Нависандаи нақд: Алии Розӣ Тарихи нақд: 12/2/2015

Чаро баъд аз номи имомон алайҳиму салом аз зикри алайҳи салом худдорӣ кардаанд?! Магар на ин аст ки худи эшон ҳам хилофати ин 12 имомро исбот намудаанд?! Оё аз бародарони аҳли суннат шарм доранд ки мабодо эшонро шиъа ё рофизӣ бидонанд? Ва ё инки метарсанд дучори ғулув дар мавриди онҳо шаванд?! Шогирдон ва аъзои мӯҳтарами дафтарашон, эшонро бо алқобӣ чун саййидуно Мансур ва ё ҳазрати аллома хитоб мекунанд ки албатта аз рӯӣ эҳтиром аст ва баҳсе дар он нест. Суъол ин аст ки эшон чаро аҳли байтро ин гуна хитоб намекунанд масалан саййидуно имом Алӣ алайҳи салом, саййидуно имом Ҳасан алайҳи салом ва саййидуно имом Ҳусейн алайҳи салом ва ... саййидуно имом Маҳдӣ алайҳи салом ва ... дар ҳар сурат салом додан бар аҳли байт нишонаи ҷаҳл ё хурофот ё тақлид ё ғулув нест, балки решаи Қуръони дорад ...

Посух ба нақди шумораи: 0 Тарихи посух ба нақд: 12/2/2015

Бародари гиромӣ!

Чунонки пештар дар ин бора тавзиҳ дода шуда[1], иллати зикр накардани «Алайҳи салом» ва «Разияллоҳу анҳ» пеш аз номи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, беэҳтиромӣ ба ин бузургворон набадааст; Зеро агар дидаи инсофро бигушойед ва пардаи бадбиниро канор занед, мебинед ки ҳеҷ кас ба андозаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба ин бузургворон эҳтиром нагузоштааст; Бо таваҷҷуҳ ба инки вақте ҳамагон аз нақши онон дар рӯзгори мо ғофиланд, ӯ нақши онон дар рӯзгори моро фарёд мезанад ва вақте ҳамагон ба сӯӣ ҳокимияти худ даъват мекунанд, ӯ ба сӯӣ ҳокимияти онон фаро мехонад ва бо ин васф, ӯ бисёр бештар аз амсоли шумо бо он «Алайҳи салом» гуфтанҳотон, ба онон эҳтиром мегузорад, вале бештари шумо инсоф намедиҳед ва ҷуз ҳадафи айбҷӯйи надоред.

Бегумон иллати зикр накардани «Алайҳи салом» ё «Разияллоҳу анҳ» пас аз номи ин бузургворон ва «Ҳазрат» ё «Саййидуно» пеш аз номи онон, иктифо ба иштирокоти мусалмонон ва иҷтиноб аз намодҳои хосси мазҳаби Исломӣ, бо ҳадафи эҷоди як «Гуфтумони муштарак» дар миёни уммати Исломи будааст; Чароки агар пеш аз номи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, «Ҳазрат» ё «Саййидуно» ва пас аз номи онон, «Алайҳи салом» ё «Разияллоҳу анҳ» зикр мефармуд, ногузир бояд пеш аз номи саҳоба ва пас аз номи онон низ чунин таъобире зик мефармуд ва масалан мегуфт: «Ҳазрати Абу Бакр разияллоҳк анҳ» ё «Саййидуно Умар разияллоҳу анҳ» то аз ҷониби аҳли суннат муттаҳам ба ҷонибдорӣ аз аҳли ташаюъ ва доман задан ба ихтилофи мусалмонон нашавад, вале дар ин сурат аз ҷониби аҳли ташаюъ ва касоне монади шумо муттаҳам ба ҷонибдорӣ аз аҳли суннат ва доман задан ба ихтилофи мусалмонон мешуд ва тамоюзи ӯ аз аҳли суннат монанди тамоюзи ӯ аз аҳли ташаюъ қобили ташхис набуд ва паёми ноби Исломии ӯ дар кашокаши бозиҳои мазҳабии шумо зойеъ мешуд! Бинобарин, эшон бо дароятӣ мисолзаданӣ, Исломи холис ва комилро бараҳна аз ҳамаи пӯшишҳои мазҳабӣ ба ҷаҳониён муъаррифӣ фармуда ва бо ин иқдоми ҳакимона, асбоби бозгашти ҳазорон мусалмони шиъа ва аҳли суннат ба Исломи ҳақиқиро фароҳам сохтааст; Коре ки ҳеҷ кас пеш аз эшон анҷом надода ва аз ӯҳдаи ҳеҷ кас ҷуз эшон бар наёмадааст. Бо ин васф, аз амсоли шумо интизор меравад ки даст аз ин айбҷӯйиҳо бардоред ва ба ҷои ҷустуҷӯ ба дунболи чизе ки битавонед бар ин китоби арзишманд ва нависандаи бузургаш баҳона бигиред, ба истифодаи илмӣ аз он дар ростои бозгашти амалӣ ба Ислом машғул шавед; Зеро шаъни ин китоб бисёр фаротар аз он аст ки битавон бо ин қабил ишколтарошиҳо, чизе аз он кост ва ин ҳақиқате аст ки бар аҳли илм ва тақво пӯшида нест. Чи хуб аст ки шумо касби илм ва тақвои Илоҳиро дар пеш гиред ва ба ёди охирататон бошед ва мавонеъи шинохтро аз худ дур кунед, бошад ки мавриди ризояти Худованд ва ризояти дӯстонаш дар замин қарор гиред.

↑[1] . Нигоҳ кунед ба: Нақд ва барраии 8.