Якшанбе 4 Июн 2023 мелодӣ / 15 Зулқаъда 1444 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсе аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Оёте аз Қуръон ки бар ин далолат доранд; Ояи 10. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ решаи мушкилоти фаровони фарҳангӣ дар ҷомеъаи моро дар чи чизе мебинанад? Дар мардум ё ҳокимият ё таҳоҷумӣ фарҳангӣ ё ...? Барои мутолеъа ва дарёфти посух, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Гуфтори ҷадид: Ду гуфтор аз он ҳазрат дар бораи ҳукми қарз додан ба шарти ақдӣ машрӯъ ва пас гирифтани он бо нархи рӯз. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Нақди ҷадид: Оё ақли ҳар фард инқадр болиғ ҳаст ки битавонад меъёри ташхис бошад? Барои мутолеъа ва дарёфти барраси, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъа ва дарёфти он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Нақд ва барраси
 

1 . Имомони аҳли байт доштани як грам тиллоро бар худ ва дигар мардон ҳаром медонистанд. Чигуна аст ки марқади онон аз тилло анбошта шуда?

2 . Чаро ҳазрати Алӣ бо он ҳама байтулмол ва ҳукумати 5 сола барои Паёмбар боргоҳ насохт?

Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:

1 . Имомони аҳли байт ба пайравӣ аз ҷадди бузургворашон Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тилло ва нуқрае дар зиндагии дунё наяндухтанд, магар инки дар роҳи Худованд инфоқ карданд; Зеро беҳтар аз ҳар кас медонистанд ки Худованд дар китоби худ фармудааст: ﴿وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ[1]; «Косоне ки тилло ва нуқраро меандузанд ва дар роҳи Худованд инфоқ намекунанд, ононро ба азобӣ дарднок башорат деҳ». Бо ин васф, анбоштани тилло ва нуқра пиромуни қабри онон, аз моли онон ё ба амри онон набуда, балки аз моли мусалмонон ва ба хостаи худи онҳо будааст ва бо ин васф, хубӣ ё бадии он ба худи онҳо марбут мешавад ва ба имомони аҳли байт рабте пайдо намекунад.

Қадри мусаллам ин аст ки анбоштани тилло ва нуқра пиромуни қабри онон, асле дар Ислом надорад ва бар хилофи суннат аст ва бо ин васф, ибтидоъи ба он ҷойиз нест, вале рафъи он пас аз анҷоми он, дар сурате ҷойиз аст ки иҳонат ба онон шумурда нашавад; Чароки ҳурмати иҳонат ба онон аз ҳурмати анбоштани тилло ва нуқра пиромкни қубурашон бештар аст. Оре, изолаи тилло ва нуқра аз пиромуни қубурашон ба шевае ки эҳтироми онон ҳифз шавад, ишколе надорад ва бо ин васф, шойиста аст ки тавассути дӯстдорон ва мӯътақидони ба фазоилашон анҷом шавад, на тавассути дигарон то шоъибаи беэҳтиромӣ ба ононро надошта бошад.

2 . Амирул мӯъминин Алӣ ибни Абӣ Толиб барои қабри Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам боргоҳе насохт; Чароки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба сохтани боргоҳе барои қабри худ амр накарда буд, балки аз сохтани боргоҳ барои қабр наҳй карда буд. Албатта қабри он Ҳазрат дар зери осмон ҳам қарор надошт, балки дар хонаи он ҳазрат қарор дошт, то инки Валид ибни Абдулмалик ибни Марвон дар соли 88 қамарӣ, онро ба масҷид мулҳақ кард. Бо ин ҳол, пас аз инки боргоҳе барои қабри Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сохта шуд, тахриби он ҷойиз нест; Чароки дар назари урф беэҳтиромӣ ба он Ҳазрат маҳсуб мешавад ва беэҳтиромӣ ба он Ҳазрат аз бузургтарин гуноҳон ва асбоби фитна ва ихтилоф миёни мусалмонон аст, вале тағйир ва ислоҳи он ба наҳве ки бо суннати он Ҳазрат интибоқ ёбад, ишколе надорад ва ин ҳукме аст ки дар бораи боргоҳи қубури аҳли байт ва асҳоби он ҳазрат низ сидқ мекунад; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«سَمِعْتُ الْمَنْصُورَ یَقُولُ: مَنْ هَدَمَ قَبْرَ مُؤْمِنٍ فَکَأَنَّما هَدَمَ دارَهُ! قُلْتُ: أَرَأَیْتَ إِن وَجَدَ فِیهِ خَلَلاً أَوْ نَقْصاً أَ لَهُ أَن یُصْلِحَهُ؟ قالَ: لا بَأْسَ بِأَن یُصْلِحَهُ وَ لَیْسَ الْهَدْمُ کَالْإِصْلاحِ! قُلْتُ: أَرَأَیْتَ إِن وَجَدَ عَلَیْهِ بُنْیاناً مِمَّا لا یَجُوزُ أَن یَکُونَ عَلَى قَبْرٍ أَ لَهُ أَن یَهْدِمَ الْبُنْیانَ؟ قالَ: لَیْسَ لَهُ أَن یَهْدِمَهُ هَدْماً فَیُهِینُهُ وَ لَكِنْ یَأْخُذُ مِنْهُ عَلَى رِفْقٍ حَتَّى إِذا سَوّاهُ جَعَلَ حَوْلَهُ مَوانِعَ لِکَیْلا یَطَئَهُ النّاسُ! قُلْتُ: أَما أَمَرَ رَسُولُ اللّهِ صَلَّی اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ عَلِیّاً بِهَدْمِ الْقُبُورِ؟! قالَ: إِنَّما أَمَرَهُ بِهَدْمِ قُبُورِ الْمُشْرِکینَ لِیُذْهِبَ آثارَ الْجاهِلِیَّةِ وَ أَنْجاسَها وَ لَمْ یَأْمُرْهُ بِهَدْمِ قُبُورِ الْمُؤْمِنینَ! قُلْتُ: فَماذا تَرَى إِنْ کانَ قَبْرُ نَبِيٍّ أَوْ إِمامٍ مِنْ أَئِمَّةِ الْمُؤْمِنینَ؟ قالَ: أَرَى أَنْ لا یُهْدَمَ وَ لا یُؤْخَذَ مِنْهُ شَيْءٌ إِلّا عَلَى وَجْهِ الْإِصْلاحِ لِکَیْلا یَکُونَ فِتْنَةً لِلَّذِینَ آمَنُوا فَیُوقِعَ بَیْنَهُمُ الْعَداوَةَ وَ الْبَغْضاءَ وَ لا بَأْسَ بِأَن یَکُونَ الْقَبْرُ فِي بَیْتٍ لَمْ یُبْنَ لَهُ ما لَمْ یُرْفَعْ فَوْقَ أَرْبَعَةِ أَصابِعَ وَ لا أَقُولُ کَما یَقُولُ هَؤُلَاءِ الْأَحْجارُ -یَعْنِي الْوَهّابِیَّةَ! ثُمَّ أَقْبَلَ بِوَجْهِهِ عَلَى عَبْدِ اللّهِ بْنِ حَبِیبٍ وَ کانَ یُصْلِحُ لَهُ قَمِیصاً فَقالَ: یَهْدِمُونَ قُبُورَ الصَّالِحینَ وَ یَعْمُرُونَ قُصُورَ الظّالِمینَ! لا وَاللّهِ ما بِذَلِكَ أُمِرُوا!»; «Шунидам ҳазрати Мансур мефармояд: Ҳар кас қабри мӯъминеро вайрон кунад мисли он аст ки хонаи ӯро вайрон карда бошад! Гуфтам: Назаратон чист агар дар он халае ё нуқсоне биёбад, оё метавонад онро ислоҳ кунад? Фармуд: Ишколе надорад ки онро ислоҳ кунад ва вайрон кардан монанди ислоҳ кардан нест! Гуфтам: Назаратон чист агар бар рӯйи он бинойе биёбад ки ҷойиз нест бар рӯйи қабре бошад, оё метавонад биноро вайрон кунад? Фармуд: Ӯро намерасад ки онро ба як бора вайрон кунад ва ин гуна ба ӯ беэҳтиромӣ намояд, вале бо нармӣ аз он бар медорад то инки онро ҳамвор месозад ва пиромунаш мавонеъӣ қарор медиҳад то мардум бар рӯйи он пой нагузоранд! Гуфтам! Оё Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Алиро ба вайрон кардани қабрҳо фармон надод?! Фармуд: Ӯро ба вайрон кардани қабрҳои мушрикон фармон дод то осори ҷоҳилият ва олудагиҳои онро аз байн бибарад ва ӯро ба вайрон кардани қабрҳои мӯъминин фармон надод! Гуфтам: Пас назаратон чист агар (бино бар рӯйи) қабри Паёмбаре ё имоме аз аъимаи мӯъминон бошад? Фармуд: Чунин мебинам ки вайрон нашавад ва чизе аз он бардошта нашавад магар аз боби ислоҳ то фитнае барои касоне ки имон доранд набошад пас миёнашон душманӣ ва кина бияндозад ва ишколе надорад ки қабр дар хонае бошад ки барои он сохта нашудааст модоме ки бештар аз чаҳор ангуш баланд нашавад ва намегӯям тавре ки ин сангҳо мегузоранд –яъне ваҳҳобиҳо! Сипас рӯйи худро ба тарафи Абдуллоҳ ибни Ҳабиб гардонд ки дар ҳоли руфу кардани пиромуне барои он ҳазрат буд, пас фармуд: Қабрҳои солеҳонро вайрон мекунанд ва қасрҳои золимонро обод месозад! На ба Худо савганд ин коре набуд ки ба он амр шуданд»!

Оре, ҳамон тавр ки ин олими бузург фармуда, мушкил он аст ки акнун касоне бар боргоҳи қабри Паёмбар ва аҳли байташ хӯрда мегиранд ва ба тилло ва нуқраи он эътироз мекунанд ки дар бораи кохҳои салотин ва бурҷҳои шоҳзодагон чизе намегӯянд ва тиллоҳо ва нуқраҳои онон ки сарфи айёшӣ ва ифсод дар замин мешавадро нодида мегиранд, дар ҳоле ки агар сохтани боргоҳ ва истифода аз тилло ва нуқра барои Паёмбар ва аҳли байташ бо суннат мухолифат дорад, сохтани кохҳо ва бурҷҳо ва истифода аз тилло ва нуқра барои айёшӣ ва ифсод дар замин бо суннат мухолифтар аст ва бо ин васф, талош барои тахриби қасрҳои золимон, аз талош барои тахриби қабрҳои солеҳон сазовортар аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

«کُنْتُ عِنْدَ الْعَبْدِ الصَّالِحِ فَدَخَلَ عَلَیْهِ رَجُلٌ مِنَ السَّلَفِیَّةِ، فَقالَ: کانَ فِي قَرْیَتِي قَبْرٌ لِفُلانٍ الصُّوفِيِّ وَ کانَ یُعْبَدُ مِنْ دُونِ اللّهِ فَهَدَمْتُهُ! قالَ: وَ هَدَمْتَهُ؟! قالَ: نَعَمْ وَاللّهِ وَ نَفَضْتُ یَدَيَّ مِن تُرابِهِ، قالَ: هَدَمْتَ الْقَبْرَ الْأَصْغَرَ وَ أَبْقَیْتَ الْقَبْرَ الْأَکْبَرَ! قالَ: وَ مَا الْقَبْرُ الْأَکْبَرُ؟! قالَ: قَصْرُ الْحاکِمِ وَ عُبّادُهُ أَکْثَرُ! فَتَأَمَّلَ الرَّجُلُ ساعَةً ثُمَّ قالَ: وَاللّهِ لَوْ أَطَعْناکَ لَحَمَلْتَنا عَلَی الطَّرِیقِ الْواضِحِ وَلَكِنْ ما نَصْنَعُ بِالْمَذاهِب؟! ثُمَّ قامَ وَ خَرَجَ»; «Назди бандаи солеҳ (ҷаноби Мансур) будам, пас марде аз салафия бар ӯ ворид шуд ва гуфт: Дар қарияи ман қабре барои фалон сӯфӣ буд ки ба ҷойи Худованд парастиш мешуд, пас онро вайрон кардам! Фармуд: Онро вайрон кардӣ?! Гуфт: Оре ва дастамро аз хоки он такон додам! Фармуд: Қабри кӯчактарро вайрон кардӣ ва қабри бузургтарро боқӣ гузоштӣ! Гуфт: Қабри бузургтар кадом аст?! Фармуд: Қасри ҳоким ва парстиш кунандагони он бештаранд! Пас мард соъате дар андеша фуру рафт ва сипас гуфт: Ба Худо савганд агар аз ту итоъат кунам моро ба роҳи рӯшан раҳсипор месозӣ, вале чи кунем бо мазоҳиб?! Сипас бархост ва берун рафт».

Оре, қасрҳои золимон, қабрҳои бузургтар ҳастанд ки мурдагонӣ мутаҳаррик дар онҳо ҳукм меронанд ва аз назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, ба вайрон шудан сазовортаранд, вале бештари мардум аз онҳо ғофил ҳастанд ва ба қабрҳои кӯчактар эътироз мекунанд ва ҳар кас ки Худованд ӯро ҳидоят нафармояд, барои ӯ ҳидоятгаре нест.

↑[1] . Тавба/ 34
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Таълиқот
Нақдҳо ва баррасиҳои фаръӣ
Нақди
фаръии 1
Нависанда: Ҳасан
Тарих: 16/7/2018

Агар мумкин аст далилӣ Қуръонӣ ва ривойии аллома мабнӣ бар адами ҷавози сохтани бино бар рӯйи қабрро бифармойед.

Посух ба нақди
фаръии 1
Тарих: 25/7/2018

Сохтани бино бар рӯйи қабр, шеваи кофирон ва фосиқоне чун фароъина буда ва Худованд дар Қуръон аз ҳамонандӣ бо онон наҳй карда ва фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ كَفَرُوا[1]; «Эй касоне ки имон овардед! Ҳамонанди касоне ки кофир шуданд набошед» Ва фармудааст: ﴿وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنْسَاهُمْ أَنْفُسَهُمْ ۚ أُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ[2]; «Ва ҳамонанди касоне набошед ки Худовандро аз ёд бурданд, пас худҳошонро аз ёдашон бурд, онон ҳамон фосиқон ҳастанд». Ба илова, дар ривояти мутавотир омадааст ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин кор наҳй фармуда, то ҷойе ки Алӣ ибни Абӣ Толиб алайҳи саломро фиристодааст то биноҳои сохта шуда бар рӯйи қубурро аз байн бибарад. Аз ин рӯ, аҳли байти он Ҳазрат низ ин корро раво надоштаанд[3].

↑[1] . Оли Имрон/ 156
↑[2] . Ҳашр/ 19
↑[3] . Барои ин ривоят, бингаред ба: Муснади Таёлисӣ, с16; Мусаннафи Абдураззоқ, ҷ3, с504; Муснади Аҳмад, ҷ1, с98; Саҳеҳул Муслим, ҷ3, с61; Сунани ибни Моҷа, ҷ1, с498; Сунани Абӣ Довуд, ҷ2, с83; Сунани Тирмизӣ, ҷ2, с256; Сунани Нисоӣ, ҷ4, с87; Сунани Байҳақӣ, ҷ4, с2; Масоъили Алӣ ибни Ҷаъфар, с212; Барқӣ, Ал-Маҳосин, ҷ2, с612; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, ҷ6, с528; Таҳзибул Аҳком, ҷ1, с460.
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Нақди
фаръии 2
Нависанда: Раҳмони
Тарих: 3/11/2019

Ин Шоъ Аллоҳ дар сиҳату саломати бошед. Шиъаён дар мавриди ҷавози сохтани боргоҳ бар рӯӣ қубури Паёмбар ва аҳли байт алайҳимуссалом, чи далилае ироъа медиҳанд? Агарчи ин суъолро бояд аз онҳо пурсид.

Посух ба нақди
фаръии 2
Тарих: 6/11/2019

Ривоёти мутавотири расида дар бораи адами ҷавози сохтани боргоҳ бар рӯӣ қубур, ом аст ва шомили қубури Паёмбар ва аҳли байт ҳам мешавад, вале шиъаён истиҳсонан қубури ононро мустасно медонанд ва ин ба далили муҳаббате аст ки ба онон дорнад, вагарна тахсисе аз онон дар хусуси қубурашон собит нашудааст. Ҳар чанд пӯшида нест ки муҳаббат ба Паёмбар ва аҳли байт, дар фармонбардорӣ аз онон таҷаллӣ меёбад, на дар нофармонӣ аз онон, вале ба назар мерасад ки шиъаён ин гуна намеандешанд ва аз ин рӯ, мекӯшанд ки муҳаббати худ ба ононро бо корҳойи монанди сохтани боргоҳ бар рӯӣ қубурашон ва тазйини он бо тилло ва нуқра ва худзанӣ дар сувгашон нишон диҳанд ки ошкоро бар хилофи ривоёти мутавотири расида аз онон аст, на бо корҳойи монанди ёрии онон дар баробари ҳокимони золим ва заминасозӣ барои ҳукуматашон ки аз замони Ҳасан ва Ҳусейн алайҳимуссалом то имрӯз ба сӯӣ он фаро хонда мешаванд, вале аз анҷоми он сар боз мезананд! Бо ин ҳама, аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, тахриби боргоҳи сохта шуда бар рӯӣ қубури Паёмбар ва аҳли байтро ҷойиз намедонад; Чароки ин кор аз як сӯ беэҳтиромӣ ба онон маҳсуб мешавад ва аз сӯӣ дигар ба зуҳури фитна ва ихтилоф дар миёни мусалмонон меанҷомад. ба илова, он ҳазрат тахриби кохҳои золимонро аз тахриби боргоҳи сохта шуда бар рӯӣ қубур сазовортар медонад. Ҳар чанд ислоҳи боргоҳи сохта шуда бар рӯӣ қубур ба наҳве ки беэҳтиромӣ маҳсуб нашавад ва ба зуҳури фитна ва ихтилоф наянҷомад, ишколе надорад; Чароки дар ин сурат, маҳзуре дар он нест; Монанди инки деворӣ бардошта шуда то қабр дар айвон ё дар саҳн қарор гирад, на инки ҳамаи боргоҳ ба вайрона табдил шавад; Ҳамчунонки расидагӣ ба қабр ба маънои таъмир ва танзифи он ва сохтани равоқҳо ва масоҷиде дар пиромуни он барои зоъирон ишколе надорад.

Аз инҷо дониста мешавад, касоне ки мекӯшанд бо ҳаёҳу дидгоҳи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар ин бораро шабеҳ ба дидгоҳи ваҳҳобиҳо ҷилва диҳанд, ё дучори каҷфаҳмӣ ҳастанд ва ё ҳадафе ҷуз авомфиребӣ ва таҳрики эҳсосоти шиъаён надоранд; Чароки дидгоҳи он ҳазрат дар ин бора, ба вузуҳ бо дидгоҳи ваҳҳобиҳо мутафовит аст; Чунонки худ сариҳан фармудааст: «لا أَقُولُ کَما یَقُولُ هَؤُلَاءِ الْأَحْجارُ -یَعْنِي الْوَهّابِیَّةَ» «Намегӯям тавре ки ин сангҳо мегӯянд –яъне ваҳҳобиҳо». Асосон коре ки он ҳазрат ҷойиз дониста, тахриби боргоҳ нест, бал тағйири он ба гунае аст ки ҳам бо таъолими Ислом мутобиқ бошад ва ҳам муҷиби беэҳтиромӣ ё фитна ва ихтилоф набошад ва ин коре аст ки мумкин аст тавассути имом Маҳдӣ алайҳи салом анҷом шавад; Чунонки дар ривоёт омадааст ки он ҳазрат манораҳо ва мақсураҳоро аз байн мебарад; Ба ин далил ки тавассути Паёмбар ё имоме сохта нашудаанд[1], балки Масҷидул Ҳаром ва Масҷиду Набиро ҳам тағйир медиҳад ва ба шакли нахустинашон боз мегардонад (Нӯъмонӣ, Ал-Ғайба, 472), дар ҳоле ки мусалламан он ҳазрат ваҳҳобӣ нест.

Мутаъассифона ба назар мерасад ки бархӣ мухолифони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло бемор ҳастанд; Зеро вақте мебинанд ки сухани ӯ ишколе надорад то далиле барои мухолифат бо ӯ бошад, онро таҳриф ё таъвил мекунанд то ба сухани дигаре табдил шавад ва мухолифат бо ӯро тавҷиҳ кунад; Бо таваҷҷуҳ ба инки нахуст мухолифат бо ӯро дар пеш гирифтаанд ва сипас ба такопу афтодаанд то далиле барои он пайдо кунанд! Монанди девонагоне ки ӯро муддаии имомат ва ниёбат мешуморанд ва ба сухани ӯ эътино намекунанд ки фарёд мезанад: «Ман муддаии имомат ва ниёбат нестам»! Ингор ки мегӯянд: «Ҳастӣ ва худат намедонӣ»! Чи аҷаб аст девонагии касоне ки бо зӯр иддаъоеро ба гардани ӯ мебанданд ва сипас бар пояи он ба душманӣ бо ӯ мепардозанд! Чи хатарнок аст бемории касоне ки огоҳона сухани ӯро бар хилофи мақсудаш ҳамл мекунанд ва сипас бар пояи он ба ӯ иҳонат раво медоранд! Албатта табиъӣ аст ки вақте оқилон пеш намеоянд, девонагон майдондор мешаванд ва вақте олимон сукут мекунанд, ҷоҳилон даҳон мегушоянд ва пайомад ин мусибати он аст ки асилтарин омӯзаҳои Ислом ба мазҳака гирифта мешавад ва покизатарин ҷунбишҳои Исломӣ ба ганд кашида мешаванд! Ин пайомади табиъии сукути оқилон ва сукути олимон аст ки хиёнатӣ бузург ва нобахшуданӣ аст, вагарна аз беморони равонӣ ва ҷоҳилони кӯча ва бозор чи таваққуъе меравад?!

↑[1] . Тувсӣ, Ал-Ғайба, с206 ва 207
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Бахши баррасии нақдҳо
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани нақд
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед нақдҳои илмии худ бар осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба баррасии илмӣ гирифта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи нақд дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Мумкин аст нақди шумо дар пойгоҳ баррасӣ шуда бошад. Аз ин рӯ, беҳтар аст пеш аз навиштани нақди худ, нақдҳои муртабитро мурур ё аз имкони ҷустуҷӯ дар пойгоҳ истифода кунед.
2 . Беҳтар аст аз навиштани нақдҳои мутаъаддид ва ғайри муртабит бо ҳам дар ҳар навбат худдорӣ кунед; Чароки чунин нақдҳое дар пойгоҳ ба тафкик ва эҳёнан дар муддатӣ бештар аз муддати маъмули баррасӣ мешаванд.