Нависандаи нақд: Абдурраззоқ Тарихи нақд: 18/1/2016

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз у бартар андеша барнагзарад.

Баъд аз ҳамди Аллоҳ таборак ва таъоло ва дуруди бепоён бар сарвари койинот, фахри мавҷудот ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, китоби «Бозгашт ба Ислом» ро комилан мутолиъа намудам бисёр дақиқ, ҳудуди як ҳафта болояш вақт гузоштам, аммо чизе ҷуз таноқузоти фоҳиш дар ин китоб надидам, ҳамон ангезаҳое ки қабл аз хондани китоб ба ҷаноби алломаи Хуросонӣ доштам, комилан аз байн рафт. Ман аз ҷумла таноқузот чандтояшонро менависам:

1. Тавҳин ба асҳоб фисқ аст, вале худаш мустақиман асҳобро ба нофаҳмӣ муттаҳам мекунад ҳатто ба андозае ки бузургтарин масъалаи динашонро надонистаанд. Ин на танҳо тавҳин ба асҳоб аст, балки тавҳин ба муъаллимашон аст!

2. Ҳукумате ки ҳокими он аз тарафи Худованд (ҷ) таъйин нашуда бошад тоғутӣ аст ва атбоъи он ҳам абдуттоғут ҳастанд. Бано бар ин ҳукумати Абу Бакр ва Умар тоғути аст ва аз ин гуфта тавре бардошт мешавад ки наъузубиллоҳ Алӣ ибни Абу Толиб абдуттоғут будааст!

3. Худи ҷаноби Хуросонӣ гуфта ҳанифан муслиман ҳастам, вале ман ҷуз тарафдорияш аз шиъа ҳақиқати бештаре наёфтам. Дар китобаш, то ҷойе ки бар имомони арбаъаи аҳли суннат эътироз дошта ва саҳиҳтарин китобашон ба заъфурривоя фи баъзил амокин таъбир карда, вале надидам ки ҷойе аз китоби пур нақс ва мутаноқизи Куланӣ ҳатто як нақд карда бошад!

4. Қойил ба таҳрифи Қуръон нест, вале аз мазҳаби ташаюъ ҷонибдоронатар дифоъ намуда, ҳол онки китоби Кофӣ бобе ба номи «Қуръонро ҷуз аъима касе ҷамъоварӣ накарда ва ҳар кас иддаъои ҷамъоварӣ кулли Қуръонро карда бошад дурӯғ гуфта» вуҷуд дорад!

5. Дигаронро аз пайравии занн боз дошта, ҳол онки худаш аз занн ки чи ҳатто аз хаёл пайравӣ мекунад. Маҳдиро дуруст огоҳ нест ки мутаваллид шуда ё на, вале мутмаъинан барои зуҳури хиёлиаш заминасозӣ мекунад!

6. То замоне барои ҳукумати Маҳдӣ заминасозӣ нашавад, ӯ зуҳур намекунад, ҳол онки ин худаш он қадр бемафҳум аст ки ба ҳеҷ унвон намеша тавҷиҳаш кард!

Инҳо мушт намунаи харвор аст! Хатте аз китобашро надидам ки бо хатти дигаре дар таноқуз набошад!

Ба ҳар ҳол чи тарҳи рангаӣ ки дорад ин китоб!

Посух ба нақди шумораи: 1 Тарихи посух ба нақд: 20/1/2016

Ҳазар кун зи нодони даҳ марда гӯй

Чу доно яке гӯйю парварда гӯй

Сад андохтӣ тиру ҳар сад хатост

Агар ҳушмандӣ як андозу рост

Бародари арҷманд!

Ба назар мерасад ки шумо бар хилофи пиндоратон, китоби «Бозгашт ба Ислом» ро «Комилан ва бисёр дақиқ» мутолиъа накардаед, балки ноқис ва бидуни диққат мутолиъа кардаед ва аз ин рӯ, натавонистаед аз банди ҷаҳл, тақлид, аҳвоъ, таъассуб ва такаббур озод шавед ва ба шинохти ҳақ роҳ ёбед. Албатта мо таваққуъ надорем ки шумо ақойиди нодурусти худро пас аз умре ба якбора тарк кунед ва ба ақойидӣ мубтанӣ бар китбои Хқдованд ва суннати мутавотири Паёмбараш ва мунтабиқ бар ақли салим рӯй оваред, вале таваққуъ дорем ки дасти кам муқаддамоти ин корро дар худ фароҳам кунед то пеш аз фаро расидани марг ва аз даст рафтани фурсат тавба ва ислоҳ, ба Исломи ростин боз гардед ва дар ғафлат ва гумроҳӣ аз дунё наравед; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ الْقَيِّمِ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَ يَوْمٌ لَا مَرَدَّ لَهُ مِنَ اللَّهِ ۖ يَوْمَئِذٍ يَصَّدَّعُونَ[1]; «Пас рӯӣ худро ба сӯӣ дини ростин бигардон, пеш аз онки рӯзе фаро расад ки боздорандае барои он аз Худованд нест, дар он рӯз пароканда мешаванд» Ва фармудааст: ﴿وَأَنِيبُوا إِلَى رَبِّكُمْ وَأَسْلِمُوا لَهُ مِنْ قَبْلِ أَنْ يَأْتِيَكُمُ الْعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنْصَرُونَ[2]; «Ва ба сӯӣ Парвардигоратон боз гардед ва барои Ӯ таслим шавед, пеш аз онки шуморо азоб фаро расад, дар он ҳангом ёрӣ намешавед»!

Бо ин муқаддама, таваҷҷуҳи шуморо ба нукоти зер ҷалб мекунем:

1. Тардиде нест ки бе эҳтиромӣ ба асҳоби Расури Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҷойиз нест ва ин нуктае аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» мабҳаси «Лузуми эҳтиром ба асҳоби Паёмбар»[3] бар рӯӣ он таъкид фармуда, то ҷойе ки бе эҳтироми кунандагон ба ононро дар сурате ки исрор дошта бошанд, фосиқ ва золим донистааст, вале рӯшан аст ки эҳтиром ба асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ба маънои таъйиди ҳамаи корҳои онон нест; Чароки таъйиди ҳамаи корҳои онон, на имкон дорад ва на ҷойиз аст; Имкон надорад ба далили инки бисёри аз корҳои онон хусусан пас аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, бо яакдигар таъоруз ва ихтилоф дошта ва бо ин васф, таъйиди ҳамаи онҳо бо ҳам ҷамъи зиддайн шумурда мешавад ки ғайри мумкин аст ва ҷойиз нест ба далили инки таъйиди ҳамаи корҳои онон бидуни нақд ва баррасӣ, тақлиди кӯр кӯрона аз ғайри маъсум шумурда мешавад ки ҳаром аст. Аз инҷо дониста мешавад ки таъкиди ҳазрати аллома Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бар «Лузуми эҳтиром ба асҳоби Паёмбар» дар айни нақд ва баррасии корҳои онон бар пояи Қуръон ва суннати мутавотир, «Таноқузи фоҳиш» нест, балки айни ақлоният ва эътидоли Исломӣ аст.

Оре, касоне ки аз ақлоният ва эътидоли Исломӣ бархурдоранд ва аз банди тақлид ва таъассуб раҳоӣ ёфтаанд медонанд ки ғулув дар бораи асҳоби Паёмбар, ба андозаӣ бе эҳтиромӣ ба онон нописанд аст ва мубарро донистани онон аз ҳар хато, иштибоҳ ва нисёне, ғулув дар бораи онон шумурда мешавад; Илова бар инки такзиби Худованд ва Паёмбари Ӯ низ аст; Чароки Худованд дар китоби худ, ба рӯшанӣ аз хатоҳо, иштибоҳҳо ва нисёнҳои онон ёд нарда ва аз эҳтимоли бозгашти онон ба гузаштаяшон пас аз даргузашти Паёмабраш хабар дода[4] ва Паёмбараш низ дар ривоётӣ мутавотир ва машҳур, аз дигаргунӣ ва инҳирофи бархӣ аз онон пас аз худ хабар дода ва ба унвони намуна фармудааст: «يَرِدُ عَليَّ يَومَ القيامةِ رَهْطٌ مِنْ أصحابي فَيُجْلَونَ عَنِ الحوضِ، فَأقولُ: يا ربِّ أصحابي! فيقولُ: إنّكَ لا عِلمَ لَكَ بِما أَحْدَثُوا بَعْدَكَ، إنَّهُمُ ارْتَدُّوا عَلَى أَدبارِهُمُ القَهْقَرَى»; «Дар рӯзи қиёмат гурӯҳе аз асҳобам бар ман ворид мешаванд, пас аз ҳавз ронда мешаванд, пас мегӯям: Парвардигоро! Инҳо асҳобам ҳастанд! Пас мефармояд: Ту намедонӣ ки пас аз ту чи корҳо карданд! Онон ҳамвора бо пушт ба сӯӣ гузаштаи худ боз гаштанд» Ва фармудааст: «يُجَاءُ بِرِجَالٍ مِنْ أُمَّتِي فَيُؤْخَذُ بِهِمْ ذَاتَ الشِّمَالِ فَأَقُولُ: يَا رَبِّ أَصْحَابِي! فَيُقَالُ: إِنَّكَ لَا تَدْرِي مَا أَحْدَثُوا بَعْدَكَ! فَأَقُولُ كَمَا قَالَ الْعَبْدُ الصَّالِحُ: ﴿وَكُنْتُ عَلَيْهِمْ شَهِيدًا مَا دُمْتُ فِيهِمْ ۖ فَلَمَّا تَوَفَّيْتَنِي كُنْتَ أَنْتَ الرَّقِيبَ عَلَيْهِمْ فَيُقَالُ: إِنَّ هَؤُلَاءِ لَمْ يَزَالُوا مُرْتَدِّينَ عَلَى أَعْقَابِهِمْ مُنْذُ فَارَقْتَهُمْ»; «(Дар рӯзи қиёмат) Мардоне аз умматамро меоваранд, пас ба тарафи чап (ба сӯӣ оташ) мебаранд, пас мегӯям: Парвардигоро! Инҳо асҳоби ман ҳастанд! Пас гуфта мешавад: Ту намедони ки баъд аз ту чи карданд! Он гоҳ ман чизеро мегӯям ки бандаи солеҳ (Исо алайҳи салом) гуфт: <Ман то вақте дар миёнашон будам шоҳиди корҳошон будам, пас чун манро аз дунё бурдӣ Ту нозир бар онон будӣ!> Пас гуфта мешавад: Онон аз вақте ки ту аз миёнашон рафтӣ ҳамвора ба пушти сари худ боз гаштанд» Ва фармудааст: «لَيَرِدَنَّ الْحَوْضَ عَلَيَّ رِجَالٌ حَتَّى إِذَا رَأَيْتُهُمْ رُفِعُوا إِلَيَّ فَاخْتَلَجُوا دُونِي فَلَأَقُولَنَّ: يَا رَبِّ أَصْحَابِي! أَصْحَابِي! فَيُقَالُ: إِنَّكَ لَا تَدْرِي مَا أَحْدَثُوا بَعْدَكَ! فَأَقُولُ: بُعْدًا بُعْدًا -أَوْ قَالَ:- سُحْقًا سُحْقًا لِمَنْ بَدَّلَ بَعْدِي»; «Мардоне ба сӯӣ ҳавз меоянд ки чун ононро мебинам, аз ман боз дошта мешаванд ва ба ақаб ронда мешаванд, пас мегӯям: Худоё! Асҳобам! Асҳобам! Пас гуфта мешавад: Ту намедонӣ ки баъд аз ту чи карданд! Пас мегӯям: Дур бод ҳар касе ки баъд аз ман тағйир дод!»[5].

Аз инҷо дониста мешавад ки зикри хатоҳо, иштибоҳҳо ва нисёнҳои асҳоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пас аз он ҳазрат, ба маънои бе эҳтиромӣ ба онон нест, то чи расад ба инки бе эҳтиромӣ ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бошад; Зеро аз як сӯ амр ба маърифат ва наҳй аз мункар ки яке аз фароъизи Ислом аст, бидуни зикри хатоҳо, иштибоҳҳо ва нисёнҳои мумкин нест, дар ҳоле ки ҳеҷ кас онро ба маънои бе эҳтиромӣ намедонанд ва аз сӯӣ дигар ҳар касе дар пешгоҳи Худованд масъули корҳои хеш аст ва хатоҳо, иштибоҳҳо ва нисёнҳои касе ба ҳисоби касӣ дигар навишта намешавад; Хусусан ба ҳисоби касе ки вазифаи амри ва маъруф ва наҳй аз мункарро анҷом дода ва ӯро аз хатоҳо, иштибоҳҳо ва исёнсоҳяшон барҳазар дошта аст!

2. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар мабҳаси «Ихтилофи мусалмонон»[6] ва «Ҳокимияти ғайри Худованд»[7] аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», бо истинод ба яқинитарин нусус ва адиллаи Исломӣ исбот фармуда ки ҳокимият дар Ислом танҳо барои Худованд аст; Чунонки фармудааст: ﴿إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ[8]; «Ҳукмронӣ ҷуз барои Худованд нест» Ва фармудааст: ﴿لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ ۖ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ[9]; «Ҳукумат барои Ӯст ва ситойиш барои Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност» Ва фармудааст: ﴿ذَلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ ۖ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ ۖ فَأَنَّى تُصْرَفُونَ[10]; «Он аст Худованд Парвардигоратон ки ҳукумат барои Ӯст, ҷуз Ӯ Худое вуҷуд надорад, пас ба куҷо рӯй мегардонед?!» Ва касе бо Ӯ дар он шарик нест; Чунонки фармудааст: ﴿مَا لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ وَلِيٍّ وَلَا يُشْرِكُ فِي حُكْمِهِ أَحَدًا[11]; «Ононро ба ҷуз Ӯ ҳеҷ сарпарасте нест ва дар ҳукумати худ касеро шарик намекунад» Ва фармудааст: ﴿الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُنْ لَهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ[12]; «Касе ки ҳукумати осмонҳо ва замин барои Ӯст ва фарзанде нагирифта аст ва барои Ӯ шарике дар ҳукумат нест» Ва фармудааст: ﴿ذَلِكُمُ اللَّهُ رَبُّكُمْ لَهُ الْمُلْكُ ۚ وَالَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِهِ مَا يَمْلِكُونَ مِنْ قِطْمِيرٍ[13]; «Он Худованд Парвардигоратон аст ки ҳукумат барои Ӯст ва касе ҷуз Ӯ ки мехонед ҳастаи хурмоеро молик нестанд» Ва Ӯ ҳокимияти худро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад медиҳад то ба амри Ӯ ҳукумат кунад; Чунонки фармудааст: ﴿وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ[14]; «Ва Худованд ҳукумат хешро ба ҳар кас ки бихоҳад медиҳад ва Худованд гушояндаи доност» Ва фармудааст: ﴿قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ[15]; «Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Тӯӣ! Ҳукумататро ба ҳар кас бихоҳӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас ки бихоҳӣ боз мегирӣ»; Ҳамчунонки ба унвони намуна, ҳукумати хешро ба Толут дод, дар ҳоле ки асҳоби Паёмбараш, ба ҳукумати ӯ розӣ набуданд ва худро ба ҳукумат аз ӯ шоистатар мепиндоштанд; Чунонки фармудааст: ﴿وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ اللَّهَ قَدْ بَعَثَ لَكُمْ طَالُوتَ مَلِكًا ۚ قَالُوا أَنَّى يَكُونُ لَهُ الْمُلْكُ عَلَيْنَا وَنَحْنُ أَحَقُّ بِالْمُلْكِ مِنْهُ وَلَمْ يُؤْتَ سَعَةً مِنَ الْمَالِ ۚ قَالَ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ ۖ وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ[16]; «Ва Паёмбарашон ба онон гуфт ки Худованд барои шумо Толутро ба унвони ҳоким барангехта аст! Гуфтанд: Чигуна барои ӯ ҳукумат бар мо бошад, дар ҳоле ки мо ба ҳукумат аз ӯ шоистатар ҳастем ва ӯ вусъате аз мол надорад?! Гуфт ки Худованд ӯро бар шумо баргузида ва аз илм ва неруӣ ҷисмонӣ вусъат бахшидааст ва Худованд ҳукумати хешро ба ҳар кас ки бихоҳад медиҳад ва Худованд гушояндаи доност»!

Ин мабнои ҳокимият дар Ислом аст ки Худованд дар китоби худ барои мардум табйин фармуда ва ононро –чи дар гузашта ва чи дар ҳол– ба риъояти он мукаллаф сохта ва бо ин васф, ҳар кас аз онон ки онро риъоят карда, кори хубе анҷом дода ва ҳар кас аз онон ки онро риъоят накарда, кори хубе анҷом надодааст ва дар ҳар сурат, мо аз кори онон бозхост намешавем; Чароки онон масъули кори худ будаанд ва мо масъули кори худ ҳастем ва ангезаҳои онон ба мо марбут намешавад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿تِلْكَ أُمَّةٌ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُمْ مَا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْأَلُونَ عَمَّا كَانُوا يَعْمَلُونَ[17]; «Онон гурӯҳе буданд ки даргузаштанд, барои онон чизе аст ки касб карданд ва барои шумо чизе аст ки касб кардед ва шумо аз чизе ки онон анҷом доданд бозхост намешавед».

Оре, мо ба касоне аз онон ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, гумонӣ некув дорем; Бадин сурат ки ононро ба иртидод ё нифоқ ё хиёнат муттаҳам намекунем, балки ононро сирфан дар хато, иштибоҳ ва нисён мешуморем ва барои онон ба даргоҳи Худованд истиғфор мекунем ва умедворем ки Ӯ аз дигаргунии онон пас аз Паёмбараш бигзарад ва ононро аз наздик шудан ба ҳавз дар рӯзи қиёмат маҳрум нафармояд ва ҳамроҳ бо ёрони самти чап ба сӯӣ оташ раҳсипор нагардонад; Чароки Худованд бисёр бахшоянда ва меҳрубон аст. Ҳамчунонки бино бар ривоёти мутавотир ва машҳур яқин дорем ҳамаи онон бар ин хато, иштибо ва нисён иҷмоъ накарданд, балки дар бораи он ба ду гурӯҳ тақсим шуданд ва гурӯҳе аз онон монанди Алӣ, Салмон, Абу Зар, Миқдод, Аммор, Зубайр, Ҳузайфа, Ҷобир ва Зейд ибни Арқам разияллоҳу анҳум, аз он наҳй карданд ва бар риъояти мабнои ҳокимият дар Ислом пой фишурданд[18].

3 ва 4. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло –ин мусалмони ҳаниф– дар сартосари китоби арзишманди худ «Бозгашт ба Ислом», ҳатто дар як маврид ба китоби «Кофӣ» истиноде накарда, дар ҳоле ки дар мавориди бисёре ба китоби «Бухорӣ» истинод карда ва бо ин васф, муттаҳам кардани эшон ба ҷонибдорӣ аз китоби «Кофӣ» дар баробари китоби «Бухорӣ», ниҳояти таъассуб ва бе инсофӣ аст. Оре, эшон дар бораи вуҷуди рифоёти заъиф ва сохтагӣ дар китоби «Кофӣ» тавзиҳе надода, вале ин ба сабаби он будааст ки аҳли ташаюъ, ба вуҷуди ривоёти заъиф ва сохтагӣ дар китоби «Кофӣ» иқрор доранд ва ба унвони намуна, ривоёти ҳокӣ аз таҳрифи Қуръон дар онро намепазиранд ва бо ин васф, зарурате барои тавзиҳ дар бораи он набуда ва тавзиҳ дар бораи он тавзиҳи возеҳот аст, дар ҳоле ки аҳли суннат, китоби «Бухорӣ» ро комилан саҳиҳ мепиндоранд ва ба вуҷуди ҳатто як ривояти заъиф ва сохтагӣ дар он иқрор надоранд ва бо ин васф, тавзиҳ дар бораи вуҷуди ривоётӣ заъиф ва сохтагӣ дар он зарурат доштааст; Ҳамчунонки ҳазрати алломаи Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ба ҳеҷ як аз китобҳои аҳли ташаюъ –бар хилофи китобҳои аҳли суннат– истиноде накарда ва илова бар он, дар бахшҳои мухталифи китоби худ, аз инҳирофоти гуногуни аҳли ташаюъ монанди тақлид аз мароҷеъи тақлид, иҷтиҳод бар мабнои тақлид, вилояти мутлақаи фақиҳ, хурофагароӣ дар дин ва ғулув дар бораи аъиммаи аҳли байт интиқод фармуда ва бо ин васф, муттаҳам кардани эшон ба ҷонибдорӣ аз аҳли ташаюъ дар баробари аҳли суннат, бӯҳтонӣ ошкор аст.

Оре, рӯшан аст ки шумо интиқодҳои ин бузургвор аз аҳли ташаюъро дидаед ва онҳоро ба маънои ҷонибдорӣ аз мазҳаби худ пиндоштаед ва ба ҳамин далил эътирозе ба онҳо накардаед, вале ҳангоме ки ба интиқодҳои эшон аз мазҳаби худ расидаед, онҳоро написандидаед ва ба маънои ҷонибдорӣ аз аҳли ташаюъ пиндоштаед ва ба ҳамин далил, «Ангезае ки қабл аз хондани китоб ба ҷаноби алломаи Хуросонӣ доштедро комилан аз даст додаед» ва ба эътироз рӯй овардаед, дар ҳоле ки рӯшан аст на он интиқодҳои эшон аз аҳли ташаюъ, ба маънои ҷонибдорӣ аз мазҳаби шумост ва на ин интиқодҳои эшон аз мазҳаби шумо, ба маънои ҷонибдорӣ аз аҳли ташаюъ аст, балки эшон танҳо бо ангезаи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва бо тамассук ба нусуси китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар ин корро карда ва дар паи ризоят ё кароҳати шумо ё бародаронатон набудааст; Зеро рӯшан аст ки эшон муваззаф ба пайравӣ аз аҳвоъи аҳли суннат ё аҳли ташаюъ нест, балки муваззаф ба табйини Исломи ростин бар пояи ақл ва шаръ аст, агарчи ҳар кадом аз аҳли суннат ва аҳли ташаюъ ӯро ба ҷоибдорӣ аз дигарӣ муттаҳам созанд.

5 ва 6. Аз инҷо дониста мешавад ки иддаъои муғризона ва бе далили шумо мабнӣ бар онки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз «Занн» ё «Хиёл» пайравӣ карда, чизе ҷуз «Занн» ё «Хиёл» нест ки аз аъмоқи ҷаҳл, тақлид ва таъассуби шумо бархостааст; Чароки мусалламан эътиқод ба зуҳури Маҳдӣ як эътиқоди «Заннӣ» ё «Хаёлӣ» нест, балки аз асилтарин ва яқинитарин эътиқодоти муштараки Исломӣ аст; Чунонки беш аз чиҳл нафар аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам монанди Абдуллоҳ ибни Масъуд, Талҳатибни Абдуллоҳ, Абдурраҳмон ибни Ъаф, Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Умар, Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Ҳузайфа ибни Ямон, Аммор ибни Ёсир, Анас ибни Молик, Имрон ибни Ҳасин, Ъаф ибни Молик, Абу Аюби Ансорӣ, Абу Саъиди Худрӣ, Салмони Форсӣ, Ҷобири Садафӣ, Абу Ҳурайра, Абу Умома, Свбон, Умми Салам, Оиша ва дигарон, хабари ӯро барои даҳҳо нафар аз тобеъони худ ва ба воситаи онон барои садҳо нафар аз мусалмонон, аз он Ҳазрат ривоят кардаанд ва бисёри аз аъиммаи ҳадис, монанди Тиримизӣ (д.279қ), Ибрӣ (д.363қ), Ҳоким (д.405қ), Байҳақӣ (д.458қ), Бағавӣ (д.510қ), Ибни Асир (д.630қ), Қуртубӣ (д.671қ), Мазӣ (д.742қ), Заҳабӣ (д.748қ), Ҳайсамӣ (д.807қ), Саховӣ (д.902қ), Суютӣ (д.911қ), Ибни Ҳаҷар (д.974қ), Катонӣ (д.1345қ), Албонӣ (д.1420) ва дигарон, ба сиҳҳати он тасриҳ намудаанд ва бисёри аз онон, монанди иӣни Абӣ Хейсам (д.279қ), Ибни Ҳаммод (д.288қ), Ибни Мунодӣ (д.336қ), Абу Наъим (д.430қ), Абдулғанӣ (д.600қ), Ҳамавӣ (д.650қ), Канҷӣ (д.658қ), Ибни Қаййим (д.685қ), Ибни Касир (д.774қ), Суютӣ (д.911қ), Ибни Ҳаҷар (д.974қ), Шавконӣ (д.1250қ), ва дигарон, дар бораи он кутуби мустақилле нигоштаанд ва мазмуни он, мувофиқ бо ваъдаи Худованд дар Қуръон аст; Ҳамчунонки эътиқод ба зарурати заминасозӣ барои он, мубтанӣ ба Қуръон, суннати мутавотир ва ҳукми ақл аст ва бо ин васф, касе ки чунин эътиқоди асил ва маҳкумеро «Заннӣ» ё «Хаёлӣ» мешуморад, гӯйи таъми илмро начашида, балки бӯйе аз онро истешмом накардааст!

Аз инҷо дониста мешавад ки иддаъоҳои шумо дар бораи китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», то чи андоза аз ҳақиқат ва инсоф ба дур аст; Ҳмчунонки ошкор мешавад шумо то чи андоза дар ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, таъассуб ва такаббур фуру рафтаед ки ҳатто қодир ба фаҳми як хат аз ин китоби Қуръонӣ ва ақлонӣ нестед ва ҳамаи хутути онро ки мунтабиқ ба яқиниёти Ислом аст, мутаноқиз меингоред!! Албатта инҳо ки гуфтем, «Муште намунаи харвор аст»; Зеро дар ҳар хатти шумо дар бораи ин китоби шариф, ба қадри иштибоҳ, муғолита таҳаккум наҳуфтааст ки эҳсоъи ҳамаи онҳо дар ин мухтасар аз ҳавсалаи мо берун аст ва муҷиби малоли хонандагон мешавад.

Боре ба ҳар ҷиҳат умедворем ки шумо Худованд ва рӯзи қиёматро ба ёд оваред ва даъвати ин даъват кунандаи содиқро иҷобат кунед ва ба меъёри шинохти ҳақ тамассук ҷӯйед ва аз мавонеъи шинохти он хусусан ҷаҳл, тақлид, аҳвоъи нафсонӣ, таъассуб ва такаббур фосила бигиред, то Худованд ба фазли худаш бар шумо тараҳҳум кунад ва шуморо аз ин гумроҳии дур ва ошкор наҷот диҳад ва ба сироти мустақими Ислом боз гардонад, пеш аз онки фурсатро аз даст бидишед ва марг ба шумо бирасад ва оташе ки барои гумроҳон барафрохта шудааст шуморо фаро гирад; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ يَضِلُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ بِمَا نَسُوا يَوْمَ الْحِسَابِ[19]; «Ҳароина касоне ки аз роҳи Худованд гумроҳ мешаванд барояшон азобӣ шадид аст ба сабаби инки рӯзи ҳисобро аз ёд бурданд» ва тавфиқ танҳо аз Худованд аст.

↑[1] . Рум/43
↑[2] . Зумар/54
↑[3] . с276
↑[4] . Нигоҳ кунед ба: Бозгашт ба Ислом, с192 ва 193.
↑[5] . Барои ин ривоят, нигоҳ кунед ба: Муснади Аҳмад, ҷ1, с235, 384, 402, 407 ва 439; Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ5, с192 ва 240 ва ҷ7, с206 ва 208 ва ҷ8, с87; Саҳиҳул Муслим, ҷ1, с150 ва ҷ7, с67 ва 68 ва ҷ8, с157; Сунани Тирмизӣ, ҷ4, с38 ва ҷ5, с4; Сунани Насоъӣ, ҷ4, с117; Сунани ибни Моҷа, ҷ2, с1016 ва манобеъи фаровони дигар.
↑[6] . с133
↑[7] . с151
↑[8] . Анъом/57
↑[9] . Тағобун/1
↑[10] . Зумар/6
↑[11] . Каҳф/26
↑[12] . Фурқон/2
↑[13] . Фотир/13
↑[14] . Бақара/247
↑[15] . Оли Имрон/26
↑[16] . Бақара/247
↑[17] . Бақара/134
↑[18] . Барои ошноии бештар бо ин ду гурӯҳ, нигоҳ кунед ба: Абдурраззоқ, Ал-мусаннаф, ҷ5, с439, 446, 447 ва 472; Ибни Абӣ Шейба, Ал-мусаннаф, ҷ7, с615; Саҳиҳул Бухорӣ, ҷ8, с25, 26 ва 27; Ибни Қутайба, Ал-имомату ва сиёса, ҷ1, с16 то 20; Торихи Табарӣ, ҷ2, с443 ва 446; Торихул Яъқубӣ, ҷ2, с124; Ҷавҳарӣ, Аҳмад ибни Абдулазиз, Ал-сақифа, с37 ба баъд; Ибни Абдул Бир, Ал-истиъоб, ҷ3, с974 ва 975; Ибни Асир, Ал-комил фи тторих, ҷ2, с325 ва 331; Абул Фадоъ, Ал-мухтасар фи ахборил башар, ҷ1, с156; Заҳабӣ, Торихул Ислом, ҷ3, с5 ва 6.
↑[19] . Сод/26