Нависандаи пурсиш: Саййид Алӣ Тарихи пурсиш: 22/4/2015

Ба назари шумо воқеъгароӣ беҳтар аст ё ормонгароӣ?

Посух ба пурсиши шумораи: 0 Тарихи посух ба пурсиш: 23/4/2015

Ба назар мерасад ки манзур аз «Воқеъгароӣ» муқаддам доштани воқеъият ва манзур аз «Ормонгароӣ» муқаддам доштани ормон аст ва бо ин васф, пурсиши шумо аз як пешфарзи нодуруст бархоста ва он ин аст ки миёни «Воқеъият» ва «Ормон» лузуман мунофоте вуҷуд дорад, дар ҳоле ки чунин мунофоте собит нест; Чароки «Ормон» метавонад бо «Воқеъият» созгор бошад ва он ҳангоме аст ки аз омӯзаҳои Паёмбарон бархурдор бошад; Чунонки ба унвони намуна, таҳаққуқи адолати ҷаҳонӣ дар пртуви ҳокимияти халифаи Худованд дар замин, агарчи як ормони фавқулъода маҳсуб мешавад, комилан воқеъӣ ва имконпазир аст ва бо ин васф, гароиш ба он наметавонад бо «Воқеъгароӣ» мунофот дошта бошад. Бо ин ҳисоб, «Воқъгароӣ» ва «Ормонгароӣ» дар рӯӣ як сикка ҳастанд, машрут ба инки мубтанӣ бар воқеъиятҳо ва ормонҳои Исломӣ бошад. Чунонки даъвати ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба сӯӣ иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон, ҳар чанд ормонгароёна ба назар мерасад, воқеъгароёна аст; Зеро иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон, ормони ҳамаи Паёмбарон будааст ва онон ҳакимтар аз он будаанд ки чизе мавҳум ва ғайри амалиро ормони худ қарор диҳанд ва орзуӣ хомро дар сар бипарваранд; Бал иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон ба масобаи натиҷи ҳокимияти халифаи Худованд дар замин ва муқаддами адолати ҷаҳонӣ, ваъдаи Худованди ҳаким аст ва Худованди ҳаким ваъдаи худро хилоф намекунад ва бо ин васф, гароиш ба сӯӣ он, хобу хаёл ва таваҳҳум нест, бал ормонгароӣ аст ки айни воқеъиятгароӣ шумурда мешавад.

Бале, дар сурате ки «Воқеъгароӣ» ро ба маънои тамоюл ба ҳифзи вазъи мавҷуд ва «Ормонгароӣ» ро ба маънои тамоюл ба ислоҳи он бидонем, метавонем бигӯйем ки «Ормонгароӣ» аз «Воқеъгароӣ» беҳтар аст; Чароки ислоҳи вазъи мавҷуд, оқилонатар аст ва камол шумурда мешавад ва ба илова, бо хостаи Худованд ва рӯйкарди Паёмбаронаш ҳамоҳангтар аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки Худованд ҳамеша ба ислоҳи вазъи мавҷуд амр карда ва Паёмбаронаш ҳамвора барои он иалош кардаанд ва бо ин васф, Ислом як ойини ормонгаро шумурда мешавад.

Ҳосил онаки агар мурод аз «Ормонгароӣ» муқаддам доштани ормон ва мурод аз «Воқеъгароӣ» муқаддам доштани воқеъият бошад, лузуман миёни он ду мунофоте нест; Чароки ормони Ислом воқеъияти он ва воқеъияти он ормони он аст, вале агар мурод аз «Ормонгароӣ» ислоҳоталабӣ ва мурод аз «Воқеъгароӣ» муҳофизаткорӣ бошад, бидуни шак «Ормонгароӣ» аз «Воқеъгароӣ» беҳтар аст; Чароки Ислом дар пайи ҳифзи вазъи мавҷуд нест, балки мусалламан дар пайи ислоҳи он аст.