Он чунон дар зиндагии дунё ғарқ шудаем ки дигар ҳақиқати худро фаромӯш кардаем ва асири ҷаҳл ва ғафлати худ шудаем ва ин боъис шудааст ки худро бар ҳақ бидонем ва ҳар коре мекунемро беҳтарин кор бипиндорем.

Дини ман як дини обо ва аҷдодӣ буд; Яъне фақат ба ман дикта шуда буд ва ҳеҷ чуну чарое надошт; Чун барои бақия ҳам ҳамн тавр буд ва фақат бояд онро мепазируфтанд. Як умр ҳамин гуна зиндагӣ кардам. Ҳамеша дар инзиво ва танҳоӣ ва фақат адоӣ вазифа дар намозу рӯза ва ибодоти дигар. Дар тоифаи мо меъёр хуб будани ҳар кас сангинии намоз ва рӯзааш буд ки дар рӯз чанд ракат намоз мехонд ва дар моҳ чанд рӯз рӯза мегирад. Инак дар шодиҳо шод бошанд ва дар азо канори соҳиби азо. Хулоса диндории онҳо дунёдорӣ барои худашон буд. Ҳар вақт ҳам суъоле ё эътирозе мекардам, касе аз ҳамон тоифаро барои ман мисол мезаданд ки магар ту аз фалонӣ беҳтарӣ ки чунин ва чунон аст?! Ва ба ин тартиб манро хомӯш мекарданд ва ин инзиво дар зиндагии манро комилан гӯшагир карда буд ва боъис шуда буд ки ман низ ба ин диндории ҷоҳилона машғул шавам то шояд оромише барои худам пайдо кунам, вале мутаъассифона ин гуна нашуд ва ман ба мурур бадтар шудам; Чун ин ахлоқи ман боъиси дуриам аз ҳамсар ва фарзандам шуд ва дар ин авзоъ ва аҳволи нобасомон, фарзандам дучори беморӣ шуд ва ниёз ба амали ҷарроҳӣ пайдо кард ва ин амри мазид бар иллат шуд ки ман комилан ба ҳам бирезам ва ба истилоҳ аз Худо талабкор шудам ки ман як умре ибодат кардам ва ин ҳаққам набуд. Хеле беқарорӣ мекардам то ин ки як шаб дар хоб дидам ба сафари ҳаҷ рафтаам ва дар сафар, Худо ба ман фарзанде иноят кардааст ва ман аз тарси инки ин бача монеъи анҷоми аъмоли ҳаҷҷам шавад мудом шиква мекунам ки ҳоло чи вақт ин бача буд ки ногаҳон хонуме бо сурати пӯшида ва садои асабонӣ наздам омад ва бачаро аз ман гирифт ва гуфт: «Ин бачаро мо худамон нигоҳ мекунем. Ҳоло ҳар ҷо мехоҳӣ бирав ва ҳар кори мехоҳӣ анҷом бидеҳ»! Бо тарс аз хоб паридам. Он рӯз маънии хобамро дуруст нафаҳмидам ва фақат иҷозаи амалро додам. Алҳамдулиллоҳ амали ҷарроҳи бо мувафақият анҷом шуд. Баъд аз муддате, фикри хобе ки дида будам маро азоб мекард ва ҳамвора бо худ фикр мекардам ки чи маъное метавонист дошта бошад; То инки бо ақли худам ба ин натиҷа расидам ки дар хоб ба ман фаҳмонданд умрӣ кӯр кӯрона ва ҷоҳилона Худоро ибодат кардаам ва ҳоло талабкор шудаам. Дар ҳоле ки муддате он қадр даргир шудам ки аз Худо фосила гирифтам ва ҳатто вазоифи диниамро анҷом намедодам, вале аз он ҷойе ки Худованд аз ҳоли дилам хабар буд ва дар бадтарин шароит ҳам маро танҳо нагузошта буд, даричаеро ба рӯям боз кард; Ба ин тартиб ки тавассути хоҳаре бо китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ки нависандаи он ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ буд ошно шудам. Вуруди эшон ба зиндагии ман ки комилан иттифоқӣ ва аз тарафи Худо буд, маро вориди фазои тозае аз зиндагӣ кард ва инҷо буд ки хоби ман таъбир шуд. Ҳоло ин китоб танҳо аниси ман шуда ва ҳамеша барои ҳар суъоли ман ҷавобе аз қабл табйин шуда дорад. Гӯё аз суъолоти ман аз қабл хабар доштааст ва ҳамин тавр бо кӯмаки хоҳарам тавонистам суъолоти худамро аз ин пойгоҳи Исломӣ ки адреси он дар аввали китоб омадааст бипурсам. Ман бо шинохти ин китоб аз тақлиди ҷоҳилона раҳоӣ ёфтам ва камтарин таъсираш ин буда ки таклифам бо худам мушаххас шудааст ки дар ин дунё чи ҳастам ва чи мехоҳам бикунам. Ҳоло бо ишқ ибодат мекунам ва ба камму зиёдаш нигоҳ намекунам ва он қадр ҷуръат пайдо кардам ки дигар дар муқобили ақойиди ҷоҳилона ва нодурусти атрофиёнам биистам. Мегӯянд беҳтарин дӯсти ту касе ҳаст ки дидораш туро ба ёди Худо бияндозад ва ман ин ҳисси зеборо нисбат ба ин китоб дорам; Зеро тамоми калимоташ аз дил буда ва нависандаи он ҳадафе ҷуз ризои Худо надоштааст. Тамоми суханони эшон бо далил ва мантиқи Қуръон буда ва ҷои ҳеҷ инкоре нест. Ҳама дар зоҳир мунтазири имом Маҳдӣ будаем ва ҳамеша ба мо гуфта шуда ки ғайбат ва зуҳури эшон ба дасти Худост ва мо амре бо ин бовари ғалат даст рӯӣ даст гузоштаем то мӯҳлат ба сар ояд. То инки бо хондани ин китоб фаҳмидам ки ин тавр нест ва мо бояд дилҳоямонро омодаи зуҳури эшон кунем. Ба назари ман қасди нависандаи ин китоб ҳамин буда ки ба мо ки умре ғарқ дар афкори ғалат будаем бигӯяд ки эй мардум! Маҳдӣ мунтазири дилҳои шумо ҳастанд. Шумо бояд бо эшон паймон бубандед ва заминасози зуҳури имом Маҳдӣ шавед. Дар поён аз Худованд мехоҳам ки чунон замингири дунёямон накунад ки вақти зуҳур тавони бархостан надошта бошем...