Сешанбе 19 Март 2024 мелодӣ / 8 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Агар тибқи андешаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, аҳодис (ба истиснои маъдуде аз онҳо) занни маҳсуб мешаванд, бо ин ҳисоб ман навъӣ аҳкоми шаръиро аз чи ҷойе ғайр аз фатвоҳои муфтиҳои бузургвор тақлид пайдо кунам? Бо таваҷҷуҳ ба инки эшон иҷтиҳодро ҳам қабул надоранд! Аҳкоми намоз ки дар Қуръон омада «إِنَّ الصَّلَاةَ كَانَتْ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ كِتَابًا مَوْقُوتًا» (Нисоъ/103) яъне «Бе тардид намоз ҳамвора бар муъминон муқарраре аст воҷиб» ро аз куҷо бигирам? Аҳкоми рӯзаро ки дар Қуръон омада «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ» (Бақара/183) яъне «Эй касоне ки имон овардаед, рӯза бар шумо навишта ва муқаррар шуда» ро аз куҷо бигирам? Ва кулли аҳкоми дигар барои аъмоле ки дар Қуръон воҷиб шудааст. Оё инҳоро феълан раҳо кунам ва биравам худам ва теъдоди зиёдӣ аз инсонҳоро он чунон тарбият кунам то халифаи Худо зуҳур кунад ва он вақт намоз ва рӯза ва ... ро анҷом диҳам? Ин ки аслан мантиқӣ нест!

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

Аввалан занни будани аҳодис ба истиснои аҳодиси мутавотир, сирфан «Андешаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ» нест, балки андешаи умуми олимони мусалмон аз ҳамаи мазоҳиби Исломӣ ба истиснои гурӯҳе аз салафиён аст ва воқеъиятӣ возеҳ ва виҷдонӣ аст, то ҷойе ки ба таъбири бархӣ олимони мусалмон монанди Нававӣ (д.676қ) дар шарҳи саҳеҳул Муслим (ҷ 1, саҳ 132), «Инкори он чизе ҷуз хирасарӣ дар баробари маҳсус нест»; Чароки аҳодиси воҳид табиъатан ба наҳве ҳастанд ки эҳтимоли ғалат, таҳриф ва кизб дар онҳо вуҷуд дорад ва бо вуҷуди ин эҳтимол, яқин ба судури онҳо ҳосил намешавад.

Сониян адами ҳуҷҷияти занн, «Андешаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ» нест, балки сареҳи сухани Худованд дар Қуръони Карим аст ки борҳо ва бо таъкид фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[1]; «Бе гумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад» ва рӯшан аст ки ин сухани сариҳи Худованд, иршод ба як ҳукми ақлӣ аст; Чароки ақл низ танҳо яқинро меъёри шинохти хақ медонад ва занн ва шак ва ваҳмро бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди эҳтимоли хилоф дар онҳо, барои шинохти ҳақ кофӣ намедонад ва рӯшан аст ки аҳкоми ақлӣ, қобили тахсис нестанд; Ҳамчунонки сухани сареҳи Худованд, ғайри қобили тахсис аст; Ба ин маъно ки бо таваҷҷуҳ ба лаҳн ва сиёқи қотеъ ва сареҳи худ ва далолате ки бар табиъати занн дорад, таҳаммули тахсисро надорад; Ҷудои аз инки тахсиси занни ҳосил аз ахбори воҳиди аз он, тахсиси касир бал аксари аст ки мустаҳҷан маҳсуб мешавад; Бо таваҷҷуҳ ба инки касир балки аксари зунун, ношӣ аз ахбори воҳиданд ва ахбори мутавотир муҷиби занн намешаванд ва зунун ношӣ аз ғайри ахбор низ дар ақаллиятанд. Аз ин рӯ, истисно кардани ахбори воҳид аз соири зунун ақлан ва шаръан мумкин нест ва ин гуноҳи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ маҳсуб намешавад!

Солисан аз адами ҳуҷҷияти ахбори воҳид ва заннӣ, ҷавози «Тақлид аз фатвоҳои муфтиҳо» лозим намеояд, балки ба рӯшани адами он лозим меояд; Чароки аз як сӯ мабнои ин бузургворон дар бисёри фатовишон ахбори воҳид ва заннӣ аст ва бо ин васф, адами ҳуҷҷияти ин ахбор, мусталзими адами ҷавози тақлид аз онҳост ва аз сӯи дигар тақлиди аз онҳо ба иҷмоъи ҳамаи мусалмонон ва ба иқтизои ҳиссу виҷдон, муфиди занни ба аҳкоми Худованд аст, дар ҳоле ки Худованд занн ба аҳкоми худро кофӣ намедонад ва мефармояд: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا[2]; «Бе гумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад»! Бинобарин, тақлид аз фатвоҳои муфтиҳои бузургвори тақлид, дар назари Худованд кофӣ нест; Ба ин маъно ки муҷиби бароъати зиммаи мукаллаф аз таколифи Ӯ намешавад ва ин низ гуноҳи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ нест!

Робиъан ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ иҷтиҳод ба маънои истинботи ҳукм аз адилаи занниро кофӣ намедонад ва ин ба рӯшанӣ мубтанӣ бар адами кифояти занн дар Ислом аст; Зеро вақте занн дар Ислом кофӣ нест, фарқе намекунад ки маншаъи он тақлид бошад ё иҷтиҳод, балки маншаъи он ҳар чизе бошад кофӣ нест ва ин возеҳтар аз он аст ки ниёзе ба тавзиҳ дошта бошад.

Хомисан адами кифояти тақлид ва иҷтиҳод аз он ҳайс ки муфиди заннанд, мусталзими суқути таколифи шаръӣ ё вуҷуби таҳсили яқин ба онҳост, аммо аз онҷо ки суқути таколифи шаръӣ мумкин нест, вуҷуби таҳсили яқин ба онҳо таъаюн меёбад ва таҳсили яқин ба онҳо аз ду тариқ мумкин аст: Китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбари Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки аз тариқи ахбори мутавотири он Ҳазрат ва халифаи ӯ маълум мешавад.

Хушбахтона бисёрӣ аз аҳкоми зарурӣ ва бунёдини Исломи монанди аркони намоз ва рӯза ва закот ва ҳаҷ, чунонки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бахшӣ аз китоби худ[3] табйин фармудааст, аз тариқи китоби Худованд ва ахбори мутавотири Паёмбари Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маълум мешавад ва бо ин васф, метавон ба онҳо амал кард ва амал ба онҳо муҷзӣ аст, вале барои яқин ба сойири аҳкоми Исломи ва бароъати зимма аз онҳо, чорае ҷуз руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин нест ва ин коре аст ки ба бовари ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мумкин аст; Чароки монеъи руҷӯъ ба ӯ чизе ҷуз тақсири мардум дар таъмини муқаддамоти он нест ва табъан рафъи ин монеъ ба маънои таъмини муқаддамоти руҷӯъ ба ӯ барои онон мумкин аст ва агар ин кор ба иҷтимоъи гурӯҳӣ кофии аз онон ниёз дорад ва гурӯҳӣ кофии аз онон иҷтимоъ намекунанд, гуноҳи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ нест, бал гуноҳи худи мардум ва касоне аст ки ононро аз ин кор боз медоранд. Бо ин васф, ин вазъият «Аслан ғайри мантиқӣ» ки шуморо ба шигифт оварда, вазъияте аст ки мардум барои худ эҷод кардаанд, монанди сориқоне ки ба хонаи касе дохил шаванд ва дар охири вақти намоз маҷбур ба онанд, дар ҳоле ки намози онон дар онҷо ботил аст ва ин вазъияти «Ғайри мантиқӣ» аст ки онон худ барои худ эҷод кардаанд ва табъан муҷиби сиҳҳати намози онон дар онҷо намешавад; Чароки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ин воқеъияти талх ва асафборро дар бахши «Табаъоти зоҳир набудан Маҳдӣ барои мардум»[4] ба тафсил табйин фармудааст, бошад ки мусалмонон ба зиллат ва масканати худ дар замони зоҳир набудани Маҳдӣ пай баранд ва ҳар чи зудтар ба сӯи ӯ азимат кунанд. Оре, ин заминасози зуҳури Маҳдӣ, мусалмонони ҷаҳонро аз вуқуъи як «Бечорагии бузург» хабар медиҳад ва ононро бо ироъаи роҳкорҳоӣ рӯшан ва амалӣ, ба берунрафт аз он фаро мехонад, вале бештари онон нидои эшонро намешунаванд ё мешунаванд ва дар намеёбанд, ҷуз андаке аз онон ки Худованд дилҳошонро барои эшон озмудааст ва албатта ҳамонон кофӣ хоҳанд буд ин шоъ Аллоҳ.

*Барои тазеҳоти бештар, ба матни арабӣ муроҷиъа кунед.
↑[1] . Юнус/36
↑[2] . Юнус/36
↑[3] . с 319 то 337
↑[4] . с 296
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.