Шанбе 20 Апрел 2024 мелодӣ / 11 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

1 . Ончи мусаллам ва машҳуд аст, ин аст ки имрӯза мусалмонон ва кишварҳо ва ҳукуматҳои Исломӣ бо вазъияти номусоъид ва номатлубе дар ҳамаи заминаҳо ва арсаҳои мухталиф ҳукуматӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва равобити дохилӣ, минтақаи ва байналмилалӣ мувоҷеҳанд ва мутаъассифона вазъияти онон дар ҳеҷ заминае бо шароити зисти матлуб ва мавриди назари Ислом мутобиқат надорад ва аз ҳеҷ вазъият ва шароити шойиста ва хушоянде бархурдор нестанд. Ҳокимияти истебдоди динӣ ба унвони бадтарин шакл ва навъи истебдод дар аксарияти наздик ба тамомӣ кишварҳои Исломӣ, сӯъи мудирияти шадид ва ба яғмо рафтани манобеъ ва сарватҳои ҳангуфти мусалмонон, ақаб афтодагӣ ва вобастагӣ ва фақр ва бечорагии аксари мусалмонон ва давлатҳои Исломӣ алорағми доштани манобеъи саршори сарват, шиддат ва густардагии нақзи ҳуқуқи башар ва зулму беадолатӣ дар ҷавомеъи мусалмон ва кишварҳои ба истилоҳ Исломӣ, рушди густарда ва рӯзафзун ва системотики фасод дар ҳамаи заминаҳо ва дар ҳамаи сутуҳ, дур шудан аз маънавият ва ахлоқ ва густариши беандозаи дурӯғ, нифоқ, фиреб, хиёнат, ҳаромхорӣ ва ҷурму шарорат ва ҷиноят дар байни мусалмонон ва ҳокимони онҳо, истеҳмор ва истисмори динӣ тудаи мусалмон тавассути руҳониюн ва уламои дин бо гаройиши шадиди онҳо ба ҳокимони золим ва фосид ва ҷинояткор ва рӯй оварӣ беҳадду марзашон ба дунёву қудрат ва сарват ва тавҷиҳи ҳамаи инҳо бо абзори дин ва бо исми дин, ихтилофоти митақаи ва байналмилалии кишварҳои мусалмон бо ҳамдигар ва даргириҳои дохилӣ ва фирқаи ва мазҳабӣ то ҳадди такфир ва тафсиқи якдигар ва ҷангу кушторҳои ваҳшатнок дар байни онҳо ҳама аз муъаллифаҳо ва шохисаҳои имрӯзи ҷавомеъ ва кишварҳо ва ҳукуматҳои Исломӣ аст ки вуфур ва густардагӣ ва малмус ва машҳуд будани онҳо ҷойе барои нафй ва инкорашон боқӣ намегузорад.

2 . Бо ин васф ин саволи мантиқӣ барои ҳар мутафаккир ва андешманде матраҳ аст ки ин ҳама ноҳанҷорӣ дар ҷавомеъ ва кишварҳои Исломӣ ношӣ аз чист? Ва чи илал ва авомиле дар пайдоиши онҳо дахиланд? Ва кадомин иллатро метавон ба унвони решаи аслӣ ва иллатулилали ба вуҷуд омадани ноҳанҷориҳои мавҷуд баршумурд ва мавриди ишора қарор дод? Иддае решаи ихтилол ва нокомии ҷавомеъ ва кишварҳои Исломиро ба худи Ислом нисбат медиҳанд ва мепиндоранд ки Ислом на танҳо кифояти лозимро барои ҳалли мушкилоти мусалмонон надорад ва на танҳо қотир ба ҳалли мушкилоти онҳо нест балки худ, реша ва омили аслии мушкилоти онҳост. Инон муддаъианд ки мусалмонон ҳамаи анвоъи қироъатҳои гуногун аз Исломро озмуда ва таҷриба кардаанд; Аз Исломи суннӣ гирифта то Исломи шиъӣ; Аз Исломи ваҳобии Оли Саъуд то Исломи вилояти мутлақаи фақиҳи ҳокимони Эрон; Аз Исломи Ал-Қоидаи Бини Лоден гирифта то Исломи Толибонии Мулло Умар; Аз Исломи Боко Ҳаром гирифта то Исломи Доъиши Абу Бакри Бағдодӣ ки маҳсули ҳамаи онҳо барои мусалмонон ва дигар мардумон чизе ҷуз ҷаҳл ва хурофа ва фақру некбат ва бадбахтиву ақаб мондагӣ ва хушунату оворагӣ ва қатлу куштор набудааст ва бо ин васф, чораи наҷот ва раҳойии мусалмононро ҷуз даст кашидан аз Ислом ва рӯй овардан ба мабонии тамаддуни ҷадид намедонанд. Дар баробари ин гурӯҳ, иддаи дигар ҳастанд ки ба Исломи воқеъӣ имон ва бовари ростин доранд ва онро динӣ комил ва саъодат бахш медонанд ва ба зарфият ва тавонойии он ба ҳалли мушкилоти моддӣ ва маънавии мусалмонон эътиқод доранд. Ин идда ки дар раъси онҳо аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мебошад, бар ин боваранд ки решаи мушкилоти мусалмонон дур шудан аз Исломи холис ва комил аст; Чароки имрӯза ончи мусалмонон ба номи Ислом мешиносанд Исломи асил ва воқеъӣ ва ношӣ аз хоста ва иродаи Худованд нест, балки Исломе аст ки ғолибан олуда ба ирода ва хостаи ғайри Худованд шудааст; Динӣ таҳриф шуда ва мубтанӣ бар увҳом ва занниёти ғайри мӯътабар ки аз батни яқиниёт ва мусалламоти Исломӣ яъне китоби Худо ва суннати мутавотир ва ҳидоятгариҳои халифаи воқеъии Худованд ҳазрати Маҳдӣ бар нахоста ва бо мабонии ауқлӣ низ ҳамоҳангӣ надорад. Аз ҳамин рӯст ки ба ҷуръат метавон гуфт бисёрӣ аз мӯъзалоти ҷаҳони Ислом маълули пайравӣ аз хоста ва иродаи ғайри Худованд аст. Дар ҳамин ростост ки алломаи муҷоҳид Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳи бурунрафт ва хуруҷи мусалмонон аз вазъияти номатлуб ва бӯҳронӣ мавҷудро «Бозгашт ба Исломи» асил ва холиси мавриди назари Худованд ва пиёда шудани он ба сурати комил ва бо ҳамаи аҷзояш дар партуви нуронӣ ҳокимият ва ҳукмронии танҳо халифаи барҳаққи Худованд ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом медонанд.

3 . «Бозгашт ба Ислом» ба маънои шинохти саҳиҳ ва комили ҳамаи мабонӣ, арзишҳо ва ормонҳои асили Исломӣ мубтанӣ бар китоби Худо, суннати мутавотири Расули Худо ва бароҳини рӯшани ақлӣ аст. «Бозгашт ба Ислом» як теъории навандешона ва матини Қуръонӣ ва Исломӣ аст ки ба ҳеҷ ваҷҳ моҳиятӣ мазҳабӣ ва фирқагароёна надорад ва танҳо муқайяд ба манобеъи муштарак ва мусалламот ва яқиниёти Исломӣ аст ки ҳам дар мабонӣ ва ҳам дар маноҳиҷи худ тафовутҳои боризи бисёре бо мазоҳиби Исломии маҷуд ва бо қироъатҳои кунунӣ ва ройиҷ аз Ислом дорад; Теъорие ки интиқодҳои саҳмгин ва фаровонеро мутаваҷеҳи бисёре аз дидгоҳҳо ва ақойид ва аъмоли мазоҳаби кунунӣ ва қироъатҳои мавҷуд аз Ислом –чи шиъӣ ва чи суннӣ– мекунад ва нақшу таъсири онҳоро дар ақаб мондагии мусалмонон ва дур кардани онон аз Исломи воқеъӣ ва дар натиҷа суқути мусалмонон ба вазъияти некбатбори кунунӣ, бисёр пур ранг мебинад. Дар ин дидгоҳ «Бозгашт ба Ислом» ба мафҳуми ақабгарди ва ҳаракатӣ вопасгароёна ва мутаҳаҷҷарона ва кӯҳнагароёна нест, балки ҷаҳише аст барои шинохти ҳақ ва ҳаракате аст рӯ ба пеш ки такомул ва таъолиро дар худ дорад; «Бозгашт ба Ислом» бозгашт ба аслҳо ва асолатҳои фаромӯш шуда ва таҳриф шуда аст; Бозгашт ба ҳуввият ва ҳақиқати Исломӣ ва инсонии хеш аст:

Ҳар касе ку дур монда аз асли хеш

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш

«Бозгашт ба Ислом» бозгашт ба ҳақойиқи кетмон шуда ва аз ёд рафта ва бозгашт ба илм ва яқин ва ақл –ин нахустин ва бартарин офаридаҳои Худованд– ва дурӣ аз ҷаҳлу занниёт ва тақлиду хурофот ва таъассубу такаббур ва ҳавоҳои нафсонӣ аст ки бузргтарин ва хатарноктарин абзорҳои шайтонанд. «Бозгашт ба Ислом» бозгашт ба асолати китоби Худо ва асл қарор додани он нисбат ба ҳар каломӣ дигар ҳатто каломи маъсум ва хориҷ намудани он аз фаръият ва аз султаи бозори маккораи аҳодиси ҷаълӣ ва заннӣ аст; Бозгашт ба ин мабнои матин ва нуронии алломаи Хуросонӣ аст ки насх ва тахсис ва таъмими оёти Қуръон ба василаи ривоёт мумкин нест. «Бозгашт ба Ислом» бозгашт ба суннати мутавотир ва арзиш ниҳодан ба фиристодаи Худо ва Расули гиромии Ӯ Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва тарди қоъилин ба «Ҳасбуно китобаллоҳ» аз як сӯ ва нафйи муфритин ва мутамассикин ба ҳар ҳадиси воҳӣ ва заннӣ аз сӯӣ дигар ва низ арзиш ниҳодан ба яқиниёт ва тарди ваҳмиёт ва занниёт аст. «Бозгашт ба Ислом» бозгашт бидуни ғафлат ва кӯтоҳӣ ва бидуни хусумати мӯъминон аз сӯйе ва бозгашт бидуни таҳриф ва ғулув ва тундравии онҳо аз сӯӣ дигар ба сӯӣ аҳли байти покиза ва мукаррами Расули Худо салавотуллоҳи алайҳ ва олиҳи ва ёдоварии ҷойгоҳи бебадили онҳо дар Ислом ва нисбат ба Қуръон аст. «Бозгашт ба Ислом» бозгашт ба бархурди бо эҳтиром ва адаб нисбат ба ҳамсарон ва саҳобаи Паёмбари Худо ва муҳоҷирон ва ансор аст, бо қабул ва пазириш бидуни таъассуб хатоҳо ва лағзишҳои мусаллами иддаи аз онон. «Бозгашт ба Ислом» бозгашт ба сӯӣ танҳо халифаи шойиста ва баргузидаи мавҷуди Худованд яъне Маҳдӣ алайҳи салом ва супурдани ҳокимият ва мудирияти мусалмонон ба дасти бо кифояти ӯ ва тард ва ба зер кашидани ҳамаи ҳокимони ғосиб ва золими феълӣ аст ки бо исми халифаи Худо ё нойиби имом Маҳдӣ солиёни дарозе аст ки ба ноҳақ бар сарнавишти мусалмонон ва кишварҳои Исломӣ хаймаи худкомагӣ задаанд ва ҳукуматҳояшон ҷуз фалокат ва бадбахтӣ барои мусалмонон маҳсуле дар бар надоштааст. «Бозгашт ба Ислом» бозгашт ба сӯӣ ваҳдати воқеъӣ ва ҳамдилии бародарона ва мӯъминонаи ҳамаи мусалмонон бар асоси манобеи муштарак ва мусалламоти Исломӣ ва радду нафйи маъқули ҳар гуна душманӣ ва кина ва бародаркушӣ аст. «Бозгашт ба Ислом» бозгашт аз тақлиди кӯр кӯрона ва бидуни далил ва рӯй гардондан аз ороъ ва фатовии мубтанӣ бар тахмин ва занни олимон ба истилоҳи динӣ ба сӯӣ иҷтиҳод мубтанӣ бар далил ва яқини шаръӣ ва ақлӣ аст. «Бозгашт ба Ислом» даст кашидан аз уламо ва фақиҳои дунё задае аст ки дин ва мазҳабро чун абзоре дар хидмати аҳдофи дунявии хеш ва тавҷиҳи аъмоли нодуруст ва зулми ҳокимони тоғутӣ ба кор гирифтаанд ва бо таҳрифу кетмони ҳақиқат, динро аз сарчашмаҳои зулоли он олуда ва гилолуд кардаанд. «Бозгашт ба Ислом» бозгашт ба сӯӣ олимони ростин ва муттақӣ ва шуҷоъ ва муҷоҳиде ҳамчун аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло аст ки мусалмононро аз пайравии ҳокимони золим ва ситамгар боз медорад ва ба пайравӣ аз Маҳдӣ алайҳи салом фаро мехонад; Аз пайравии увҳом ва зунун манъ мекунад ва ба пайравӣ аз илм ва яқин амр мекунад; Аз ҷаҳлу тақлид ва таъассубу таккабур ва ҳавоҳои нафсониву дунёгароӣ ва хурофагароӣ бар ҳазар медорад ва ба шинохт ва иқомаи Исломи холис ва комил дар партуви ҳокимияти халифаи воқеъии Худо Маҳдӣ алайҳи салом тарғиб ва ташвиқ мефармояд.

4 . Бо ин васф мусалмонони воқеъиро чорае ҷуз ин нест ки барои берун рафт аз вазъияти номатлуб ва бӯҳронии мавҷуд ва барои ҷуброни мофот ва расидан ба хайр ва саъодати дунявӣ ва ухравии матлуб, огоҳона ва аз рӯӣ басират ба сӯӣ Исломи воқеъӣ ки алломаи муҷоҳид Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба ҳақ парчамбардор ва мунодии он аст, боз гарданд ва таҳаққуқи айни Ислом ва кулли онро оромони худ қарор диҳанд ва барои дастрасӣ ба халифаи Худо ва расондани ӯ ба ҳокимият, ниҳояти ҷидди ва талоши хешро мабзул доранд; Чароки бидуни шак ин танҳо роҳи мавҷуд барои расидан ба хушбахтӣ ва саъодати воқеъӣ ва дарёфти нусратҳои Илоҳи аст ва мӯъминон ва муштоқон ва пайравон ва раҳравони ҳақиқатро чорае ҷуз паймудани он нест; Чунонки Худованди ҳаким фармудааст: ﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَى تِجَارَةٍ تُنْجِيكُمْ مِنْ عَذَابٍ أَلِيمٍ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَتُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ بِأَمْوَالِكُمْ وَأَنْفُسِكُمْ ۚ ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ يَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَيُدْخِلْكُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ ۚ ذَلِكَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ وَأُخْرَى تُحِبُّونَهَا ۖ نَصْرٌ مِنَ اللَّهِ وَفَتْحٌ قَرِيبٌ ۗ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُونُوا أَنْصَارَ اللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ لِلْحَوَارِيِّينَ مَنْ أَنْصَارِي إِلَى اللَّهِ ۖ قَالَ الْحَوَارِيُّونَ نَحْنُ أَنْصَارُ اللَّهِ ۖ فَآمَنَتْ طَائِفَةٌ مِنْ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَكَفَرَتْ طَائِفَةٌ ۖ فَأَيَّدْنَا الَّذِينَ آمَنُوا عَلَى عَدُوِّهِمْ فَأَصْبَحُوا ظَاهِرِينَ[1]; «Эй мӯъминон! Оё шуморо ба тиҷоратӣ (пурсуд) роҳнамойи кунам ки шуморо аз азобӣ дарднок наҷот медиҳад? Ба Худо ва Паёмбараш имон биёваред ва бо амвол ва ҷонҳоятон дар роҳи Худо ҷиҳод кунед ва ин агар бидонед барои шумо (аз ҳар чизе) беҳтар аст то гуноҳонатонро биёмӯрзад ва шуморо дар Биҳиштҳойе ки аз зери он наҳрҳо ҷорӣ аст ва ба хонаҳои покиза дар Биҳиштҳои ҷовидон дароварад ва ин комёбии бузурге аст ва неъматҳои дигаре ки дӯст медоред (ва ба шумо ато хоҳад шуд) ёрӣ ва пирӯзӣ наздик аз ҷониби Худост ва мӯъминонро (ба ин ҳама неъмат) мужда бидеҳ! Эй касоне ки имон овардед аз ёорони Худо бошед, ҳамон гуна ки Исо писари Марям ба ҳавориюн гуфт: Ёварони ман ба сӯӣ Худо чи касонеанд? Ҳавориюн гуфтанд: Мо ёрони Худойем. Пас гурӯҳе аз банӣ исройил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд, пас касонеро ки имон оварданд бар зидди душманонашон ёрӣ додем то пирӯз шуданд».

Оре, барои наҷот аз ин ҳама ранҷ ва бадбахтӣ ва барои раҳойи аз ин торикиҳои барҳам анбошта ва мутароким ва барои хуруҷ аз ин ҳама гумроҳӣ ва залолат, мусалмононро чорае нест ҷуз инки огоҳона ва ба дур аз ҳамаи мавонеъи шинохти ҳақ, ба сӯӣ Исломи ростин боз гарданд ва дар ҷиргаи ансор ва ёварони Худо дароянд ва бо пайвастан ба наҳзати «Бозгашт ба Ислом» ба раҳбарии Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба нидои ин олими муттақӣ ва муҷоҳид дар роҳи Худо лаббайк гӯянд ва заминаҳо ва шаройити дастрасии халифаи воқеъии Худованд, Маҳдиро ба ҳокимияти Илоҳӣ фароҳам созанд то дар партуви ҳукумати Илоҳӣ ва одилонаи ӯ ба нур ва рӯшанойи роҳ ёбанд ва ба хушбахтӣ ва саъодати воқеъӣ даст пайдо кунанд, ин шоъ Аллоҳ.

والسّلام علی من اتّبع الهدی

↑[1] . Саф/ 10-14
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.