Чоршанбе 25 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 9 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(2) Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, наҳзати ҷаҳониро бо шиъори <<Бозгашт ба Ислом>> ва намоди парчамҳои сиёҳи раҳбарӣ мекунад ки ҳадафи он, заминасозӣ барои таҳаққуқи ҳукумати ҷаҳонии Худованд, аз тариқи таъсиси ҳукумати ҷаҳонии имом Маҳдӣ алайҳи салом ба унвони халифаи Худованд дар замин аст. (Ошноӣ бо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ)
loading
Нақдҳо ва баррасиҳо
Рафтан ба
коди
Ибтидо/123456/Интиҳо
Рафтан ба
саҳифаи
Нақдҳо ва баррасиҳо дар бораи
Код Шумора Код Мавзӯъ ва матни нақд Нависандаи нақд Тарихи нақд Таълиқ
43 43
Аҳком; Фуруъ
Бо салом хидмати асотиди мӯҳтарам; Шумо ки сохтаи зеҳни худро имоми худ намедонед ва аз яқин пайравӣ мекунед ва ба таколифи шаръӣ ва ақлии Ислом барои ҳокимияти охарин валийи амри муслимин талош мекунед. Ва аммо баъд... Яке аз дӯстон дар мавриди хумс таҳқиқоти фаровоне кардааст ва ба истилоҳ аз гуфтори уламо ва асноди эшон ба натиҷае расидааст ки гуфтори ҳазрати аллома дар таноқуз аст ва 2 суъол баён карданд ва хостанд бо санад ва мадрак баён кунед. Дар мавриди хумс дар саифаи 323 [китоби <<Бозгашт ба Ислом>>] марқум шудааст ки хумс аз замони ҳазрати Умар ба баъд ба аҳли байт пардохт нашудааст. Бо ин васф 1 . Тибқи суннати Паёмбар (с) хумс ба чи амволе таъаллуқ мегирифта ки Паёмбар хумси онро вусул мекардааст? 2 . Асноде ки нишон медиҳад Паёмбар хумсро мегирифтанд ва байни аҳли байти худаш тақсим мекарда [кадом] аст? Дар сурате ки мутуни Исломӣ машҳур аст ки Паёмбар ҳатто як бор чунин коре накардааст! Бо ташаккур
Мауҳаммад Ҷавод 08/02/2016
42 42
Ақойид; Шинохти хулафоъи Худованд; Итрат ва аҳли байти Паёмбари хотам
Алӣ 22/01/2016
41 41
Аҳком; Фуруъ
Алӣ 22/01/2016
40 40
Аҳком; Фуруъ
Алӣ 22/01/2016
39 39
Ақойид; Шинохти хулафоъи Худованд; Итрат ва аҳли байти Паёмбари хотам
Алӣ 22/01/2016
38 38
Ақойид; Шинохти имон ва куфр; Адён, мазоҳиб ва фирқаҳо
Ба номи Худованди ҷону хирад, К-аз у бартар андеша барнагзарад. Баъд аз ҳамди Аллоҳ таборак ва таъоло ва дуруди бепоён бар сарвари койинот, фахри мавҷудот ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ро комилан мутолиъа намудам бисёр дақиқ, ҳудуди як ҳафта болояш вақт гузоштам, аммо чизе ҷуз таноқузоти фоҳиш дар ин китоб надидам, ҳамон ангезаҳое ки қабл аз хондани китоб ба ҷаноби алломаи Хуросонӣ доштам, комилан аз байн рафт. Ман аз ҷумла таноқузот чандтояшонро менависам: 1. Тавҳин ба асҳоб фисқ аст, вале худаш мустақиман асҳобро ба нофаҳмӣ муттаҳам мекунад ҳатто ба андозае ки бузургтарин масъалаи динашонро надонистаанд. Ин на танҳо тавҳин ба асҳоб аст, балки тавҳин ба муъаллимашон аст! 2. Ҳукумате ки ҳокими он аз тарафи Худованд (ҷ) таъйин нашуда бошад тоғутӣ аст ва атбоъи он ҳам абдуттоғут ҳастанд. Бано бар ин ҳукумати Абубакр ва Умар тоғути аст ва аз ин гуфта тавре бардошт мешавад ки наъузубиллоҳ Алӣ ибни Абу Толиб абдуттоғут будааст! 3. Худи ҷаноби Хуросонӣ гуфта ҳанифан муслиман ҳастам, вале ман ҷуз тарафдорияш аз шиъа ҳақиқати бештаре наёфтам. Дар китобаш, то ҷойе ки бар имомони арбаъаи аҳли суннат эътироз дошта ва саҳиҳтарин китобашон ба заъфурривоя фи баъзил амокин таъбир карда, вале надидам ки ҷойе аз китоби пур нақс ва мутаноқизи Куланӣ ҳатто як нақд карда бошад! 4. Қойил ба таҳрифи Қуръон нест, вале аз мазҳаби ташаюъ ҷонибдоронатар дифоъ намуда, ҳол онки китоби Кофӣ бобе ба номи <<Қуръонро ҷуз аъима касе ҷамъоварӣ накарда ва ҳар кас иддаъои ҷамъоварӣ кулли Қуръонро карда бошад дурӯғ гуфта>> вуҷуд дорад! 5. Дигаронро аз пайравии занн боз дошта, ҳол онки худаш аз занн ки чи ҳатто аз хаёл пайравӣ мекунад. Маҳдиро дуруст огоҳ нест ки мутаваллид шуда ё на, вале мутмаъинан барои зуҳури хиёлиаш заминасозӣ мекунад! 6. То замоне барои ҳукумати Маҳдӣ заминасозӣ нашавад, ӯ зуҳур намекунад, ҳол онки ин худаш он қадр бемафҳум аст ки ба ҳеҷ унвон намеша тавҷиҳаш кард! Инҳо мушт намунаи харвор аст! Хатте аз китобашро надидам ки бо хатти дигаре дар таноқуз набошад! Ба ҳар ҳол чи тарҳи рангаӣ ки дорад ин китоб!
Абдурраззоқ 18/01/2016
37 37
Муқаддамот; Ҳуҷҷат; Китоби Худованд; Далолати бархи оёти Қуръон
Муҷтабо 12/12/2015
36 36
Ақойид; Шинохти хулафоъи Худованд; Маҳдӣ; Мансур заминасози зуҳури Маҳдӣ; Ҳуввият ва сифот
Ризо Розӣ 01/12/2015
35 35
Ақойид; Шинохти хулафоъи Худованд; Маҳдӣ; Мансур заминасози зуҳури Маҳдӣ; Иқдомот ва аҳдоф
Бо таваҷҷуҳ ба қоъидае ки аллома ҳафизаҳуллоҳ дар мавриди зуҳури имом Маҳдӣ матраҳ кардаанд ки зуҳури ӯ ниёзе ба иҷтимоъи ҳамаи мардум надорад ва ниёзманди иҷтимоъи шумори кофӣ аз онҳост, барои банда чанд суъол матраҳ мешавад ки ба тартиби зер аст: 1 . Оё камият ва кайфияти ин шумори кофӣ барои эшон маълум шуда ё илми он назди Худост? 2 . Оё дар замони хулафоъи гузашта ин шумори кофӣ вуҷуд надоштааст? 3 . Бо таваҷҷуҳ ба инки хулафоъи гузашта дар муқотеъаӣ аз торих, неруӣ зиёде дар ихтиёр доштанд, ба таври мисол Расулуллоҳ дар ҷанг бо Румиён 30000 нафар, имом Алӣ дар Сиффин ҳудуди 100000 нафар, имом Ҳасан дар ҷанги бо Муъовия ҳудуди 12000 нафар, имом Ҳусейн дар Куфа ҳудуди 18000 нафар, имом Содиқ дар замони қиёми Хуросонӣ ҳудуди 100000 нафар аз Хуросониҳо ки толиби қиёми эшон буданд [дар ихтиёр доштанд], ҳатто дар замони ғайбати имом Маҳдӣ борҳо ҷомеъаи шиъа барои зуҳур мунсаҷам ва муҳаё шуд, ба таври мисол, дар замони Сафавиён интизор ва омодагӣ барои зуҳур боло буд, ба тавре ки бузургони уламои шиъа мисли Маҷлисӣ ва дигарон, замонро замони зуҳур ва Сафавиёнро заминасозони зуҳур медонистанд; Чун аксари ривоёт бо шароити замонашон мутобиқат дошт, аммо иттифоқ наяфтод. Бо ин муқаддама бифармойед ишколи кор дар куҷо буд ва костиҳо чи буд ки аъимаи аҳли байт ба аҳдофи худ нарасиданд? 4 . Оё ишколот ва коситҳои гузаштагон дар мо нест? 5 . Насли мо чи вежагии хоссе дорад ки дар онҳо набуда, дар ҳоле ки ба назар мерасад онҳо аз назари қуввати ҷисмӣ ва рӯҳӣ аз мо беҳтар будаанд? Бо таваҷҷуҳ ба сахт шудани шароит ва печида шудани авзоъ ва заъфҳои ҷинсӣ ва руҳии мо ки дар гузари замон эҷод шуда, барои фароҳам шудани шумори кофӣ аз ёроне ки мислу монанде дар адвори гузашта надоштаанд, ниёз ба илтифоти хосси Худованд ва ҳамчунин таваҷҷуҳоти хосси имом Маҳдӣ арвоҳуно фидо аст. Аз ҳар тараф ки рафтам ҷуз ваҳшатам наяфзуд Зинҳор аз ин биёбон з-ин роҳи бениҳоят Дар ин шаби сиёҳам гум гашта роҳи мақсуд Аз гӯшае бурун ой эй кукаби ҳидоят
Ҳодии Ҳунарҷӯ 28/11/2015
34 34
Аҳком; Фуруъ
Доввуд 17/11/2015
33 33
Ақойид; Шинохти хулафоъи Худованд; Паёмбарон
1- Аз с249 то с252 [китоби <<Бозгашт ба Ислом>>] ба баҳси исмати Паёмбарон пардохта шудааст. Шиъаи имомия, Паёмбаронро аз ҳар навъ хато ва гуноҳ, чи кабира ва чи сағира, амдан ва ё саҳван, қабл ва баъд аз Паёмбарӣ масвун медонанд ва мавориди ишора шуда дар мавриди гуноҳ ё талаби истғфори он бузургворонро аз навъи тарки авло медонад. Назари эшон дар мавриди ин ақида чист? 2- Дар с251 дар мавриди ҳазрати Довуд (а) ишора шуда ки бо доштани наваду нӯҳ заваҷ, аз бародараш хост ки ягона завҷаашро талоқ диҳад то бо ӯ издивоҷ кунад. Суъоле ки пеш меояд ин аст ки читавр мешавад ки як Паёмбари маъсум аз бародари худ чунин дархосте дошта бошад?! Чи тавҷиҳе барои ин кор вуҷуд дорад?! Дар тафосири шиъа бадин сурат ишора нашуда, балки аз имом Ризо (а) нақл шуда ки ҳазрати Довуд (а) ба далили инки он ду нафар аз девори хонаи эшон боло омада ва ба суръат барои қазоват назди эшон омаданд, лизо эшон дучори изтироб шуда ва бо инки қазовати дурусте анҷом дод, вале ба далили изтироб ва адами оромиш усули қазоватро риъоят накарданд, яъне аз муттаҳам бозхост кард ва аз муддаъӣ суъолу ҷавобе накард. Дар натиҷа баъд аз инки мутаваҷҷеҳи ин маврид шуданд талаби истиғфор карданд. Ҳамчунин, дар тафосири шиъа ишора шуда ки издивоҷи ҳазрати Довуд (а) бо ҳамсари Авриё баъд аз инки эшон дар ҷанг кушта шуданд ва баъд аз итмоми идда ба дастури Худованд анҷом шуда ва ҳадаф ин буд ки суннати ғалати ройиҷи он замон барчида шавад; Зеро дар он замон ба ғалат расм буд ки зани шавҳар мурда дигар ҳаққи издивоҷ надорад. Лутфан дар ин маврид бештар тавзиҳ диҳед.
Алӣ Розӣ 07/11/2015
32 32
Ақойид; Шинохти хулафоъи Худованд; Маҳдӣ; Мансур заминасози зуҳури Маҳдӣ; Иқдомот ва аҳдоф
Алӣ Розӣ 07/11/2015
31 31
Муқаддамот; Ақл
Алӣ Розӣ 07/11/2015
30 30
Муқаддамот; Илм; Зарурат ва чигунагии касби илм (иҷтиҳод)
Саййид Содиқ Мӯсавӣ 06/11/2015
29 29
Ақойид; Шинохти хулафоъи Худованд; Маҳдӣ; Мансур заминасози зуҳури Маҳдӣ; Ҳуввият ва сифот
Теъдодӣ дигар аз суъолҳои дӯстон тақдим мегардад: 1- Алломаи Хуросонӣ дар с314 китоби <<Бозгашт ба Ислом>> фармудааст: <<Ва ман агар дар замин тамаккун ёбам, онон [ҳокимони муҳориб ва муфсид] ро ба сазои аъмолашон хоҳам расонд; Чароки бардоштани онон аз сари роҳи Маҳдӣ, бар ҳар мусалмоне ки мутамаккин аз он бошад, воҷиб аст.>> Суъол ин аст ки оё эшон барои анҷоми ин кор аз ҳазрати Маҳдӣ изн доранд ва ё ба раъй ва иҷтиҳоди яқинии худ амал мекунанд? Манзур аз тамаккун ташкили ҳукумат аст? Дар ин сурат фарқи ин ҳукумат бо сойири ҳукуматҳои Исломӣ чист? 2- Дар яке аз гуфторҳо эшон худро бо ҳазрати Муслим ташбеҳ намудаанд. Ҳазрати Муслим аз имоми худ изн доштанд. Оё эшон аз ҳазрати Маҳдӣ изн доранд? Бархӣ аз уламо мисли имом Хумайнӣ низ ҳаракати инқилобии худро баргирифта аз қиёми имом Ҳусейн медонистанд, бо ин ҳол муддаъии изн аз ҳазрати Маҳдӣ набуданд ва ба раъй ва иҷтиҳоди худ амал менамуданд ки албатта тибқи назари аллома раъй ва иҷтиҳод ба танҳоӣ яқин эҷод намекунад. 3- Ҳамон тавар ки ҳазрати Маҳдӣ (а) мавъуд ҳастанд, даъват кунандагон ва заминасозони зуҳури эшон ба ҳукми ақли салим бояд мавъуд бошанд; Зеро ақл ҳукм мекунад ки Расули Худо ва сойири аъимаи аҳли байт ба онҳо башорат диҳанд ва мардумро ба сӯӣ онҳо суқут диҳанд. Ҳол чигуна аст ки алломаи Хуросонӣ исрор доранд фақат бар мавориди яқинии китоби <<Бозгашт ба Ислом>> такя кунем ва ба мавориде ки ба Хуросонии мавъуд дар аҳодиси мӯътабар ишора шуда такя накунем? Дар ин сурат чигуна ба яқини комил бирасем? Дар маҷмӯъ ривоёте ки аз Расули Худо (с) ва Амирул Мӯъминин ва сойири аъимаи аҳли байт нақл шуда ба сароҳат мавориди зкйл барои шинохти яке аз нойибони хосси ҳазрати Маҳдӣ (а) ишора шуда: - Соҳиби парчамҳои сиёҳ - Ҳошимӣ ва Хуросонӣ будан - Фотимӣ будан - Ҳасанӣ ё Ҳусейнӣ будан - Ҷавони зебо рӯй - Дар кафи дасти чаппаш хол аст. - Пешопеши лашкараш Шуъайб ибни Солеҳи Тамимӣ аст. - Ганҷҳои Толиқон ӯро иҷобат мекунанд. - Бо банӣ Умаяи охири замон (Суфиёнӣ) ҷанг мекунад ва ӯро шикаст медиҳад. - Ҳазрати Маҳдӣ дар лашкараш пинҳон аст ва ӯро ҳидоят мекунад ва ... Ҳамаи маворид нишон аз он дорад ки Расули Худо ва аъиммаи аҳли байт нишонаҳоеро лозим дидаанд барои шиносойии ӯ матраҳ намуданд, ҳамон тавр ки Салмони Форсӣ ҳангоми вуруд ба Мадина нишонаҳоеро ки аз китоби осмонӣ бардошт карда буд бо Расули Худо татбиқ дод ва ба яқини комил расид ва ба ҳазрат имон овард. Лутфан дар ин маврид бештар тавзиҳ диҳед.
Алӣ Розӣ 01/11/2015
Рафтан ба
коди
Ибтидо/123456/Интиҳо
Рафтан ба
саҳифаи
Донлуди маҷмӯъаи нақдҳо ва баррасиҳо
Нақдҳо ва баррасиҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони