Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Ҳамон тавр ки мустаҳзиред, ғайбати халифаи Худованд амрӣ масбуқ ба собиқа аст ва Худованд гоҳе бино бар маслиҳат иқдом ба он кардааст; Монанди ғайбати чиҳил рӯзаи Мӯсо ва ғайбати Солеҳ ва Хизр алайҳиму салом. Оё илали ғайбати ин анбиё бо мабнои ҳазарти Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мунофоте надорад?

Мурод аз ғайбат, махфӣ кардани макон ё ҳуввияти худ аз дигарон аст ки тавассути ҳеҷ оқиле ҷуз дар ҳоли хавф анҷом намешавад ва рӯшан аст ки Паёмбарон низ аз ҷумлаъи оқилон будаанд ва аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ бидуни хавф ғайбат накардаанд; Монанди Юсуф алайҳи салом ки аз хавфи бародаронаш ғайбат кард; Чароки онон қасди ҷонашро доштанд ва ӯро дар чоҳ афканданд. Аз ин рӯ, ӯ солҳо макони худро аз онон махфӣ кард, то он гоҳ ки дар онҷо ба надзи ӯ омаданд. Пас ҳуввияти худро аз онон махфӣ кард; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَجَاءَ إِخْوَةُ يُوسُفَ فَدَخَلُوا عَلَيْهِ فَعَرَفَهُمْ وَهُمْ لَهُ مُنْكِرُونَ﴾[1]; «Ва бародарони Юсуф омаданд ва ба назди ӯ дохил шуданд, пас ӯ ононро шинохт ва онон ӯро нашинохтанд», то он гоҳ ки аз онон эмин шуд, пас худро ба онон муъаррифӣ кард; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿قَالَ هَلْ عَلِمْتُمْ مَا فَعَلْتُمْ بِيُوسُفَ وَأَخِيهِ إِذْ أَنْتُمْ جَاهِلُونَ ۝ قَالُوا أَإِنَّكَ لَأَنْتَ يُوسُفُ ۖ قَالَ أَنَا يُوسُفُ وَهَذَا أَخِي﴾[2]; «Гуфт: Оё медонед ки бо Юсуф ва бародараш чи кардед ҳангоме ки ҷоҳил будед? Гуфтанд: Оё ту Юсуф ҳастӣ? Гуфт: Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст» Ва монанди Мӯсо алайҳи салом ки аз хавфи фиръавниён ғайбат кард; Чароки онон қасди ҷонашонро доштанд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَجَاءَ رَجُلٌ مِنْ أَقْصَى الْمَدِينَةِ يَسْعَى قَالَ يَا مُوسَى إِنَّ الْمَلَأَ يَأْتَمِرُونَ بِكَ لِيَقْتُلُوكَ فَاخْرُجْ إِنِّي لَكَ مِنَ النَّاصِحِينَ ۝ فَخَرَجَ مِنْهَا خَائِفًا يَتَرَقَّبُ ۖ قَالَ رَبِّ نَجِّنِي مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ﴾[3]; «Ва марде аз дуртарин ҷойи шаҳр омад дар ҳоле ки мешитофт, гуфт: Эй Мӯсо! Анҷуман дар бораи ту машварат мекунанд то туро ба қатл бирасонанд, пас берун шава ки ман барои ту аз хайрхоҳонам. Пас берун шуд дар ҳоле ки тарсон ва нигарон буд, гуфт: Парвардигоро! Манро аз қавми золимон наҷот бидеҳ» Ва аз қавли ӯ фармудааст: ﴿فَفَرَرْتُ مِنْكُمْ لَمَّا خِفْتُكُمْ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكْمًا وَجَعَلَنِي مِنَ الْمُرْسَلِينَ﴾[4]; «Пас аз шумо гурехтам ҳангоме ки аз шумо тарсидам, пас Парвардигорам ба ман ҳукумат бахшид ва манро аз фиристодагон қарор дод». Ғайбати Мӯсо алайҳи салом ин буд, на боло рафтани ӯ аз кӯҳи Тур ба муддати чиҳил рӯз барои муноҷот бо Худованд; Чароки он на махфӣ кардани макони худ буд ва на махфӣ кардани ҳуввияти худ, бал танҳо сафарӣ кӯтоҳ буд ки барои ҳар як аз мардум пеш меояд, бидуни инки ғайбат ба маънои мусталаҳ маҳсуб шавад ва монанди Исо алайҳи салом ки аз хавфи яҳуд ғайбат кард; Чароки онон барои куштани ӯ дасиса карданд. Пас Худованд ӯро ба макони номаълум дар осмон боло бурд; Чунонки фармудааст: ﴿وَمَكَرُوا وَمَكَرَ اللَّهُ ۖ وَاللَّهُ خَيْرُ الْمَاكِرِينَ ۝ إِذْ قَالَ اللَّهُ يَا عِيسَى إِنِّي مُتَوَفِّيكَ وَرَافِعُكَ إِلَيَّ﴾[5]; «Ва дасиса карданд ва Худованд ҳам дасиса кард ва Худованд беҳтарини дасиса кунандагон аст; Ҳангоме ки Худованд фармуд: Эй Исо! Ман туро ба таври комил мегирам ва ба сӯӣ худам боло мебарам» Ва фармудааст: ﴿وَمَا قَتَلُوهُ وَمَا صَلَبُوهُ وَلَكِنْ شُبِّهَ لَهُمْ ۚ وَإِنَّ الَّذِينَ اخْتَلَفُوا فِيهِ لَفِي شَكٍّ مِنْهُ ۚ مَا لَهُمْ بِهِ مِنْ عِلْمٍ إِلَّا اتِّبَاعَ الظَّنِّ ۚ وَمَا قَتَلُوهُ يَقِينًا ۝ بَلْ رَفَعَهُ اللَّهُ إِلَيْهِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا﴾[6]; «Ва ӯро накуштанд ва ба салиб накашиданд, балки барояшон муштабаҳ шуд ва касоне ки дар бораи он ихтилоф карданд дар шакке нисбат ба он ҳастанд, ононро ба он илме нест ҷуз пайравӣ аз зан ва ӯро аз рӯӣ яқин накуштанд, балки Худованд ӯро ба сӯӣ худ боло бурд ва Худованд иззатманди ҳаким аст» Ва монанди Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки аз хавфи кофирон ғайбат кард; Чароки онон дар таъқиби ӯ буданд то ӯро бикушанд. Пас ӯ дар ғори Сур махфӣ шуд; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِلَّا تَنْصُرُوهُ فَقَدْ نَصَرَهُ اللَّهُ إِذْ أَخْرَجَهُ الَّذِينَ كَفَرُوا ثَانِيَ اثْنَيْنِ إِذْ هُمَا فِي الْغَارِ إِذْ يَقُولُ لِصَاحِبِهِ لَا تَحْزَنْ إِنَّ اللَّهَ مَعَنَا ۖ فَأَنْزَلَ اللَّهُ سَكِينَتَهُ عَلَيْهِ وَأَيَّدَهُ بِجُنُودٍ لَمْ تَرَوْهَا وَجَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلَى ۗ وَكَلِمَةُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيَا ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾[7]; «Агар шумо ӯро ёрӣ накунед, бегумон Худованд ӯро ёрӣ кард ҳангоме ки кофирон ӯро берун ронданд, дар ҳоле ки ӯ яке аз ду нафар буд ва он ду дар ғор буданд, ҳаногме ки ба ҳамнишинаш мегуфт: Андӯҳгин набош; Чароки Худованд бо мост, пас Худованд оромиши худро бар ӯ нозил кард ва ӯро бо лашкариёне ки намедиданд ёрӣ расонд ва калимаи кофиронро паст сохт ва калимаи Худованд он бартар аст ва Худованд иззатманди ҳаким аст». Бинобарин, китоби Худованд ғайбати халифаи ӯро ба сабаби хавфи онон аз мардум дониста ва ин ҳамон мабнои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст; Ҳамчунонки мабнои аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам  маҳсуб мешавад; Чароки онон бино бар ҳадиси мутавотири сақалайн ҳаргиз аз китоби Худованд ҷудо намешаванд ва аз ин рӯ, дар саҳиҳтарин ҳадис расида аз онон дар бораи ғайбати Маҳдӣ алйҳи салом омадааст: «إِنَّ لِلْقَائِمِ عَلَیهِ السَّلَامُ غَيْبَةً قَبْلَ أَنْ يَقُومَ، قُلْتُ: وَلِمَ؟ قَالَ: إِنَّهُ يَخَافُ -وَأَوْمَأَ بِيَدِهِ إِلَى بَطْنِهِ يَعْنِي الْقَتْلَ»[8]; «Ҳароина барои қоъим алайҳи салом пеш аз инки қиём кунад ғайбате аст, гуфтам: Ба чи иллат? Фармуд: Метарсад –ва бо даст ба шикамаш ишора кард, яъне аз қатл»; Ҳамчунонки аҳодиси расида аз онон дар бораи ғайбати Паёмбарон низ ҳамин маъноро мерасонад; Монанди ҳадиси расида аз онон дар бораи ғайбати Идрис алайҳи салом ки дар он омадааст: «وَبَعَثَتِ امْرَأَةُ الْجَبَّارِ إِلَى إِدْرِيسَ أَرْبَعِينَ رَجُلًا مِنَ الْأَزَارِقَةِ لِيَقْتُلُوهُ فَأَتَوْهُ فِي مَجْلِسِهِ الَّذِي كَانَ يَجْتَمِعُ إِلَيْهِ فِيهِ أَصْحَابُهُ، فَلَمْ يَجِدُوهُ، فَانْصَرَفُوا وَقَدْ رَآهُمْ أَصْحَابُ إِدْرِيسَ فَحَسِبُوا أَنَّهُمْ أَتَوْا إِدْرِيسَ لِيَقْتُلُوهُ فَتَفَرَّقُوا فِي طَلَبِهِ، فَلَقَوْهُ، فَقَالُوا لَهُ: خُذْ حِذْرَكَ يَا إِدْرِيسُ! فَإِنَّ الْجَبَّارَ قَاتِلُكَ قَدْ بَعَثَ الْيَوْمَ أَرْبَعِينَ رَجُلًا مِنَ الْأَزَارِقَةِ لِيَقْتُلُوكَ فَاخْرُجْ مِنْ هَذِهِ الْقَرْيَةِ، فَتَنَحَّى إِدْرِيسُ عَنِ الْقَرْيَةِ مِنْ يَوْمِهِ ذَلِكَ وَمَعَهُ نَفَرٌ مِنْ أَصْحَابِهِ»[9]; «Ва зани ҳокими ҷаббор чиҳил мард аз Азориқаро ба сӯӣ Идрис фиристод то ӯро ба қатл бирасонанд, пас онон ба маҷлисе ки асҳоби Идрис дар он назди ӯ ҷамъ мешуданд омаданд, вале ӯро наёфтанд пас аз онҷо берун омаданд ва бархӣ аз асҳоби Идрис ононро диданд ва донистанд ки ба дунболи Идрис омадаанд то ӯро ба қатл бирасонанд, пас дар ҷустуҷӯи ӯ мутафарриқ шуданд ва ӯро ёфтанд, пас ба ӯ гуфтанд: Муроқиби худат бош эй Идрис! Чароки ҳокими ҷаббор мехоҳад туро ба қатл бирасонад, имрӯз чиҳил мард аз Азориқаро фиристодааст то туро бикушанд, пас аз ин шаҳр берун бирав, пас Идрис аз он рӯз аз шаҳр канора гирифт, дар ҳоле ки чанд нафар аз ёронаш ба ҳамроҳи ӯ буданд» Ва монанди ҳадиси расида аз онон дар бораи ғайбати Иброҳим алайҳи салом ки дар он омадааст: «فَلَمَّا وَضَعَتْ أُمُّ إِبْرَاهِيمَ (بِهِ) أَرَادَ أَبُوهُ أَنْ يَذْهَبَ بِهِ إِلَى نُمْرُودَ، فَقَالَتْ لَهُ امْرَأَتُهُ: لَا تَذْهَبْ بِابْنِكَ إِلَى نُمْرُودَ فَيَقْتُلُهُ، دَعْنِي أَذْهَبُ بِهِ إِلَى بَعْضِ الْغِيرَانِ أَجْعَلُهُ فِيهِ حَتَّى يَأْتِيَ عَلَيْهِ أَجَلُهُ وَلَا يَكُونَ أَنْتَ تَقْتُلَ ابْنَكَ، فَقَالَ لَهَا: فَاذْهَبِي بِهِ، فَذَهَبَتْ بِهِ إِلَی غَارٍ، ثُمَّ أَرْضَعَتْهُ، ثُمَّ جَعَلَتْ عَلَى بَابِ الْغَارِ صَخْرَةً، ثُمَّ انْصَرَفَتْ عَنْهُ، فَجَعَلَ اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ رِزْقَهُ فِي إِبْهَامِهِ فَجَعَلَ يَمُصُّهَا فَيَشْرَبُ لَبَنًا»[10]; «Пас ҳангоме ки модари Иброҳим ӯро ба дунё овард, падараш хост ки ӯро ба назди Намруд бибарад, пас занаш ба ӯ гуфт: Писаратро ба назди Намруд набар; Чароки ӯро мекушад, бигзор ман ӯро ба яке аз ғорҳо бибарам ва дар он бигзорам то вақте ки аҷалаш бирасад ва ту худат писаратро накушта бошӣ, пас ба ӯ гуфт: Ӯро бибар, пас ӯро ба ғоре бурд ва шир дод ва сипас сахрае бар даҳонаи ғор гузошт ва баргашт, пас Худованди аззаваҷал рӯзии ӯро дар шасташ қарор дод, пас ӯ шасташро мемакид ва шир менӯшид». Аммо ҳадиси расида аз онон дар бораи ғайбати Солеҳ алайҳи салом танҳо аз вуқуъи он хабар дода ва ба иллати он ишорае накардааст[11] ва аз ин рӯ, наметавон онро мунофӣ бо китоби Худованд донист; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба сухани онон ки фармудаанд: «مَا أَتَاكُمْ عَنَّا مِنْ حَدِيثٍ لَا يُصَدِّقُهُ كِتَابُ اللَّهِ فَهُوَ بَاطِلٌ»[12]; «Ҳар ҳадисе аз мо ба шумо расид ки китоби Худованд онро тасдиқ намекунад, он ботил аст» Ва фармудааст: «كُلُّ حَدِيثٍ لَا يُوَافِقُ كِتَابَ اللَّهِ فَهُوَ زُخْرُفٌ»[13]; «Ҳар ҳадисе ки бо китоби Худованд мувофиқат надорад, музахраф аст»; Ҳамчунонки ҷовидонигии Хизр алйҳи салом собит нест то дар бораи иллати ғайбати ӯ дар тӯли қурун ва осори гузашта гуфтугӯ шавад; Чунонки Худованд ба сароҳат фармудааст: ﴿وَمَا جَعَلْنَا لِبَشَرٍ مِنْ قَبْلِكَ الْخُلْدَ﴾[14]; «Ва барои ҳеҷ инсоне пеш аз ту ҷовидонигӣ қарор надодем».

Аз инҷо дониста мешавад ки китоби Худованд ва итрати Паёмбараш ҳар ду, ғайбати халифаи Худовандро натиҷаи тарси ӯ аз кушта шудан донистаанд ки натиҷаи истилоъи золимон ва адами ҳимояти кофии мардум будааст ва бо ин васф, андохтани бори масъулияти он бар гардани Худованд бо ин иддаъо ки Ӯ онро хоста ва сабаб шудааст, ифтироъ бар Ӯ маҳсуб мешавад ва ифтироъ бар Ӯ гуноҳӣ бисёр бузург аст; Чунонки фармудааст: ﴿انْظُرْ كَيْفَ يَفْتَرُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ ۖ وَكَفَى بِهِ إِثْمًا مُبِينًا﴾[15]; «Бингар ки чигуна бар Худованд ифтиро мезананд ва он ба унвони гуноҳӣ ошкор кофӣ аст» Ва фармудааст: ﴿ذَلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ﴾[16]; «Он ба сабаби чизе аст ки дастони худатон пеш фиристодааст ва Худованд ситам кунандае ба бандагон нест». Ҳамоно шайтон ин гуноҳи бисёр бузургро дар назари мардум зинат додааст то ононро аз заминасозӣ барои зуҳури халифаи Худованд боз дорад ва инки талоши аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мутамаркиз бар он аст ки ононро аз ин ҷаҳл ва ғафлат берун оварад, бошад ки ба заминасозӣ барои халифаи Худованд иқдом кунанд.

↑[1] . Юсуф/ 58
↑[2] . Юсуф/ 89 ва 90
↑[3] . Қасас/ 20 ва 21
↑[4] . Шуъаро/ 21
↑[5] . Оли Имрон/ 55
↑[6] . Нисоъ/ 157 ва 158
↑[7] . Тавба/ 40
↑[8] . Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1, с338 ва 340; Ибни Бобувей, Камолуддин, с342 ва 481; Нӯъмонӣ, Ал-Ғайба, ч170 ва 172; Тувсӣ, Ал-Ғайба, 332 ва 333
↑[9] . Ибни Бобувей, Камолуддин, с129
↑[10] . Кулайнӣ,Ал-Кофӣ, ҷ8, с367; Ибни Бобувей, Камолуддин, с138
↑[11] . Бингаред ба: Ибни Бобувей, Камолуддин, с136.
↑[12] . Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ1, с221
↑[13] . Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ1, с221; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ1, с69
↑[14] . Анбиёъ/ 34
↑[15] . Нисоъ/ 50
↑[16] . Оли Имрон/ 182
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.