Шанбе 5 декабр 2020 мелодӣ баробар бо 19 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(18) Ҳар имоме ки ба амри Худованд раҳбарӣ намекунад, ба сӯӣ оташ даъват мекунад ва қабули ҳокимияти ӯ, парастиши тоғут аст. (Нақд ва баррасии 26)
loading
Нақд ва барраси
 

Лутфан дар сурати салоҳдид, ҳадиси зерро дар сойт дарҷ намойед:

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фармуд: <<Ҳангоме ки парчамҳои сиёҳ аз Хуросон ба роҳ афтод ба сӯяш бишитобед агарчи бо синахез рафтан бар рӯйи барфҳо; Чароки соҳибони он парчамҳо аҳл ҳақ ҳастанд. Ҳақро мутолиба мекунанд, вале ба онҳо дода намешавад, бори дигар мутолиба мекунанд, вале ба онҳо дода намешавад, пас набард мекунанд ва пирӯз мешаванд ва ончи мехостад ба онҳо дода мешавад, вале дигар намепазиранд. Гӯйи бо чашми худ мебинам ки шамшерҳои худро ҳамойил кардаанд ва пеш метозанд то парчамҳоро ба Маҳдӣ алайҳи салом таслим кунанд. Огоҳ бошед ки онҳо ёрони Маҳдӣ ҳастанд ва заминаи ҳукумати ӯро фароҳам месозанд. Дилҳошон чун пораҳои оҳан аст>>.

Ин мазмуни ҳадиси мутавотире аст ки дар миёни аҳли ҳадис ба <<Ҳадисул Роёт>> машҳур аст ва қадимитарин, машҳуртарин ва саҳиҳтарин ривояти расида аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, саҳоба ва аҳли байт дар боби алоъими зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом маҳсуб мешавад, то ҷойе ки илҳомбахши қиёмҳойе дар торихи Ислом монанди қиёми Абдурраҳмон ибни Ашъас бар зидди Абдулмалик ибни Марвон[1] ва қиёми Ҳорис ибни Сурайҷ бар зидди Наср ибни Сиёр[2] ва қиёми Абу Муслими Хуросонӣ бар зидди Умавиён[3] буда ва аз дербоз дар кутуби ҳамаи мазоҳиби Исломӣ -аъам аз шиъа ва суннӣ- инъикос ёфтааст; Чунонки ба унвони намуна, аз миёни аҳли суннат касоне чун Ибни Абӣ Шейба (д.235қ) дар Ал-Мусаннаф[4], Аҳмад ибни Ҳанбал (д.241қ) дар Ал-Муснад[5], Ибни Моҷа (д.273қ) дар Сунан[6], Абу Доввуд (д.275қ) дар Сунан[7], Ибни Ҳаммод (д.288қ) дар Китобул Фитна[8], Аҳмад ибни Амр Баззоз (д.292қ) дар Ал-Муснад[9], Абу Саъиди Шошӣ (д.335қ) дар Ал-Муснад[10], Табаронӣ (д.360қ) дар Ал-Мӯъҷамул Авсат[11], ва Ал-Мӯъҷамул Кабир[12], ибни Адӣ (д.365қ) дар Ал-Комил[13], Ҳокими Нешобурӣ (д.405қ) дар Ал-Мустадраку Алассаҳиҳайн[14], Байҳақӣ (д.458қ) дар Далоъилул Набувва[15], Хатиби Бағдодӣ (д.463қ) дар Ал-Реҳлату Фи Талабил Ҳадис[16], Ибни Касир (д.774қ) дар Ал-Бидоя Вал Ниҳоя[17], Ҳайсамӣ (д.807қ) дар Маҷмаъул Завоъид[18], ва аз миёни шиъа, касоне чун Муҳаммад ибни Сулаймони Куфӣ (д.300қ) дар Маноқибу Амирал Мӯъминин[19], Қозӣ Нӯъмони Мағрибӣ (д.363қ) дар Шарҳул Ахбор[20], Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ Имомия (қарни 4) дар Далоъилул Имомия[21], Муҳаммад ибни Иброҳими Нӯъмонӣ (д.380қ) дар Ал-Ғайба[22], Саййид ибни Товвус (д.664қ) дар Ал-Малоҳим Вал-Фитан[23], ва ибни Абӣ Ҳотами Омулӣ (д.664қ) дар Ал-Дуррул Назим[24], онро бо асноди мутаъаддид аз Раусули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардааст. Ба унвони намуна, бисёри аз онон ривоят кардаанд ки вақте чашмони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ҷавононе аз бани Ҳошим афтод, ранги муборакаш парид ва гирён шуд ва вақте асҳобаш иллати андӯҳи ӯро пурсиданд фармуд:

«إِنَّا أَهْلُ بَيْتٍ اخْتَارَ لَنَا اللَّهُ الآخِرَةَ عَلَى الدُّنْيَا وَإِنَّ أَهْلَ بَيْتِي سَيَلْقَوْنَ بَعْدِي بَلَاءً وَتَشْرِيدًا وَتَطْرِيدًا، حَتَّى يَأْتِيَ قَوْمٌ مِنْ قِبَلِ الْمَشْرِقِ -أَوْ قَالَ: مِنْ قِبَلِ خُرَاسَانَ- مَعَهُمْ رَايَاتٌ سُودٌ يَسْأَلُونَ الْحَقَّ فَلَا يُعْطَوْنَهُ، ثُمَّ يَسْأَلُونَهُ فَلَا يُعْطَوْنَهُ، ثُمَّ يَسْأَلُونَهُ فَلَا يُعْطَوْنَهُ، فَيُقَاتِلُونَ فَيُنْصَرُونَ، فَيُعْطَوْنَ مَا سَأَلُوا، فَمَنْ أَدْرَكَهُمْ مِنْكُمْ أَوْ مِنْ أَعْقَابِكُمْ، فَلْيَأْتِهِمْ وَلْيُبَايِعْهُمْ وَلَوْ حَبْوًا عَلَى الثَّلْجِ، فَإِنَّهَا رَايَاتُ هُدًى، يَدْفَعُونَهَا إِلَى رَجُلٍ مِنْ أَهْلِ بَيْتِي، يَمْلَأُ الْأَرْضَ قِسْطًا وَعَدْلًا كَمَا مُلِئَتْ جَوْرًا وَظُلْمًا»; <<Ҳароина мо аҳли бате ҳастем ки Худованд охиратро бароямон ба дунё тарҷеҳ додааст ва ҳароина аҳли байти ман пас аз ман бало ва рондагӣ ва оворагӣ хоҳанд дид, то онгоҳ ки гурӯҳе аз ҷониби Машриқ -ё фармуд: Аз ҷониби Хуросон- биёянд ки бо онон парчамҳои сиёҳе аст, пас ҳақро металабанд, вале ба онон дода намешавад, пас бори дигар онро металабанд, вале ба онон дода намешавад, пас бори дигар онро металабанд, вале ба онон дода намешавад, пас меҷанганд ва ба пирӯзӣ мерасанд ва он гоҳ чизе ки металабиданд ба онон дода мешавад, пас ҳар кас аз шумо ё аз ояндагони шумо ки ононро ёфт, бояд ба сӯяшон бишитобад ва бо онон байъат кунад, агарчи чаҳор дасту по бар рӯйи барф; Чароки парчамҳои онон парчамҳои ҳидоят ҳастанд, онҳоро ба марде аз аҳли байти ман месупоранд ки заминро аз адолат пур мекунад ҳамон тавр ки аз зулм ва ситам пур шудааст>>.

Ин насси сариҳ ва муҳимме аст ки аз ҳайси санадӣ эътибори фаровоне дорад; Чароки ровиёни он аз риҷоли машҳур ва некуном дар миёни мусалмонон будаанд; Монанди Муъовия ибни Ҳишоми Қассор Абул Ҳасани Куфӣ даргузаштаи 204 ё 205 қамарӣ ки аз риҷоли сиҳоҳи ситта ғайр аз Бухорӣ аст ва Алӣ ибни Солеҳ Абу Муҳаммади Ҳамадонии Куфӣ даргузаштаи 151 ё 154 қамарӣ ки аз риҷоли сиҳоҳ аст ва гурӯҳе ӯро сиқа шумурдаанд ва гурӯҳӣ дигар ҳадисашро саҳиҳ донистаанд ва Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ Абу Абдуллоҳи Куфӣ даргузаштаи 136 ё137 қамарӣ ки Муҳаммад ибни Фазил ӯро <<аз пешвоёни бузури шиъа>> ва Бухорӣ ва Муслим ӯро садуқ ва Яъқуб ибни Суфиён ӯро одил ва сиқа шумурдаанд ва Иброҳим ибни Язиди Нахаъии Куфӣ даргузаштаи 96 қамарӣ ки васоқаташ мавриди иттифоқ аст ва фақиҳӣ бузур аз риҷоли сиҳоҳи ситта шумурда мешавад ва Алқама ибни Қайси Нахаъӣ даргузаштаи 62 қамарӣ ки тобеӣ ва аз риҷоли сиҳоҳи ситта аст, бал шакке нест ки ин ҳадис мутавотир маҳсуб мешавад; Чароки ровиёни он танҳо аз Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ дар манобеъи мухталиф ба 8 нафар мерасад ва онон Алӣ ибни Солеҳ, Саббоҳ ибни Яҳёи Мазнӣ, Муҳаммад ибни Фазил, Абдуллоҳ ибни Идрис, Ҷарир ибни Абдулҳамид, Холид ибни Абдуллоҳ, Фатри ибни Халифа ва Мандал ибни Алӣ ҳастанд, дар ҳоле ки Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ дар ривояти он аз Иброҳими Нахаъӣ танҳо нест, бал касони дигар чун Ҳаким ибни Утайба ва Аммора ибни Қаъқоъ ки аз бузургон ва сиқоти муслимин ҳастанд низ онро аз Иброҳими Нахаъӣ ривоят кардаанд, дар ҳоле ки Иброҳими Нахаъӣ дар ривояти он танҳо нест, балки касони дигаре чун Зайд ибни Рафиъ ва Ҳасани Басрӣ ва Ҷобир ибни Язид низ онро ривоят кардаанд ва ровиёни онҳо монанди Шарик, Алоъ ибни Утайба, Ҳамзаи Нусибӣ ва Ҷазарӣ низ аз ровиёни он дар ин табақа маҳсуб мешаванд ки дар маҷмӯъ ба 7 нафар мерасанд; Ҳамчунонки илова бар Алқама, касоне чун Асвад ибни Язид, Убайдатул Салмонӣ ва Абу Убайда Омир ибни Абдуллоҳ ибни Масъуд онро аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ва касоне чун Тамим ибни Ҳазлам, Абдулвоҳид ва Зайд ибни Ҳасан онро аз Абдуллоҳ ибни Аббос ва касоне чун Абу Асмоъи Раҳбӣ онро бо қадрӣ тафовут аз Савбон ходими Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардаанд ва онҳо низ ба 8 нафар болиғ мешаванд ки онро аз касоне чун Абдуллоҳ ибни Масъуд, Абдуллоҳ ибни Аббос ва Савбон ходими Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардаанд, дар ҳоле ки ин ҳадис бидуни тафовут дар алфозаш бо тариқи дигаре аз имомони аҳли байт монанди Алӣ ва Абу Ҷаъфари Боқир алайҳимо салом низ расидааст ва бо ин васф, тардиде нест ки <<Мутавотири лафзӣ>> маҳсуб мешавад ва он болотарин ҳадди тавотур аст; Фориғ аз инки мазмунаш ба сурати куллӣ тавассути касоне монанди Аммор ибни Ёсир, Аббос ибни Абдулмуталиб, Абдуллоҳ ибни Амр, Амр ибни Марраҳи Ҷуҳнӣ, Абдуллоҳ ибни Ҳирс ибни Ҷузъи Зубайдӣ ва Абу Ҳурайра аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва тавассути касоне монанди Абу Румон, Омир ибни Восила, Муҳаммад ибни Ҳанафия, Ҳориси Ҳамадонӣ, Асбағ ибни Набота ва Саҷҷаҳ ибни Абдуллоҳ аз Алӣ алайҳи салом ва тавассути касоне монанди Ҷобир ибни Язид, Довуди Даҷоҷӣ, Абубакри Ҳазрамӣ, Исроъил ибни Аббод ва Маъруф ибни Харрабуз аз Абу Ҷаъфари Боқир алайҳи салом ва тавассути касоне монанди Абу Басир, Фазил ибни Ясор, Абдулҳамид ибни Абӣ Эълоъ ва Аббод ибни Муҳаммади Мадоъинӣ аз Абу Абдуллоҳи Содиқ алайҳи салом ривоят шуда ва бо ин васф, <<Тавотури маънавии>> он возеҳ аст ва аз ин рӯ, метавон онро қатъӣ ва ҳатмӣ донист; Чароки инсофан ҳеч ривояти дигаре дар ин боб аз чунин қидмат, шӯҳрат ва тариқе бархурдор нест.

Ба мувҷиби ин ҳадиси яқиновар, пайвастан ба наҳзате ки аз шарқи Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ зоҳир мешавад ва ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умуман ва Маҳдӣ алайҳи салом хусусан даъват мекунад ва барои ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом заминасозӣ менамояд, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст ва ин наҳзате аст ки бисёрӣ аз аҳли илм ва инсоф онро наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ медонанд; Чароки наҳзати ин олими муслеҳ ва азимушон, аз шарқи Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ зоҳир шудааст ва ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умуман ва Маҳдӣ алайҳи салом хусусан даъват мекунад ва барои ҳокимияти Мадӣ алайҳи салом заминасозӣ менамояд ва пеш аз он ҳеч наҳзати дигаре бо ин хусусият дар ин минтақаи ҷуғрофиёйи зоҳир нашудааст ва пас аз он низ ҳар наҳзати дигаре ки -фарзан- бо ин хусусиёт дар ин минтақаи ҷуғрофиёйи зоҳир шавад, ногузир дунболарав ва идомадиҳандаи он хоҳад буд; Зеро дар воқеъ кореро анҷом хоҳанд дод ки пештар ба василаи он оғоз шуда ва оғози дуборааш таҳсили ҳосил аст ки маъно надорад ва бо ин васф, танҳо пайравӣ аз наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мумкин аст, дар ҳоле ки қатъан пайравӣ кунанда аз пайравӣ шаванда авло ба пайвастан нест то амри Худованд ба он маъқул бошад; Чароки муқаддам доштани тобеъ бар матбуъ қабеҳ аст ва аз Худованд содир намешавад; Чунонки фармудааст: ﴿أَفَمَنْ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ أَحَقُّ أَنْ يُتَّبَعَ أَمَّنْ لَا يَهِدِّي إِلَّا أَنْ يُهْدَى ۖ فَمَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ﴾[25]; <<Оё пас касе ки ба ҳақ роҳ меёбад сазовортар аст ки пайравӣ шавад ё касе ки худ роҳ намеёбад то он гоҳ ки роҳнамойи шавад?! Шуморо чи мешавад чигуна қазоват мекунед?!>>; Ҳамчунонки муқаддам доштани масбуқ бар собиқ қабоҳат дорад ва бар хилофи ҳукм ва адли Худованд аст; Чунонки фармудааст: ﴿ثُمَّ أَوْرَثْنَا الْكِتَابَ الَّذِينَ اصْطَفَيْنَا مِنْ عِبَادِنَا ۖ فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِنَفْسِهِ وَمِنْهُمْ مُقْتَصِدٌ وَمِنْهُمْ سَابِقٌ بِالْخَيْرَاتِ بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ ذَلِكَ هُوَ الْفَضْلُ الْكَبِيرُ﴾[26]; <<Сипас китобро ба касоне аз бандагонамон ки баргузидем мерос Додем, пас аз онон касе аст ки ба худ ситам мекунад ва аз онон касе аст ки миёнарав аст ва аз онон касе аст ки ба изни Худованд дар хайрот сибқат мегирад ва он ҳамоно фазилати бузург аст>> Ва фармудааст: ﴿أُولَئِكَ يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَهُمْ لَهَا سَابِقُونَ﴾[27]; <<Онон дар хайтор шитоб мекунанд ва онон дар он пешгомонанд>>. Аз ин рӯ, ба бовари ин даст аз аҳли илм ва инсоф, агар наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки дар ин минтақаи ҷуғрофиёйи барои даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозии зуҳури ӯ зоҳир шудааст, мисдоқи ин ҳадис набошад, ҳеч наҳзати дигаре пас аз он, мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд; Зеро ҳар наҳзате ки пас аз он дар ин минтақаи ҷуғрофиёйи зоҳир шавад, аз ду ҳол берун нахоҳад буд: Ё монанди наҳзати Мансур, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват ва барои зуҳури ӯ заминасозӣ хоҳад кард ки дар ин сурат монанди наҳзати Мансур мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд ва ё бар хилофи наҳзати Мансур, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват ва барои зуҳури ӯ заминасозӣ нахоҳад кард ки дар ин сурат ба тариқи авло мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд; Чароки ин ҳадис, даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозӣ барои зуҳури ӯро муҳимтарин нишона ва вежагии мисдоқи худ донистааст.

Аз инҷо дониста мешавад ки қавли ба таҳаққуқ ёфтани ин ҳадис дар наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, қавле аст дар ниояти қувват, балки қатъ ба он, чунонки барои бархӣ аз аҳлӣ илм ва инсоф ҳосил шуда, дар ғояти виҷоҳат аст ва ин фориғ аз авсоф ва аломоти дигар аст ки дар ин шахсияти мумтоз вуҷуд дорад ва бо аҳодиси ин боб мувофиқ аст. Оре, бо ин ҳама, ӯ худ тасриҳ ба он намекунад ва ин метавонад аз ҷиҳати вараъ бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аз иддаъо дар бораи худ кароҳат дорад, ё аз ҷиҳати тақя бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аз кофирон ва золимон бар ҷони худ бимнок аст, ё аз он ҷиҳат бошад ки ахзи ба қадри мутаяққинро дар бораи худ кофӣ медонад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ёрии ӯ ба эътибори даъваташ ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозиаш барои зуҳури он ҳазрат, кофӣ аст ва ғаразро ҳосил мекунад, вале тардите нест ки ҳар як аз ин се ҳолат бошад, ташхиси мавзӯъ бар ӯҳдаи мардум аст ва онон ин тавониро доранд ки бо назар ба замон ва макони зуҳури ӯ ва чанду чуни даъваташ ба сӯӣ Маҳдӣ ва илму фазли ошкораш ва сойири авсоф ва аломоташ, сидқ ё адами сидқи ин ҳадис бар ӯро ташхис диҳанд ва тавфиқ аз ҷониби Худованд аст ва Ӯ ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

↑[1] . Ал-Футуҳ ибни Аъсим, ҷ7, с85
↑[2] . Торихи Табарӣ, ҷ6, с3
↑[3] . Сиярул Аъломил Нубало Заҳабӣ, ҷ5, с379
↑[4] . Ҷ8, с697
↑[5] . Ҷ5, с277
↑[6] . Ҷ2, с1366
↑[7] . Ҷ2, с311
↑[8] . С188
↑[9] . Ҷ4, с310
↑[10] . Ҷ1, с347
↑[11] . Ҷ6, с29
↑[12] . Ҷ10, с88
↑[13] . Ҷ4, 228
↑[14] . Ҷ4, с464
↑[15] . Ҷ6, с516
↑[16] . С145
↑[17] . Ҷ6, с275
↑[18] . Ҷ7, с316
↑[19] . Ҷ2, с110
↑[20] . Ҷ3, с401
↑[21] . С442 ва 446
↑[22] . С281
↑[23] . С119
↑[24] . С798, 799 ва 800
↑[25] . Юнус/ 35
↑[26] . Фотир/ 32
↑[27] . Мӯъминун/ 61
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқот
Нақдҳо ва баррасиҳои фаръӣ
Нақди
фаръии 1
Нависанда: Алӣ
Тарих: 06/10/2020

Бархӣ ирод ворид мекунанд ки чизе ки дар ривоёт ба тавотур нақл шуда, сариҳан хуруҷи як гурӯҳи заминасоз аз Хуросон аст ва вуҷуди шахсе ба номи Хуросонӣ собит нест ва танҳо дар чанд ривояти воҳид омадааст. Назари шумо чист?

Посух ба нақди
фаръии 1
Тарих: 12/10/2020

Сухани инон, як <<Сафсата>> аст ва сустарин ва мазҳакатарин баҳонае аст ки аҳли иънод ва таъассуб гуфтаанд; Зеро возеҳ аст ки ривоёти мутавотири расида дар бораи зуҳур ва қиёми як гурӯҳ заминасозон аз Хуросон, аз ҷиҳоти мухталиф бар шахси Хуросонӣ далолат мекунанд:

Ҷиҳати якум

Ривояти мутавотири расида дар бораи зуҳур ва қиёми як гурӯҳи заминасозон аз Хуросон, ба <<Далолати ақлӣ>> бар шахси Хуросонӣ далолат мекунанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки табиъатан зуҳур ва қиёми як гурӯҳи заминасозон аз Хуросон, бидуни вуҷуди раҳбаре барои онон мумкин нест ва бо ин васф, амри ба байъат бо онон, амри ба байъат бо раҳбари онон маҳсуб мешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки байъат бо так таки онон мумкин нест ва маъно надорад.

Ҷиҳати дуввум

Ривоёти мутавотири расида дар бораи зуҳур ва қиёми як гурӯҳи заминасоз аз Хуросон, ба <<Дилолату Тизом>> бар шахси Хуросонӣ далолат мекунанд. Далолату тизом, далолати лафзи бар лозимаи маънойе аст ки барои он вазъ шудааст, монанди далолати сипоҳ бар фармодеҳи он; Бо таваҷҷуҳ ба инки фармондеҳ, лозимаи сипоҳ аст ва вуҷуди сипоҳ, бо вуҷуди фармондеҳе барои он мулозима дорад. Ба ҳамин далил аст ки гоҳе кори сипоҳро ба фармондеҳи он ва кори фармондеҳи онро ба он нисбат медиҳанд; Чунонки масалан мегӯянд: <<Паёмбар Маккаро фатҳ кард>>, дар ҳоле ки сипоҳи ӯ ба фармони ӯ ин корро кард, ё гуфта мешавад: <<Мусалмонон дар Ҳудайбия сулҳ карданд>>, дар ҳоле ки Паёмбар ба унвони фармондеҳи онон ин корро кард. Ин аз таъобири бисёр шойеъ дар Қуръон ва суннат аст; Монанди сухани Худованд ки фармудааст: ﴿وَاسْأَلِ الْقَرْيَةَ الَّتِي كُنَّا فِيهَا﴾[1]; <<Аз шаҳре ки дар он будем суъол кун>>, дар ҳоле ки Манзураш аз шаҳр аҳли шаҳр аст, ё сухани Ӯ ки фармудааст: ﴿وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ وَحَمَلْنَاهُمْ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ﴾[2]; <<Ва ҳароина банӣ Одамро гиромӣ Доштем ва ононро дар хушкӣ ва дарё Бардоштем>> дар ҳоле ки Манзураш аз дарё, киштӣ ки бар рӯйи дарё шиновар аст; Ҳамчунонки дар бисёрӣ аз оёт, Худро бо замири ҷамъ ёд карда, дар ҳоле ки яке аст; Чунонки фармудааст: ﴿إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ﴾[3]; <<Мо худ Қуръонро нозил кардем ва Мо Худ посдои он ҳастем>> ва фармудааст: ﴿وَإِنَّا لَنَحْنُ نُحْيِي وَنُمِيتُ وَنَحْنُ الْوَارِثُونَ﴾[4]; <<Ва Мо ҳастем ки зинда мекунем ва мемиронем ва Мо ҳастем ки ворис хоҳем шуд>> ва фармудааст: ﴿نَحْنُ خَلَقْنَاكُمْ فَلَوْلَا تُصَدِّقُونَ﴾[5]; <<Мо шуморо халқ кардем, пас чаро тасдиқ намекунед?!>> ва фармудааст: ﴿نَحْنُ نَرْزُقُكُمْ وَإِيَّاهُمْ ۖ﴾[6]; <<Мо шумо ва ононро рӯзӣ медиҳем>>. Ба ҳамин далил, наметавон иддаъо кард ки ин оёт, аз онҷо ки бо сиғаи ҷамъ омадаанд, дар бораи Худованд нестанд ва бар Ӯ далолате надоранд!

Ҷиҳати севвум

Ривоёти мутавотири расида дар бораи зуҳур ва қиёми як гурӯҳи заминасоз аз Хуросон, <<Дилолату Тазаммун>> бар шахси Хуросонӣ далолат мекунанд. Дилолату тазаммун, далолати лафзи бар ҷузъе аз маънойе аст ки барои он вазъ шудааст; Монанди далолати гурӯҳи ҳақ бар раҳбари он; Бо таваҷҷуҳ ба инки раҳбари он ҷузъе аз он аст. Ин низ аз таъобири бисёр шойеъ дар Қуръон ва суннат аст; Зеро оёт ва ривоёти фаровоне вуҷуд доранд ки кори як танро ба ҳамаи гурӯҳи ӯ нисбат додаанд; Монанди сухани Худованд ки фармудааст: ﴿إِنَّ الْإِنْسَانَ لَظَلُومٌ كَفَّارٌ﴾[7]; <<Ҳароина инсон ситамгарӣ носипос аст>>, дар ҳоле ки Манзураш бархӣ аз инсонҳо ҳастанд ва фармудааст: ﴿وَقَالَتِ الْيَهُودُ عُزَيْرٌ ابْنُ اللَّهِ﴾[8]; <<Яҳудиён гуфтанд ки Узайр писари Худост>>, дар ҳоле ки Манзураш бархӣ аз яҳудиёни замони Паёмбар ҳастанд ва фармудааст: ﴿قُلْ فَلِمَ تَقْتُلُونَ أَنْبِيَاءَ اللَّهِ مِنْ قَبْلُ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴾[9]; <<Бигӯ пас барои чи пештар Паёмбарони Худоро куштаед агар мӯъмин будед?!>> дар ҳоле ки Манзураш бархӣ аз яҳудиёни гузашта ҳастанд. Дар ривоёт низ омадааст: «كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ إِذَا بَلَغَهُ عَنِ الرَّجُلِ الشَّيْءُ لَمْ يَقُلْ: مَا بَالُ فُلَانٍ يَقُولُ، وَلَكِنْ يَقُولُ: مَا بَالُ أَقْوَامٍ يَقُولُونَ كَذَا وَكَذَا»[10]; <<Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ҳаргоҳ чизе аз касе мешунид, намефармуд: Фалониро чи мешавад ки мегӯяд, балки мефармуд: Гуреҳеро чи мешавад ки чунин ва чунон мегӯянд>>; Яъне ба ҷойи сиғаи муфрад аз сиғаи ҷамъ истифода мекард; Бо таваҷҷуҳ ба инки вақте ҳукми як ҷамъ мушаххас шуд, ҳукми афроди он низ мушаххас мешавад; Чунонки гуфтааснд: <<Чун ки сад ҳам омад навад ҳам пеши мост>> ва бо ин васф, вақте вуҷуби иҷобат ва ёрии гурӯҳе ки барои заминасозӣ дар Хуросон зуҳур ва қиём мекунад мушаххас шуд, вуҷуби иҷобат ва ёрии раҳбари он низ мушаххас мешавад; Чароки раҳбари он низ ҷузъе аз он аст ва ин возеҳтар аз он аст ки ниёз ба тавзиҳ додшта бошад!

Ҷиҳати чаҳорум

Ривоёти мутавотири расида дар бораи зуҳур ва қиёми гурӯҳи заминасоз аз Хуросон, <<Ба тариқи авло>> бар шахси Хуросонӣ далолат мекунанд; Чароки вақте ҳаққонияти кулли ин гурӯҳ собит аст, ҳаққонияти бунёдгузор ва раҳари он, ба таври авло собит аст ва вақте ҳимоят аз кулли ин гурӯҳ воҷиб аст, ҳимоят аз бунёдгузор ва раҳбари он, ба тариқи авло воҷиб аст; Чароки иллати ҳаққонияти кулли ин гурӯҳ ва вуҷуби ҳимоят аз он, дар шахси бунёдгузор ва раҳбари он, <<Пештар>> ва <<Бештар>> вуҷуд дорад ва бо ин васф, ҳаққонияти ӯ ва вуҷуби ҳимоят аз ӯ <<Қадри мутаяққин>> ҳосил аз ривоёти мутавотир маҳсуб мешавад.

Бегумон ҳар як аз ин ҷиҳоти чаҳоргона, дар сурате ки ҳеч ривояте дар бораи шахси бунёдгузор ва раҳбари ин гурӯҳ нарасида буд, кофӣ буд, чи расад ба инки аз 20 ривояти мухталиф аз Паёмбар ва аҳли байт, дар бораи шахси ӯ расидааст; Монанди ривояте ки «خُرُوجُ الْخُرَاسَانِيِّ» ро аз нишонаҳои панҷгонаи зуҳури Маҳдӣ дониста[11] ва ривояте ки дар посух ба суъол «مَتَى يُطَهِّرُ اللَّهُ الْأَرْضَ مِنَ الظَّالِمِينَ؟»; <<Чи вақт Худованд заминро аз золимон пок мекунад?>> Ва фармудааст: «إِذَا قَامَ الْقَائِمُ بِخُرَاسَانَ»[12]; <<Ҳангоме ки қиём кунанда дар Хуросон қиём кунад>> Ва ривояте ки аз ҳокимонӣ золим пеш аз зуҳури Маҳдӣ ёд карда ва фармудааст: «يَخْرُجُ عَلَيْهِمُ الْخُرَاسَانِيُّ وَالسُّفْيَانِيُّ، هَذَا مِنَ الْمَشْرِقِ وَهَذَا مِنَ الْمَغْرِبِ»[13]; <<Хуросонӣ ва Сӯфиёнӣ бар онон хуруҷ мекунанд, ин аз шарқ ва он аз мағриб>> Ва ривояте ки аз Сӯфиёнӣ ёд карда ва сипас фармудааст: «فَيَبْعَثُ اللَّهُ عَلَيْهِ فَتًى مِنَ الْمَشْرِقِ يَدْعُو إِلَى أَهْلِ بَيْتِ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، هُمْ أَصْحَابُ الرَّايَاتِ السُّودِ الْمُسْتَضْعَفُونَ، فَيُعِزُّهُمُ اللَّهُ، وَيُنَزِّلُ عَلَيْهِمُ النَّصْرَ، فَلَا يُقَاتِلُهُمْ أَحَدٌ إِلَّا هَزَمُوهُ»[14]; <<Пас Худованд ҷавоне аз машриқро дар баробари ӯ бармеангезад ки ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам даъват мекунад, онон ҳамон соҳибони парчамҳои сиёҳ ҳастанд ки заъиф шумурда мешаванд, вале Худованд ононро иззат мебахшад ва ёриашро бар онон нозил мекунад, то ҷойе ки ҳеч кас бо онон намеҷангад магар ӯро шикаст медиҳанд>> Ва ривояте ки дар он омадааст: «يَلْتَقِي السُّفْيَانِيُّ وَالرَّايَاتُ السُّودُ، فِيهِمْ شَابٌّ مِنْ بَنِي هَاشِمٍ، فِي كَفِّهِ الْيُسْرَى خَالٌ، فَتَكُونُ بَيْنَهُمْ مَلْحَمَةٌ عَظِيمَةٌ، فَتَظْهَرُ الرَّايَاتُ السُّودُ، وَتَهْرُبُ خَيْلُ السُّفْيَانِيِّ، فَعِنْدَ ذَلِكَ يَتَمَنَّى النَّاسُ الْمَهْدِيَّ وَيَطْلُبُونَهُ»[15]; <<Сӯфиёнӣ бо парчамҳои сиёҳ рӯбарӯ мешавад, дар миёни онҳо ҷавонӣ Ҳошимӣ аст ки дар кафи дасти чаппаш нишоне вуҷуд дорад, пас миёнашон ҷанги азиме дар мегирад, пас парчаҳои сиёҳ пирӯз мешаванд ва сипоҳи Сӯфиёнӣ мегурезад, он ҳангом аст ки мардум таманнои Маҳдӣ меёбанд ва ӯро талаб мекунанд>> Ва ривояте ки дар он омадааст: «يَخْرُجُ شَابٌّ مِنْ بَنِي هَاشِمٍ، مِنْ خُرَاسَانَ بِرَايَاتٍ سُودٍ، بَيْنَ يَدَيْهِ شُعَيْبُ بْنُ صَالِحٍ، يُقَاتِلُ أَصْحَابَ السُّفْيَانِيِّ فَيَهْزِمُهُمْ»[16]; <<Ҷавоне аз банӣ Ҳошим хуруҷ мекунад, аз Хуросон бо парчамҳои сиёҳ, дар рикобаш Шуъайб ибни Солеҳ аст, бо ёрони Сӯфиёнӣ меҷангад ва ононро шикаст медиҳад>> Ва ривояте ки дар он омадааст: «فَعِنْدَ ذَلِكَ تُقْبِلُ الرَّايَاتُ السُّودُ مِنْ خُرَاسَانَ عَلَى جَمِيعِ النَّاسِ شَابٌّ مِنْ بَنِي هَاشِمٍ»[17]; <<Пас он ҳангом аст ки парчамҳои сиёҳ аз Хуросон рӯй меоваранд ва (раҳбару пешво) бар ҳамаи мардум ҷавоне аз банӣ Ҳошим аст>> Ва ривояте ки дар он омадааст: «تُقْبِلُ رَايَاتٌ مِنْ شَرْقِيِّ الْأَرْضِ غَيْرَ مُعْلَمَةٍ، لَيْسَتْ بِقُطْنٍ وَلَا كَتَّانٍ وَلَا حَرِيرٍ، يَسُوقُهَا رَجُلٌ مِنْ آلِ مُحَمَّدٍ، تَظْهَرُ بِالْمَشْرِقِ وَتُوجَدُ رِيحُهَا بِالْمَغْرِبِ كَالْمِسْكِ الْأَذْفَرِ»[18]; <<Прчамҳойе аз шарқи замин рӯй меоваранд ки ҳеч нишонае дар худ надоранд, на аз панбаанд, на аз каттон, на аз абрешим, марде аз олӣ Муҳаммад онҳоро раҳбарӣ мекунад, дар машриқ зуҳур мекунанд, вале бӯяшон монанди мушки ноб дар мағриб ба машом мерасад>> Ва ривояте ки дар он омадааст: «اعْلَمُوا أَنَّكُمْ إِنِ اتَّبَعْتُمْ طَالِعَ الْمَشْرِقِ سَلَكَ بِكُمْ مَنَاهِجَ الرَّسُولِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، فَتَدَاوَيْتُمْ مِنَ الْعَمَى وَالصَّمَمِ وَالْبَكَمِ، وَكُفِيتُمْ مَئُونَةَ الطَّلَبِ وَالتَّعَسُّفِ، وَنَبَذْتُمُ الثِّقْلَ الْفَادِحَ عَنِ الْأَعْنَاقِ، وَلَا يُبَعِّدُ اللَّهُ إِلاَّ مَنْ أَبَى وَظَلَمَ وَاعْتَسَفَ وَأَخَذَ مَا لَيْسَ لَهُ، [19]﴿وَسَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُوا أَيَّ مُنْقَلَبٍ يَنْقَلِبُونَ﴾»[20]; <<Бидонед ки агар шумо аз зуҳур кунанда дар машриқ пайравӣ кунед, шуморо ба роҳҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам раҳсипор хоҳад сохт ва он гоҳ аз кӯрӣ ва карӣ ва гунгӣ шифо хоҳед ёфт ва аз заҳмати ҷустуҷӯ ва такаллуф бениёз хоҳед шуд ва бори сангинро аз гардани худ бар хоҳед дошт ва Худованд дур намегардонад магар касеро ки аз ин кор худдорӣ кунад ва ба зулм ва беинсофӣ рӯй оварад ва чизеро бигирад ки барои ӯ нест <Ва касоне ки ситам карданд хоҳанд донист ки ба кадомин бозгаштгоҳ боз мегарданд>>> Ва ривояте ки дар он омадааст: «إِذَا أَقْبَلَتِ الرَّايَاتُ السُّودُ مِنْ خُرَاسَانَ فَائْتُوهَا وَلَوْ حَبْوًا عَلَى الثَّلْجِ، فَإِنَّ فِيهَا خَلِيفَةَ الْمَهْدِيِّ»[21]; <<Ҳаргоҳ парчаҳои сиёҳро дидед ки аз Хуросон рӯй овардаанд, ба сӯӣ онҳо бишитобед агарчи чаҳор дасту по бар рӯйи барф; Чароки халифаи Маҳдӣ дар миёни онҳост>> Ва ривояте ки пас аз ёд кардан аз сиёҳпарчамони Хуросон фармудааст: «فَإِذَا رَأَيْتُمْ أَمِيرَهُمْ فَبَايِعُوهُ وَلَوْ حَبْوًا عَلَى الثَّلْجِ»[22]; <<Пас чун амири ононро дидед бо ӯ байъат кунед, агарчи чаҳор дасту по бар рӯйи барф>> Ва ривояте ки аз ӯ ном бурда ва фармудааст: «رَجُلٌ يُقَالُ لَهُ مَنْصُورٌ يُوَطِّنُ أَوْ يُمَكِّنُ لآلِ مُحَمَّدٍ كَمَا مَكَّنَتْ قُرَيْشٌ لِرَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ وَسَلَّمَ، وَجَبَ عَلَى كُلِّ مُؤْمِنٍ نَصْرُهُ»[23]; <<Марде ки ба ӯ Мансур мегӯянд, барои оли Муҳаммад заминасозӣ мекунад, ҳамон тавр ки (мӯъминони) Қурайш барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам заминасозӣ карданд, ёрии ӯ бар ҳар мӯъмине воҷиб аст>> Ва ривоёти дигаре аз ин даст ки ҳамагӣ дар бораи шахси Хуросонӣ ва нишонаҳои ӯ ҳастанд ва бар ҳаққонияти ӯ ва вуҷуби ёриаш далолат доранд; Сарфи назар аз осори саҳоба ва тобеъин дар ин бора ки фаровонанд ва қоъидатан аз Паёмбар ва аҳли байт ахз шудаанд; Чароки мусалламан саҳоба ва тобеъин илми ғайб надоштаанд ва коҳин набудаанд, балки аз неъмати иртибот бо Паёмбар ва аҳли байт баҳра мебурдаанд. Бо ин авсоф, метавон гуфт ки беш аз 20 ривояти мухталиф аз Паёмбар ва аҳли байт ва осори фаровони расида аз саҳоба ва тобеъин, дар маҷмӯъ <<Мутавотири маънавӣ>> ё дасти кам <<Ахбори оҳод маҳфуф ба қаринаи қатъӣ>> маҳсуб мешаванд; Чароки ба вузуҳ ҳамоҳангӣ бо ривоёти мутавотири расида дар бораи зуҳур ва қиёми як гурӯҳи заминасоз аз Хуросон ва зарурати ақлӣ вуҷуди як раҳбари шойиста барои он ҳастанд.

Аз инҷо дониста мешавад ки шубҳаафканон, ё гурӯҳӣ бисёр ҷоҳил ва бесаводанд ки ҳеч иттилоъе аз ривоёти Исломӣ ва далолати онҳо надоранд ва бо ин ҳол, дар бораи чизе ки намедонанд изҳори назар мекунанд ва бо ин кори нораво, ҷоҳилон ва бесаводоне монанди худро гумроҳ месозанд ва ё гурӯҳӣ муғраз ва дурӯғгӯянд ки буғз ва ҳасад нисбат ба ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ин заминасози ростини зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом, чашмонашонро кӯр карда ва ононро ба муқобила бо ӯ ба ҳар наҳви мумкин водоштааст; То ҷойе ки аз фарти иънод, ба кетмони ҳақ, балки воруна сохтани он рӯй овардаанд ва чунон бар боздоштани мардум аз он ҳарисанд ки ҳатто аз инкори маҳсусот ва ҳошо кардани возеҳот боке ба худ роҳ намедиҳанд ва хашмгинона, бо чанг ва дандон, ба ҳар даре мезананд ва ба ҳар ҳилае мутвассил мешаванд то ҳақро зойеъ созанд ва нури Худовандро хомӯш гардонанд! Ғофил аз онки Худованд ҳақро ҳифз мекунад ва нури худро густариш медиҳад, агарчи онон кароҳат дошта бошанд; Чунонки фармудааст: ﴿يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ﴾[24]; <<Мехоҳанд нури Худовандро бо даҳонҳои худ хомӯш кунанд, дар ҳоле ки Худованд густаронандаи нури худ аст, агарчи кофирон кароҳат дошта бошанд>>. Бо ин васф, барои онон беҳтар аст ки даст аз лаҷоҷат ва баҳонагирӣ бардоранд ва ба сафсата ва худфиребӣ поён диҳанд ва ба ҷойи шабаҳсозӣ, ишколтарошӣ ва зери суъол бурдани возеҳот ва маҳсусот, дар баробари ҳақ таслим шаванд, то ба саъодати дунё ва охират даст ёбанд; Чароки Худованд тавбапазир ва меҳрубон аст ва касоне ки даст аз ақойид ва аъмоли нодуруст бар медорандро мебахшад, вале касоне ки пас аз ошкор шудани ҳақ, бар ақойид ва аъмоли нодуруст пой мефишоранд ва таъассуб меварзандро бе кайфар намегузорад ва кайфари Ӯ бисёр саҳмгин аст.

↑[1] . Юсуф/ 82
↑[2] . Исроъ/ 70
↑[3] . Ҳиҷр/ 9
↑[4] . Ҳиҷр/ 23
↑[5] . Воқеъа/ 57
↑[6] . Анъом/ 151
↑[7] . Иброҳим/ 34
↑[8] . Тавба/ 30
↑[9] . Бақара/91
↑[10] . Сунани Абӣ Довуд, ҷ4, с250; Шарҳи Мушкилул Осор Таҳовӣ, ҷ15, с114; Ал-Одоб Байҳақӣ, с68
↑[11] . Бингаред ба: Ал-Ғайба Нӯъмонӣ, с301
↑[12] . Ал-Ғайба Нӯъмонӣ, с273
↑[13] . Ал-Ғайба Нӯъмонӣ, с264 ва 267
↑[14] . Ал-Малоҳим Ибни Мунодӣ, с309; Ҷомеъул Аҳодис Суютӣ, ҷ29, с437; Канзул Уммол Муттақии Ҳиндӣ, ҷ14, с597
↑[15] . Ал-Фитан Ибни Ҳаммод, ҷ1, с321; Иқдуддурар Фи Ахборил Мунтазар Мақдисӣ, ҷ1, с194; Ҷомеъул Аҳодис Суютӣ, ҷ30, с217; Канзул Уммол Муттақии Ҳиндӣ, ҷ14, с588; Фатовиул Ҳадис Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, с29
↑[16] . Ал-Фитан Ибни Ҳаммод, ҷ1, с312; Ал-Малоҳим Вал-Фитан Саййид ибни Товвус, с120; Иқдуддурар Фи Ахборил Мунтазар Мақдисӣ, ҷ1, с195; Ал-Ҳовиюл Фатовӣ Суютӣ, ҷ2, с82
↑[17] . Ал-Фитан Ибни Ҳаммод, ҷ1, с316; Ал-Ҳовиюл Фатовӣ Суютӣ, ҷ2, с83
↑[18] . Беҳорул Анвор Маҷлисӣ, ҷ52, с272
↑[19] . Шуъароъ/ 227
↑[20] . Ал-Кофӣ Кулайнӣ, ҷ8, с63; Ал-Иршод Муфид, ҷ1, с291
↑[21] . Мизонул Эътидол Фи Нақдил Риҷол Заҳабӣ, ҷ3, с128
↑[22] . Ғоятул Маром Баҳронӣ, ҷ7, с108
↑[23] . Сунани Абӣ Довуд, ҷ4, с108; Масобеҳул Сунна Бағавӣ, ҷ3, с494; Ал-Фирдавс Бимаъсурил Хитоб Дейламӣ, ҷ5, с514; Ал-Масолику Фи Шарҳи Муватта Молик ибни Арабӣ, ҷ7, с322; Ҷомеул Усул Ибни Асир, ҷ11, с330; Ал-Тазкирату Биаҳволил Мавт Ваумурил Ухро Қуртубӣ, с1202; Иқдуддурар Фи Ахборил Мунтазар Мақдисӣ, ҷ1, с198; Ал-Ниҳоя Фи Фитан Вал Малоҳим Ибни Касир, ҷ1, с53; Ал-Ҷомеъул Сағир Вазиёда Суютӣ, с14555
↑[24] . Саф/ 8
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading