Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Зимни ташаккур аз посухҳои дақиқи ҳазарот ба суъолоти матраҳ шуда ва ёдоварии ин нукта ки муроҷиъини ба соёт, посухҳоро бо диққат ва резбинӣ баррасӣ мекунанд ва хурдтарин хато ё саҳлангорӣ дар посухҳо аз назари эшон дур намемонад ва ин раванд то расидан ба натиҷа ва тасмимгирӣ идома хоҳад дошт; Чун дар ин бурҳаи ҳассос, гирифтани тасмими аҷулона ҳазинаҳои зиёде дар пай хоҳад дошт. Баъзе аз мо дар гузашта ҳазинаҳои моддӣ ва маънавии зиёде пардохт кардаем ки боъиси ақабмондагӣ ва сархурдагии мо дар ҷомеъа шудааст. Аз тарафе дилбастагӣ ба имом Маҳдӣ ва аз тарафе заъфи моддӣ ва маънавӣ, моро дар як кашмакаши тӯлонӣ муддат қарор додааст ки гӯё поёне надорад! Аз тарафе таҳаммули фишорҳои дарунӣ ва берунии ҷисми ва руҳи моро хаста ва фарсуда кардааст. Ҳар чанд шайтон комилан бар мо мусаллат нашуда ва мо ҳанӯз комилан таслим нашудаем, вале хеле заъиф ва фарсуда шудаем ва эҳсоси хатар мекунем.

Ҳол аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дархост мекунем ки аввалан барои мо дуъо кунад ва ҳам дуъоӣ корсоз ба мо ёд бидиҳад то ба василаи он заъфҳои моддӣ ва маънавии худро бартараф кунем ва қуввате ба даст оварем то ба василаи он битавонем аз аҳдофи мутаъолии имом Маҳдӣ пуштибонӣ кунем ва Худовандро хушнуд кунем.

Магар соҳибдиле рӯзе зираҳмат

Кунад дар ҳаққи мискинон дуъое

Бародари мӯъмин!

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар пайи ҳар намозе ва хусусан дар қунути намози витр ва саҷдаи охари он, барои мӯъминон дуъо мефармояд ва тавфиқи ононро аз даргоҳи Худованди меҳрубон масъалат мекунад; Ҳамчунонки дуъоҳои покизае монанди дуъои муҷарраби «Мунибин»[1] ва дуъое барои ҳар бомдод ва шомгоҳ[2] ро ба онон таълим фармуда ва ин гуна ба иртиботи онон бо манбаъи ҳидоят ёрӣ расанда, вале рӯшан аст ки фоъилияти Худованд мутаносиб бо қобилияти бандагон аст ва дуъо барои сангҳо фойидаи чандоне надорад! Дар замоне аст ки мӯъминоне монанди шумо, даъвати ин инсони бузугр ба сӯӣ «الحقّ المبین» ро шунидаанд ва мутобиқати комил ва эъҷобовари он бо ақл ва шаръро ба назора нишастаанд, вале ба хиёли худ дар ёрии он «Эҳтиёт» мекунанд, дар ҳоле ки таъаллулашон дар ёрии он «Эҳтиёт» нест, бал мисдоқи боризи «Беэҳтиётӣ» аст ки шайтон дар назарашон «Эҳтиёт» ҷилва додааст то ба ин васила ононро аз амал ба таколиф боз дорад ва ба суфуфи «Қоъидин» ва «Холифин» мулҳақ кунад; Ҳамонон ки аз ҳамроҳӣ бо ҳақ дар оғоз сар боз мезаданд ва Худованд ононро то абад аз ҳамроҳӣ бо он маҳрум мекунад; Чунонки фармудааст: ﴿فَإِنْ رَجَعَكَ اللَّهُ إِلَى طَائِفَةٍ مِنْهُمْ فَاسْتَأْذَنُوكَ لِلْخُرُوجِ فَقُلْ لَنْ تَخْرُجُوا مَعِيَ أَبَدًا وَلَنْ تُقَاتِلُوا مَعِيَ عَدُوًّا ۖ إِنَّكُمْ رَضِيتُمْ بِالْقُعُودِ أَوَّلَ مَرَّةٍ فَاقْعُدُوا مَعَ الْخَالِفِينَ[3]; «Пас агар Худованд туро ба сӯӣ гурӯҳе аз онон бозгардонад, пас аз ту барои хуруҷ изн хостанд ба онон бигӯ: Ҳаргиз ба ҳамрои ман хуруҷ накунед ва ҳаргиз ба ҳамрои ман бо душмане наҷангед; Чароки шумо дар бори нахуст нишастан ба нишастан розӣ шудед, пас дигар биншинед бо ҷомондагон»! Ин сазои касоне аст ки Исломро дар раӯзи ғурбати он –рӯзе ки ба онон ниёз дорад– ёрӣ намекунанд ва дар интизори рӯзи пирӯзии он –рӯзе ки ба онон ниёзе надорад– менишинанд, то барои ҷамъ кардани ғанимат ва барои саҳмхоҳӣ биёянд; Ё дар ҷойе берун аз Мадина, ба интизори поёни ҷанг менишинанд, то агар пирӯзӣ барои ҳақ буд бигӯянд ки мо ҳамвора аз аҳли он будем ва агар пирӯзӣ барои ботил буд бигӯянд ки мо ҳамвора аз онон ҳазр доштем ва ҳеҷ гоҳ ба онон напайвастем; Чунонки Худованд дар бораяшон фармудааст: ﴿الَّذِينَ يَتَرَبَّصُونَ بِكُمْ فَإِنْ كَانَ لَكُمْ فَتْحٌ مِنَ اللَّهِ قَالُوا أَلَمْ نَكُنْ مَعَكُمْ وَإِنْ كَانَ لِلْكَافِرِينَ نَصِيبٌ قَالُوا أَلَمْ نَسْتَحْوِذْ عَلَيْكُمْ وَنَمْنَعْكُمْ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ[4]; «Касоне ки барои шумо интизор мебаранд, пас агар барои шумо пирӯзӣ аз ҷоноби Худованд буд мегӯянд: Оё мо бо шумо набудем?! Ва агар барои кофирон насибе буд мегӯянд: Оё мо шуморо дар миён нагирифтем ва аз мӯъминон пос надоштем?!». Инонанд ки дар рӯзи қиёмат ба аҳли ҳақ истиғоса мекунанд ва мегӯянд ки ба мо назаре бифармойед то аз нуратон баҳрае бигирем, вале ба онон посух дода мешавад: «Ба пушти саратон боз гардед ва нуре барои худ биёбед»! Пас миёнашон деворе кашида мешавад ки дарвозае дорад ва дар он сӯяш раҳмат аст ва дар ин сӯяш азоб! Пас онон аз ин сӯйи он фарёд мезананд, ба гунае ки Худованд аз он хабар дода ва фармудааст: ﴿يُنَادُونَهُمْ أَلَمْ نَكُنْ مَعَكُمْ ۖ قَالُوا بَلَى وَلَكِنَّكُمْ فَتَنْتُمْ أَنْفُسَكُمْ وَتَرَبَّصْتُمْ وَارْتَبْتُمْ وَغَرَّتْكُمُ الْأَمَانِيُّ حَتَّى جَاءَ أَمْرُ اللَّهِ وَغَرَّكُمْ بِاللَّهِ الْغَرُورُ[5]; «Ононро овоз медиҳанд: Оё мо бо шумо набудем?! Посух медиҳанд ки оре, вале шумо худро фиреб додед ва таъаллул кардед ва шак намудед ва орзуҳо фиребатон дод то он гоҳ ки кори Худованд фаро расид ва шуморо фиребанда дар бораи Худованд фирефт»! Пас оқибати ин «Худфиребӣ», «Таъаллул», «Шак» ва «Пайравӣ аз орзуҳо», оташе аст ки маволии кофирон ва маволии мунофиқон аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿فَالْيَوْمَ لَا يُؤْخَذُ مِنْكُمْ فِدْيَةٌ وَلَا مِنَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ مَأْوَاكُمُ النَّارُ ۖ هِيَ مَوْلَاكُمْ ۖ وَبِئْسَ الْمَصِيرُ[6]; «Пас имрӯз на аз шумо ва на аз касоне ки кофир шуданд фидяе гирифта намешавад, ҷойгоҳатон оташ аст ки маволии шумост ва бад ҷойгоҳе аст»!

Бар ин асос, мо аз ҳамаи мӯъминон дар сартосари ҷаҳон мехоҳем ки агар даъвати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ба сӯӣ Исломи комил ва холис ва заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи саломро нодуруст мепиндоранд, далили нодурустии онро ба мо бигӯянд ва агар онро дуруст мепиндоранд, аз Худованд битарсанд ва дар иҷобат ва ёрии он кӯтоҳӣ накунанд; Чароки азоби Худованд шадид аст –бисёр шадидтар аз шиканҷаи ҳар ҳукумате– ва ононро ёрои он нахоҳад буд, дар рӯзе ки ононро бозхост хоҳанд кард ва ҳеҷ баҳонаеро аз онон нахоҳад пазируфт.

Чи шево, жарф ва мутаносиб аст ҳикмате ки яке аз ёронамон моро аз он хабар дод, гуфт:

«قالَ لِيَ الْمَنْصُورُ: أَلا یَأتِینا أَخُوكَ فُلانٌ فَیُعِینُنا عَلَى عِبادَةِ اللّهِ؟ قُلْتُ: إِنِّي دَعَوْتُهُ -جُعِلْتُ فِداكَ- فَزَعَمَ أَنَّهُ یَخافُ! قالَ: لا وَاللّهِ لا یَخافُ وَ لَوْ کانَ یَخافُ لَأَتانِي وَلَوْ حَبْواً عَلَی الثِّلْج! فَدَخَلَ عَلَیْهِ جُبَیْرُ بْنُ عَطاءٍ الْخُجَنْدِيُّ، فَقالَ: هَذَا یَخافُ -وَ کانَ لَهُ أَرْبَعَةُ أَولادٍ صِغارٍ فَتَرَکَهُمْ مُهاجِراً إِلَی اللّهِ- ثُمَّ قالَ: مَنْ یَعْذِرُنِي مِنْ قَوْمٍ لا یَأتُونَ الْحَقَّ مَخافَةَ الْباطِلِ وَ لا یَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ مَخافَةَ النّارِ؟! أُولَئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ»; «Ҳазрати Мансур ба ман фармуд: Оё бародарат фалонӣ ба назди мо намеояд ки моро дар бандагии Худованд кӯмак кунад? Гуфтам: Ман ӯро даъват кардам –фидоят шавам– вале пиндошт ки метарсад! Фармуд: На ба Худо савганд наметарсад ва агар метарсид ба назди ман меомад агарчи синахез бар рӯӣ барф! Дар ин ҳангом Ҷубайр ибни Атоъи Хуҷандӣ бар он ҳазрат ворид шуд, пас он ҳазрат фармуд: Ин метарсад –ва барои ӯ чаҳор фарзанди хурдсол буд ки онҳоро барои ҳиҷрат ба сӯӣ Худованд во гузошт– сипас фармуд: Чи касе манро маъзур медорад дар бораи касоне ки аз тарси ботил ба ҳақ намепайвандад ва аз тарси дӯзах ба биҳишт намераванд?! Онон ба ростӣ ки зиёнкоронанд»!

↑[3] . Тавба/ 83
↑[4] . Нисоъ/ 141
↑[5] . Ҳадид/ 14
↑[6] . Ҳадид/ 15
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.