Нависандаи пурсиш: Муҳаммад Тарихи пурсиш: 17/7/2015

Мизони алоқаи имом бо мазоҳиби Исломиро барои мо тавзиҳ диҳед.

Посух ба пурсиши шумораи: 4 Тарихи посух ба пурсиш: 18/7/2015

Имом Маҳдӣ алайҳи салом, имоми ҳамаи мусалмонон аст ва ихтисосе ба як мазҳаби хос надорад, вале мумкин аст бархӣ мазоҳиби Исломӣ маърифати бештаре ба он ҳазрат дошта бошанд. Дар ҳар ҳол, нисбати он ҳазрат ба мусалмонон, нисбати амирул мӯъминин Алӣ ибни Абу Толлиб ба онон аст ки ҳамаи онон ӯро ба унвони халифа қабул доранд, вале бархишон ӯро халифаи чаҳорум ва бархишон ӯро халифаи аввал мешуморанд. Агарчи дар бораи имом Маҳдӣ алайҳи салом, ихтилофи камтаре миёнашон вуҷуд дорад; Чароки ҳамаи онон ӯро халифаи дувоздаҳум ва аз аҳли байти Паёмбар ва мансуб аз ҷониби Худованд медонанд ва танҳо дар бораи падари ӯ ва замони валодаташ ихтиоф доранд ва ин ихтилофе аст ки ба вуҷуби заминасозишон барои зуҳури ӯ зиёне намерасонад.