Нависандаи пурсиш: Субҳон Тарихи пурсиш: 17/8/2015

Дар мавзӯъи тақлид, дар бораи ояи 122 сураи Тавба, чигуна метавон посух дод? Бо ташаккр

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 17/8/2015

Дар ояи 122 сураи Тавба омадааст: ﴿وَمَا كَانَ الْمُؤْمِنُونَ لِيَنْفِرُوا كَافَّةً ۚ فَلَوْلَا نَفَرَ مِنْ كُلِّ فِرْقَةٍ مِنْهُمْ طَائِفَةٌ لِيَتَفَقَّهُوا فِي الدِّينِ وَلِيُنْذِرُوا قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُوا إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ; «Ва мӯъминон касоне набуданд ки ҳамагӣ (ба назди Паёмбар) кӯч кунанд, пас чаро аз ҳар фирқае аз онон тоъифае кӯч накарданд то дар бораи дин дониш омӯзанд ва то қавми худро чун ба сӯяшон боз мегарданд бим диҳанд бошад ки онон бимнок шаванд». Рӯшан аст ки ин ояи шарифа, ба «Тақлид аз олимон» рабте надорад, балки марбут ба хабари ровиён аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст; Чунонки умуми аҳли илм, онро дар адиллаи ҳуҷҷияти хабар зикр кардаанд; Ҳар чанд бар хилофи пиндори онон, танҳо бар ҳуҷҷияти хабари мутавотир аз он Ҳазрат ё мутлақи хабар аз ӯ барои аҳли замонаш далолат дорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аз як сӯ ҳамаи кӯч кунандагон ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам «Муҷтаҳид» набуданд, балки «Ровӣ» буданд ва гуфтору кирдори он Ҳазратро барои қавми худ пеш аз бозгашт ба сӯяшон ривоят мекарданд; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки тақлид аз чанд муҷтаҳид барои як қавм маъқул нест; Чароки одатан фатвои онон бо якдигар мутафовит аст ва аз сӯӣ дигар «Тоъифа» дар забони Арабӣ ба бештар аз се нафар гуфта мешавад ва ривояти бештар аз се нафар, ҳаргоҳ одил бошанд ва хабар аз мавзӯъ ва ҳукми воҳиде бидиҳанд, мутавотир мҳсуб мешавад ва ривояти мутавотир ҳуҷҷат аст. Ин дар сурате аст ки мурод аз «Тоъифа» ро касоне бидонем ки аз ҳар фирқа ба назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам кӯч мекунанд, вале агар мурод аз онро –монанди бархӣ муфассирон– касоне бидонем ки аз назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва на ба назди ӯ кӯч мекунанд, бархӣ дар далолати оя бар ҳуҷҷияти хабари мутавотир нест; Зеро касоне ки назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам меомаданд то дар бораи дин дониш омӯзанд, як «Фирақ» ба маънои даста ҳастанд ки бисёр бештар аз «Тоъифа»анд ва возеҳ аст ки хабари онон аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мутавотир аст.

Фориғ аз онки агар ин «Тоъифа» ё «Фирқа» ро «Муҷтаҳид» фарз кунем низ наметавонем бимнок шудани қавмашон бо инзори ононро ба маънои пайравӣ аз онон бидуни далил бидонем; Чароки пайравӣ аз ғайри маъсум биуни далил, бар хилофи ақл ва бар хилофи оёти фаровоне аз Қуръон аст ва бо ин васф, бояд бимнок шудани қавмашон бо инзори ононро ба маънои пайравӣ аз онон бо илми тафсилӣ ба далойили қатъияшон бидонем ки тақлид аз онон шумурда намешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки тақлид, ба маънои пайравӣ аз гуфта ё кардаи дигарӣ бидуни далил аст[1].

Ҳосил онки ояи 122 сураи Тавба, ҷавози тақлид аз олимонро исбот намекунад, балки ҳуҷҷияти хабари мутавотир ё мутлақи хабар аз халифаи Худованд барои аҳли замони ӯро исбот мекунад ва рӯшан аст ки пайравӣ аз далоили қатъии олимон монанди ояи Қуръон ё хабари мутавотир аз халифаи Худованд ё мутлақи хабари ӯ барои аҳли замонаш, тақлид аз олимон шумурда намешавад ва аз маҳалли низоъ берун аст; Чароки маҳалли низоъ, ҷавози пайравӣ аз фатвои олимон бидуни огоҳӣ аз далоили онҳост; Чунонки имрӯз бо руҷӯъ ба расоъили амалия ва тавзеҳул масоъили онҳо маъмул аст.

Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи раҳоӣ аз тақлид ва рӯй овардан ба таҳқиқ дар бораи динро арзонӣ дорад.

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Бозгашт ба Ислом, с45.