Душанбе 30 ноябр 2020 мелодӣ баробар бо 14 рабеъ-ул-сони 1442 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
(17) Имомат дар китоби Худо бар ду гуна аст ва гунаи севвуме надорад: Яке имомат ба амри Худованд ки мабнои ҳукумати Худованд аст ва дигари имомат бидуни амри Худованд ки мабнои ҳукумати тоғут аст; Чунонки дар бораи Оли Иброҳим фармудааст: <<Ва ононро имомоне қарор додим ки ба амри Мо раҳбарӣ мекунанд>> Ва дар бораи оли фиръавн фармудааст: <<Ва ононро имомоне қарор додим ки ба сӯӣ оташ даъват мекунанд>> бидуни қайд <<Ба амри Мо>>. (Нақд ва баррасии 26)
loading
Нақд ва барраси
 

Чаро баъд аз номи имомон алайҳиму салом аз зикри алайҳи салом худдорӣ кардаанд?! Магар на ин аст ки худи эшон ҳам хилофати ин 12 имомро исбот намудаанд?! Оё аз бародарони аҳли суннат шарм доранд ки мабодо эшонро шиъа ё рофизӣ бидонанд? Ва ё инки метарсанд дучори ғулув дар мавриди онҳо шаванд?! Шогирдон ва аъзои мӯҳтарами дафтарашон, эшонро бо алқобӣ чун саййидуно Мансур ва ё ҳазрати аллома хитоб мекунанд ки албатта аз рӯӣ эҳтиром аст ва баҳсе дар он нест. Суъол ин аст ки эшон чаро аҳли байтро ин гуна хитоб намекунанд масалан саййидуно имом Алӣ алайҳи салом, саййидуно имом Ҳасан алайҳи салом ва саййидуно имом Ҳусейн алайҳи салом ва ... саййидуно имом Маҳдӣ алайҳи салом ва ... дар ҳар сурат салом додан бар аҳли байт нишонаи ҷаҳл ё хурофот ё тақлид ё ғулув нест, балки решаи Қуръони дорад ...

Бародари гиромӣ!

Чунонки пештар дар ин бора тавзиҳ дода шуда[1], иллати зикр накардани <<Алайҳи салом>> ва <<Разияллоҳу анҳ>> пеш аз номи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, беэҳтиромӣ ба ин бузургворон набадааст; Зеро агар дидаи инсофро бигушойед ва пардаи бадбиниро канор занед, мебинед ки ҳеҷ кас ба андозаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба ин бузургворон эҳтиром нагузоштааст; Бо таваҷҷуҳ ба инки вақте ҳамагон аз нақши онон дар рӯзгори мо ғофиланд, ӯ нақши онон дар рӯзгори моро фарёд мезанад ва вақте ҳамагон ба сӯӣ ҳокимияти худ даъват мекунанд, ӯ ба сӯӣ ҳокимияти онон фаро мехонад ва бо ин васф, ӯ бисёр бештар аз амсоли шумо бо он <<Алайҳи салом>> гуфтанҳотон, ба онон эҳтиром мегузорад, вале бештари шумо инсоф намедиҳед ва ҷуз ҳадафи айбҷӯйи надоред.

Бегумон иллати зикр накардани <<Алайҳи салом>> ё <<Разияллоҳу анҳ>> пас аз номи ин бузургворон ва <<Ҳазрат>> ё <<Саййидуно>> пеш аз номи онон, иктифо ба иштирокоти мусалмонон ва иҷтиноб аз намодҳои хосси мазҳаби Исломӣ, бо ҳадафи эҷоди як <<Гуфтумони муштарак>> дар миёни уммати Исломи будааст; Чароки агар пеш аз номи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, <<Ҳазрат>> ё <<Саййидуно>> ва пас аз номи онон, <<Алайҳи салом>> ё <<Разияллоҳу анҳ>> зикр мефармуд, ногузир бояд пеш аз номи саҳоба ва пас аз номи онон низ чунин таъобире зик мефармуд ва масалан мегуфт: <<Ҳазрати Абубакр разияллоҳк анҳ>> ё <<Саййидуно Умар разияллоҳу анҳ>> то аз ҷониби аҳли суннат муттаҳам ба ҷонибдорӣ аз аҳли ташаюъ ва доман задан ба ихтилофи мусалмонон нашавад, вале дар ин сурат аз ҷониби аҳли ташаюъ ва касоне монади шумо муттаҳам ба ҷонибдорӣ аз аҳли суннат ва доман задан ба ихтилофи мусалмонон мешуд ва тамоюзи ӯ аз аҳли суннат монанди тамоюзи ӯ аз аҳли ташаюъ қобили ташхис набуд ва паёми ноби Исломии ӯ дар кашокаши бозиҳои мазҳабии шумо зойеъ мешуд! Бинобарин, эшон бо дароятӣ мисолзаданӣ, Исломи холис ва комилро бараҳна аз ҳамаи пӯшишҳои мазҳабӣ ба ҷаҳониён муъаррифӣ фармуда ва бо ин иқдоми ҳакимона, асбоби бозгашти ҳазорон мусалмони шиъа ва аҳли суннат ба Исломи ҳақиқиро фароҳам сохтааст; Коре ки ҳеҷ кас пеш аз эшон анҷом надода ва аз ӯҳдаи ҳеҷ кас ҷуз эшон бар наёмадааст. Бо ин васф, аз амсоли шумо интизор меравад ки даст аз ин айбҷӯйиҳо бардоред ва ба ҷои ҷустуҷӯ ба дунболи чизе ки битавонед бар ин китоби арзишманд ва нависандаи бузургаш баҳона бигиред, ба истифодаи илмӣ аз он дар ростои бозгашти амалӣ ба Ислом машғул шавед; Зеро шаъни ин китоб бисёр фаротар аз он аст ки битавон бо ин қабил ишколтарошиҳо, чизе аз он кост ва ин ҳақиқате аст ки бар аҳли илм ва тақво пӯшида нест. Чи хуб аст ки шумо касби илм ва тақвои Илоҳиро дар пеш гиред ва ба ёди охирататон бошед ва мавонеъи шинохтро аз худ дур кунед, бошад ки мавриди ризояти Худованд ва ризояти дӯстонаш дар замин қарор гиред.

↑[1] . нигоҳ кунед ба: Нақд ва барраии 8
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқот
Нақдҳо ва баррасиҳои фаръӣ
Нақди
фаръии 1
Нависанда: Ҳасан
Тарих: 01/10/2017

Чигуна аст ки шумо дар баёни номи аъимаи аҳли байт алайҳиму салом гоҳе риъояти эҳтиромро намекунед, вале дар зикри номи аллома ва баъзе саҳоба риъоят мешавад ва ин бархоста аз чи мантиқ ва далиде аст?

Посух ба нақди
фаръии 1
Тарих: 06/10/2017

Иддаъои шумо саҳиҳ нест ва бархоста аз таъассуб ва сӯъи занн аст; Чароки дар ҳеҷ ҷои ин пойгоҳ ба аъимаи аҳли байт беэҳтиромӣ нашуда, балки ин пойгоҳ роҳандозӣ шудааст то эҳтирми аъимаи аҳли байтро зинда кунад ва ҳуқуқи аз даст рафтаи ононро ба онон бозгардонад ва бо ин васф, ёдоварии эҳтироми онон ба ин пойгоҳ, монанди зира ба Кирмон[1] бурдан аст! Агар манзури шумо аз адами риъояти эҳтироми онон, худдорӣ аз <<Алайҳиму салом>> баъд аз номи онон дар бархӣ мавроид аст, танҳо ба сабаби табдил шудани он ба намодӣ мазҳабӣ барои аҳли ташаюъ дар замони кунунӣ аст ки боъиси бурузи ҳассосиятӣ ғайри зарурӣ барои аҳли суннат ва ронда шудани онон аз матн ба ҳошия мешавад, дар ҳоле ки ба кор бурдани ин таъбир вуҷуби шаръӣ надорад ва тарки он ҳаром нест ва бо ин васф, тарки он дар мавориди маслиҳат бидуни қасди беэҳтиромӣ ба аъимаи аҳли байт ва танҳо барои пешгирӣ аз фитна ва тӯҳмат ва инҳирофи изҳони мусалмонон, ишколе надорад ва аз боби сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقُولُوا رَاعِنَا وَقُولُوا انْظُرْنَا وَاسْمَعُوا ۗ وَلِلْكَافِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ[2]; <<Эй касоне ки имон овардед! Нагӯйед: <Роъано> (чун боъиси сӯъи бардошт ва сӯъи истифодаи яҳудиён мешавад) ва бигӯйед <Унзурно> ва гӯш биспоред ва барои кофирон азобӣ дарднок аст>>; Ҳамчунонки ин қоъида дар ёд кардан аз саҳоба ва хулафоъи нахустин низ риъоят мешавад; Ба ин тартиб ки баъд аз номи онон <<Разияллоҳу анҳ>> оварда намешавад то боъиси бурузи ҳассосиятӣ ғайри зарурӣ барои аҳли ташаюъ ва ронда шудани онон аз матн ба ҳошия нашавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки он дар замони кунунӣ ба намоӣ мазҳабӣ барои аҳли суннат табдил шудааст. Ин дар ҳоле аст ки ёд кардан аз олимони мусалмон бо унвони <<Аллома>> ва <<Ҳафизаҳуллоҳ таъоло>> дар миёни ҳар ду гурӯҳи мусалмонон ройиҷ аст ва ҳассосияте эҷод намекунад ва аз ин рӯ, гоҳе аз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки олимӣ мусалмон ва даъват кунанд ба сӯӣ аҳли байт аст, бо ин унвон ёд мешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки ҳокимони золим ва аёдишон дар замони кунунӣ ба он ҷаноб беэҳтиромӣ мекунанд ва тақобул бо онон барои хунсо кардани макрашон –аз боби тақобул бо зулм– зарурь аст; Ҳар чанд бо ин ҳама, илтизом ва мудовимате бар он вуҷуд надорад; Чунонки ба унвони намуна, дар ғолиби номаҳо ва гуфторҳои мунташир шуда, аз он ҷаноб бо номи <<Мансур>> ё <<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ>> ва бидуни ҳеҷ пасванд ё пешванде ёд шуда ва дар сарлавҳаи пойгоҳи он ҷаноб низ ба зикри номи <<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ>> басанда шуда, дар ҳоле ки соири олимони мусалмон хусусан аз аҳли ташаюъ –бо онки аз ҳайси илмӣ дар ҳадди шогирдони он ҷаноб маҳсуб намешаванд– аз худ бо унвони ғариб ва газзофе монанди <<Оятуллоҳ>> ва <<Оятуллоҳи узмо>> ба дунболи қаторе аз алқоби гуногун, балки <<Ноиби имом>> ва ҳатто <<Имом>> ёд мекунанд!

Аз инҷо дониста мешавад ки эътироз ба адами истифода аз <<Алайҳиму салом>> бар аҳли байт дар бархӣ маворид, ба далили истифода аз <<Ҳафизаҳуллоҳ таъоло>> барои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бархӣ маворид, муғолитаи ғайри мунсифона ва баҳонаҷӯёна аст; Чароки аз як сӯ <<Алайҳиму салом>> аз маъно ва таволӣ дар урфи мусалмонон монанди <<Ҳафизаҳуллоҳ таъоло>> нест то истифода аз дуввумӣ далиле барои истифода аз аввалӣ бошад ва аз сӯӣ дигар дар бархӣ маворид низ барои аҳли байт аз <<Алайҳиму салом>> истифода шуда ва барои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз <<Ҳафизаҳуллоҳ таъоло>> истифода нашудааст ва бо ин васф, чунин эътирозе аз асл ворид нест!

Умед меравад ки бародарон ва хоҳарони хирадманд, ба ҷои машғул шудан бо алфоз ва шумурдани иборот, мабонӣ ва аҳдофи Мансури Ҳошимии Хуросониро дарк кунанд ва бо кӯтоҳфикрӣ ва тангназарии худ, аслро фидои фаръ ва воҷибро фидоӣ мустаҳаб накунанд ва иҷоза диҳанд ки ин олими басир ва хайрхоҳ, бо рӯйкарди ҳакимона ва фаро мазҳабии худ, бар рӯӣ ислоҳоти бунёдин дар уммати Исломи ва муттаҳид сохтани мусалмонон барои ёрии имом Маҳдӣ алайҳи салом мутамаркиз бошад.

↑[1] . Зарбул масали Форсӣ ба маънои бурдани чизе ба шаҳре аст ки дар он фаровон аст ва ниёзе ба он вуҷуд надорад.
↑[2] . Бақара/ 104
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок бигзоред.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Фори тарҷума]
×
Фори тарҷума
Лутфан коди амниятиро ворид кунед.
Captcha
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Муддати маъмул барои баррасии ҳар нақд, 3 то 10 рӯз аст.
3 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.
* Лутфан коди амниятиро ворид кунед. Captcha loading