Панҷшанбе 13 август 2020 мелодӣ баробар бо 23 зулҳиҷҷа 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(20) Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мӯътақид аст ки замин дар ҳеч замоне аз <<Халифаи Худованд>> холи нест ва далилаш барои ин эътиқод аз як сӯ зарурати ақлӣ вуҷуди халифаи Худованд дар заминро барои таълими кулли Ислом ва иқомаи он ба сурати холис ва комил ва аз сӯӣ дигар сухани Худованд аст ки ба рӯшанӣ фармудааст: <<Бегумон Ман дар замин халифаеро уарор диҳандааст>>. (Бахши: Пурсишҳо ва посухҳо)
loading
Нақд ва барраси
 

Ин бузургвор мӯътақид аст ки мардум дар зоҳир набудани Маҳдӣ муқассиранд ва ман ҳам инро қабул дорам, вале суъолам ин аст ки ҳоло дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, ба ҳар ҳол мардум чигуна метавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд?!

Дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, мардум наметавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд ҷуз дар ҳадди заруриёт ва ин асари вазъӣ ва зоҳир набудани ӯст ки аз тақсири онон нашъат гирифта ва уқубате барои онон аз ҷониби Худованд ба сабаби ин тақсир аст; Чунонки фармудааст: ﴿ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ[1]; <<Он ба сабаби чизе аст ки дастҳотон пеш фиристода ва Худованд ба бандагон ситамкор нест>>. Ин дар ҳоле аст ки занн ба аҳкоми Ислом барои онон кифоят намекунад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[2]; <<Бегумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад>> Ва ин ба маънои бечорагии онон дар ғайбати Маҳдӣ аст ки бовараш барои онон сахт аст, вале вокеъият дорад ва ҳазрати Мансур аз он хабар медиҳад. Дар воқеъ эшон кӯшиш дорад ба мусалмонон бифаҳмонад ки вақте касе зарфи оби худро дар биёбонӣ хушк гум кардааст, наметавонад ташнагии худро бо чизи дигаре монанди рег ё хори биёбон бартараф намояд ва ҳалокати ӯ дар ин ҳолат, асари вазъӣ ва табиъӣ тақсири ӯ дар ҳифзи зарфи об аст, магар онки кӯшиш кунад ва зарфи оби худро бозёбад. Ҳол агар ӯ мепурсад ки то замони бозёфтани зарфи об, чигуна метавонад ташнагии худро бартараф намояд, посухе барои пурсиши ӯ вуҷуд надорад; Чароки мусалламан наметавонад аз реги тафтидаи биёбон ё хори газандаи он истифода намояд; Бо таваҷҷуҳ ба инки он барои ӯ кифоят намекунад ва ҷойгузине барои зарфи обаш нест. Ин ба он маъност ки Худованд чорае аз халифаи худ дар замин қарор надода ва ниёзи ба ӯро сарнавишти маҳтум ва абадии мардум сохта ва бо ин васф, муҷодилаи онон ба манзури ёфтани ҷойгузине барои ӯ бефоида аст. Ба иборати дигар, зоҳир набудани Маҳдӣ, мусибатӣ узмо ва зойеъаи ҷубронопазир аст ва талошҳои мардум барои пур кардани ҷои холии ӯ, пуч ва беҳуда аст. Дар чунин вазъияти ҳувлнок ва асафаборе, барои мардум беҳтар аст ки ба ҷои талаф кардани вақт ва неруи худ бо ин қабил муҷодилот ва талошҳои беҳосил, ҳар чи зудтар нидои Мансурро лаббайк гӯянд ва заминаи зуҳури Маҳдиро фароҳам созанд; Чароки ин оқилонатарин кор барои бечорагон ва саргаштагони биёбон аст, вале афсӯз ки бештари онон аҳли таъаққул нестанд.

↑[1] . Оли Имрон/182
↑[2] . Юнус/36
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading