Нависандаи пурсиш: Маҳдия Тарихи пурсиш: 10/4/2015

Вазифаи зан дар ин даврон чист? Чигуна метавонад имоми хешро ёрӣ диҳад?

Посух ба пурсиши шумораи: 11 Тарихи посух ба пурсиш: 10/4/2015

Ҳамаи таколифи фардӣ ва иҷтимоъӣ ки дар Ислом ташръи шуда, миёни мард ва зан муштарак аст, магар таклифе ки далилӣ қатъӣ барои ихтисоси он ба яке аз он ду вуҷуд дошта бошад; Чунонки Худованд дар китоби худ, барои навъи «Инсон» чаҳор таклиф зикр карда ва фармудааст ﴿بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ ۝ وَالْعَصْرِ ۝ إِنَّ الْإِنْسَانَ لَفِي خُسْرٍ ۝ إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ[1]; «Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон; Савганд ба аср ки ҳароина инсон дар зиён аст, магр касоне ки имон оварданд ва амали солеҳ анҷом доданд ва якдигарро ба ҳақ тавсиа карданд ва якдигарро ба сабр тавсиа карданд». Рӯшана аст ки «Инсон», шомили мард ва зан мешавад ва бо ин васф, чаҳор таклифи зикр шуда барои ӯ, мутаваҷҷиҳи ҳар ду аст; Имон, амали солеҳ, тавсиаи дигарон ба ҳақ ва тавсиаи дигарон ба сабр. Бинобарин, мард ва зан ҳар ду мукаллафанд ки авалан ба ҳақ имон оваранд, ба ин маъно ки онро аз ҳайси назарӣ бипазиранд ва сониян ба он амал кунанд, ба ин маъно ки онро аз ҳайси амалӣ иқома кунанд ва солисан дигаронро ба он тавсиа кунанд, ба ин маъно ки ба пазириши он аз ҳайси назарӣ фаро хонанд ва робиъан дигаронро ба сабр тавсиа кунанд, ба ин маъно ки амал бар тибқи ҳақ даъват намоянд. Ба ин тартиб, пазириши ҳақ ва иқомаи он, таколифи фардии он ду ва тавсиаи дигарон ба ин кор, таклифи иҷтимоии он ду аст ки агар анҷомаш бидиҳанд, аз «Хуср» хориҷ мешаванд ва агар анҷомаш надиҳанд, дар «Хуср» боқӣ мемонанд ва дар ин замина, фарқе миёни он ду нест.

Заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом низ дар ҳамин «Чаҳорчуб» таъриф мешавад; Зеро ин кор, ба тартибе ки ҷаноби Мансур дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» табйин фармуда, аз бузургтарин масодиқи ҳақ аст ва бо ин васф, пазириши он аз ҳайси назарӣ ва иқомаи он аз ҳайси амалӣ ва даъвати дигарон ба ин кор, вазифаи ҳар мард ва зани мусалмоне аст ва муҷиби растгории онон аз «Хуср» шумурда мешавад. Бале, дар сурате ки тавсиаи мардон барои зане мафсада дошта бошад, метавонад ба тавсиаи занон иктифо кунад; Ҳамчунон агар тавсиаи занон барои марде мафсада дошта бошад, метавонад ба тавсиаи мардон иктифо кунад, машрут ба онки мафсадаи тарки тавсиа, аз мафсадаи тавсиа бештар набошад; Ҳамчунонки ҳиҷрат ба сӯӣ Мансур, агарчи барои азимат ба сӯӣ Маҳдӣ, бар занон воҷиб нест; Чароки барои ғолиби онон ҳараҷ дорад ва Худованд фармудааст: ﴿مَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَجٍ[2]; «Бар шумо дар дин ҳараҷе қарор надодааст»; Магар инки касе аз онон ба сабаби ҳамроҳии падари худ, ё шавҳари худ, ё бародари худ, ё писари худ мутамаккин аз он бошад; монанди занони саҳобӣ дар Макка ки ба ҳамроҳи падарон ва шавҳарон ва бародарон ва писарони худ, ба сӯӣ Мадина ҳиҷрат карданд; ҳамчунонки ҷиҳод дар роҳи Маҳдӣ бо истеъмоли силоҳ, бар занон воҷиб нест; Чароки аз васъи бештари онон хориҷ аст ва Худованд фармудааст: ﴿لَا تُكَلَّفُ نَفْسٌ إِلَّا وُسْعَهَا[3]; «Ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи вусъаш таклиф намешавад»; Магар инки касе аз онон барои хадамоти пушти ҷабҳа, монанди итъоми размандагон ва парастории маҷруҳон, довталаб шавад.

Хулоса онки ҳар мусалмоне вазифа дорад барои ҳимоят аз Маҳдӣ ба наҳве ки муқтазии зуҳури ӯст, ҳар кори машруъе ки метавонандро анҷом диҳад; Чароки молики вазифа дар ин росто, «Машруъият» ва «Тавоноӣ» аст ва дар ин замина, ҳеҷ тафовуте миёни зан ва мард вуҷуд надорад ва чигунагии ҳимоят аз Маҳдӣ ба наҳви мазкур, дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[4] омадааст.

↑[1] . Аср/1-3
↑[2] . Ҳаҷ/78
↑[3] . Бақара/233
↑[4] . с293