Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Чаро ҳазрати Алӣ қотилони Усмонро муҳокима накард?

Қотилони Усмон тафсилан барои Алӣ шинохта шуда набуданд то ононро муҷозот кунад ва иҷмолан низ бештари муҳоҷирон ва ансор аз асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам муттаҳам ба мушорикати мустақим ё ғайри мустақим дар қатли ӯ буданд; То ҷойе ки аз Абу Саъиди Худрӣ нақл шудааст ки ҳаштсад нафар аз ононро дар қатли ӯ ҳозир медонист[1] Ва аз Ҳошим ибни Утба ибни Абӣ Ваққос нақл шудааст ки дар муъаррифии қотилони ӯ мегӯяд: «إِنَّما قَتَلَهُ أَصْحابُ مُحَمَّدٍ وَ أَبْناءُ أَصْحابِهِ وَ قُرّاءُ النَّاسِ حِينَ أَحْدَثَ الْأَحْداثَ وَ خالَفَ حُكْمَ الْكِتابَ»[2]; «Ҷуз ин нест ки асҳоби Муҳаммад ва фарзандони асҳобаш ва қориёни мардум ӯро куштанд, ҳангоме ки бидъатҳо барсохта ва бо ҳукми Қуръон ба мухолифат пардохт». Ба илова садҳо нафар аз мусалмонони хашмгин ки ба даъвати бархӣ саҳоба ва тобеъин аз шаҳрҳои мухталиф хусусан Куфа ва Миср ба Мадина омада буданд, дар қатли ӯ мушорикат доштанд[3] Ва рӯшан аст ки муҳокимаи ҳамаи ин шумори касир барои Алӣ мақдур набуд ва муҷиби фитна мешуд, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: ﴿لَا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا[4]; «Худованд касеро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад» Ва фармудааст: ﴿وَالْفِتْنَةُ أَشَدُّ مِنَ الْقَتْلِ[5]; «Ва фитна бадтар аз қатл аст».

Барои дарки душвории ин кор барои Алӣ кофӣ аст бидонед ки Оиша ҳамсари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва модари мӯъминон, яке аз муттаҳамонӣ аслии мушорикат дар қатли Усмон буд ки дар Макка мардумро бар зидди ӯ таҳрик мекард ва сариҳан ба қатли ӯ фатво медод ва мегуфт: «أُقْتُلُوا نَعْثَلاً فَقَدْ کَفَرَ»; «Наъсалро бикушед; Чароки кофир шудааст»[6] Ва муттаҳами дигар Талҳа буд ки душмантарин саҳобӣ бо Усмон маҳсуб мешуд, то ҷойе ки пас аз муҳосира обро ба рӯйи ӯ баст[7]. Ба ҳамин далил, Марвон ибни Ҳакам муншии Усмон, ӯро дар ҷанги Ҷамал бо тире кушт ва муддаъӣ шуд ки интиқоми Усмонро гирифтааст[8]. Бо ин васф, метавон гуфт ки Алӣ дар ҷанги Ҷамал, амалан бо қотилони Усмон ҷангид ва бисёрӣ аз ононро ба сазои аъмолашон расонид, ҳар чанд бисёрӣ низ аз дасти ӯ гурехтанд ва дар шаҳрҳо пароканда гардиданд.

Аз инҷо дониста мешавад ки Алӣ дар иқомаи ҳудуи Худованд ҳеҷ тақсире накард ва агар ҳаддеро иқома надошт, ба сабаби нотавонӣ аз иқомаи он дар асари фиқдони ёрони кофӣ, бими фитна ва мумоеъати золимон буд ва ин ҳақиқате аст ки дар бораи он ихтилофе вуҷуд надорад.

↑[1] . Ибни Шейба, Торихул Мадина, ҷ4, с1175
↑[2] . Ибни Музоҳим, Воқеъату Сиффийн, с354; Табарӣ, Торихул умами вал мулук, ҷ4, с30
↑[3] . Нигоҳ кунед ба: Ибни Қутайба, Ал-имомату вал сиёса, ҷ1, с40.
↑[4] . Бақара/ 286
↑[5] . Бақара/ 191
↑[6] . Нигоҳ кунед ба: Ибни Осим, Ал-футуҳ, ҷ2, с437; Табари, Торихул умами вал мулук, ҷ3, с477; Ибни Маскавия, Таҷорибул умам, ҷ1, с469; Ибни Асир, Ал-комил фил торих, ҷ3, с206; Ибни Қутайба, Ал-имомату вал сиёса, ҷ1, с51.
↑[7] . Ибни Қутайба, Ал-маъориф, с228; Ибни Шейба, Торихул Мадина, ҷ4, с1169
↑[8] . Ҳокими Нешобурӣ, Ал-мустадрак, ҷ3, с370; Ибни Абдулбир, Ал-истиъоб, ҷ2, с766; Ибни Асир, Усд ал-ғоба фи маърифат ас-саҳоба, ҷ3, с60; Торихи Яъқубӣ, ҷ2, с182; Сафдӣ, Ал-вофӣ билвафаёт, ҷ16, с272
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.