Нависандаи пурсиш: Бахтиёр Тарихи пурсиш: 21/10/2016

Пеш аз дини мусалмонӣ ё пеш аз Муҳаммад (с) кадом дин вуҷуд дошт? Паёмбарони гузашта дар кадом дин будаанд?

Посух ба пурсиши шумораи: 2 Тарихи посух ба пурсиш: 23/10/2016

Дини ҳамеша назди Худованд Ислом буда; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ الدِّينَ عِنْدَ اللَّهِ الْإِسْلَامُ[1]; «Дин назди Худованд Ислом аст» Ва фармудааст: ﴿وَمَنْ يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَنْ يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ[2]; «Ва ҳар кас дине ҷуз Ислом ихтиёр кунад ҳаргиз аз ӯ пазируфта намешавад ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст» Ва Ислом ба маънони таслим будан дар баробари Худованд аст; Чунонки фармудааст: ﴿فَإِلَهُكُمْ إِلَهٌ وَاحِدٌ فَلَهُ أَسْلِمُوا[3]; «Худои шумо Худоӣ ягона аст, пас барои Ӯ таслим шавед» Ва бо ин васф, ҳамаи Паёмбарон аз Одам то Хотам алайҳи салом мусалмон буданд; Чунонки ба унвони намуна фармудааст: ﴿مَا كَانَ إِبْرَاهِيمُ يَهُودِيًّا وَلَا نَصْرَانِيًّا وَلَكِنْ كَانَ حَنِيفًا مُسْلِمًا وَمَا كَانَ مِنَ الْمُشْرِكِينَ[4]; «Иброҳим яҳудӣ ё насронӣ набуд, балки мусалмонӣ ҳаниф буд ва аз мушрикон набуд» Ва фармудааст: ﴿وَوَصَّى بِهَا إِبْرَاهِيمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَا بَنِيَّ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَى لَكُمُ الدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ[5]; «Ва Иброҳим писаронашро ба он васият кард ва ҳамчунин Яъқуб ки эй писаронам! Худованд динро барои шумо баргузид, пас намиред магар дар ҳоле ки мусалмон ҳастед» Ва писарони Яъқуб алайҳи салом ба ӯ гуфтанд: ﴿نَعْبُدُ إِلَهَكَ وَإِلَهَ آبَائِكَ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ إِلَهًا وَاحِدًا وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ[6]; «Мо Худои ту ва Худои падаронат Иброҳим ва Исмоъил ва Исҳоқро мепарастем ки Худоӣ ягона аст ва мо барои Ӯ мусалмон ҳастем» Ва Юсуф алайҳи салом дар дуъои худ фармуд: ﴿تَوَفَّنِي مُسْلِمًا وَأَلْحِقْنِي بِالصَّالِحِينَ[7]; «Манро мусалмон бимирон ва ба солеҳон мулҳақ кун» Ва Мӯсо алайҳи салом ба қавми худ фармуд: ﴿يَا قَوْمِ إِنْ كُنْتُمْ آمَنْتُمْ بِاللَّهِ فَعَلَيْهِ تَوَكَّلُوا إِنْ كُنْتُمْ مُسْلِمِينَ[8]; «Эй қавми ман! Агар ба Худованд имон доред, пас бар Ӯ таваккул кунед агар мусалмон ҳастед» Ва соҳироне ки ба ӯ имон оварданд гуфтанд: ﴿رَبَّنَا أَفْرِغْ عَلَيْنَا صَبْرًا وَتَوَفَّنَا مُسْلِمِينَ[9]; «Парвардигоро! Бар мо сабр фуру рез ва моро мусалмон бимирон», бал фиръавн низ ҳангоме ки ғарқ мешуд гуфт: ﴿آمَنْتُ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا الَّذِي آمَنَتْ بِهِ بَنُو إِسْرَائِيلَ وَأَنَا مِنَ الْمُسْلِمِينَ[10]; «Имон овардам ки Худоӣ ҷуз касе ки банӣ исроъил ба Ӯ имон оварданд нест ва ман аз мусалмононам», вале аз ӯ пазируфта нашуд ва Сулаймон алайҳи салом барои аҳли Сабоъ навишт: ﴿أَلَّا تَعْلُوا عَلَيَّ وَأْتُونِي مُسْلِمِينَ[11]; «Ки бар ман бартарӣ наҷӯйед ва дар ҳоле ба наздам биёйед ки мусалмонед» Ва Ҳавориюн ба Исо алайҳи салом гуфтанд: ﴿نَحْنُ أَنْصَارُ اللَّهِ آمَنَّا بِاللَّهِ وَاشْهَدْ بِأَنَّا مُسْلِمُونَ[12]; «Мо ёрони Худо ҳастем, ба Худо имон овардем, пас шоҳид бош ки мо мусалмонем» Ва некони аҳли китоб ҳангоме ки Қуръонро мешунаванд мегӯянд: ﴿آمَنَّا بِهِ إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّنَا إِنَّا كُنَّا مِنْ قَبْلِهِ مُسْلِمِينَ[13]; «Ба он имон овардем, он ҳаққе аз ҷониби Парвардигорамон аст, мо аз қаблаш мусалмон будем».

Бале, нахустин бор дин тавассути Иброҳим алайҳи салом «Ислом» номида шуд ва «Мусалмонон» номе буд ки ӯ барои аҳли он баргузид; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿مِلَّةَ أَبِيكُمْ إِبْرَاهِيمَ ۚ هُوَ سَمَّاكُمُ الْمُسْلِمِينَ مِنْ قَبْلُ وَفِي هَذَا[14]; «Ойини падаратон Иброҳим аст, ӯ шуморо аз пеш ва дар ин (замон) мусалмонон номид» Ва ин метавонад аз он ҷиҳат буда бошад ки пеш аз ӯ мусалмонон умматӣ надоштанд ва ӯ буд ки умматӣ барои онон бунён ниҳод; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ إِبْرَاهِيمَ كَانَ أُمَّةً[15]; «Бегумон Иброҳим умматӣ буд» Ва аз қавли ӯ ва писараш Исмоъил алайҳи салом фармудааст: ﴿رَبَّنَا وَاجْعَلْنَا مُسْلِمَيْنِ لَكَ وَمِنْ ذُرِّيَّتِنَا أُمَّةً مُسْلِمَةً لَكَ[16]; «Парвардигоро! Моро ду мусалмон барои худ ва аз насламон умматӣ мусалмон барои худ қарор бидеҳ»!

Ин дар ҳоле аст ки яҳудиён ва масеҳиён ва зардуштиён, дар баробари Худованд таслим настанд ва табъан мусалмон маҳсуб намешаванд; Чароки ба бархӣ Паёмбарони Ӯ имон овардаанд ва ба бархӣ дигар кофир шудаанд; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ يَكْفُرُونَ بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ وَيُرِيدُونَ أَنْ يُفَرِّقُوا بَيْنَ اللَّهِ وَرُسُلِهِ وَيَقُولُونَ نُؤْمِنُ بِبَعْضٍ وَنَكْفُرُ بِبَعْضٍ وَيُرِيدُونَ أَنْ يَتَّخِذُوا بَيْنَ ذَلِكَ سَبِيلًا ۝ أُولَئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ حَقًّا ۚ وَأَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا ۝ وَالَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ وَلَمْ يُفَرِّقُوا بَيْنَ أَحَدٍ مِنْهُمْ أُولَئِكَ سَوْفَ يُؤْتِيهِمْ أُجُورَهُمْ ۗ وَكَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا[17]; «Ҳароина касоне ки ба Худованд ва Паёмбаронаш куфр меварзанд ва мехоҳанд миёни Худованд ва Паёмбаронаш ҷудоӣ биандозанд ва мегӯянд ба бархӣ имон овардем ва ба бархӣ кофир мешавем ва мехоҳанд миёни он роҳе баргиранд, онон ҳамоно ба ростӣ кофирон ҳастанд ва мо барои кофирон азобӣ хор кунанда фароҳам сохтаем ва касоне ки ба Худованд ва ҳамаи паёмбаронаш имон оварданд ва ҳеҷ як аз ононро ҷудо накарданд, ба зудӣ подошашонро хоҳанд дид ва Худованд омӯрзандаи меҳрубон аст».

Ин нуктаи муҳимме аст ки ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, дар мабҳаси «Мафҳуми Ислом» аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[18] онро табйин фармуда; Ҳамчунонки дар мабҳаси «Мусалмон будани пайравони вопасин Паёмбар»[19] фармудааст:

<Рӯшан аст ки пайравони ҳар Паёмбар, аз онҷо ки дар баробари иродаи Худованд дар робита бо он Паёмбар ва ризоят ва кароҳате ки аз тариқи ӯ барои онон изҳор кард, таслим шуданд, мусалмон буданд, то он гоҳ ки Паёмбари ҷадиде барои онон омад. Он гоҳ касоне аз онон ки дар баробари иродаи Худованд дар робита бо он Паёмбар ва ризоят ва кароҳате ки аз тариқи ӯ барои онон изҳор кард, таслим шуданд, бар Исломи худ боқӣ монданд ва касоне аз онон ки ин корро анҷом надоданд, аз Исломи худ хориҷ ва муртад шуданд; Чароки мафҳуми Ислом, таслим будан дар баробари иродаи Худованд аст ва мисдоқи он, қабули ҳамаи Паёмбарони Ӯ бидуни тафовут ва табаъият аз охирин Паёмбар аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قُولُوا آمَنَّا بِاللَّهِ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْنَا وَمَا أُنْزِلَ إِلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطِ وَمَا أُوتِيَ مُوسَى وَعِيسَى وَمَا أُوتِيَ النَّبِيُّونَ مِنْ رَبِّهِمْ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ[20]; «Бигӯйед ба Худованд ва чизе ки ба мо нозил шуд ва чизе ки ба Иброҳим ва Исмоъил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва Асбот нозил шуд ва чизе ки ба Мӯсо ва Исо дода шуд ва чизе ки ба ҳамаи Паёмбарон аз ҷониби Парвардигоршон дода шуд имон овардем ва фарқе миёни ҳеҷ як аз онҳо намегузорем ва мо барои Ӯ мусалмонем»! Бо ин васф, касоне ки дар паӣ зуҳури Мӯсо алайҳи салом, аз ӯ табаъият карданд, яҳудӣ нашуданд, балки Ислом оварданд, то он гоҳ ки Исо алайҳи салом барои онон зуҳур кард. Дар он ҳангом, касоне аз онон ки Исо алайҳи саломро такзиб карданд, аз Исломи худ муртад шуданд ва касоне аз онон ки аз Исо алайҳи салом табаъият карданд, бар Исломи худ боқӣ монданд, то он гоҳ ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои онон зуҳур кард. Дар он ҳангом, касоне аз онон ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро такзиб карданд, аз Исломи худ муртад шуданд ва касоне аз онон ки аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам табаъият карданд, бар Исломи худ боқи монданд; Чунонки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِهِ هُمْ بِهِ يُؤْمِنُونَ ۝ وَإِذَا يُتْلَى عَلَيْهِمْ قَالُوا آمَنَّا بِهِ إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّنَا إِنَّا كُنَّا مِنْ قَبْلِهِ مُسْلِمِينَ ۝ أُولَئِكَ يُؤْتَوْنَ أَجْرَهُمْ مَرَّتَيْنِ بِمَا صَبَرُوا[21]; «Касоне ки ононро пеш аз он китоб додим, онон ба он имон меоваранд ва ҳангоме ки бар онон тиловат мешавад гӯянд ки он ҳақ аз ҷониби Парвардигорамон аст, мо аз қабли он мусалмон будем; Онон ба сабаби инки пойдорӣ карданд, подошашон ду баробар дода мешавад»! Бинобарин, дини Худованд воҳид аст ва ҳамаи Паёмбарони Ӯ монанди аҳкоми мухталифи он ҳастанд ва ҳамаи китобҳои онон монанди оёти мухталифи як китобанд ва лузуми пайравӣ аз Паёмбар ва китоби вопасин, танҳо ба сабаби лузуми пайравӣ аз ҳукм ва ояти носих аст ки як лузуми ақлӣ ва уқалоӣ аст ва ин маънои Ислом аст.>

↑[1] . Оли Имрон/19
↑[2] . Оли Имрон/85
↑[3] . Ҳаҷ/34
↑[4] . Оли Имрон/67
↑[5] . Бақара/132
↑[6] . Бақара/133
↑[7] . Юсуф/101
↑[8] . Юнус/84
↑[9] . Аъроф/126
↑[10] . Юнус/90
↑[11] . Намл/31
↑[12] . Оли Имрон/52
↑[13] . Қасас/53
↑[14] . Ҳаҷ/78
↑[15] . Наҳл/120
↑[16] . Бақара/128
↑[17] . Нисоъ/150-152
↑[18] . с213
↑[19] . с220
↑[20] . Бақара/136
↑[21] . Қасас/52-54