Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Тарихи пурсиш: 17/7/2015

Алоқаи ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо имом Маҳдӣ чист? Оё эшон ноъиби имом Маҳдӣ ҳастанд?

Посух ба пурсиши шумораи: 12 Тарихи посух ба пурсиш: 18/7/2015

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, заминасози зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом аст ва иддаъои дигаре надорад. Заминасозӣ барои имом Маҳдӣ алайҳи салом низ манзалате барои он ҳазрат нест, бал амалӣ солеҳ аз он ҳазрат аст ки дар қолиби ҷамъоварӣ ва тарбияти иддаи кофӣ аз мусалмонон барои ҳифозат ва ҳимоят аз имом Маҳдӣ алайҳи салом анҷом мешавад ва воқеъиятӣ маҳсус бар рӯйи замин аст. Бо ин васф, ёрӣ расондан ба он ҳазрат ба ҳукми ﴿وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى[1] «Ба якдигар дар некукорӣ ва тақво ёрӣ расонед» воҷиб аст ва тарки воҷиб маъсият шумурда мешавад.

Худованд ба шумо тавфиқи амал ба ин воҷибро ато фармояд ва шуморо аз аҳли маъсият қарор надиҳад.

↑[1] . Моъида/2