Нависандаи нақд: Ҳасан Алӣ Тарихи нақд: 20/6/2015

Суъолоте дорам ки хеле мухтасар ба арз мерасонем. Лутфан сариҳ ва кӯтоҳ посух бифармойед.

1. Ҳавзаи илми ва ё тадриси ҷаноби аллома куҷост?

2. Дар китоби Бозгашти аллома ки мутолиъа намудам, бештари пояҳои истедлоли фақат бар яке аз кубро ё суғрое истедлоли нозир буд ва ин сиҳҳати истинтоҷро дучори хадша мекунад. Эшон чаро барои истинтоҷи ҳар ду қисмати суғро ва куброро мустадал нанамудаанд?

3. Агар касе бихоҳад дар мавриди ҷаноби аллома таҳқиқи мустақиме монанди мушоҳидаи авзоъ ва тарзи зиндагӣ ва сулуки эшон бинамояд, чигуна бояд чунин кунад?

Суъолоти дигаре низ дорам ки ба мурур хоҳам пурсид.

Бо ташаккур

Посух ба нақди шумораи: 2 Тарихи посух ба нақд: 21/6/2015

Лутфан ба тавзиҳоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1. Ҷаноби аллома ҳамакнун дар ҷойе аз осиёи миёна машғул ба таълими маъорифи ноби Ислом ва улуми оли Муҳаммад салалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва низ гирдоварӣ ва тарбияти неруҳои мухлис аз саросари ҷаҳон барои ёрии Маҳдӣ алайҳи салом аст ва аз онон барои он ҳазрат байъат мегирад.

2. Иктифои ҷаноби аллома ба суғро ё қуброи қазия дар бештари истедлолҳо, маҳзи иддаъои шумо аст ки қабли шумо касе аз мунтақидон матраҳ накарда ва бо ин васф, лозим аст ки ба сурати мушаххас бифармойед ки ба заъми шумо кадом истедлоли эшон дар ин китоб ноқис аст?

Оре, мумкин аст ки ин бузургвор дар бархӣ маворид, барои суғро ё куброи қазия, бо лиҳози бедоҳати он ё мусаллам буданаш барои мусалмонон, истедлоли тафсилӣ ва ҷудогона нафармуда бошад; Чароки китоби эшон як китоби фалсафӣ нест ва аз мудоққаҳои ғайри зарурӣ ва такаллуф омез барканор аст ва танҳо дар садади табйини Исломи холис бар пояи яқиниёти Исломӣ ва муштаракоти мусалмонон аст. Бинобарин, агар қазияе бошад ки эшон барои суғро ё куброи он, истедлоли тафсилӣ ва ҷудогона нафармуда, қазияе аст ки суғро ё куброи он мафруғғуъанҳ ва аз маҳалли низоъ берун аст.

3. Табиъӣ аст ки наҳваи зиндагии ҷаноби аллома ва ҷузъиёте ки мавриди назари шумо аст, дар расонаҳо эълом намешавад ва танҳо барои шогирдони эшон ва касоне ки аз наздик бо эшон дар иртиботанд маълум аст. Бо ин васф, барои огоҳӣ аз он ё бояд ба сӯӣ эшон ҳиҷрат кард ва дар маҳзари эшон ҳозир шуд ва ё бояд бо шогирдони эшон иртибот гирифт то аз он хабар диҳанд. Аммо ҳиҷрат ба сӯӣ эшон ва ҳузур дар маҳзарашон, табиъатан барои касоне мумкин аст ки ба қадри кофӣ мавриди вусуқ ва эътимод бошанд ва аз ин рӯ, пеш аз таййи бархӣ мароҳил ва ҳусули бархӣ таъорифҳо анҷом мешавад; Зеро ҳифзи амнияти эшон бо таваҷҷуҳ ба душманони фаровоне ки дар минтақа доранд зарурӣ аст. Аммо иртибот бо шогирбони эшон барои ҳар касе ки аз рӯӣ садоқат ва ихлос дар пайи таҳқиқ бошад, осон аст ва пас аз тасдиқи иҷмолии китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» аз боби «مَنْ عَمِلَ بِمَا يَعْلَمُ عَلَّمَهُ اللَّهُ مَا لَمْ يَعْلَمْ»; «Ҳар кас ба чизе ки донистааст амал кунад, Худованд чизе ки надонистаастро ба ӯ меомӯзад» ҳосил мешавад ин шоъ Аллоҳ; Чароки шогирдони эшон дар бисёрӣ аз кишварҳои минтақа ҳузур доранд ва омодаи посухгӯӣ ба куллияи пурсишҳои толибони дониш ҳастанд.

Худованд ба шумо тавфиқи тасдиқи ҳақ ва ёрии онро ато бифармояд агарчи бисёр душвор бошад.