Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Ҳар ҷо лозим ба куштани касе буда ҳукмаш дар Қуръон омада; Чаро куштани як тан баробар бо куштани тамоми башарият аст. Чаро раҷм дар Қуръон наёмада? Оё раҷм бояд ба қасди кушт бошад ё фақат танбеҳ? Агар мустанади он ҳадис аст, чигуна ояи Қуръонро насх мекунад?

Зан ва марде ки муртакиби зино шудаанд, маҳкум ба сад зарба тозиёна дар ҳузури гурӯҳе аз мӯъминон ҳастанд; Чароки Худованди баландмартаба дар китоби худ фармудааст: ﴿الزَّانِيَةُ وَالزَّانِي فَاجْلِدُوا كُلَّ وَاحِدٍ مِنْهُمَا مِائَةَ جَلْدَةٍ ۖ وَلَا تَأْخُذْكُمْ بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ ۖ وَلْيَشْهَدْ عَذَابَهُمَا طَائِفَةٌ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ[1]; «Зани зинокор ва марди зинокор, ҳар якро сад тозиёна бизанед ва шуморо нисбат ба он ду дар дини Худованд раъфате нагирад агар ба Худованд ва рӯзи қиёмат бовар доред ва бояд гурӯҳе аз мӯъминон азоби он дуро шоҳид бошанд» Ва дар ин бора фарқе миёни зан ва марди мӯҳсан ки ба ҳамсаре барои худ дастрасӣ доштаанд ва зану марди ғайри мӯҳсан ки ба ҳамсаре барои худ дастрасӣ надоштаанд нест; Чароки ҳар ду мисдоқи ﴿الزَّانِيَةُ وَالزَّانِي ҳастанд ва машмули ҳукми омми Худованд дар Қуръон мешаванд ва тахсиси ин ҳукми омми Қуръонӣ ба зан ва марди ғайри мӯҳсан бо истинод ба ривояти раҷми зан ва мари мӯҳсан –ҳар чанд мутавотир ҳастанд– мумкин нест; Чароки бино бар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[2], суннат наметавонад Қуръонро насх ё тахсис бизанад ё таъмим диҳад, балки метавонад онро таъйин кунад; Ба ин маъно ки фуруъ ва масодиқи онро ошкор созад ва бо ин васф, зан ва марди зинокор –хоҳ ба ҳамсаре барои худ дастрасӣ дошта бошанд ва хоҳ ба ҳамсаре барои худ дастрасӣ надошта бошанд– маҳкум ба сад тозиёна дар ҳузури гурӯҳе аз мӯъминон ҳастанд.

Оре, зан ва марде ки ба ҳамсаре барои худ дастрасӣ доштаанд ва бо ин ҳол, ба амали шаниъи зино рӯй овардаанд, илова бар ﴿الزَّانِيَةُ وَالزَّانِي, мисдоқи «Муҳориб ва муфсиди филарз» низ ҳастанд; Чароки зинокории он ду ношӣ аз вуҷуди ниёзи ҷинсӣ ва адами таъмини он ба андозаи кофӣ набуда, бал ношӣ аз шарорат ва табаҳкории он ду буда ки ба суст шудани низоми хонавода ва коҳиши ҳисси эътимод ва вафодорӣ миёни мусалмонон анҷомида ва ҳазинаҳои фарҳангии сангинеро ба ҷомеъаи Исломӣ таҳмил карда ва аз ин ҷиҳат, мисдоқи боризи «Муҳориб бо Худованд ва Паёмбараш» ва «Ифсоди дар замин» аст ки яке аз муҷозотҳои он ду дар Қуръон марг муқаррар шуда ва рӯшан аст ки марг метавонад аз тариқи раҷм таҳаққуқ пайдо кунад.

Аз инҷо дониста мешавад ривоёти мутавотире ки дар бораи раҷми ин гурӯҳ аз зинокорон расидааст, бо Қуръон таъорузе надорад; Чароки ояи сад тозиёнаро тахсис намезанад, балки яке аз мисдоқи ояи муҳориба ва ифсоди дар заминро таъйин мекунад; Ҳамчунонки дониста мешавад иҷрои раҷм, монеъ аз иҷрои сад тозиёна нест; Чароки сабаби он ду мутафовит аст ва таноқузе миёни он ду вуҷуд надорад; Ба ин маъно ки сад тозиёна уқубати зино ва раҷм уқубати муҳориба ва ифсоди дар замин аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ الْهاشِميَّ الْخُراسانِيَّ یَقُولُ: الْخَبِیثُ الْمُحْصَنُ مُحارِبٌ لِلّهِ وَ رَسُولِهِ وَ لَوْ رُفِعَ إِلَى إِمامٍ عادِلٍ لَأَقامَ عَلَیْهِ الْحَدَّ ثُمَّ قَتَلَهُ! قُلْتُ: کَیْفَ یَقْتُلُهُ؟ قالَ: جَرَتْ سُنَّةُ الْأَنْبِیاءِ بِالرَّجْمِ وَ لَوْ شاءَ الْإِمامُ لَضَرَبَ عُنُقَهُ»; «Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Хабиси мӯҳсана (яъне зинокоре ки ба ҳамсаре барои худ дастрасӣ дошта) муҳорибе бо Худованд ва Паёмбари Ӯст ва агар ба имомӣ одил ирҷо шавад ҳадди (тозиёна) ро бар ӯ ҷорӣ мекунад ва сипас ӯро мекушад! Гуфтам: Чигуна ӯро мекушад? Фармуд: суннати Паёмбарон ба раҷм ҷорӣ шудааст, вале агар имом бихоҳад гардани ӯро мезанад»!

Бо ин васф, иддаъои онки муҷозоти раҷм дар Қуръон нест, сиҳҳат надорад; Зеро раҷм мисдоқе аз як ҳукми куллӣ аст ки дар Қуръон вуҷуд дорад ва он ҳамоно куштани ситезаҷӯён ва табаҳкорон дар замин бо шиддат аст ки аз он бо унвони «Тақтил» ёд шудааст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«قُلْتُ لِلْمَنْصُورِ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ لَیْسَ الرَّجْمُ فِي کِتابِ اللّهِ! قالَ: کَذَبُوا! أَما یَقْرَأُونَ قَوْلَهُ تَعَالَى: ﴿إِنَّمَا جَزَاءُ الَّذِينَ يُحَارِبُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَسْعَوْنَ فِي الْأَرْضِ فَسَادًا أَنْ يُقَتَّلُوا؟! قُلْتُ: بَلَى، قالَ: إِنَّ رَجْمَهُمْ مِنَ التَّقْتِیلِ وَ تَحْرِیقَهُمْ بِالنَّارِ مِنَ التَّقْتِیلِ وَ هَدْمَ الْجِدارِ عَلَیْهِمْ مِنَ التَّقْتِیلِ وَ قَذْفَهُمْ مِنَ الْجَبَلِ مِنَ التَّقْتِیلِ وَ قَدْ بَعَثَ رَسُولُ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ فِي آثارِهِمْ فَأَخَذَهُمْ وَ قَطَعَ أَیْدِیَهُمْ وَ أَرْجُلَهُمْ مِنْ خِلافٍ وَ سَمَلَ أَعْیُنَهُمْ ثُمَّ تَرَکَهُمْ فِي الْحَرَّةِ یَقْضِمُونَ الْحَجَرَ حَتّی یَهْلِکُوا»; «Ба ҳазрати Мансур гуфтам: Онҳо мегӯянд ки раҷм дар китоби Худованд нест! Фармуд: Дурӯғ мегӯянд! Оё сухани Худованди баландмартабаро намехонанд ки фармудааст: «Ҷазои касоне ки бо Худованд ва Паёмбараш ситеза меҷӯянд ва дар замин ба фасод мекӯшанд ҷуз ин нест ки ба сахтӣ кушта шаванд»[3]?! Гуфтам: Оре, фармуд: Ҳароина раҷм кардани онон, куштани (онон) ба сахтӣ аст ва сӯзондани онон бо оташ, куштани (онон) ба сахтӣ аст ва вайрон кардани девор бар рӯйи онон, куштани (онон) ба сахтӣ аст ва парт кардани онон аз кӯҳ, куштани (онон) ба сахтӣ аст ва ҳароина Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар пайи онон фиристод, пас ононро гирифт ва дастҳо ва поҳошонро аз хилофи якдигар бурид ва чашмҳошонро даровард, сипас ононро дар офтоб раҳо кард ки сангҳоро биҷаванд то инки ҳалок шаванд»!

Бидуни шак ин ташдиди муҷозот барои зан ва марде ки бо вуҷуди дастрасӣ ба ҳамсар, муртакиби зино шудаанд, одилона аст; Зеро тасовии муҷозоти он ду бо муҷозоти зан ва марде ки бидуни дастрасӣ ба ҳамсар, муртакиби зино шудаанд, одилона нест ва бо ин васф, бар Худованд воҷиб аст ки муҷозоти зан ва марди дорои ҳамсарро ташдид кунад, дар ҳоле ки ояи тозиёна фоқиди чунин ташдиде аст ва аз инҷо дониста мешавад ки бояд дар ояи дигар ба дунболи чунин ташдиде буд ва он ҳамоно ояи муҳориба ва ифсоди дар замин аст ки бо умум ва итлоқи худ ин гурӯҳ аз зинокоронро шомил мешавад.

Албатта бино бар мабнои аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[4], иҷрои муҷозотҳои Исломи танҳо дар салоҳияти халифаи Худованд дар замин ва машрут ба иҷрои соири аҳкоми умумии Ислом аст ки омили пешгирӣ аз ҷароъим шумурда мешавад ва ин қоъида дар мавриди иҷрои муҷозотҳои муҳориба ва ифсоди дар замин хусусан раҷм, мисдоқи бештаре дорад ва ба ҳамин далил, ривоёти фаровоне расидааст ки бо таъбири «أَوَّلُ مَنْ یَرْجُمُهُ الْإِمامُ»; «Нахусин касе ки ӯро раҷм мекунад имом аст», бар зарурати ҳузури «Имом» ва оғози иҷрои раҷм ба дасти ӯ таъкид мекунад ва рӯшан аст ки мурод аз «Имом» дар ҳамаи ин маворид, халифаи Худованд дар замин аст, на ҳокими золиме ки худ мустаҳаққи анвоъи муҷозотҳо аст.

Ҳосил онки ҳаргоҳ зан ва марде бо вуҷуди дастрасии кофӣ ба ҳамсар дар замони ҳокимияти халифаи Худованд дар замин, муртакиби зино шаванд, маҳкум ба сад зарба тозиёна ва эъдом ҳастанд ва эъдоми он ду бино бар суннати Паёмбарон, аз тариқи раҷм анҷом мешавад, агар инки халифаи Худованд дар замин, равиши дигареро барои эъдоми он ду маслиҳат бибинад ё ҳатто баста ба вазъияти он ду, муҷозоти дигаре монанди ба дор овехтан, ё қатъ кардани даст ва по аз хилофи ҳам, ё табъидро тарҷиҳ диҳад, ё ҳатто дар сурати тавбаи он ду пеш аз қиёми баййина, он дуро авф фармояд; Чунонки Худованди баландмартаба фармудааст: ﴿إِنَّمَا جَزَاءُ الَّذِينَ يُحَارِبُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَيَسْعَوْنَ فِي الْأَرْضِ فَسَادًا أَنْ يُقَتَّلُوا أَوْ يُصَلَّبُوا أَوْ تُقَطَّعَ أَيْدِيهِمْ وَأَرْجُلُهُمْ مِنْ خِلَافٍ أَوْ يُنْفَوْا مِنَ الْأَرْضِ ۚ ذَلِكَ لَهُمْ خِزْيٌ فِي الدُّنْيَا ۖ وَلَهُمْ فِي الْآخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ ۝ إِلَّا الَّذِينَ تَابُوا مِنْ قَبْلِ أَنْ تَقْدِرُوا عَلَيْهِمْ ۖ فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ[5]; «Ҷазои касоне ки бо Худованд ва Паёмбараш ситеза меҷӯянд ва дар замин ба фасод мекӯшанд ҷуз ин нест ки ба сахтӣ кушта шаванд ё ба дор овехта шаванд ё дастҳо ва поҳошон аз хилофи якдигар бурида шавад ё аз замин табъид шаванд, ин барои онон нанге дар зиндагии дунёст ва барои онон дар охират азобӣ азиме аст; Магар касоне ки тавба кунанд пеш аз онки ба онон даст ёбед, пас бидонед ки Худованд омрӯзандаи меҳрубон аст».

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Нур/ 2
↑[2] . с237 то 242
↑[3] . Моъида/ 33
↑[4] . с 125
↑[5] . Моъида/ 33 ва 34
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.