Нависандаи пурсиш: Саййид Ҷавод Тарихи пурсиш: 1/4/2015

Ҳаққонияти ҷаноби Мансур аз офтоб рӯшантар аст. Лутфан манро роҳнамоӣ кунед ки чигуна метавонам ба эшон мулҳақ шавам? Ба куҷо бояд муроҷиъа кунам? Оё бояд ба Афғонистон биёям ё Тоҷикистон? Чи чизҳое бояд ба ҳамрои худам биёрам? Оё дар онҷо хонае ҳаст ки ман сокин шавам? Оё метавонам ҳамсар ва фарзандонамро ба ҳамроҳи худ биёварам бо таваҷҷуҳ ба инки онҳо ҳам ба ҳамди Аллоҳ ҳамагӣ бо ман ҳамақида ҳастанд ва ходимони ҷаноби Мансуранд? Ман мехоҳам аз касоне бошам ки бо сардори хуросон барои ёрии Маҳдӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Лутфан манро дарёбед!

Посух ба пурсиши шумораи: 10 Тарихи посух ба пурсиш: 1/4/2015

Бародари мӯъмин!

Ҳаққонияти ҷаноби Мансур барои касоне аз офтоб рӯшантар аст ки монанди шумо ба меъёри шинохт мултазиманд ва аз мавонеъи шинохт раҳоӣ ёфтаанд ва таъаллуқе ба дунё надоранд; Вагарна касоне ки сар дар охури қудрат ё сарват ё шӯҳрат фурӯ бурдаанд ва ба ҳазор ҷаҳл ва таъассуб ва такаббур мубталоянд, ҳаққонияти ин бузургворро бо ҳамаи рӯшаниаш намебинанд, бал намехоҳанд ки бубинанд. Онон касоне ҳастанд ки авлиёъе ҷуз Худовнад гирифтаанд ва аз авлиёъӣ худ розӣ шудаанд; Пас авлиёъашон ононро аз нур ба зулумот берун овардаанд ва аз онон шаётине дар ҷомеаи инсони сохтаанд. Пас онон барои хушнудии авлиёъашон, тавҳин мекунанд ва тӯҳмат мезананд ва дурӯғ мегӯянд ва мардумро аз роҳи Худованд боз медоранд ва бо ин табаҳкорӣ, худро некукор мепиндоранд! Ногузир оқибати онон, оқибати касоне хоҳад буд ки пеш аз онон бо дӯстони Худо ҷангиданд ва бар зиддашон бо ҳокимони замонашон ҳампаймон шуданд ва оқибати онон ҷуз нафрини абадӣ дар дунё ва азоби абадӣ дар охират набуд. Бегумон агар онон набуданд ки дар баробари даъвати Паёмбарон ва фарзандони Паёмбарон истоданд ва мардумро аз иҷобати он боз доштанд, замин то ин андоза аз зулм пур намешуд, балки чи басо бештар ва осонтар, аз адолат лабрез мешуд, вале дариғо ки ин ашқиё дар баробари ҳақ қад алам карданд ва бо ҳамаи қуво ба душманӣ бо он пардохтанд. Ҳар чанд кӯтоҳии мӯъминон дар посдорӣ аз ҳақ низ нақши барҷастае дар истелоъи ботил дошт; Чароки бисёрӣ аз мӯъминон, посдорӣ аз ҳақро вазифаи худ надонистанд ва барои ин кори зарурӣ вориди майдон нашуданд ва бо ин шева, арсаро барои ҷавлони ашқиё холӣ гузоштанд ва заминаи яккатозиҳои ононро беш аз пеш фароҳам сохтанд, дар ҳоле ки агар масъулияти худ дар қиболи ҳақро эҳсос мекарданд ва барои дифоъ аз он дар бароабри ботил иқдом менамуданд, мусалламан мувозина ба суди он тағйир мекард ва замина барои таҳаққуқи ормони Паёмбарон ва фарзандони Паёмбарон фароҳам мешуд. Ҳамчунонки изҳори омодагии шумо барои ҳиҷрат ба сӯӣ ҷаноби Мансур, дар ҳамин чаҳорчӯб таъриф мешавад. Аз ин рӯ, дар посух ба пурсишҳои шумо элом мекунем ки шумо ва ҳар каси дигаре монанди шумо ки моил ба ҳамроҳӣ бо ҷаноби Мансур аст, метавонанд ба сӯӣ ин бузургвор ҳиҷрат кунанд; Чароки иҷтимо назди ин бузургвор, барои ёрии имом Маҳдӣ алайҳи салом зарурӣ аст ва ба хостаи Худованд, заминаи зуҳури он ҳазратро фароҳам месозад. Барои ин манзур, шумо метавонед ба содагӣ бо муроҷиъа ба бахши «Узвият дар пойгоҳ», ба узвияти фаъол дар пойгоҳи иттилорасонии дафтари эшон даройед, то роҳнамоиҳои лозим дар ин бора ба шумо ироъа шавад. Пас аз таъйиди узвияти фаъол шумо дар ин пойгоҳ, мумкин аст ба шумо кӯмак шавад то ба танҳоӣ ё ба ҳамроҳи хонаводаи худ ба назди эшон ҳиҷрат кунед, ё аз шумо хоста шавад ки пеш аз ҳиҷрат ба назди эшон, шумори дигаре аз мусалмононро бо худ ҳамроҳ созед, ё кори дигареро баста ба шароити худ анҷом диҳед. Рӯшан аст ки дар сурати таъйин ёфтани ҳиҷрати шумо, ҳамаи иттилоъоти ҷузъии зарурӣ барои ин манзур дар ихтиёри шумо қарор дода мешавад ин шоъ Аллоҳ.

Худованд шумо бародари мӯъминро дар имонатон собит қадам бидорад ва тавфиқи ҳиҷрат ва ҷиҳод дар роҳи хешро ба шумо арзонӣ дорад; Чароки Ӯ ҳиҷрат кунандагон дар роҳи хешро дӯст медорад ва ҷиҳодгарон дар роҳи хешро бар қоъидин фазилат медиҳад; Чунонки фармудааст: ﴿الَّذِينَ آمَنُوا وَهَاجَرُوا وَجَاهَدُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنْفُسِهِمْ أَعْظَمُ دَرَجَةً عِنْدَ اللَّهِ ۚ وَأُولَئِكَ هُمُ الْفَائِزُونَ[1]; «Касоне ки имон оварданд ва дар роҳи Худованд ҳиҷрат карданд ва бо молҳо ва ҷонҳошон ҷиҳод намуданд, назди Худованд дараҷаӣ бузургтар доранд ва онон ҳамоно растгоронанд». Хушо ба ҳоли касоне ки барои ёрии Маҳдӣ аз хонаҳои худ берӯн меоянд; Чароки онон шармсор ба хонаҳои худ боз нахоҳанд гашт ва бадо ба ҳоли касоне ки барои ёрии дигарон дар хонаҳои худ мемонанд; Чароки онон бо шармсорӣ аз хонаҳои худ берун хоҳанд шуд ва замин мероси солеҳон аст.

↑[1] . Тавба/20
Шумораи таълиқ: 1 Нависандаи таълиқ: Мӯҳсини Ҷаъфарзода Тарихи таълиқ: 24/9/2019

Ҳамакнун ва дар шаройити феълӣ, оё ҳиҷрат ба сӯӣ ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, бар мардон воҷиб аст? Агар воҷиб аст, иллати он чист ва илова бар имон ва басирати кофӣ, ба чи чизе ниёз дорад?

Посух ба таълиқи: 1 Тарихи посух ба таълиқ: 27/9/2019

Гирдиҳамойии мӯъминон барои ёрии имом Маҳдӣ алайҳи салом зарурӣ аст ва рӯзе бояд анҷом шавад; Чунонки дар гуфторе аз ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросони ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст: «لا یَخْرُجُ الْمَهْدِيُّ حَتَّى یَنْزِلَ الْمَلائِكَةُ وَ لا یَنْزِلُونَ حَتَّى یَجْتَمِعَ الْمُؤْمِنُونَ بِخُراسانَ وَ الْمُنافِقُونَ بِالشّام»[1]; «Маҳдӣ хуруҷ намекунад то он гоҳ ки фариштагон фуруд оянд ва онҳо фуруд намеоянд то онгоҳ ки мӯъминон дар Хуросон ва мунофиқон дар Шом гирд оянд» Ва иллати он ин аст ки ҳар як аз мӯъминон ба танҳойи ва ҷудо аз дигарон барои ёрии Маҳдӣ алайҳи салом кифоят намекунад, бал ӯ ба сипоҳӣ оросота ва омода ниёзманд аст ки битавонад бо иттикоъ ба он зуҳур кунад; Чунонки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар ин бора фармудааст:

«Акнун қотибаи мусалмонон, толиби ҳокимоне ҷуз Маҳдӣ ҳастанд ва ононро ба ҷои ӯ ҳифозат, иъонат ва итоъат мекунанд ва иддаи кофӣ дар миёни онон барои ҳифозат, иъонат ва итоъат аз Маҳдӣ нест ва агар иддаи кофӣ дар миёни онон барои ин кор вуҷуд дошта бошад, ҷудо аз якдигар дар атрофи замин парокандаанд ва рӯшан аст ки ҳар як аз онҳо ҷудо аз дигарон ва ба танҳоӣ, қодир ба ҳифозат аз саломатӣ ва озодии Маҳдӣ нест ва аз ин рӯ, иҷтимоъи онон барои ин кор зарурӣ аст, дар ҳоле ки касе нест то ононро барои ин кор гирд оварад ва ҳамин сабаби зоҳир нашудани Маҳдӣ агарчи дар ҳадди дастрасӣ ба ӯ шудааст. Бар ин поя аст ки ман рӯзгорӣ чанд, дар атрофи замин сайр мекунам ва дар пайи мардумонӣ шойиста мегардам то иддаи кофии аз ононро гирд оварам ва барои ҳифозат, иъонат ва итоъат аз Маҳдӣ омода гардонам, то чун Худованд аз гирдиҳамоӣ ва омодагии онон огоҳӣ ёбад, дастрасӣ ба Маҳдиро барои онон муяссар гардонад ва заминаи ҳокимияти ӯ пас аз онро фароҳам намояд, то тамҳиде барои зуҳури ӯ бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар имрӯз ин кор анҷом шавад, ба таври қатъ фардо ӯ зуҳур мекунад, балки имшаб дастрасӣ ба ӯ мумкин мешавад; Чароки Худованд ба қадри соъате зулм намекунад ... Вале то кунун ҳар чи бештар ҷустуҷӯ кардаам, камтар ёфтаам, то ҷойе ки дигар хаста ва сархурда шудаам; Чароки гӯйи замин аз мардумони шойиста холӣ аст!»[2]

Бо ин ҳол, коре ки акнун аз мӯъминон хоста мешавад, ҳиҷрат ба Хуросон нест, бал талош барои ҳамроҳ кардани шуморӣ кофӣ аз мардум аст ки пеш аз ҳиҷрат ба Хуросон бояд анҷом шавад. Бинобарин, мӯъминон бояд дар кишварҳо ва шаҳрҳои худ, дӯстон ва ошноёнашонро бо наҳзати заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳамроҳ кунанд, то он гоҳ ки шумори кофӣ аз миёни онон барои ҳиҷрат ба Хуросон омода шаванд. Он гоҳ ҳиҷрат ба Хуросон барои онон осон хоҳад шуд; Чароки бархӣ аз онон бархӣ дигарро кӯмак хоҳанд кард ва Худованд пуштибони мӯъминон аст.

↑[1] . Гуфтори 84, фақараи 1
↑[2] . Бозгашт ба Ислом, с295 ва 296