Якшанбе 4 Июн 2023 мелодӣ / 15 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

Оё Набийи мукаррами [Ислом] бар сойирин минҷумла анбиёъи қаблӣ ва ҷонишинонаш бартарии вуҷудӣ дорад?

«Бартарии вуҷудӣ» агар ба маънои мазияте дар ҷиҳоти башарӣ аст, барои Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам собит нест; Чароки Худованд он Ҳазратро дар ин ҷиҳот «Мисли мардум» дониста ва фармудааст: «قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ»[1]; «Бигӯ ман танҳо башаре мисли шумо ҳастам» Ва бо ин васф, ҳамаи заъфҳои ношӣ аз башар будан ки ба сурати табиъӣ дар мардум вуҷуд дорад, дар он Ҳазрат низ вуҷуд аст, монанди ниёз ба об, ғазо, либос, хоб ва ҳамсар ва осебпазирӣ дар баробари беморӣ, пирӣ ва марг ва ҳатто эҳтимоли саҳв ва фаромӯшӣ ки аз маҳдудиятҳои зотии башар бар мехезад, вале «Бартарии вуҷудӣ» ба маънои гиромитар будан назди Худованд, қатъан барои он Ҳазрат собит аст; Зеро он Ҳазрат вопасин Паёмбари Худованд аст[2] ки дин ба воситаи ӯ комил ва неъмат ба воситаи ӯ тамом шудааст[3] ва Паёмбарони пешин барои ёрии ӯ паймон бастаанд[4] ва ба зуҳури ӯ башорат додаанд[5] ва авсофи ӯ ва пайравонашро ёд кардаанд[6] ва пайравони худро ба итоъат аз ӯ амр намудаанд[7], то ҷойе ки итоъат аз Паёмбарони пешин ба ҷойи ӯ кифоят намекунад[8] ва гиромитар будан назди Худованд чизе ҷуз ин нест. Аз ин рӯ, Худованд фазли худро бар он Ҳазрат бузург шумурда[9] ва ӯро «Кавсар» ба маънои баҳраи фавқулода бахшида[10] ва ваъдаи «Мақоми Маҳмуд»[11] ва «Фатҳи мубин»[12] ва «Насри азим»[13] ва пирӯзӣ бар ҳамаи адён[14] дода ва ҷин ва инсро мухотаби ӯ сохта[15] ва ба пайравӣ аз ӯ барангехта[16] ва ҳазорон фариштаро барои ёрии ӯ нозил фармуда[17] ва ба баракати ӯ шаётинро аз наздик шудан ба осмон боз дошта[18] ва ӯро дар як шаб ба Байтул Муқаддас[19] ва аз онҷо ба болотарин нуқта дар Биҳишт ки Сидре бар каронаи он рӯйида, расонда[20] ва бузургтарин нишонаҳои худро ба ӯ нишон дода[21] ва хулоса ба ӯ он қадар ато фармуда ки розӣ шудааст[22]; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ عَنْ قَوْلِ اللّهِ تَعَالَى لِلنَّبِيِّ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ: ﴿عَسَى أَنْ يَبْعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامًا مَحْمُودًا ما هُوَ الْمَقامُ الْمَحْمُودُ؟ قالَ: هُوَ الْوَسِیلَةُ! قُلْتُ: وَ مَا الْوَسِیلَةُ؟ قالَ: أَعْلَى دَرَجَةٍ فِي الْجَنَّةِ لا یَنالُها إلّا رَجُلٌ واحِدٌ وَ کانَ النَّبِيُّ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ یَرْجُو أَن یَکُونَ هُوَ هُو! قُلْتُ: أَکانَ هُوَ هُو؟ قالَ: نَعَمْ وَ کانَ سَیِّدَ وُلْدِ آدَم»; «Аз ҷаноби Мансур дар бораи сухани Худованди баланд мартаба пурсидам ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мефармояд: <Бошад ки Парвардигорат туро ба мақоми Маҳмуд бирасонад>[23], мақоми Маҳмуд кадом аст? Фармуд: Он васила аст! Гуфтам: Васила чист? Фармуд: Болотарин дараҷа дар Биҳишт аст ки ҷуз як тан ба он ноъил намешавад ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умедвор буд ки ҳамун бошад! Гуфтам: Оё ӯ ҳаман буд? Фармуд: Оре ва сарвари фарзандони Одам буд»!

Балки филҷумла уммати он ҳазрат низ аз сойири умматҳо афзал аст; Зеро ба бахше аз дин илм дорад ва амал мекунад ки онҳо ба он илм надоранд ва амал намекунанд ва рӯшан аст ки илм ба дин ва амал ба он мабнои фазилат дар Ислом аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنْكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ[24]; «Худованд дараҷоти касоне аз шумо ки имон оварданд ва касоне ки илм дода шудандро боло мебарад» Ва фармудааст: ﴿إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ[25]; «Ҳароина гиромитарини шумо назди Худованд парҳезкортарини шумост». Аз ин рӯ, Худованд ба уммати он Ҳазрат фармудааст: ﴿وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا[26]; «Бадинсон шуморо уммати васат қарор Додем то гувоҳоне бар мардум бошед ва Паёмбар гувоҳе бар шумо бошад»; Бо таваҷҷуҳ ба инки мурод аз «Васат» дар каломи Ӯ «Афзал» аст; Ба қаринаи ﴿لِتَكُونُوا شُهَدَاءَ عَلَى النَّاسِ; «То гувоҳоне бар мардум бошед» Ва ба қаринаи инки дар ояи дигар фармудааст: ﴿قَالَ أَوْسَطُهُمْ أَلَمْ أَقُلْ لَكُمْ لَوْلَا تُسَبِّحُونَ[27]; «Афзали онон гуфт: Оё ба шумо нагуфтам ки чаро (Худоро) тасбиҳ намегӯйед!» Ва фармудааст: ﴿حَافِظُوا عَلَى الصَّلَوَاتِ وَالصَّلَاةِ الْوُسْطَى[28]; «Бар намозҳо ва (Хусусан) намози васатӣ муҳофизат кунед» Ки долли бар афзалияти намози Аср ё субҳ ё зуҳр бар соири намозҳо аст.

Ҳосил онки Паёмбари Ислом бар Паёмбарони гузашта ва уммати Ислом бар умматҳои гузашта фазилат дорад ва ба ҳамин далил, бар пайравони Паёмбарони гузашта аз умматҳои гузашта воҷиб аст ки аз Паёмбари Ислом пайравӣ кунанд ва ба уммати Ислом бипайванданд; Чунокни Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿فَإِنْ آمَنُوا بِمِثْلِ مَا آمَنْتُمْ بِهِ فَقَدِ اهْتَدَوْا ۖ وَإِنْ تَوَلَّوْا فَإِنَّمَا هُمْ فِي شِقَاقٍ[29]; «Пас агар ба монанди чизе ки шумо имон овардед имон оваранд, ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯй бартобанд ҷуз ин нест ки дар инҳироф ҳастанд» Ва ҳар хайре ҳаст дар Ислом аст.

↑[1] . Каҳф/ 110
↑[2] . Аҳзоб/ 40
↑[3] . Моъида/ 3
↑[4] . Оли Имрон/ 81
↑[5] . Саф/ 6
↑[6] . Фатҳ/ 29
↑[7] . Аъроф/ 157
↑[8] . Оли Имрон/ 85
↑[9] . Исроъ/ 87
↑[10] . Кавсар/ 1
↑[11] . Исроъ/ 79
↑[12] . Фатҳ/ 1
↑[13] . Фатҳ/ 3
↑[14] . Тавба/ 33
↑[15] . Арраҳмон/ 33
↑[16] . Аҳқоф/ 29
↑[17] . Оли Имрон/ 124-126
↑[18] . Ҷин/ 9
↑[19] . Исроъ/ 1
↑[20] . Наҷм/ 14
↑[21] . Наҷм/ 18
↑[22] . Зуҳо/ 5
↑[23] . Исроъ/ 79
↑[24] . Муҷодила/ 11
↑[25] . Ҳуҷарот/ 13
↑[26] . Бақара/ 143
↑[27] . Қалам/ 28
↑[28] . Бақара/ 238
↑[29] . Бақара/ 137
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.