Нависандаи пурсиш: Амирмуҳаммад Тарихи пурсиш: 7/1/2015

Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки тақлид аз олимонро кофӣ намедонад, чи нақша ё вазифае барои онон қоъил аст? Ё ба назари эшон уламои мусалмон ҳеҷ нақш ва вазифаи хоссе надоранд?!

Посух ба пурсиши шумораи: 1 Тарихи посух ба пурсиш: 7/1/2015

Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, худ яке аз уламои мусалмон аст ва табъан ҳамон нақшаеро барои онон қоъил аст ки барои худ қоъил аст ва он заминасозӣ барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон аз тариқи эҷод ва ҳифзи ҳокимияти Худованд дар замин ба тартибе аст ки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» табйин фармудааст. Бинобарин, аз назари эшон уламои мусалмон мувазафанд ки ба ҷои даъват ба сӯӣ худ, ба сӯӣ халифаи Худованд дар замин даъват кунанд ва ба ҷои эҷод ва ҳифзи ҳокимияти худ, ба эҷод ва ҳифзи ҳокимияти ӯ бипардозанд; Чароки ин кор дар сурате ки муқаддамоти он тавассути мусалмонон таъмин шавад, мумкин аст ва муқаддамоти он камобеш монанди муқаддамоти эҷод ва ҳифзи соири ҳукуматҳост. Ба ин тартиб, ҳар олими мусалмоне ки мусалмононро ба байъат бо Маҳдӣ амр ва аз байъат бо ғайри ӯ наҳй мекунанд, вазифаи Исломии худро анҷом медиҳад ва бар мусалмонон воҷиб аст ки даъвати ӯро бипазиранд ва ӯро дар ин кор ёрӣ кунанд, вале олимони мусалмоне ки мусалмононро ба байъат бо Маҳдӣ амр ва аз байъат бо ғайри ӯ наҳй намекунанд, вазифаи Исломии худро анҷом намедиҳанд ва бар мусалмонон воҷиб аст ки аз онон бар ҳазар бошанд.

Ба илова, ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, олимони мусалмоноро мароҷеъи тақлиди мусалмонон намешиносад ва мӯътақид аст ки амал ба фатовии онон бидуни илми ба адиллаяшон муҷзӣ нест; Ҳамчунонки дар сурати заннӣ будани адиллаяшон кифоят намекунад. Бинобарин, мусалмонон муваззафанд ки фатовии олимони мусалмонро бо адиллаяшон ҷӯё шаванд ва олимони мусалмон низ вазифа доранд ки ононро аз адиллаи фатовии худ тафсилан огоҳӣ диҳанд ва масалан эълом намоянд ки далили фалон фатвоӣ онон, фалон ояти Қуръон ё фалон ҳадиси мутавотир ё фалон истимоъи ҳузурӣ аз халифаи Худованд дар замин аст ва дар ин сурат, мусалмонон метавонанд ба фатовии онон амал кунанд; Чароки ин тақлид аз онон шумурда намешавад, балки табаъият аз адиллаи яқинии онон ва дар воқеъ Қуръон ва суннат аст. Аммо дар сурате ки адиллаи фатовии худро тафсилан эълом накунанд ё адиллаи фатовии онон муфиди занн ва аз қабили шӯҳрат ё иҷмоъ ё хабари воҳид бошад, амали ба фатовии онон муҷзӣ нест ва таваққуф то замони дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин ё эҳтёт дар сурате ки мумкин бошад, воҷиб аст ва албатта заминасозӣ барои дастрасӣ ба халифаи Худованд дар замин, монанди заминасозӣ барои дастрасӣ ба Масҷидул Ҳаром барои касе ки ҳаҷ бар ӯ фарз шуда, зарурӣ аст ва ин ҳақиқате аст ки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо овози баланд фарёд мезанад, бошад ки соҳибони гӯшҳои шунаво дар шарқ ва ғарби ҷаҳон бишнаванд ва пазиро шаванд.