(أعوذ بالله من الشّیطان الرّجیم

بسم الله الرّحمن الرّحیم

الحمد لله ربّ العالمین و صلّی الله علی محمّد و آله الطّاهرین

Қаблан рӯшан шуд ки меъёри шинохт, се хусусият дорад: Аввал инки зарури аст, дуввум инки воҳид аст ва мутаъаддид нест ва севвум инки бадеҳи аст ва худаш ниёз ба шинохт надорад. Гуфтем ин суъол матраҳ мешавад ки оё ақл ин се хусусиятро дорад то меъёри шинохт бошад? Аз дарси қабли рӯшан шуд ки хусусияти аввалро дорад; Чун рӯшан шуд ки инсон чи бихоҳад ва чи нахоҳад маҷбур аст аз ақли худ истифода кунад ва истифода аз ақл, хислати зотии ӯст ва ин болотарин ҳадди зарурат аст. Аммо хусусияти дуввум)

Ваҳдати ақл

(аст; Ба ин маъно ки ақл як ҳақиқати воҳид аст ва таъаддуди ҳақиқӣ надорад. Устозунал Мансур дар табйини ин хусусият мефармояд:) Ақл, гавҳари якдонае аст (аз боби ташбеҳ ба лиҳози арзишмандӣ) ки миёни фарзандони Одам муштарак аст (ба ин наҳв ки ҳамаи онҳо аз он баҳраманданд) ва мабнои ихтиёри фардӣ ва масъулияти иҷтимоъӣ онон ва ҳалқаи итисолашон ба якдигар маҳсуб мешавад (яъне ҳар инсон ба лиҳози фардӣ вақте дорои ихтиёр маҳсуб мешавад ва қодир ба интихоби хубӣ ё бадӣ аст ки ақл дошта бошад ва лизо шахси девона соҳиби ихтиёр намешавад ва қодир ба интихоб нест. Ҳамчунин ҳар инсон ба лиҳози иҷтимоъӣ ва дар иртибот бо дигарон вақте масъул, маҳсуб мешавад ва бояд посухгӯӣ амалкарди худ дар назди дигарон бошад ки ақл дошта бошад ва лизо фарди девона, масъул маҳсуб немешавад ва мукаллаф нест. Ҳамчунин чизе ки мабнои тафҳим ва тафоҳум миёни инсонҳо маҳсуб мешавад ва онҳоро дар арсаҳои мухталиф ба ҳам пайванд медиҳад, ақл аст. Мефармояд:) ва аз онҷо ки маншаъи (яъне холиқи) воҳид дорад, идрокоти воҳиде низ дорад (чун таъаддуди ҳақиқӣ ба маънои ихтилоф ва носозгори миёни чизҳое ки аз як холиқ падид шудаанд, мумкин нест) ва миёни афроди он (яъне масодиқи он мисли ақли Зайд ва ақли Амр ва ақли Бакр), ихтилофе нест. Маншаъи ақл, Парвардигори ҷаҳониён аст ки худ ақли маҳз (яъне мудрики маҳз ва идрок кунандаи мутлақ ва комил) ва раъиси оқилон аст (бо таваҷҷуҳ ба инки аз ақл яъне идроки худ ба онҳо бахшида ва онҳо банда ва мухотаби ӯ ҳастанд. Манзур аз ақл будан ва оқил будани Худованд, мудрик будан аст; Чунонки мефармояд ﴿وَهُوَ يُدْرِكُ الْأَبْصَارَ яъне Ӯ дидаҳо ва дидгоҳоро дарк мекунад ва дар меёбад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ақл ҳам чизе ҷуз неруӣ идрок нест ва табъан нисбат додани он ба Худованд бо ин маъно саҳиҳ аст ва шаръан ҳам ишколе надорад; Чун Худованд фармудааст: ﴿لِلَّهِ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى; Яъне ҳамаи номҳои хуб барои Худованд аст ва ақл ё оқил ҳам бо маъное ки гуфтим номи хубе аст ва бо соири номҳои хуби Ӯ ва сифоти ки дорад, мунофоте надорад) ва дар афъоли Ӯ (яъне хилқати афрод ва масодиқи ақл ки ҳама махлуқи Ӯ ҳастанд) мунофоте нест. Аз ин рӯ, оқилон дар саросари ҷаҳон бо ҳар нажод ва забон ва фарҳанге (бо инки инҳо одатан муқтазии тафовут ва ихтилофи назар ҳастанд), дар назариёте ки ба ақл истинод дорад (на назариёте ки масалан ба завқ ё эҳсосот ё тақлид истинод дорад), итифоқ доранд ва ду нафар аз онон бо ҳам ихтилоф намекунанд. Ба унвони мисол, ҳамаи онон итифоқ доранд ки ончи ҳис мешавад (яъне бо ҳавосси панҷгона) вуҷуд дорад ва кул аз ҷуз (яъне ҷузъи худаш) бузургтар аст ва иҷтимои ду нақиз (яъне ҷам шудани ду чизи мутаноқиз дар он воҳид мисли будан ва набудани як чиз дар як замон) муҳол аст ва ҳодис (яъне чизе ки қаблан набуда ва баъдан пайдо шуда) ба муҳдис (яъне чизе ки онро падид оварда бошад) ниёзманд аст ва хабари мутавотир (яъне хабаре ки афроди мутаъаддид ва пароканда бидуни имкони табонӣ миёни худ ба як сурат, ривоят кардаанд) саҳиҳ аст ва зулм бад аст ва адл хуб аст ва монанди он. Ин (яъне ин ваҳдати идрокот миёни ҳамаи оқилон) ба он маъност ки ақл, вуҷудӣ воҳид аст ва аз ин ҳайс, салоҳияти онро дорад ки меъёри шинохт воқеъ шавад (бо таваҷҷуҳ ба инки гуфта шуд воҳид будан барои меъёри шинохт, зарурӣ аст) то бо илтизом ба он (яъне руҷӯъ ба ақл ва амал бар тибқи он), ихтилофи оқилон ба итифоқ табдил гардад (бо таваҷҷу ба инки назариёти мавриди ихтилофи онҳо дар ниҳоят ба яке аз назариёти мавриди иттифоқашон бар мегардад ва ихтилофи онҳо дар бораи он ба хотири адами илтизомашон ба ақл дар бораи он аст ё ба хотири ин аст ки ба баъзе аз мавонеъи шинохт ки баъдан зикр мефармояд, мубтало ҳастанд; Вагарна ҳар гоҳ ба ақле ки Худованд ба онҳо додааст, илтизоми комил дошта бошанд ва мавонеъи шинохтро аз пеши роҳи он канор бизананд, имкон надорад ки дар бораи чизе бо ҳам ихтилоф бикунанд. Ин нуктаи бисёр муҳимме аст ки ҳар гоҳ ақл дар миёни мардум ҳоким шавад, ихтилофоташон ба иттифоқ табдил мешавад; Чун ақл ба унвони чароғе ки Худованд дар вуҷуди ҳамаи инсонҳо рӯшан кардааст, худаш муҷиби ихтилоф намешавад, балки табиъатан ва ба иқтизои ҷавҳари малакутии худ, боиси биноӣ ва огоҳии инсонҳо ва дар натиҷа, рафъи ихтилофоташон мешавад. Аммо суъол инҷост ки оё ақл ба унвони як вуҷуди воҳид, дар айни ваҳдати худ маротиби мухталифе надорад? Дар ин сурат, оё ихтилофи маротиби он дар афроди мухталиф боиси ихтилофи онҳо дар сурати табаъияташон аз он намешавад? Суъоли дигар онки оё сатҳи идрокоти ақл, нисбат ба ҳамаи назариёт, яке аст ё инки шиддат ва заъф пайдо мекунад? Агар идрокоти он сутуҳи мухталифе дорад, оё табаъият аз идрокоти он дар ҳамаи сутуҳ боиси рафъи ихтилоф мешавад ё сирфан дар як сатҳи хос? Ин ду суъоле аст ки устозунал Мансур дар инҷо посух медиҳад ва дар баёни).

[Маротиби ақл ва идрокоти он]

(мефармояд:) Ҳар чанд барои он (яъне барои ақл), маротиби мутаъаддид ва ақдори (яъне қдрҳо ва андозаҳои) мутафовите вуҷуд дорад, вале возеҳ аст ки ихтилофи маротиб ва ақдори он, ба ваҳдати он ба унвони мабнои шинохт, осебе намерасонад (яъне бо вуҷуди инки дараҷоти мутаъаддид ва андозаҳои мутафовите дорад, воҳид аст); Монанди нур ки шидат ва заъф дорад, вале дар ҳамаи маротиб ва ақдори худ мабнои мушоҳида шуморида мешавад (ин беҳтарин мисол аст; Чароки ақл аз лиҳози коркард, дақиқан монанди нур аст ва монанди нур амал мекунад. Нур чароғ ҳар чанд аз нури офтоб, заъифтар аст ва дар мартабаи поёнтаре нисбат ба он қарор дорад, боз ҳам сабаби дидани ашёъ мешавад ашёъе ки дар рӯшаноии он дида мешавад, қатъан вуҷуд дорад. Бо ин ҳол, ақли мо ҳар чанд аз ақли Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам заъифтар аст ва дар мартабаи поёонтар қарор дорад, боз ҳам сабаби шинохти мафоҳим ва масодиқи онҳо мешавад ва қобили эътибор ва иттико аст). Ба илова, ақл ба маънои неруӣ андеша ва доноӣ (яъне неруе ки аз тариқи андеша ва тафаккур ба доноӣ ва илм мерасонад), агар чи дар бархӣ инсонҳо (монанди анбиё ва авлиё ва ҳакимо) бештар аз бархӣ дигар (монанди оммаи мардум) аст, дар ҳамаи инсонҳо ба қадри кофӣ (яъне ба қадре ки барои шинохти чизҳои мавриди ниёзашон, лозим аст) вуҷуд дорад ва ҳамин барои ваҳдати он ба унвони меъёри шинохт кофӣ аст; Зеро Худованди одил (ба иқтизои адли худ), ба ҳар инсони мукаллафе (яъне инсоне ки ӯро ба шинохт, мукаллаф сохта) баҳрае кофӣ аз ақл бахшида (яъне баҳрае ки барои амал ба таклифи худ ба он ниёз дорад) ва зиёдии он дар бархӣ, фазлест ки ба онон бахшидааст, бидуни он ки зулме ба бархӣ дигар бошад (чун зулм ин аст ки ба касе камтар аз ниёзаш бидиҳад, вале агар ба ҳама ба андозаи ниёзашон бидиҳад ва ба баъзе бештар аз ниёзашон, айбе надорад); Чунонки фармудааст: ﴿وَاللَّهُ يُضَاعِفُ لِمَنْ يَشَاءُ ۗ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ;[1] «Худованд барои ҳар кас ки хоҳад меафзояд ва Худованд вусат диҳандаи доност»! (Яъне бар асоси донойии худ барои баъзе вусъат медиҳад вагарна бо онҳо хешованди надорад) Ҳамчунонки ақли бархӣ инсонҳо (ки комилтар аст), дар фарояндӣ табиъӣ ва мутақобил (яъне чарха ва раванди нохудогона ва ду тарафа), ақли бархӣ дигарро (ки ноқистар аст) комил мекунад; Чароки онҳо бо якдигар дар таъомуланд (яъне ба таври табиъӣ бо ҳам иртибот доранд) ва аз тариқи ҳамандешӣ (яъне баҳсу машварат ва суъолу ҷавоб), ақлӣ ҷамъеро падид меоварнад ки нуқсони ақли фардиро ҷуброн мекунад (яъне ақли ноқиси афрод бо ҳам ҷамъ мешавад ва як ақли комилро месозад); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَرَفَعْنَا بَعْضَهُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِيَتَّخِذَ بَعْضُهُمْ بَعْضًا سُخْرِيًّا;[2] «Ва бархеро бар бархӣ дигар дар рутба бартарӣ додем то бархешон бархӣ дигарро ба хидмат бигиранд»! (Яъне ақли бархиро комилтар аз ақли бархӣ дигар сохтим то илова бар ақли худашон, аз ақли якдигар ҳам истифода кунанд. Ин дар бораи маротиби ақл буд. Аммо дар бораи сутуҳ ва анвоъи идрокоти ақл, мефармояд:)

Албатта идрокоти ақл дар ҳеҷ инсоне басит нест (яъне дар як сатҳ ва ба як навъ нест), балки баста ба миқдори илм ва мавонеъаш дар ӯ (яъне баста ба инки инсон чи андоза маълумот дорад ва чи мавонеъӣ барои касби маълумоти бештар дар вуҷуди ӯст), маротиби мухталифе дорад (яъне шиддат ва заъф дорад) ки шомили ваҳм ба маънои эҳтимоли мағлуб (яъне эҳтимоли камтар аз 50 дарсад), шак ба маънои эҳтимоли мутасовӣ (яъне эҳтимоли 50 дарсад), занн[3] ба маънои эҳтимоли ғолиб (яъне эҳтимоли бештар аз 50 дарсад) ва яқин ба маънои адами эҳтимоли хилоф (яъне эҳтимоли 100 дарсад) мешавад. Бо ин ҳама, ҳар чанд ҳамаи онҳо аз ақл бар мехезанд (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳама идрокоти ақлӣ ҳстанд ва асосан идрок, ба ҳар наҳве ки бошад кори ақл аст), ин танҳо яқин аст ки меъёри шинохт шуморида мешавад (на ваҳм, шак ва занн); Чароки ваҳм, шак ва занн, каму беш (яъне дар занни камтар ва дар ваҳми бештар) бо эҳтимоли хилофи худ таъоруз доранд (бо таваҷҷу ба инки ваҳми ба як чиз дар воқеъ занн ба хилофи он чиз аст ва шак ба як чиз дар воқеъ шак ба хилофи он чиз аст ва занн ба як чиз дар воқеъ ваҳм ба хилофи он чиз аст ва дар ҳар се маврид, ақл ду эҳтимоли мутаъораз медиҳад) ва бо ин васф, худ ба меъёре барои шинохт ниёзманданд то дурустии яке аз ду эҳтимоли мавҷуд дар онҳо шинохта шавад (бо таваҷҷуҳ ба инки ҳар ҷо ду эҳтимоли мутаъориз мисли дуруст будан ва ғалат будан вуҷуд дорад, ниёз ба шинохт аст ва шинохт ба меъёр ниёз дорад) ва он меъёр ҳамоно яқин аст ки эҳтимоли хилофе дар он нест (ва ба ҳамин далил ниёз ба шинох дар он вуҷуд надорад ва дар натиҷа ниёзе ба меъёри дигар ҳам нест) ва бо ин васф, ҳуҷҷияти он (яъне эътибор ва воқеънамо будани он) зотӣ ва бадеҳӣ аст (яъне ҳам дар зоти он вуҷуд дорад ва аз он қобили ҷудои нест ва ҳам ба шакли возеҳ дар он вуҷуд дорад ва ниёзе ба истедлол барои он нест). Аз инҷо дониста мешавад ки мабнои шинохти инсон (ё ҳамон меъёри шинохти ӯ), танҳо яқин аст (ки яке аз идрокоти ақл аст, пас ҳар ҷо гуфта мешавад: Ақл меъёри шинохт аст, манзур танҳо яқини ақлӣ аст, на ҳамаи анвоъи идрокоти ақл аъам аз яқинӣ ва заннӣ ва шаккӣ ва ваҳмӣ) ва ҳар шинохте ки ба яқин боз намегардад, эътиборе надорад (ҳар чанд масалан ба занн боз гардад); Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا;[4] «Ҳар оина занн чизеро аз ҳақ бениёз намекунад» (яъне аз шинохти ҳақ бениёз намекунад ва табъан ҳуҷҷат нест) Ва ин дар ҳоле аст ки занн, қаватарин идроки инсон пас аз яқин аст ва идрокоти дигари ӯ (яъне шак ва ваҳм), ба маротиб аз он заифтаранд ва табъан ба тариқи авло, ҳуҷҷат шуморида намешавад.

(والسلام علیکم و رحمت الله و برکاته)

↑[1] . Бақара/261.
↑[2] . Зухруф/32.
↑[3] . [Гумон] ношир.
↑[4] . Юнус/36.