Панҷшанбе 25 Апрел 2024 мелодӣ / 16 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

Чанд моҳи пеш китобе бо унвони «Бозгашт ба Ислом» навиштаи аллома «Мансури Ҳошимии Хуросонӣ» аз сӯӣ фардӣ ношинос ба дастам расид. Ӯ аз ман хост то ин китобро бо диққат ва ҳавсалаи кофӣ мутолиъа кунам ва онро мавриди баррасӣ ва воковии уқалоӣ қарор диҳам. Аммо бо таваҷҷуҳ ба инки дар тӯли ҳафта маҷалот ва китобҳои мушобеҳе аз ин даст, бисёр ба даст мерасид ибтидо тасаввур кардам ки ин китоб бо таваҷҷуҳ ба номи сода ва зоҳири бе таколифе ки дорад, асари маъмули ва ғайри қобили эътиност, аммо пас аз фароғате ки ҳосил шуд, шурӯъ ба варақ задани он намудам ва чанд саҳифае аз онро мутолеъа кардам ва ало ғами таваққуе ки доштам, онро бештар мутафовит ва амиқтар аз чизе ёфтам ки мепиндоштам ва ончунон маҷзуб ва даргири мабоҳиси дақиқ ва мабонии чолишбарангези он шудам ки гузари замонро эҳсос накардам. Замоне ки ба худ омадам дигар бахши қобили таваҷҷуҳе аз китобро мутолеъа кардаам ва абвоби маърифатӣ ҷадиде пеши руям гушуда шудааст суъолоти бепосухи бисёре дар баробари худ меёбам; Чароки мабонии амиқ ва таъаммул барангези он аз як сӯ комилан мустанад ва маъқул менамуд ва аз сӯӣ дигар тафовутҳое боризе бо қироъати ройиҷ ва пешфарзҳои бунёдини фарҳангӣ ва маърифатии ман ва ҷомеъаам дошт. Пас аз мудате баррасӣ ба ин натиҷа расидам ки бо асарӣ хос ва бисёр мутафовит ва на аз ҷинси соири китобҳое ки то кунун хондаам, мувоҷе ҳастам ва аз ҳамин рӯ бояд эҳтимоми вежае дар мутолиъаи он дошта бошам то дақиқан дарёбам ки аз чи синх мегӯяд ва чи пуштувонаи ақлӣ ва шаръӣ дорад. Лизо дар бораи мавзуъот ва мабоҳиси он ба таъаммуқ пардохтам ва бар рӯӣ ин китоб тамаркуз кардам.

Аммо фориғ аз муҳтаво ва дарунмояи китоб, нуктае ки бархӣ аз мунтақидони ин китоб бар рӯӣ он таъкид доранд, ношинос ва ё ба таъбири беҳтар гумном будани нависандаи он аст; Ба ин маъно ки биогрофӣ ва савобиқи ӯ барои онон маълум нест ва ё масалан таҳсилот ва асотиди ӯ барояшон маҷҳул аст. Хулоса онон мӯътақиданд ки чунин китобе ки нависандаи онро намешиносанд мӯътабар ва қобили итминон нест; Зеро танҳо дар сурате метавонанд ба матолиб ва мазомини як китоб итминон кунанд ки нависандаи он барояшон комилан шинохта шуда ва маълум бошад. Агарчи чунин истидлоле имрӯз дар ҷомеъа бисёр ройиҷ ва марсум аст, аммо ба хубӣ медонем ки ҳар амри ройиҷе саҳиҳ нест ва ҳар расм ва ривоҷе мабнои саҳиҳи ақлӣ ё шаръӣ надорад. Бал комилан рӯшан аст ки сиҳат ё эътибори як гуфта ё навишта ҳаргиз иртиботи маъқул ва маълуме бо шахсияти гӯяндаи он надорад, магар дар мавриди авлиёъи маъсуми Худованд ки бетардид гуфта ё навиштаи хато аз онон содир намешавад. Аммо сойири мардум ҳар андоза ки маъруф ё соҳиби ном бошанд, хатоҳои бисёре аз онон сар мезанад ва шӯҳрат ва шинохта будани онон монеъ аз он намегардад. Ба илова, адами шӯҳрат ё гумном будани як нафар ба маънои гумроҳии ӯ аз сироти мустақим ва ғалат будани суханонаш нест. Аз ҳамин рӯ, чунин шубҳа ва ибҳоме дарбоари ин китоб ҳаргиз барои ман матраҳ набуд ва бо худ гуфтам агарчи нависандаи ин китобро намешиносам ва китоби дигар аз ӯ нахондаам, аммо беш аз онки ҳувият ва кистии ӯ аҳаммият дошта бошад, чизе ки мегӯяд аҳаммит дорад. Балки фаротар аз ин, метавон гуфт маърифатӣ аслии ӯ суханон ва бурҳони ӯст; Чароки мефармояд: «المرء مخبوء تحت لسانه» ва низ гуфтаанд: «أنظر إلی ما قال و لا تنظر إلی من قال».

Дар ҳар ҳол, тамоми саъйӣ худро кардам ки бидуни ҳеҷгуна пешдоварии аҷулонае ва ба ҳукми ояӣ шарифа ﴿فبشّر عباد الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ أُولَئِكَ الَّذِينَ هَدَاهُمُ اللَّهُ وَأُولَئِكَ هُمْ أُولُو الْأَلْبَابِ китобро ба сурати комил мутолиъа кунам ва агар сухани ҳаққе дар он меёфтам бипазирам ва табъан сухани ботили онро рад намоям. Ба ин тартиб, авқоти қобили таваҷҷуҳе аз чанд рӯзи кории худро сирф мутолиъаи дақиқ ва амиқи китоби «Бозгашт ба Ислом» кардам ва аз онҷо ки мабонӣ ва мазомини ин китоб ба сурати бесобиқае бароям муҳим ва шоёни таваҷҷуҳ буд, вақте восаъеро барои он ихтисос додам ва то ҳамин имрӯз ки чанд моҳе аз итмоми мутолиъаи китоб мегузарад, Худовандро ҳамвора шкур мегузорам ки тавфиқ ёфтам ки чунин вақтеро барои мутолиъаи он ихтисос диҳам; Чароки мутолиъаи ин китоби амиқ ва хонданӣ, маъорифи нобепиромуни ҳиқиқати Исломи ба ман мунтақил намуд ва манро аз хобӣ гарон ки пеш аз ин тамоми зиндагиамро фарогирифта буд, бедор кард; Чароки бидуни ағроқи ин китоб на сирфан дар мақоми шиъор ва калишапардозӣ, балки дар мақоми амал ва ба сурати комилан айнӣ беҳтарин тариқаро барои бозгашт ба Исломи холис ва комил муъаррифӣ мекунад ва ҳақоиқи амиқ ва ормонҳои асли Исломро ба хубӣ ба намоиш мегузорад. Нависандаи донишманд ва фозили ин асари арзишманд, аз мабодӣ ва бунёдиҳои мусаллами ақлӣ ва шаръӣ мабоҳиси худро шуруъ мекунад ва бо ибтидоитарин масъалаи маърифатӣ яъне шинохти ҳақиқат, меъёр ва мавонеъи он сафари маърифатии хешро оғоз менамояд. Ба ақидаи ӯ, решаи бисёрӣ аз ноҳанҷориҳо ва нобасомониҳои уммати Ислом, аз ихтилоф ва ташаттути мусалмонон дар шинохти Ислом нашъат мегирад ва ин зарурати таъйини меъёри воҳиде барои шинохти Исломро исбот мекунад то мусалмонон дар сояи ин шинохти воҳид ба тафоҳум ва иттиҳоди ростин даст ёбанд. Дар идомаи ин сафари маърифатӣ зина ба зина ба суди худ идома медиҳад ва бо такя бар ақли салим ва ҳукми яқинии шаръи, зимни табйини зарурати бозгашт ба Ислом ва иқомаи он дар сартосари ҷаҳон, ба ковишӣ амиқ ва бунёдин дар бораи мавонеъи амалии ин ҳаракати муборак дар тӯли тарихи Ислом мепардозад. Ҳамчунин эшон дар бахши поёнӣ китоби хеш, бо истинод ба яқиниёт ва мусалламоти шариъат ва низ баҳрагирӣ аз манобеи асли ва дастаи аввали Исломӣ, ҳақойиқи амиқ ва маъорифи бебадиле дар бораи ақойид ва аҳкоми Ислом ироъа мекунад, то ҷойе ки хонандаро ба ҷаҳл ва ғафлати хеш аз ҳақиқати мактуми Ислом мӯътариф месозад; Хонандае ки ҳар чанд мумкин аст дар ибтидо бо бархӣ мабоҳис ва мабонии китоб мувофиқ набошад, аммо дар идома ва имтидои ин сафари маънавӣ ва маърифатӣ, ёроии муқобила дар баробари итқон ва истеҳкоми мабонии аслии китобро дар худ намебинанд ва далили қотеъӣ бар радди мабонии он аз китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар намеёбанд то ба он истедлол кунад ва адами мувофиқати хешро ваҷоҳат бахшад, ин аз он рӯст ки яке аз хасоъиси мунҳасир ба фарди ин асар, таъкиди вежа ва мукаррари муъаллифи нобиғаи он бар лузуми яқинӣ будани шинохт ва истинод ба яқиниёт аст. Ба ҳамин хотир аст ки мабонии китоби «Бозгашт ба Ислом» ҳамагӣ қатъӣ ва мубтанӣ бар яқиниёт ва мусалламоти Исломӣ аст ва лизо дар ҷо ҷои китоб, ҷуз умури яқинӣ мабнои истедлоли қарор нагирифтааст ва бо таваҷҷу ба мавзӯъи хатир ва сарнавитсози он, ба ҷуръат метавон гуфт чунин асарӣ, комилан бесобиқа ва дар ҳоли ҳозир беназир аст ва нишони аз илми фаровон ва тасаллут ва ашрофи муъаллифи донишманди он ба манобеъи мӯътабари Исломӣ дорад.

Аммо рӯшан аст ки нидои бозгашт ба Ислом агарчи аввалин боре нест ки аз сӯӣ шахсе дар ҷаҳони Ислом матраҳ мешавад ва ба гӯши мусалмонон мерасад ва ба хубӣ медонем ки бисёрӣ аз гурӯҳҳои Исломӣ хусусан гурӯҳҳои салафӣ ва муддаъиёни бозгашт ба суннати салафи солеҳ, то кунун сухан аз ин ормони муқаддас ба миён овардаанд ва муддаъии тарҳи роҳи ҳалле барои найли ба он шудаанд, аммо беш аз ҳар чиз натойиҷ ва табаъоти нохушоянд ва ногузири чунин даъватҳое дар мақоми амал ва аз сӯӣ дигар мабонии суст ва заннии онон дар мақоми назар, нишон дод ки хоста ё нохоста дар иддаъи худ содиқ набудаанд ва на танҳо авзоъи ҷаҳони Исломро беҳбуд набахшидаанд, балки бар вахомати авзоъи он афзудаанд ва ҷараёнҳои тунд ва ифротӣ ва муҳофизакор ва вопасгароро дар домани худ парваридаанд. Аммо эътиқоди ман бар он аст ки китоби арзишманди «Бозгашт ба Ислом» асари муъаллифи донишмад, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, аввалин нидои содиқ ва даъвти ҳақи як мусалони огоҳ ва рӯшанзамир ба сӯӣ Исломи холис аст ва метавон онро аввалин талиъаи субҳи содиқ пас аз ғуруби ғамангез ва тӯлонии Ислом ва навидбахши асрӣ нав барои уммати Исломӣ ба шумор овард.

Мақолаҳо ва нуктаҳои дигар аз ин нависанда:
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.