Нависандаи нақд: Муҳаммад Сиддиқ Тарихи нақд: 14/6/2015

Гӯё эшон қасд доранд худро саййиди Хуросонӣ муъаррифӣ кунанд; Чун зоҳир чунон нишон медиҳад, аммо мутмаъинан эшон ҳеҷ тафовуте бо уламои пучи шиъа надоранд. Масалан дар китоби «Бозгашт ба Ислом» навишта ман на шиъа ва на суннии мусталаҳ ҳеҷ кадом нестам; Балки эшон як шиъаи воқеъии мусталаҳ ҳастанд, чун тибқи ақойиди шиъа рафтор мекунанд. Барои мисол саййиди Хуросонӣ сохта ва пардохтаи ҷаҳони ташаюъ ҳаст ва «Ал-Байъату Лиллоҳ» ва парчами сиёҳ ва Мансури Хусосонӣ танҳо дар ақойиди шиъа ва аҳодиси хурофии онон пайдо мешавад.

Посух ба нақди шумораи: 2 Тарихи посух ба нақд: 15/6/2015

Бародари гиромӣ!

Лутфан аз таваҳҳум берун биёйед ва боби тӯҳмат ва ифтироро нагушойед ки ин бобо ба рӯӣ оташ гушуда мешавад. Агар дар бораи матлаби хоссе аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» нақде доред, бо баёни илмӣ ва ба сурати мустадал бифармойед то бо баёни илмӣ ва ба сурати мустадал ба шумо посух дода шавад; Вагарна вақи моро бо суханони сахиф ва бепоя нагиред.

Рӯшан аст ки ақойиди ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» танҳо муттакӣ бар китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар дар рӯшаноии ақли салим аст ва ба ҳеҷ мазҳабе на шиъа ва на суннӣ таъаллуқе надорад; ҳамчунонки бархӣ аз аҳли ташаюъ низ дақиқан бар акси шумо, ин бузургворро ба суннӣ будан муттаҳам мекунанд, дар ҳоле ки ҳар ду иттиҳом ба як андоза бе асос аст ва танҳо аз таъассуботи мазҳабӣ бархостааст.

Ба илова, зуҳури марде мавсум ба «Мансур» аз Хуросон бо парчамҳои сиёҳ барои заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ, бар хилофи таваҳҳуми шумо муттакӣ бар ривоёти шиъа нест, балки беш аз он муттакӣ бар ривоёти аҳли суннат ва ҷамоъат аст; Чунонки бисёрӣ аз аъимаи ҳадис монанди ибни Абӣ Шейба дар Ал-Мусаннаф[1], Аҳмад ибни Ҳанбал дар Ал-Муснад[2], Абу Довуд дар Сунан[3], ибни Моҷа дар Сунан[4], Байҳақӣ дар Далоъилун Набувва[5], ибни Ҳаммод дар китоби Ал-фитан[6], Аҳмад ибни Амрул Базоз дар Ал-муснад[7], Абу Саъиди Шошӣ дар Ал-муснад[8], Табаронӣ дар Ал-мӯъҷамул авсат[9], ибни Адӣ дар Ал-комил[10], Ҳокими Нешобурӣ дар Ал-мустадрак[11], Ҳайсамӣ дар Маҷмаъул завоъид[12], ибни Касир дар Ал-бидоя вал ниҳоя[13] ва дигарон онро ривоят кардаанд ва баъзан ба сиҳҳати он ва шӯҳраташ дар миёни салаф тасриҳ намудаанд ва бо ин васф, маҳдуд донистани он ба шиъа, аз таваҳҳумоти шумо аст! Албатта ин ба он маъно нест ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ худро ҳамин фард мешуморад; Чароки ӯ чунин иддаъое дар бораи худ надорад, вале метавонад ба ин маъно бошад ки чунин чизе муҳтамал аст ва ин эҳтимоли қобили инкор нест.

Хулоса онки агар шумо матлаби мушаххасе аз китобро бар хилофи китоби Худо ё суннати мутавотир ё ақли салим мепиндоред, бо баёни илмӣ ва ба сурати мустадал бифармойед то барои шумо тавзиҳ дода шавад; Чароки суханони ҷоҳилона ва таъассуб омез фоидае барои шумо надорад, балки ба зиёни шумо дар дунё ва охират аст.

↑[1] . ҷ8, с697
↑[2] . ҷ5, с277
↑[3] . ҷ2, с311
↑[4] . ҷ2, с1366
↑[5] . ҷ6, с516
↑[6] . с188
↑[7] . ҷ4, с310
↑[8] . ҷ1, с347
↑[9] . ҷ6, с29
↑[10] . ҷ4, с227
↑[11] . ҷ4, с464
↑[12] . ҷ7, с316
↑[13] . ҷ6, с275