«وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا»

Байнуттулуъайн аст. Қалам дар даст гирифтам. Яке дар дарунам фарёд мекашад: «ن وَالْقَلَمِ وَمَا يَسْطُرُونَ».

Мегӯяд: Бнавис! Вақт танг аст. Хуршед дар ҳоли тулуъ аст ва вақте барои вузу намондааст. Таяммум кун. Хоб кароҳат дорад. Баланд шав эй олим! Эй марҷаъи тақлид! Эй нависанда! Эй шоъир! Эй суханрон! Эй вазир! Эй вакил! Эй бозорӣ! Эй устод! Эй муъаллим! Эй ҳама ва ҳамаи мусалмонон ки шаҳодатайн бар забон рондаед ва аҳд бастаед ки таслими Худои воҳид бошед! Байнуттулуъайн аст. Ба по хезед. Хоб кароҳат дорад. Хуршед аз машриқ дамида. Пардаҳои зулматро канор бизанед ва чашмонатонро ба рӯӣ малакут боз кунед то бубинед чаро аз ҳақ кароҳат доред. Магар на инки Паёмбар вақте дар масҷид менишаст тавре буд ки касе ки ворид мешуд, намедонист кадом мард Паёмбари Худост. Инҳоро мо аз шумо шуидаем эй олимони дин! Пас чаро шумо дар ҷомеъа табақабандӣ дуруст кардаед ки вақте манӣ оммӣ исме аз як мулло мебарам ӯро дар арш эҳсос мекунам ва худамро дар фарш? Магар на инки вақте имом Маҳдӣ биёяд ба суннати ҷаддаҳ Расури Худо амал мекунад ва дар он мавқеъ мардуми оддӣ бо як ба истилоҳ мулло ва ҳуҷҷатул салом ҳеҷ фарқе намекунанд ва бояд дар ҳузури он ҳазрат ба суннати Паёмбар доиравор бинишинем? Пас чаро «عَبَسَ وَ تَوَلّی»?!

Байнуттулуъайн аст. Хуршед дар ҳоли дамидан. Офтоб бар рӯӣ бидъатҳо метобад ва дорад наҷосатҳоро яке яке пок мекунад. Куҷойед эй олимон?! Эй раҳбарон?! Эй хурдмандон ки як умр номи бузургони динро бо худ ядак мекашед?! Гуноҳи мардумро аз ин бештар нахаред! Бедор шавед! Хуршед аз машриқ тулуъ кардааст. Китоби «Бозгашт ба Ислом» тасвире аст мунтабиқ бар дине ки Худованд онро барои бандагонаш комил карда ва писандидааст; Чаро ки ҷуз ба китоби Худованд ва хабари мутавотири Паёмбар ва ҳукми ақл ба чизи дигаре мутамассик нашуда ва аз ҳар монеъи шинохт ва раъйи заннӣ ва хабари воҳиде иҷтиноб кардааст. Ин чароғи рӯшан ва шамъи фурузоне аст ки агар касе чашмони дилаш дар ин дунёи пур ошуб кӯр нашуда бошад, ҳатман онро хоҳад дид. Ба по хезед эй ҳамаи мардум! Ватқ танг аст. Оё дар кадомин манбаъи динӣ ва бо кадомин мадраки илмӣ аз шумо салби масъулият шудааст??! Эй мардум! Ин нидои мунодии содиқро иҷобат кунед ки нидо медиҳад: Ҳамаи шумо дар будан ва набудани Маҳдӣ масъулед ва ба фароҳам кардани заминаи муносиб барои зуҳури ӯ мукаллафед ва набудани ӯ натиҷаи мустақими кӯтоҳиҳои шумо ва бузургтарҳои шумо дар амал ба ин таклиф аст.