لَوْلَا يُكَلِّمُنَا اللَّهُ أَوْ تَأْتِينَا آيَةٌ ۗ كَذَلِكَ قَالَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۘ تَشَابَهَتْ قُلُوبُهُمْ ۗ قَدْ بَيَّنَّا الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يُوقِنُونَ;[7] «Ва касоне ки намедонанд мегӯянд: Чаро Худованд худ бо мо сухан намегӯяд ё нишонае бароямон намеояд?! Касоне ки пеш аз онон буданд низ ҳамин гуна гуфтанд! Дилҳошон шабеҳи ҳам аст! Мо нишонаҳоро барои гурӯҳе ки яқин мекунанд, рӯшан кардаем»; Ё таваққуъ доштанд ки ба ҳар яке аз онон чизе ки ба Паёмбар дода шудааст (монанди китоби осмонӣ ё ваҳй), дода шавад ва ҳангоме ки дода нашуд, ба Паёмбар кофир шуданд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿بَلْ يُرِيدُ كُلُّ امْرِئٍ مِنْهُمْ أَنْ يُؤْتَىٰ صُحُفًا مُنَشَّرَةً;[8] «Бал ҳар як аз онон мехоҳад ки ба ӯ номаҳоӣ ҷудогона дода шавад» Ва фармудааст: ﴿قَالُوا لَنْ نُؤْمِنَ حَتَّى نُؤْتَىٰ مِثْلَ مَا أُوتِيَ رُسُلُ اللَّهِ;[9] «Гуфтанд: Мо имон намеоварем то онгоҳ ки ончи ба Паёмбарони Худо дода шуд, ба мо низ дода шавад»! Дар ҳоле ки ин тавакқуъоти онон, ҳеҷ яке мубтанӣ бар ақл набуд ва танҳо аз хушояндҳо ва нохушояндҳои онон нашъат гирифта буд (чароки ақл қатъ ба сидқи Паёмбарон аз тариқи ҳар оятеро кофӣ медонад ва ҳеҷ илзоме ба ояти хоссе надорад ва дарёфти мустақимми ваҳйро низ тавассути ҳамагон на мумкин медонад ва на зарурӣ; Лизо ин аҳвоъи нафсонии онон аст ки бар Худо таъйини таклиф мекунад ва шарт мегузорад). Намунаи дигари ин пешзеҳниятҳо, пешзеҳнияти яҳудиён буд ки тавақкуъ доштанд Паёмбари хотам, аз насли Исҳоқ бошад (чун ӯ фарзанди Сора зани озоди Иброҳим алайҳи салом буд ки банӣ Исроъил аз насли ӯ буданд); Пас чун ӯро аз насли Исмоъил ёфтанд, инкор карданд (чун ӯ фарзанди Ҳоҷар канизи Иброҳим алайҳи салом буд ва банӣ исроъил аз насли ӯ набуданд ва онон орзу доштанд ки Паёмбари хотам аз банӣ исроъил бошад ва дӯст надоштанд ки аз Исмоъилиён бошад!); Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَكَانُوا مِنْ قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى الَّذِينَ كَفَرُوا فَلَمَّا جَاءَهُمْ مَا عَرَفُوا كَفَرُوا بِهِ ۚ فَلَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الْكَافِرِينَ;[10] «Ва пештар бар касоне ки кофир шуданд пирӯзӣ меҷустанд, вале чун ҷизе ки мешинохтанд ононро омад, ӯро инкор карданд; Пас лаънати Худованд бар кофирон бод!»; (Дар ҳоле ки рӯшан аст Худованд муҳосиботи худашро дорад ва ба қиёсҳои онон эътиное надорад ва ба майли онон амал намекунад.) Ё тавақкуъ доштанд ки ҳар Паёмбаре, қурбоние барои онон биёварад ки оташ (аз осмон нозил шавад ва) онро бихурад (чун чунин мӯъҷизае дар банӣ исроъил масбуқ ба собиқа буд) ва ҳангоме ки Паёмбаре онро наёвард, (ҳар чанд мӯъҷизоти дигаре овард) ӯро такзиб карданд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿الَّذِينَ قَالُوا إِنَّ اللَّهَ عَهِدَ إِلَيْنَا أَلَّا نُؤْمِنَ لِرَسُولٍ حَتَّى يَأْتِيَنَا بِقُرْبَانٍ تَأْكُلُهُ النَّارُ;[11] «Касоне ки гуфтанд: Худованд бо мо аҳд кардааст ки ба Паёмбаре имон наёварем то онгоҳ ки барои мо қурбоние биёварад ки оташ онро бихурад!»; Дар ҳоле ки ин тавақкуъоти онон, мубтанӣ бар ақл набуд ва танҳо аз орузуҳои онон (яъне тамоюлоташон) нашъат гирифта буд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ ۗ قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ;[12] «Он орзуҳои онон аст; Бигӯ бурҳони худро биёваред агар рост мегӯйед»! (Аз инҷо дониста мешавад ки шинохти ҳақ мубтанӣ бар бурҳон аст на мубтанӣ бар таваққуъот ва тамоюлот!) Бадин сон, пешзеҳниятҳои ношӣ аз хоҳишҳои нафсонӣ, шуруте барои шинохти ҳақ таъйин мекунанд ки дар воқеъ, шинохти ҳақ машрут ба онҳо нест (мисли инки агар фалон кас ҳақ аст бояд ҳамаи афкори моро бихонад ё аз замин чашмаеро берун оварад ё аз осмон китоберо нозил кунад ё бо як ишораи даст қасреро барои худ ба вуҷуд оварад, дар ҳоле ки ҳеҷ як аз ин шурут бунёде бар ақл надорад ва шинохти ҳақ метавонад аз тариқи мӯъҷизоти дигаре ки муқтазои ҳикмати Илоҳӣ аст анҷом шавад). Ба илова, бо барангехтани пешдовариҳо, фурсати шинохти ҳаққро салб мекунанд ва ба ақл, фурсате барои баррасии он намедиҳанд (чун пеш аз онки ақл аз роҳ бирасад ва битавонад ҳаққро баррасӣ кунад қазоват дар бораш сурат гирифта ва ҳукми қатъӣ содир шудааст); Монанди як қозие ки иддаъои муддаъиро пеш аз шунидани далоили ӯ, рад мекунад, ба далили онки дӯст намедорад ӯ ростгӯ бошад ё бар пояӣ пешфарзҳояш, мумкин нест ки ӯ ростгӯ бошад (монанди Абдуёлил ибни Амр аз руъасои Тоъиф ки вақте Паёмбар ӯро ба Ислом даъват кард ва аз ӯ ёри хост гуфт: Ман пардаҳои Каъбаро дарида бошам агар ту Паёмбар бошӣ!! Чароки бар пояи пешфарзҳояш, мумкин набуд ки ӯ Паёмбар бошад!); Ё иддаъои ӯро пеш аз шунидани далоили ӯ, мепазирад, ба далили онки дӯст медорад ӯ ростгӯ бошад ё бар пояи пешфарзҳояш, мумкин нест ки ӯ дурӯғгӯ бошад (бубинед ки чи андоза сухани устозунал Мансур дар ин бора амиқ ва корбурдӣ аст; Монанди равоншиносӣ мутабаҳҳир ва бо таҷриба ки амрози руҳии беморро мешиносад ва ташриҳ мекунад). Ҳамчунонки бисёри аз мусалмонон, касонеро дӯст медоранд (монанди гузаштагон ва раҳбаронашон) ва аз ин рӯ, ҳар чизе ки онон мегӯянд ё мекунандро дуруст мепиндоранд (ва мутаъассибона аз он дифоъ мекунанд, агарчи бино бар меъёри шинохт дуруст набошад) ва касонеро дӯст намедоранд (монанди устозунал Мансур) ва аз ин рӯ, ҳар чизе ки онон мегӯянд ё мекунандро нодуруст мепиндоранд (агарчи бино бар меъёри шинохт дуруст бошад монанди истинод ба Қуръон ва иқтидо ба Паёмбар ва аҳли байти ӯ; Чунонки бархӣ душманони он ҳазрат бо вақоҳати аҷибе мегӯянд ки эшон дар истинод ба Қуръон зиёдаравӣ кардааст!! Яъне ҳатто касрати истиноди эшон ба Қуръонро низ нодуруст мепиндоранд! Ё мегӯянд ки гуфтор ва навиштори эшон шабеҳи гуфтор ва навиштори Паёмбар ва аҳли байт аст!! Яъне ҳатто шабоҳати гуфтор ва навиштори эшон ба гуфтор ва навиштори Паёмбарро ҳам нодуруст мепиндоранд!); Дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿وَلَا يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَى أَلَّا تَعْدِلُوا ۚ اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَى;[13] «Ва душман доштани гурӯҳе шуморо вонадорад ки адолат наварзед; Адолат варзед; Он ба тақво наздиктар аст»! Рӯшан аст ки ин пешдоварӣ (яъне доварӣ пеш аз шинохт), аз бузургтарин мавонеъи шинохт ва муҳимтарин асбоби такзиби ҳақ аст; Чунонки Худованди баланд мартаба фармудааст: ﴿وَلَقَدْ جَاءَتْهُمْ رُسُلُهُمْ بِالْبَيِّنَاتِ فَمَا كَانُوا لِيُؤْمِنُوا بِمَا كَذَّبُوا مِنْ قَبْلُ ۚ كَذَلِكَ يَطْبَعُ اللَّهُ عَلَى قُلُوبِ الْكَافِرِينَ;[14] «Ва ба ростӣ Паёмбаронашон барояшон нишонаҳои рӯшан оварданд, вале онҳо наметавонистанд ба чизе имон оваранд ки аз пеш, онро такзиб карда буданд! Ин гуна Худованд бар дилҳои кофирон мӯҳр мениҳад»! (Ин аз оёте аст ки устозунал Мансур маънои онро бештар аз ҳар каси дигаре дарк ва табйин кардааст. Бино бар ин маъно, касоне ки ҳаққро бо пешдоварӣ такзиб кардаанд ҳаргиз ба он имон нахоҳанд овард; Ҳамчунонки агар касе ҳаққро дар нахустин мавоҷеҳ бо он такзиб кунад, дигар ҳаргиз ба он имон нахоҳанд овард ва ин маъное аст ки эшон дар чандин ҷои ин китоб ба муносибат табйин мефармояд.

و السلام علیکم و رحمت الله)

↑[1] . Бақара/216.
↑[2] . Мӯъминун/71.
↑[3] . Бақара/87.
↑[4] . Зухруф/78.
↑[5] . Анфол/32.
↑[6] . Фурқон/7.
↑[7] . Бақара/118.
↑[8] . Муддасир/52.
↑[9] . Анъом/124.
↑[10] . Бақара/89.
↑[11] . Оли Имрон/183.
↑[12] . Бақара/111.
↑[13] . Моъида/8.
↑[14] . Аъроф/101.