Чоршанбе 25 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 9 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(2) Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, наҳзати ҷаҳониро бо шиъори <<Бозгашт ба Ислом>> ва намоди парчамҳои сиёҳи раҳбарӣ мекунад ки ҳадафи он, заминасозӣ барои таҳаққуқи ҳукумати ҷаҳонии Худованд, аз тариқи таъсиси ҳукумати ҷаҳонии имом Маҳдӣ алайҳи салом ба унвони халифаи Худованд дар замин аст. (Ошноӣ бо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ)
loading
Нақд ва барраси
 

Ҳазрати алломаи Хуросонӣ дар с26 китоби <<Бозгашт ба Ислом>> қалбро ба ҳамон маънои ақл тафсир кардаанд. Суъол ин аст ки фарқи вожаҳои Қуръонӣ қалб, ақл, фуъод ва луб дар чист? Чаро қалбро баробари ақл тафсир кардаанд?

Фуъод, қалб ва луб дар китоби Худованд, ҳар се ба маънои ақл ҳастанд; Чароки ақл ба маънои қувваи мудрика аст ва дар ниҳоди касе ду қувваи мудрика қарор дода нашудааст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿مَا جَعَلَ اللَّهُ لِرَجُلٍ مِنْ قَلْبَيْنِ فِي جَوْفِهِ ۚ[1] Ва рӯшан аст ки таъаддуди унвони мусталзим таъаддуди маънун нест. Оре, мумкин аст фуъод, қалб ва луб, номҳое барои маротиби ақл бо лиҳози мизони саломати он бошанд; Ба ин тартиб ки фуъод ҳадди ақалли он, қалб ҳадди васати он ва луб ҳадди аксари он бошад; Чароки Худованд фуъодро ба ҳамаи одамиён аъам аз некон ва бадон нисбат дода ва фармудааст: ﴿وَهُوَ الَّذِي أَنْشَأَ لَكُمُ السَّمْعَ وَالْأَبْصَارَ وَالْأَفْئِدَةَ ۚ قَلِيلًا مَا تَشْكُرُونَ[2]; <<Ва Ӯ касе аст ки барои шумо самъ ва басир ва фуъод қарор дод, андаке аз шумо шукр мегузоред>> Ва фармудааст: ﴿وَلِتَصْغَىٰ إِلَيْهِ أَفْئِدَةُ الَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ[3]; <<Ва то фуъоди касоне ки ба охират имон надоранд ба он гаройиш ёбад>> Ва қалбро ба ҳамаи одамиён аъам аз некон ва бадон нисбат дода, вале истеъмолӣ онро аз бадон нафй карда ва фармудааст: ﴿لَهُمْ قُلُوبٌ لَا يَفْقَهُونَ بِهَا[4]; <<Барои онон қалбҳое аст ки бо он тафаққуҳ мекунанд>> Ва фармудааст: ﴿أَفَلَمْ يَسِيرُوا فِي الْأَرْضِ فَتَكُونَ لَهُمْ قُلُوبٌ يَعْقِلُونَ بِهَا[5]; <<Оё пас дар замин гардиш накарданд то барояшон қалбҳое бошад ки бо он таъаққул кунанд?>> Ва фармудааст: ﴿أَفَلَا يَتَدَبَّرُونَ الْقُرْآنَ أَمْ عَلَىٰ قُلُوبٍ أَقْفَالُهَا[6]; <<Оё пас дар Қуръон тадаббур намекунанд ё бар қалбҳое қулфҳошон ниҳода шуда?!>> Ва лубро ба ҳамаи одамиён нисбат надода, балки танҳо барои некон шумурда ва фармудааст: ﴿وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّا أُولُو الْأَلْبَابِ[7]; <<Ва ҷуз дорандагони луб панд намегиранд>> Ва фармудааси: ﴿الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ ۚ أُولَٰئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ ۖ وَأُولَٰئِكَ هُمْ أُولُو الْأَلْبَابِ[8]; <<Касоне ки ҳар суханеро мешунаванд ва аз беҳтаринаш пайраӣ мекунанд, онон касоне ҳастанд ки Худованд ҳидояташон кардааст ва онон ҳамоно дорандагони луб ҳастанд>>! Бо ин васф, фуъод ақле аст ки ҳамаи одамиён аз он бархурдоранд ва баҳра мебаранд ва қалб ақле аст ки ҳамаи одамиён аз он бархурдоранд, вале баҳра намебаранд ва луб ақле аст ки ҳамаи одамиён аз он бархудор нестанд, балки танҳо пиромуни ҳақ аз он бархурдоранд ва он дар китоби Худованд <<Қалби салим>> номида шуда; Чунонки фармудааст: ﴿إِلَّا مَنْ أَتَى اللَّهَ بِقَلْبٍ سَلِيمٍ[9]; <<Магар касе ки бо қалби салим ба назди Худованд ояд>>.

↑[1] . Аҳзоб/ 4
↑[2] . Мӯъминун/ 78
↑[3] . Анъом/ 113
↑[4] . Аъроф/ 179
↑[5] . Ҳаҷ/ 46
↑[6] . Муҳаммад/ 24
↑[7] . Бақара/ 269
↑[8] . Зумар/ 18
↑[9] . Шуъароъ/ 89
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқот
Нақдҳо ва баррасиҳои фаръӣ
Нақди
фаръии 1
Нависанда: Масъуди Тоҳирӣ
Тарих: 13/11/2015

Дар иртибот бо посухи шумо дар бораи номҳои ақл дар Қуръон, суъоле барои банда эҷод шуд ки сипосгузор мешавам агар мисли ҳамеша бо баёни рӯшан ва мустадалли худ, тавзиҳ бифармойед: Манзур аз фуъод ё ҳамон ақле ки ҳамаи одамиён аз он бархурдоранд ва баҳра мебаранд, кадом ақл аст? Агар ҳамаи одамиён аз ин ақл бархурдоранд, пас иллати гумроҳии бисёрӣ аз онҳо чист? Вонгаҳе қалб ё ҳамон ақле ки ҳама аз он бархурдоранд, вале танҳо некон аз он баҳра мебаранд кадом аст? Агар бадон аз ин ақл истифода намекунанд, пас чигуна аз он бархурдоранд?!

Посух ба нақди
фаръии 1
Тарих: 13/11/2015

Манзур аз ақле ки ҳамаи одамиён аз он бархудоранд ва баҳра мебаранд, ақле аст ки бо он аз девонагон тамоюз меёбанд ва маъйишати худро тадбир мекунанд; Чароки ҳамаи онон қатъи назар аз некӣ ва бадияшон, аз чунин ақле бархурдоранд ва баҳра мебаранд ва агар ин гуна набуд, низоми ҷаҳон мухтал мешуд ва ҳарҷу марҷ заминро фаро мегирифт ва манзур аз ақле ки ҳамагон аз он бархурдоранд, вале танҳо некон аз он баҳра мебаранд, қувва ва истеъдоди шинохти ҳақ аст ки ҳамагон онро доранд, вале танҳо некон онро ба феълият мерасонанд ва ҳамин мабнои таклифи одамиён ва ҳусни подоши некон ва иқоби дигарон аст ва манзур аз ақле ки танҳо некон аз он бархурдоранд, ақле аст ки аз мавонеъи шинохти ҳақ раҳойи ёфта ва амалан ба шинохти он расидааст ва аз инҷо дониста мешавад ки фуъод, қалб ва луб, се ном барои як ақл ҳастанд ки ба се эътибор ва аз се ҷиҳат бар он итлоқ шудаанд.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading