Панҷшанбе 18 Апрел 2024 мелодӣ / 9 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

Имрӯз ба воситаи фароғатӣ чанд соъата дар одинаи ҳафта, фурсате даст дод то пас аз муддате, мурурӣ ҷомеъ ва нисбатан тафсилӣ бар пойгоҳи иттилоърасонии ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дошта бошам ва боздидӣ бисёр пурбор ва муфид аз бахшҳои мутанаввеъ ва ҷолиби таваҷҷуҳи ин пойгоҳи Исломӣ ба амал оварам ки албатта бо ёддошт бардориҳои мутаъаддид ва истифодаҳои амалӣ ва маърифатӣ фаровон ҳамроҳ буд. Бояд содиқона иқрор кунам ки ман пеш аз ошноӣ бо ин ганҷинаи гаронбаҳои маънавӣ, бо вуҷуди мутолиъоти фаровоне ки дар ҳавзаи улум ва маъорифи Исломӣ доштам, танҳо соя ва шабеҳӣ аз Исломро мешинохтам ва танҳо пас аз ошноӣ бо ин пойгоҳи илм ва маърифат буд ки ҳиҷоби ҷаҳл аз пеши чашмонам канор рафт ва бо ҳақиқати Ислом ошно шудам ва мутмаъинам ки афроди бисёре монанди ман ҳастанд, ҳар чанд баъзан ба далоили мухталифе ин воқеъиятро изҳор намекунанд.

Аммо ин бор ҷудо аз баҳраи илмӣ ва ҳаловати маънавӣ ки натиҷаи ин муроҷиъоти чанд соъата буд, дар аснои мурур ва боздид аз бахшҳои мухталифи ин пойгоҳи Исломӣ, суъол ва ё беҳтар бигӯям ибҳоми бузурге бароям пеш омад ва он ин буд ки ба ростӣ бо вуҷуди итқони фавқулода ва истеҳкоми таҳсинбарангези матолиби ин пойгоҳ ва низ бо иноят ба матонати илмӣ ва рӯшани вазини он дар табйини маъориф ва мавзуъоти Исломӣ ва рӯшангаре дар ҳавзаи масоъили рӯз ва умури мубтало ба ҷаҳони Ислом ва ироъаи роҳҳалҳои бадеъи барои мӯъзалоти мусалмонони ҷаҳон ва такя бар яқиниёт ва мутавотирот ва умури мусаллам миёни ҳамаи мазоҳиби Исломӣ ва парҳез аз ҳар гуна иддаъои суст ё бидуни далил, чигуна аст ки бархӣ кишварҳои ба зоҳир Исломӣ онро филтер кардаанд ва аз дастраси бештари мардуми муштоқ ва ниёзманд хориҷ сохтаанд ва бархӣ вобастагонашон аз муқаллидони ҷоҳил ва мутаъассиб, бо ҳиддат ва шиддат дар баробари он мавзеъ гирифтаанд ва геребони худро барои муқобила бо он медаронанд ва гоҳ то ҳадде аз ин пойгоҳи вазини Исломӣ ва рӯшангариҳои илмӣ ва истедлолии он асабонӣ ба назар мерасанд ки одаме барои саломатӣ онон нигарон мешавад!!! Ин барои ман ҷиддан ҷои суъол дорад; То ҷое ки эътироф мекунам наметавонам душманони кинатуз ва бадхоҳони аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро дарк кунам! Аммо бо ин вуҷуд, ин бор худамро ба ҷои онон гузоштам ва саъй кардам бо саъи садр, далили шайтонҳо, ифтироҳ, монеътарошиҳо ва ҳошиясозиҳои беасоси мухолифон ва душманони муташаддиди ин олими бузургвор дар иртибот бо ин пойгоҳи Исломиро бифаҳмам. Дар ниҳоят ба ду натиҷаи равоншиносона ва рафторшиносона расидам ки ба назар мерасад ҳар кадом бахше аз ангезаҳои ин ҷамоъат ва сабабе аз асбоби адовати ононро ташкил медиҳад:

1. Душманони ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, аз фарти вафодорӣ ба бузургони инҳисорталаб ва ҳокимони иқдидоргарои хеш, ҳуввияти хеш ба унвони як мусалмон ё инсони озодаро аз даст дода ва дучори истиҳолаи фарҳангӣ шудаанд ва ба қавли худашон дар вилояти фақиҳ зуб гаштаанд! Ба баёни дигар, инон диёнати хешро фидои сиёсати дигарон сохтаанд ва охирати хешро ба дунёи дигарон фурухтаанд ва дар ин ботлоқ он қадр фуру рафтаанд ки дигар ҳеҷ таъаҳҳуд ва таъаллуқ ба худи Ислом ва омӯзаҳои асили Исломӣ барояшон боқӣ намодааст ва ҳар чи ҳаст танҳо таъаҳҳуд ва таъаллуқи хотир ба низому давлат ва масъулону мароҷеъи тақлид аст ки худро масовӣ бо Ислом таваҳҳум кардаанд; то ҳадде ки пиндоштаанд ва вонамуд кардаанд ҳар чизе ки бо аҳвоъи мазҳабӣ ва салойиқи сиёсии онон созгор нест ё масолеҳи низомашонро таъмин намекунад, лузуман ғайри Исломӣ аст ва аз ин рӯ, густохона ҳар қироъати дигаре аз Ислом, ҳар чанд бисёр маъқул, мустадал ва раҳойибаш бошадро «Инҳирофӣ» ё «Тавтиъаи истикбори ҷаҳонӣ» мешуморанд ва дақиқан бар ҳамин асос, кинаи ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро ба дил гирифтаанд ва ба душманӣ ва муъоризаи аланӣ бо даъвати ӯ пардохтаанд; Чароки ӯ бидъатҳо ва инҳирофоти ононро бидуни ҳеҷ таъоруф ва мудоҳинаи эълом намуда ва бо рӯшангариҳои дилсӯзонаи худ, фосилаи онон аз Исломи ростинро бар ҳамагон ошкор сохтааст ва ҳамин ба назари онон далилӣ кофӣ бар мунҳариф будани ин бузургвор ва чи басо муртабит буданаш бо истикбори ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад!!!

2. Инон дар умқи фарти хеш, ба хубӣ ҳаққоният ва хайрхоҳии ин олими азимушон ва ягонаи давронро дарёфтаанд, аммо ба сабаби заъфҳои ахлоқии фаровон ва муҳаззаб набудани нафсҳояшон, дучори бухл, тангназарӣ ва ҳасодати шадид нисбат ба эшон шудаанд. Тавзеҳ онки бисёрӣ аз эшон пеш аз зуҳури ин олими раббонӣ, дар қаҳтул риҷол ва халаи ҳувлноке ки бар ҷаҳони Ислом соя афканда буд, барои худ дӯкон ва дастгоҳе пайдо карда ва муддаъии илм ва фазле буданд ва муридон ва тарафдороне доштанд, вале бо зуҳури ин офтоби оламтоб, монанди ситораҳои хурд ва камсавӣ дар атрофи осмон маҳв шуданд ва мавқеъияти худ дар миёни авомро мутазалзил ёфтанд ва нисбат ба ояндаи худ эҳсоси хатар карданд; Зеро азамати илмӣ ва маънавии ин инсони бузург то ҳадде аст ки инсофан сирфи зуҳури ӯ дар ҷаҳони Ислом, ҳатто агар ҳеҷ мавзеъӣ дар баробари эшон нагирад, барои рехтани обурӯ ва суст шудани ҷойгоҳи раҳбарон ва олимони мутакаббир кофӣ аст; Мисли инки «Бидуни шарҳ» як дастагули зебо ва хушбӯро дар канори буттаҳои хор ва алафҳои ҳарз қарор диҳӣ! Тавзиҳ онки ҳар кас китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ё бархӣ номаҳо ва гуфторҳои нуронии ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро як бор бо диққат мутолеъа мекунад, наметавонад тафовути сатҳи нигариш ва шахсияти эшон бо дигаронро мункир шавад ва нохоста эҳсоси касеро пайдо мекунад ки аз канори як ҳавзчаи камумқ ва олуда ки умре ба он шодмон буда ва онро бузургтарин ва поктарин уқёнуси ҷаҳон мепиндошта, ногаҳон ба канори уқёнусӣ зулол ва покиза афтодааст ва аз ин рӯ, ё монанди бархӣ мепиндорад ки хоб мебинад ва чунин уқёнуси маввоҷе дар пеши чашмони ӯ «Вуҷуд надорад» ва ё монанди бархе дар буҳт ва ҳайрат фуру меравад ва сукут мекунад ва намедонад онро бовар кунад ё мункир шавад ва ё монанди бархӣ шодмон мешавад ва Худовандро ба сабаби ёфтани чунин уқёнусе сипос мегӯяд ва машғули баҳрамандӣ аз он барои ҷуброни гузашта мегардад ва дар ҳар ҳол, нисбат ба ҷойгоҳи раҳбарони гумроҳ ва олимони мутакаббири худ беъэтино мегардад. Аз ин рӯ, инон ки қодир ба таҳаммули чунин воқеъияте нестанд ва таҷориби бисёре дар саркӯби олимони мустақил ва озода ва шахсиятҳои хайрхоҳ ва мунтақид доранд ва равишҳои касиф ва муъассиреро барои хонанишин кардан, мунзавӣ кардан, манфур кардан ва бадном кардани онон дар миёни мардум фаро гирифтаанд, душманӣ ва муъориза бо ин уқёнуси зулол ва покизаро дар дастури кори худ қарор додаанд ва аз ҳеҷ тавтиъа ва макре бар зидди эшон ба манзури ҳифзи ҷойгоҳи худ дар байни мардум худдорӣ намекунанд ва сухани Худовандро ба ёд намеоваранд ки фармудааст: ﴿وَكَذَلِكَ جَعَلْنَا فِي كُلِّ قَرْيَةٍ أَكَابِرَ مُجْرِمِيهَا لِيَمْكُرُوا فِيهَا ۖ وَمَا يَمْكُرُونَ إِلَّا بِأَنْفُسِهِمْ وَمَا يَشْعُرُونَ[1]; «Ва ин гуна дар ҳар сарзамине бузургони гунаҳкорашонро қарор додем ки дар он макр кунанд, дар ҳоле ки ҷуз ба худашон макр намекунанд ва намефаҳманд» Ва фармудааст: ﴿اسْتِكْبَارًا فِي الْأَرْضِ وَمَكْرَ السَّيِّئِ ۚ وَلَا يَحِيقُ الْمَكْرُ السَّيِّئُ إِلَّا بِأَهْلِهِ[2]; «Аз рӯӣ истикбор дар замин ва андешаи бад, дар ҳоле ки андешаи бад ҷуз ба соҳибони худ фуруд намеояд» Ва фармудааст: ﴿وَقَدْ مَكَرُوا مَكْرَهُمْ وَعِنْدَ اللَّهِ مَكْرُهُمْ وَإِنْ كَانَ مَكْرُهُمْ لِتَزُولَ مِنْهُ الْجِبَالُ[3]; «Онон макри худро кардаанд, вале макрашон низди Худованд аст, агарчи макрашон ба гунае бошад ки кӯҳҳо бо он аз байн биравад»!

Аммо дар ин миён чизе ки ҳасодати амиқи инон нисбат ба ҳазраи аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолоро таҳрик карда, он аст ки инон ҳаргиз гумон намекарданд кори ин олими бузургвор ки ба заъми онон то як сол пеш касе ӯро намешинохт ва номашро ҳам нашунида буд, дар ин муддати кӯтоҳ то ин андоза боло бигирад ва густарда шавад; Ба наҳве ки пойгоҳи иттилоърасониаш бо вуҷуди филтер будан дар Эрон ва таблиғолти манфии фаровон бар зидди он, то ин андоза тарафдор пайдо кунад ва мавриди муроҷиъаи густардаи мусалмонон аз ақсоӣ ҷаҳон қарор бигирад ва китоби шарифаш бо унвони «Бозгашт ба Ислом» ҳаракатӣ фикрӣ ва инқилобиро дар миқёсӣ фарогир оғоз намояд ва рӯйкардҳову нигаришҳои ройиҷи кунуниро тағйир бидиҳад ва қироъати ҳокимро ба чолиш бикашад. Инон ҳатто тасаввурашро ҳам намекарданд ки мардум ба ин наҳзати Исломӣ гаройиш ва алоқамандӣ нишон бидиҳанд ва онро таҳсин намоянд; Чи расад ба онки дар мақоми амал бо он ҳамкорӣ кунанд! Шояд инон дӯст медоштанд ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз худашон мебуд то битавонанд аз вуҷуди чунин шахсияти беназир ва таъсиргузоре дар ростои манофеъи хеш баҳрабардорӣ кунанд ва ӯро барои матомеъи хеш ҳазина намоянд, аммо ҳол ки ӯ аз онон нест чашми дидани ӯро надоранд ва наметавонанд маҳбубияти ӯ дар миёни мусалмонон ва ҷаззобияти таъолими асил ва нуронии ӯро ки ҳар рӯз иддаи бештареро ҷазби худ мекунад таҳаммул кунанд; Лизо ба сангандозӣ ва шарорат дар бораи ӯ рӯй меоваранд ва тамоми талоши худро мекунанд ки ваҷҳи ӯро дар назари мардум махдуш намоянд ва бо анвоъи тавҳинҳо ва таҳқирҳо ва тӯҳматҳои воҳӣ ва беасос, ҳурмати ӯро бишкананд ва мардумро нисбат ба ӯ бадбин ва бадгумон созанд. Инон аз сари ҳасодате ки мисли оташи сӯзон ба ҷонашон афтода ва хоби роҳатро аз чашмонашон рабудааст, мехоҳанд ин марди бузургро водор ба сукут, ақабнишинӣ ва тағйири рӯйкард намоянд то ҷойе ки ниҳоятан дар баробари инон кӯтоҳ биёяд ва ба хидмати онон дарояд. Онон дар ҳоле ин орзуӣ хом ва шайтониро дар сар мепарваронанд ки намедонанд ин дақиқан равиши шаруронаи яҳуд дар муқобили Ислом буд, онҷо ки Худованд душмании ононро аз сари ҳасодат мешуморад ва мефармояд: ﴿وَدَّ كَثِيرٌ مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ لَوْ يَرُدُّونَكُمْ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًا مِنْ عِنْدِ أَنْفُسِهِمْ مِنْ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْحَقُّ[4]; «Бисёрӣ аз аҳли китоб ба воситаи ҳасодате ки дар нафсҳояшон доранд, орзу мекарданд ки шуморо баъд аз имонатон ба куфр бозгардонанд, бо ин вуҷуд ки ҳақ барояшон комилан рӯшан шуда буд». Ин дар ҳоле аст ки инон дар мавриди ҳазарти аллома, ба чизе ҳасодат меварзанд ки дар ҳақиқат хостаи Худованд будааст; Чароки Худованд илм ва ҳикматро ба ҳар кадом аз бандагонаш ки бихоҳад ато мекунад ва касеро намерасад ки ба Ӯ эътироз намояд ва аз Ӯ бозхост кунад ки чаро ин маъорифро дар ихтиёри ин фарди гумном гузоштӣ ва дар ихтиёри мо ки машоҳурӣ муқтадир ҳастем нагузоштӣ! Ҳамчунонки фазилат ва бартариро ба ҳар кадом аз бандагонаш бихоҳад мебахшад; Чунонки дар бораи фазилати Оли Иброҳим алайҳи салом бар дигарон фармудааст: ﴿أَمْ يَحْسُدُونَ النَّاسَ عَلَى مَا آتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ[5]; «Оё ба гурӯҳе аз мардум ба хотири ончи Худованд аз фазли хеш ба онон бахшидааст, ҳасодат меварзанд?!»; Ҳамчунонки ҳасодати Қобил дар ҳаққи бародараш Ҳобил, нишони аз сафоҳати Қобил ва адами таслимаш дар баробари хости Худованд буд; Чароки ин тақсири Ҳобил набуд ки Худованд қурбонии ӯро пазируфт, аммо қурбонии бародарашро напазируфт! Имрӯз ҳам сарсупурдагон ба тавоғут ва мутаъассибони тангназар, монанди Қобил амал мекунанд ва аз сари ҳасодат, бардари хеш Мансури Ҳошимии Хуросониро таҳаммул наменамоянд ва агар имконашро биёбанд чи басо аз фарти ҳуқд ва ҳасодат ӯро аз рӯӣ замин бар медоранд ва ин ҳамон ﴿شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ[6] аст ки Худованд аз он барҳазар доштааст; Ҳамчунонки душманон ва қотилони даъватгарон ба сӯӣ адолатро ба азобӣ дарднок башорат дода ва фармудааст: ﴿إِنَّ الَّذِينَ يَكْفُرُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَيَقْتُلُونَ النَّبِيِّينَ بِغَيْرِ حَقٍّ وَيَقْتُلُونَ الَّذِينَ يَأْمُرُونَ بِالْقِسْطِ مِنَ النَّاسِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ ۝ أُولَئِكَ الَّذِينَ حَبِطَتْ أَعْمَالُهُمْ فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَمَا لَهُمْ مِنْ نَاصِرِينَ[7]; «Касоне ки ба оёти Худованд куфр меварзанд ва Паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва касоне аз мардум ки ба адолат амр мекунандро мекушанд, ба азобӣ дарднок башорат деҳ! Онон касоне ҳастанд ки аъмолашон дар дунё ва охират нобуд мешавад ва барояшон ҳеҷ ёваре нест»!

Аммо рӯшан аст ки ин ҳасудони кинатуз ва бенаво бештар шойистаи тараҳҳуманд; Чароки ҳеҷгоҳ ба муроди дили худ намерасанд ва ҳеҷгоҳ намеосоянд; Бо таваҷҷуҳ ба инки баҳадулиллоҳ бо шинохте ки мо аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуроснӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ёфтаем, ӯ аҳли созиш бо золимон нест ва аз гуфтани ҳақ боке ба худ роҳ намедиҳад. Лизо душманони ин олими мубориз ва шуҷоъ метавонанд аз сари ғазаб ва ҳасодат бимиранд ва орзуӣ оқабнишинӣ ва таслими эшонро бо худ ба гӯр бубаранд; ﴿قُلْ مُوتُوا بِغَيْظِكُمْ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ[8]; «Бигӯ бо хашматон бимиред! Ҳароина Худованд ба чизе ки дар синаҳост огоҳ аст»!

↑[1] . Анъом/ 123
↑[2] . Фотир/ 43
↑[3] . Иброҳим/ 46
↑[4] . Бақара/ 109
↑[5] . Нисоъ/ 54
↑[6] . Фалақ/ 5
↑[7] . Оли Имрон/ 21 ва 22
↑[8] . Оли Имрон/ 119
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.