Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Пурсиш ва посух
 

Яке аз шубаҳоте ки душманон ба манзури тахриби Ислом ворид мекунанд дар мавриди издивоҷҳои мутаъаддиди ҳазарти Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст. Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди далил ва ҳикмати ин издивоҷҳо чист? Чаро мӯъминон ҳамзамон метавонанд ҳаддиаксар чаҳор ҳамсари дойимӣ дошта бошанд, вале Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи бештар аз чаҳор ҳамсари доим доштанд?

Душманони Ислом ҳамеша баҳонае барои таблиғ бар зидди Ислом меёбанд, вале ҳаргиз наметавонанд айбӣ воқеъӣ дар он биёбанд ва айби воқеъӣ ақида ё амале аст ки бо ақли салим мунофот дорад, на ақида ё амале ки бо урф ё салиқаи кунунии душманони Ислом мунофот дорад; Зкро бадеҳи аст ки урф ё салиқаи кунунии душманони Ислом, меъёри шинохт нест, бал ақли салим аст ки меъёри шинохт аст ва ақли салим ҳақиқати ақойид ва аъмолро бидуни таваҷҷуҳ ба эътибороти урфӣ ва салиқаи дар назар мегирад. Бо ин васф, рӯшан аст ки издивоҷи ақлонӣ қабеҳ нест то таъаддуди он қабеҳ шумурда шавад, балки ошкоро ҳусн аст ва таъаддуди ҳусн, камол шумурда мешавад, на айб; Чароки ба таъмини ниёз ва ҳусули оромиш ва бақоъи навъи инсон ба суратӣ қоъидаманд меанҷомад ва ин маслиҳатӣ ошкор барои ӯст ва мафсадае барои ӯ шумурда намешавад, магар дар назари масеҳиёне ки занро сафири шайтон мепиндоранд ва пайванд бо ӯро ба дурӣ аз Худованд таъбир мекунанд ва назарашон бар хилофи ақли салим аст. Ин ба маънои он аст ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба сабаби таъаддуди издивоҷ, ҷурмеро муртакиб нашудааст то бар ӯ айб гирифта шавад ва ниёзе ба зикри «Далил ва ҳикмат» дошта бошад, бал амалеро анҷом дода ки ақлан ҷойиз аст ва хубу судманд шумурда мешавад ва аз ин рӯ, дар миёни Паёмбарони гузашта низ ба фаровонӣ собиқа доштааст; Чунонки ба унвони намуна, Довуд алайҳи салом наваду нӯҳ ҳамсар ихтиёр кард ва барои Сулаймон алайҳи салом низ ҳамсарони бисёре буд, то ҳадде ки ашъори ошиқонаӣ бархӣ аз онон дар бораи ӯ ба китоби муқаддаси яҳудиён ва масеҳиён бо унвони «Ғазали ғазалҳои Сулаймон» низ роҳ ёфта ва ин дар ҳоле аст ки бештари душманони Ислом ва айб гирандагон бар Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба сабаби таъаддуди ҳамсарон, яҳудӣ ва масеҳӣ ҳастанд ва чунин амалеро аз Паёмбарони худ мешиносанд ва ононро ба сабаби он ба занборгӣ муттаҳам намекунанд.

Аммо маҳдуд будани никоҳи соири мусалмонон ба чаҳор зан, як ҳукми ақлӣ нест то тахсиси он дар бораи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мумкин набошад, бал як ҳукми шаръӣ аст ки бо лиҳози маслиҳати навъӣ мусалмонон эътибор шуда ва Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам худаш онро иблоғ фармудааст ва бо ин васф, тахсиси он аз тариқи шаръ дар бораи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ишколе надорад ва метавонад бо лиҳози ин воқеъ шуда бошад ки он ҳазрат аз як сӯ доройи имтиёзи исмат буда ва табъан ба беадолатӣ дар ҳаққи ҳамсарони бештари худ дучор намеомада ва аз сӯӣ дигар дар ҷойгоҳи сиёсии хоссе қарор дошта ва эҳёнан ба издивоҷҳойе бо аҳдофӣ сиёсӣ монанди ҷазби бархӣ қабоил ва ташкими бархӣ равобит ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷанг ниёзмандтар будааст; Ҳамчунонки шавоҳиди бисёре ҳокӣ аз вуҷуди ангезаҳое барои он ҳазрат дар бархӣ аз издивоҷҳояш дар даст аст ва ин қатъи назар аз хулқи азим ва зуҳди маълуми он ҳазрат дар зиндагии дунё аст ки аз ҳар гумони баде дар бораи ӯ боз медорад.

Ҳосил онки баҳонаи душманони Ислом барои таблиғ бар зидди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, баҳонаи воҳӣ ва ҷоҳилона аст ки танҳо барои фиреби бархӣ авоми эҳсосотӣ ва кӯтаҳфикр фароҳам омадааст ва вазни алмӣ надорад.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Таълиқот
Пурсишҳо ва посухҳои фаръӣ
Пурсиши
фаръии 1
Нависанда: Муҳаққиқ
Тарих: 25/6/2016

Дар посухи боло омада ки ин ҳукми 4 зан ақлӣ нест, балки як ҳукми шаръӣ аст ки эътибор шудааст. Ҳол магар ақл ва шаръ ҷудо ҳастанд?

Ин маҳдуд кардани 4 зан барои мусалмонони он замон буда? Яъне дар замонҳои дигар қобили тағйир аст?

Посух ба пурсиши
фаръии 1
Тарих: 29/6/2016

Возеҳ аст ки ақл бо шаръ таъорузе надорад, вале ин ба он маъно нест ки ақл ҳамаи аҳкоми шаръиро мустақилан дарк мекунад; Зеро агар ҳамаи аҳкоми шаръиро мустақилан дарк мекард дигар ниёзе ба шаръ надошт ва фиристодани Паёмбарон беҳуда буд. Бегумон ақл танҳо аҳкомеро мустақилан дарк мекунад ки ҷанбаи таквинӣ ва ҳақиқӣ доранд, монанди ниёзи ҳодис ба муҳдис ва адами имкони тасалсул ва хуб будани адолат ва бад будани зулм, дар ҳоле ки бисёрӣ аз аҳкоми шаръ ҷанбаи таквинӣ ва ҳақиқӣ надоранд, балки сирфан ташриъӣ ва эътиборӣ ҳастанд, монанди ду ракат будани намози субҳ ва се ракат будани намози мағриб ва чаҳор ракат будани намози зуҳр ва аср ва ишо ва воҷиб будани рӯза дар моҳи рамазон ва воҷиб будани закот бо нисоби махсус ва воҷиб будани ҳаҷ бо тартиби махсус ки чизе ҷуз эътибороти шаръи нестанд ва қаҳран ҷуз бо руҷӯъ ба ӯ шинохта намешавад ва руҷӯъ ба ӯ танҳо бо руҷӯъ ба китоби Ӯ ва халифааш дар замин имкон дорад ва ин чизе аст ки ақл онро мустақилан дарк мекунад. Бо ин васф, маҳдуд будани издивоҷ ба чаҳор зан низ яке аз эътибороти шаръи аст ки ақл онро ба сурати мустақил дарк намекунад, балки бо кӯмаки шаръ дарк мекунад; Ба ин маъно ки аз як сӯ ҳуҷҷияти шаръ ва аз сӯӣ дигар ҳукми он дар бораи маҳдуд будани издивоҷ ба чаҳор занро дарк мекунад ва натиҷа мегирад ки издивоҷ бо беш аз чаҳор зан бад аст. Ҳол агар ҳукми шаръ дар бораи маҳдуд будани издивоҷ ба чаҳор зан шомили Паёмбар набошад, ақл натиҷа мегирад ки издивоҷи он ҳазрат бо беш аз чаҳор зан бад нест; Чароки барои бад будани издивоҷ бо беш аз чаҳор зан далиле ҷуз ҳукми шаръи вуҷуд надорад ва ҳукми шаръ дар бораи Паёмбар тахсис хӯрдааст ва бо ин васф, далиле барои бад будани издивоҷи он ҳазрат бо беш аз чаҳор зан вуҷуд надорад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿مَا كَانَ عَلَى النَّبِيِّ مِنْ حَرَجٍ فِيمَا فَرَضَ اللَّهُ لَهُ ۖ سُنَّةَ اللَّهِ فِي الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلُ ۚ وَكَانَ أَمْرُ اللَّهِ قَدَرًا مَقْدُورًا[1]; «Бар Паёмбар маҳзуре дар бораи чизе ки Худованд барои ӯ ташриъ кардааст вуҷуд надорад, ин суннати Худованд дар касоне аст ки аз пеш гузаштанд ва амри Худованд ба андозаи ҳисоб шудааст»!

Аммо ҳукми шаръи дар бораи маҳдуд будани издивоҷ ба чаҳор зан, ом аст ва махсуси ба садри Ислом нест; Чунонки фармудааст: ﴿فَانْكِحُوا مَا طَابَ لَكُمْ مِنَ النِّسَاءِ مَثْنَى وَثُلَاثَ وَرُبَاعَ[2]; «Бо ҳар чи аз занҳо ки хуш доред издивоҷ кунед ду ва се ва чаҳорто» ва бо ин васф, имкони тағйири он вуҷуд надорад.

↑[1] . Аҳзоб/ 38
↑[2] . Нисоъ/ 3
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани пурсиш
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед пурсишҳои худро дар бораи осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш посух дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи пурсиш дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст ба пурсиши шумо дар пойгоҳ посух дода шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани пурсиши худ, пурсишҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Аз сабт ва ирсоли пурсишҳои ҷадид пеш аз дарёфти посухи пурсиши қаблӣ, худдорӣ кунед.
3 . Аз сабт ва ирсоли беш аз як пурсиш дар ҳар навбат, худдорӣ кунед.
4 . Авлавияти мо, посухгӯйи ба пурсишҳои марбут бо имом Маҳдӣ алайҳи салом ва заминасозӣ барои зуҳури ӯст; Чароки дар ҳоли ҳозир, аз ҳар чизе муҳимтар аст.