Панҷшанбе 28 Март 2024 мелодӣ / 17 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Мақола
 

Ин рӯзҳо бо камоли таъассуф шоҳиди ҷилваҳои фаровоне аз ташаттут ва ихтилоф дар миёни мусалмонон ҳастим; Чароки ҷаҳони Ислом ба ошуфтабозоре аз фириқаҳо, гурӯҳҳо, ҷараёнҳо, аҳзоб ва наҳлаҳои мухталиф бо ҷиҳатгириҳои мутазод табдил шудааст ва ҳар даста аз мусалмонон ба сӯӣ яке аз онҳо гаройиш ёфтаанд ва дар баробари боқӣ мавзеъ гирифтаанд. Ҳар як аз ин фириқаҳо, гурӯҳҳо, ҷараёнҳо, аҳзоб ва наҳлаҳои мухталиф, мабноии хосси худро доранд ва шиъорҳои вежаеро барои муъаррифии урдугоҳи хеш сар медиҳанд. Ба илова, роҳбурдҳо ва равишҳои мутафовитеро низ дар пеш гирифтаанд ва чунон нисбат ба он инъитофнопазир ва ҷомиданд ки ба ҳеҷ ваҷҳ роҳбурдҳо ва равишҳои дигаронро бар наметобанд; Ҳамчунонки Худованд дар Қуръон ба чунин вазъияте дар миёни онон ишора намуда ва фармудааст: ﴿فَتَقَطَّعُوا أَمْرَهُمْ بَيْنَهُمْ زُبُرًا كُلُّ حِزْبٍ بِمَا لَدَيْهِمْ فَرِحُونَ;[1] «Пас корашонро миёни худ тика тика карданд, ҳар дастае ба чизе ки бо худ дорад хурсанд аст». Ин раванд ба ҷойе расидааст ки ба шакли фазоянда ва ғайри қобили таҳаммулӣ, фазои адоват ва мунозеъа дар миёни мусалмонон ба авҷи худ расида ва тафоҳум ва ҳамдилӣ аз миёни онон бардошта шудааст; То ҷойе ки метавон ба вузуҳ шадидтарин тақобулҳо ва душманиҳо ва фоҷеъабортарин низоъҳои хунинро дар миёни мусалмонон мушоҳида намуд, дар ҳоле ки чунин вогаройии амиқ ва мухосимоти густардае миёни кофирон ва мусалмонон дида намешавад!

Ба назар мерасад ки асли ин ихтилофот ва мунозиъот, мавзӯъи «Хилофат» аст. Агар чи ин мавзӯъ, мавзӯъи тозае талаққӣ намешавад ва аз баъди расули Худо (с) то кунун, ҳамвора мавзӯъи аслии ихтилофот ва мунозиъоти мусалмонон буда, вале ҳамакнун чунон густардагӣ ва амиқӣ пайдо карда ки ҳамаи маъодилоти сиёсӣ ва фарҳангии ононро таҳтулшуъо қарор дода ва умдаи афкор ва фаъолиятҳои ононро маътуф ба худ сохтааст. Ҳамакнун ҷоталабиҳо ва қудратгаройиҳои гурӯҳҳои мухталифи Исломӣ, дар пӯшиш талоши барои эҷоди хилофат, балои ҷони мусалмонон шуда ва фазои ҷавомеъи Исломиро ба шакли бесобиқае ба таниш ва бӯҳрон кашидааст. Лизо дар шаройити кунунӣ бисёр зарурӣ ба назар мерасад ки мусалмонон бар асоси мабонии яқинӣ ва муштараки Исломӣ, ба бознигарӣ дар бораи ин мавзӯъ бипардозанд то роҳе барои мудирияти ин бӯҳрон биёбанд ва ба сӯи ончи ки Ислом дар ин бора хоста ва Худованди мутаъол ирода фармудааст, раҳнамун шаванд.

Барои табйини мавзӯъи бунёдини хилофат дар Ислом лозим аст бидонем ки мабнои ҳокимияти сиёсӣ ба таври куллӣ наметавонад аз ду ҳол хориҷ бошад ва лизо ҳамаи фириқаҳо, ҷараёнҳо, аҳзоб ва наҳлаҳои Исломӣ, бо вуҷуди ҳамаи ихтилофи назарҳо, ногузир ба яке аз ин ду мабно боз мегарданд ва дар зейли он табақабандӣ мешаванд:

Мабнои аввал, инки таъйини ҳоким ва халифа барои мусалмонон ба уҳдаи худи онон аст; Ба ин маъно ки гурӯҳе аз онон ҳақ доранд ба гирди як нафар аз миёни худ, агарчи бар онон бартарии илмӣ ё ахлоқӣ надошта бошад, ҷамъ шаванд ва бо ӯ байъат намоянд. Ҳамчунин метавонанд дигаронро низ ба байъат бо халифаи дилхоҳи худ ва пазириши ҳокимияташ даъват ва ҳатто икроҳ намоянд. Ба ин тартиб он фарди баргузида тавассути ақалиятӣ аз мардум, барои ҳокимият бар кулли онон машруъият меёбад ва ҳукумати ӯ ҳукумати мавриди ризоии Худованд ва хилофати ӯ хилофати расули Худо (с) дониста мешавад, агарчи бо қаҳр ва ғалаба ва ҳатто куштори бархӣ аз мусалмонон бар рӯӣ кор омада бошад! Тардиде нест ки то имрӯз қироъати расмии мусалмонон пиромуни хилофати Исломӣ ҳамин будааст ва ончи имрӯз бар ҷаҳони Ислом соя афкандааст, натиҷаи чунин рӯйкарде маҳсуб мешавад. Ҳар рӯз шоҳиди он ҳастем ки дар минтақае аз манотиқи Исломӣ, гурӯҳе аллами хилофат бармеафрозад ва фардеро ба унвони халифаи Худо ва Расул (с) дар миёни худ бар мегузинанд ва бо ӯ байъат менамоянд! Ба илова, ҳар кадом аз ин гурӯҳҳо на танҳо худро муддаъӣ хилофат мешуморанд, балки таҳаммули онро надоранд ки касони дигаре низ монанди онон, иддаъои хилофат ва ё ҳатто имороти Исломӣ кунанд, лизо бар сари ин мавзӯъ бо якдигар ба мухосима ва низоъ бармехезанд ва якдигарро ба хотири адами пазириши хилофати мавриди иддаъояшо, такфир мекунанд ва шойистаи марг мепиндоранд!

Тардиде нест ки ончи ин мабнои инҳирофӣ то имрӯз ба бор оварда, барои исботи бутлон ва нодурустияшон кофӣ аст; Чароки пеш аз ҳар чиз коркрдҳо ва табаъоти нобаҳанҷор ва фоҷиъаофарини он авҷи фасод ва нокоромадияшонро маълум месозад. Тавзиҳ онки мо дар тӯли солиёни дароз аз даҳаҳои оғозини торихи Ислом то кунун ба вузуҳ шоҳиди паёмадҳои суъ ва таволии фосиди чунин қироъате ҳастем. Аз ҳамон оғоз, силсилаҳо ва ҳукуматҳои золиме монанди банӣ Умая ва банӣ Аббос бо тавҷиҳоте бар сари кор омаданд ва дар қуруни охир низ низомҳои мустабид ва диктотуриҳои кишварҳои Исломӣ ҳамагӣ бо тағаллуб бар муслимин ва бо баҳрагирӣ аз зӯри сари найза бар онон мусаллат шуданд, то ҷойе ки қатъан метавон гуфт фардгароии мавҷуд ва истебдоди ҳоким дар бисёрӣ аз кишварҳои Исломӣ аз натоиҷ ва паёмадҳои шуми чунин қироъате аст. Бо ин ҳол, ҳамаи гурӯҳои шинохта шудаи феълӣ дар ҷаҳони Ислом, аз қибали Доъиш, Толибон, Ал-қоъида ва Ат-таҳрир, аз ин рӯйкард табаъият мекунанд.

Аммо рӯйкарди дуввуме ки охиран дар миёни уммати Исломӣ матраҳ шуда ва ё ба ибороти дақиқтар, эҳёъ ва ёдоварӣ шудааст, тафовутҳои асосӣ ва ҷавҳарӣ бо рӯйкарди аввал дорад ва мабноӣ амиқ, таҳавул офарин ва сарнавиштсоз барои мусалмонони ҷаҳон маҳсуб мешавад; Рӯйкарде ки аз батни яқиниёт ва мусалламоти Исломӣ бархоста ва бо мабонии амиқ ва асили он ҳамоҳангии комил дорад. Дар ин рӯйкард ба хубӣ табйин мешавад ки табйини ҳокими машрӯъ ва интисоби халифаи муслимин мунҳасиран аз афъоли Худованди Ҳаким аст ва танҳо Ӯст ки ҳақ дорад халифаеро ба ниёбат аз худ барои ҳукумат бар ҷаҳон баргузинад; Чароки Худованд, танҳо молик ва ҳокими ҳақиқии ин ҷаҳон аст ва бар махлуқоти хеш ҳокимияти ҳақиқӣ ва иҳотаи мутлақ дорад, лизо табиъӣ аст ки мулки худро ба ҳар кас аз бандагонаш ки бихоҳад ато мекунад то онки аз ин тариқ, умури ҷаҳон ба ҳамон шакл ки ирода фармудааст, ҷараён ёбад. Бидуни тардид ин як мабнои амиқ ва решадори Исломӣ ва мубтанӣ бар ҷаҳонбинии тавҳидӣ ва шинохти амиқ аз Худованд ва сифоти рубубии Ӯст. Мутобиқ бо ин қироъат, вазифаи мардум он аст ки аз гумоштаи Худованд табаъият намоянд ва зимни ҳимояти ҳамаҷониба аз ӯ танҳо бо ӯ байъат намоянд, на онки гумоштаи Худовандро вогузоранд ва ба гумоштаи худ ё дигарон рӯй биёваранд! Албатта таҳаққуқи ҳукумати халифаи Худованд ҷуз бо ҳимоят ва пайравии мардум муяссар нахоҳад шуд; Чароки ин суннати Худованд дар миёни гузаштагон аст ва суннати Худованд тағйире намепазирад.

Ин мабнои амиқ ва такон диҳандае аст ки дар шарқи ҷаҳони Ислом тавассути олимӣ муслеҳ ва муҷоҳид ба номи ҳазрати аллома «Мансури Ҳошимии Хуросонӣ» ироъа ва табйин шудааст ва тавассути ёрон ва шогирдони ӯ дар ҷаҳони Ислом хусусан минтақаи осиёи миёна пайгирӣ мешавад. Ин олими бузург, дар бахше аз китоби худ «Бозгашт ба Ислом» дар ин бора мефармояд:

«...ин комилан табиъӣ ва қобили дарк аст ки ҳукумати Худованд, ҳангоме таҳаққуқ меёбад ки таъйини ҳоким дар дасти Ӯ бошад; Зеро модоме ки таъйини ҳоким дар дасти дигарон ва на дар дасти Ӯ бошад, ҳукумат барои Ӯ шумурда намешавад ва ин ҳамон аст ки худ ба он ишора карда ва фармудааст: ﴿تَبَارَكَ الَّذِي بِيَدِهِ الْمُلْكُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ;[2] «Мутаборак омад касе ки ҳукумат дар дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност» Ва фармудааст: ﴿فَسُبْحَانَ الَّذِي بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ;[3] «Пас покиза омад касе ки ҳокимияти ҳар чиз ба дасти Ӯст ва ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед»... ба ибороти дигар, бозгашти ҳокимият дар Ислом, ба изни Худованд аст, балки ҳеҷ амре аз умур, ҷуз бо мунтаҳӣ шудан ба изни Ӯ машруъият надорад ва ин аз муҳимтарин қавоъиди бунёдин дар Ислом аст; Чунонки борҳо ва бо таъкид фармудааст: ﴿أَلَا إِلَى اللَّهِ تَصِيرُ الْأُمُورُ;[4] «Огоҳ бошед ки ҳамаи корҳо ба Худованд боз мегарданд» Ва фармудааст: ﴿وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ;[5] «Ва ҳамаи корҳо ба Худованд бозгашт дода мешаванд»... аз инҷо дониста мешавад ки ҳукумат дар Ислом, танҳо барои касе машруъият дорад ки Худованд ӯро ба ниёбат аз хеш барои он ихтиёр ва мансуб кардааст ва ин чизе ғариб ё тоза нест, бал суннате аз суннатҳои Ӯст ки дар умматҳои пешин низ ҷараён дошта ва то дунё боқӣ аст, ҷорӣ хоҳад буд...»[6]

Бар ҳамин асос аълома «Мансури Шошимӣ Хуросонӣ» мубтанӣ бар мабнои мазкур, шиъори меҳварӣ даъвати худро «Ал байъату Лиллоҳ» қарор додааст; Ба ин маъно ки байъат (ҳукумат ва заъомат бар ҷаҳон) танҳо азони Худованд аст ва ҳукмати Худованд низ аз тариқи ҳукумати халифааш бар рӯӣ замин таҳаққуқ меёбад. Лизо ҳукумат бар ҷаҳон танҳо ҳаққи касе аст ки Худованд ӯро барои ин амр муъаррифӣ фармудааст ва байъат бо ӯ байъати бо Аллоҳ шумурда мешавад.

Эшон дар ҷои дигаре аз китоби арзишманди хеш бо баёнӣ рӯшан ва қобили фаҳми ду рӯйкрди мазкур пиромуни хилофати Исломиро бо истинод ба оёти Қуръони карим табйин намуда ва мефармояд:

«...истинод дар бораи мабноӣ ҳокимият дар Ислом, монанди истинод дар бораи мабноӣ сойири ақойид ва аъмол, бояд ба худи Ислом бошад, на гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ аз мусалмонон! Ин дар ҳоле аст ки ҳокимият дар Ислом ба ду гуна аст ва гунаи севвуме надорад: Яке ҳокимияти Худованд ва дигаре ҳокимияти тоғут; Аммо ҳокимияти Худованд, ҳокимияти касе аст ки ба амри Худованд ҳукумат мекунад; Монанди ҳукумати оли Иброҳим алайҳи салом ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا;[7] «Ва ононро пешвоёне қарор додем ки ба амри мо ҳидоят мекунанд» Ва аммо ҳокимияти тоғут, ҳокимияти касе аст ки бидуни амри Худованд ҳукумат мекунад; Монанди ҳукумати оли фиравн ки Худованд дар бораи онон фармудааст: ﴿وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ;[8] «Ва ононро пешвоёне қарор додем ки ба сӯи оташ даъват мекунанд»! Ба ин тартиб, ҳокимияти касе ки Худованд ӯро барои он гумошта, ҳокимияти Худованд ва ҳокимияти касе ки Худованд ӯро барои он нагумошта, тоғут аст ва ин қоъидае аст ки ба ғоят сода ва баййин аст.»[9]

Дар гоми баъди нуктаи бисёр меҳварӣ ва шоён таваҷҷуҳи он аст ки бархилофи рӯйкарди аввал, дар рӯйкарди дуввум барои таъйини мисдоқи халифаи Худованд бар рӯӣ замин ҳеҷгуна ихтилофе миёни мусалмонони ҷаҳон вуҷуд надошта ва надорад; Чароки баҳамдулиллоҳ ҳамагӣ онон иттифоқ доранд ки расули Худо (с) аз халифаи худ дар охируззамон хабар дода ва авсофи ӯро зикр фармудааст. Тавзиҳ онки аз он ҳазрат ба сурати мутавотир ривоят шудааст ки фармуд: Дар охируззамон марде аз аҳли байтам хуруҷ мекунад ки ҳамноми ман аст ва ба ӯ «Маҳдӣ» гуфта мешавад; Ӯ заминро аз қист ва адл пур мекунад, ҳамчунонки аз зулм ва ҷавр пур шуда бошад. Лизо ҳеҷ ихтилоф ва тардиде дар миёни мусалмонон вуҷуд надорад ки Маҳдии мавуъд, халифаи Худованд дар охируззамон аст ва аз ин ҳайс ӯ танҳо халифае аст ки дар борааш миёни ҳамаи мусалмонон иҷмоъ вуҷуд дорад. Аммо дар мавриди аввал ҳамонтавр ки гуфта шуд мо шоҳиди авҷи ихтилофот ва мухосимоти мусалмонон дар ин ҳавза ҳастем ва тардид надорем ки ончи то имрӯз мояи тазъифи мусалмонон ва сайтараи куффор бар ҷаҳони Ислом шуда ҳамин ташаттутҳо ва ихтилофоти мусалмонон бар сари масъалаи хилофат бадааст; Ғофил аз онки низоъи гурӯҳҳои Исломӣ бар сари хилофат ҳамвора беҳуда буда ва маҳалле аз эъроб надоштааст; Чи онки ҳукумат ва қудрат барои ҳеҷ як аз онон набудааст то онро тасоҳиб намояд ё аз дастрасии дигарон ба он ҷилавгирӣ кунад, балки азони Худованд будааст ва Ӯ халифаи худ бар рӯӣ заминро баргузида ва ба мардум муъаррифӣ кардааст. Ҳол агар мусалмонон ихтилофоти хеш дар ин ҳавзаро канор бигузоранд ва бар сари хилофати Маҳдӣ, ки ҳеҷ тардиде дар он раво нест, бо якдигар ба тафоҳум бирасанд, тамомӣ низоъҳои хунин ва хонумонсӯзи онон ба поён мерасад ва он ҳангом хоҳанд донист ки дучори чи ғафлати азим ва зиёнборе будаанд ва то чи андоза неруҳои худ ва бародарони худро ҳадар додаанд.

Бар ин асос, ҳамакнун зарури аст ки гурӯҳҳои хостори Маҳдӣ, ҳамроҳӣ ва ҳамбастагии худ бо ин ҷараёни заминасоз хилофати ӯро эълом намоянд ва ҷараёнҳои мухолифи Маҳдӣ ва хилофати ӯ низ сариҳан изҳори назар намоянд ва мавзеъи худ дар ин бораро ошкоро баён кунанд; Чароки дигар вақти он расидааст ки ин ду ҷабҳа аз якдигар комилан мутамойиз шаванд ва дӯстон ва душманони халифаи ростини Худованд дар замин шинохта шаванд. Ин иттифоқе аст ки чи бихоҳанд ва чи нахоҳанд меафтад; Чароки тамоюзи ин ду рӯйкард ва тақобули онҳо бо ҳам, натиҷаи қаҳрӣ ва асари вазъӣ ва табиъӣ вуҷуд ва моҳияти хосси он ду аст. Бинобарин, ҷараёни мубтанӣ бар мабнои аввал ки ба назар мерасад пойгоҳе дар мантақаи Шом дорад, дар фарояндӣ комилан ҷабрӣ, ҳамаи фирқаҳо, гурӯҳҳо, ҷараёнҳо, аҳзоб ва наҳлаҳое ки ба ин мабно таъаллуқ дорандро ба сӯи худ ҷазб мекунад ва дар як ҷабҳа қарор медиҳад ва ҷараёни мубтанӣ бар мабнои дуввум ки пойгоҳе дар мантақаи Хуросон дорад, дар фарояндӣ комилан қаҳрӣ, ҳамаи фирқаҳо, гурӯҳҳо, ҷараёнҳо, аҳзоб ва наҳлаҳои мутаъаллиқ ба ин мабноро ба сӯи худ ҷазб мекунад ва ин заминаи ду қутбӣ шудани ҷаҳони Исломро бар сари мавзӯъи хилофат фароҳам месозад; Ба наҳве ки рафта рафта ҳамаи ҳомиёни хилофати навъи аввал дар Шом ва ҳамаи ҳомиёни хилофати навъи дуввум дар Хуросон иҷтимоъ пайдо мекунанд, то дар пайӣ ин тасфия ва ҷудосозӣ, замина барои зуҳури Маҳдӣ фароҳам шавад.

Тардиде нест ки ҳамаи фирқаҳо, гурӯҳҳо, ҷараёнҳо, аҳзоб ва наҳлаҳои феълӣ дар ҷаҳони Ислом, аз Доъиш ва Ал-қоъида ва Толибон гирифта то ҳизби мавсум ба Ат-таҳрир ва муридони вилояти фақиҳ, бо вуҷуди ихтилофи назарҳои шаклӣ ва сатҳӣ ки бо якдигар доранд, дар як хусусияти меҳварӣ бо ҳам муштарак ва мушобеҳанд ва он нодида гирифтани Маҳдӣ ва канор гузоштани ӯ аз муъодилаи қудрат ва ироъаи тафсире аз хилофат ва ҳокимият аст ки ӯ дар он ҳеҷ нақше надорад. Ин ҳамон хусусияте аст ки ҳамаи ин фирқаҳо, гурӯҳҳо, ҷараёнҳо, аҳзоб ва наҳлаҳои рангорангро дар як даста қарор медиҳад ва дар баробари онҳо дастаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ қарор мегирад ки хилофат ва ҳокимиятро танҳо азони Маҳдӣ мешуморад ва ба сурати айнӣ ва малмус барои он заминасозӣ мекунад; Чароки дар китоби гаронсанги «Бозгашт ба Ислом» дар ин бора мефармояд:

«... қадри мусаллам ин аст ки Маҳдӣ, Абу Бакри Бағдодӣ ё Айман Завоҳирӣ ё Муҳаммад Умар ё Алӣ Хоманайӣ ё амсоли онон нест; Чароки онон бо инки худро халифа ё амир ё валийӣ амри мусалмонон мешуморанд, на бо авсоф ва аломати ваъда дода шуда барои Маҳдӣ мутобиқанд ва на ояте аз ҷониби Худованд ироъа менамоянд; Ҳамчунонки худ низ чунин идаъоӣ дар бораи худ надоранд ...»[10]

Ин оғози фароянди ду қутби шудан дар ҷаҳони Ислом аст; Чароки агар то пеш аз ибҳомоте барои иддае аз мусалмонон дар амри хилофат вуҷуд дошт ва ё бархӣ аз мусалмонон ба воситаи аз ёд бурдани Маҳдӣ маъзур буданд, ҳамакнун бо зуҳури Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки мунодии даъват ба сӯи хилофати асили Исломӣ ва халифаи мансуби Худованд ҳазрати Маҳдӣ аст, ҳеҷ баҳонае барои касе боқӣ намемонад; Чи онки ба баракоти рӯшангариҳои густарда ва ифшогариҳои паёпаӣ ин олими бузургвор дар миёни мусалмонон, дигар фаромӯшии Маҳдӣ ё адами шинохти ӯ барои мусалмонон, узри муваҷҷаҳе мансуб намешавад. Бинобарин бар тамомӣ ҷараёнҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ аъам аз мувофиқ ва мухолиф, фарз аст ки дар ин ҳавза тасмимгирӣ намоянд ва рӯшан созанд ки оё Маҳдиро барои хилофат сазовортар меёбанд ё соири хулафо ва умарои мардумро? Ва инки оё гумоштаи Худовандро барои ҳукумат ва заъомати хеш тарҷиҳ медиҳанд ё гумоштагони худро? Табиъатан ин мавзӯъ аз ду ҳол хориҷ нест: Агар мусалмонон гумоштаи Худовандро тарҷиҳ медиҳанд ва ӯро афзал аз дигарон мешуморанд, зарурӣ аст ки дар мақоми амал низ ҳар касе ғайри ӯро вогузоранд ва танҳо ба сӯӣ Маҳдӣ бишитобанд ва агар ҳам гумоштагони худро тарҷиҳ медиҳанд, бояд тавзиҳ бидиҳанд ки чигуна мумкин аст мусалмон бошанд, дар ҳоле ки ваъдаи қатъии Худованд ва Расулашро нодида мегиранд ва халифаи мансуби онҳоро канор мегузоранд?! Лизо барои мусалмонон роҳи севвуме вуҷуд надорад ва ҳамагӣ онон бояд ин масъаларо ба хубӣ дарк кунанд ки хоста ё нохоста дар яке аз ин ду ҷабҳа қарор доранд; Ё дар шумори дӯстон ва тарафдорони Маҳдӣ ҳастанд ва ё дар ҷабҳаи душманон ва бадхоҳони ӯ. Пас бояд басирати хешро ба кор гиранд ва самт ва сӯӣ худро он гуна ки мавриди ризояти Худованд аст, мушаххас кунанд.

Тардиде нест ки гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои ҳоли ҳозир дар ҷаҳони Ислом агар ба ростӣ хостори бақо ва мондагорӣ ҳастанд, бояд ба сӯӣ чизе бозгарданд ки асолат ва эътибори ҳақиқӣ дар Ислом дорад ва барои он решаҳои устуворе дар шариъати Худованд ёфт мешавад. Онон агар ҳақиқатан ба дунболи таҳаққуқи хилофати Исломӣ ва иқомаи Исломи холис ва комил дар сартосари ҷаҳон ҳастанд, бояд касеро ба унвони халифа баргузидананд ки Худованд ба хуруҷи ӯ ва тавфиқаш дар амри хилофат хабар додааст; Чароки танҳо дар ин сурат аст ки метавонанд ҳаёти фикрӣ ва сиёсии худро тазмин намоянд ва дар дарёи маввоҷи симатгароиҳо ва қудратталабиҳо ғарқ нашаванд. Лизо агар ҳақиқатан хоҳони субот ва шаройити поядор барои худ ҳастанд, бояд тобеъи Худованд ва халифааш бар рӯӣ замин бошанд ва албатта бояд ҳар чи зудтар ба сӯӣ Маҳдӣ бишитобанд; Чароки дар ғайри ин сурат монанди бисёрӣ дигар аз ҷараёнҳо, алорағми тақаллои бисёре ки барои мондагорӣ ва суботи худ ва хусусан саҳмгирӣ дар арсаи сиёсат ва қудрат мекунанд, яке баъд аз дигарӣ муҳкам ба нобудӣ ҳастанд; Ба ин тартиб ки дар як фароянди такрорӣ ва дар аснои бозиҳои хатарноки сиёсӣ ва талошҳои зиёдахоҳона барои тасоҳиби қудрат, дучори иншиъобҳои мухталиф аз дарун ва шикастҳои сангин аз берун мешаванд то инки ниҳоятан монанди дастаҳое ки дар гузашта вуҷуд доштанд ва ҳоло дигар нестанд аз миён бираванд. Ин гуна аст ки бисёрӣ аз ин дастаҳо ба зудӣ аз гардунҳои сиёсат ва бозии қудрат хориҷ мешаванд ва майдонро ба гурӯҳе вомегузоранд ки ба усули собит ва қатъии Ислом вафодор аст ва танҳо ба сӯӣ ҳокимияти Аллоҳ бар ҷаҳон фаро мехонад ва барои таҳаққуқи хилофати Маҳдӣ заминасозӣ мекунанд; Зеро танҳо чунин дастае аст ки патонсиал ва истеъдоди лозим барои бақоро дорад; Бо таваҷҷуҳ ба инки пирӯзи аслии майдони хилофат, Маҳдӣ аст ва дар ниҳояти кор ба дасти бо кифояти ӯ хоҳад афтод ва табиъатан пайравон ва ҳамроҳони Маҳдӣ ба табъи ӯ дар ин пирӯзӣ шарик ҳастанд ва ин гуна бақои худро дар зери парчами Маҳдӣ тазмин менамоянд.

Оре, чизе ки барои бархӣ аз мусалмонон табдил ба баҳонае барои рӯйгардондане аз Маҳдӣ шудааст, бино бар қироъатӣ ғайбат ва бино бар қироъатӣ дигар адами офариниши Маҳдӣ аст; Ба ин маъно ки мусалмонон бо истинод ба инки Маҳдӣ дар дастрас нест, муроҷиъа ба соири ҳокимонро муваҷҷаҳ ҷилва медиҳанд ва худро дар ин амр маъзур ва мазтур мешуморанд, дар ҳоле ки ҳақиқати амр бар онон чаппа шуда ва амр бар онон муштабаҳ гаштааст; Чароки ғайбат ё адами офариниши Маҳдӣ дақиқан маълули кӯтоҳии онон ва муроҷиъаташон ба ҳокимони дигар аст ва алъон масъалаи хилофати Маҳдӣ қарнҳост ки табйин шуда ва барномаи Худованд барои он эълом гаштааст. Лизо чунин баҳонае комилан воҳӣ ва бепоя аст. Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби арзишманди «Бозгашт ба Ислом» ба хубӣ ин амрро табйин фармудаанд ки ғайбат ё набудани Маҳдӣ, натиҷаи сустии мардум дар ҳимоят ва иъонати ӯст ва ҳар замон ки мардум ирода намоянд ва аз Маҳдӣ ба шойистагӣ ҳимоят кунанд, бидуни тардид дастрасӣ ба ӯ мумкин хоҳад шуд ва ваъдаи Худованд дар бораи ӯ муҳаққақ хоҳад гашт.[11]

Бино бар маҷмӯъи ончи гуфта шуд, ба вузуҳ мушоҳида мекуним ки дар ҳоли ҳозир ду ҷабҳаи аслӣ ва умда дар ҷаҳони Ислом шакл гирифтааст: Яке ҷабҳаи ҳақ бо меҳварияти ҷараёнӣ Ҳошимӣ ки танҳо Маҳдиро шойистаи хилофат мешуморад ва сирфан ба сӯӣ ӯ фаро мехонад ва дигарӣ ҷабҳаи ботил бо меҳварияти ҷараёнӣ Умавӣ ки дар ҳақиқат ҷунбише барои рӯёрӯӣ ва муқобила бо Маҳдӣ ва мамонеъат аз расидани ӯ ба ҳукумат аст. Тардиде нест ки мусалмонони ростин ва вафодор ба Расули Худо саллаллоҳу алаҳи ва олиҳи ва саллам дар ҷабҳаи тарафдорони Маҳдӣ қарор доранд, аммо бо камоли таъассуф бояд эътироф намуд ки теъдоди онон ҳанӯз андак аст ва дар ҳоли ҳозир, агар нагӯйем тамомӣ гурӯҳҳои Исломӣ, балки аксарияти онон дониста ё нодониста дар ҳоли ҳимоят ва пуштибонӣ аз ҷабҳаи душманони Маҳдӣ ҳастанд ва бо беэътиноӣ ва ғафлати худ, хоста ё нохоста ҷабҳаи тарафдрони вайро тазъиф мекнанд. Аммо умед меравад ки дасти кам теъдоде аз ин ҷараёнҳо ки ҳақиқатан ҳусни ният доранд ва ҳадафашон хидмати содиқона ба Ислом аст, пеш аз шунидани паёми наҳзати «Бозгашт ба Ислом» ва ёдоварии азими он ба амри Маҳдӣ, ба худ биёянд ва аз ҳақиқати хилофат огоҳ шаванд ва суфуфи худро ба ҷабҳаи тарафдорони Маҳдӣ мунтақил намоянд.

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо басират ва ҳушёрии таҳсинбарангези худ аз пушти пардаи ин сафороӣ мегӯянд ва собиқаи ин масофи ошкор ва дусуяро, тадовими рӯёрӯӣ ва низоъи торихӣ миёни Умавиён ва Ҳошимиён арзёбӣ мекунанд ва дар ҷо ҷои китоби худ нукоти бисёр арзандаеро дар ин ҳавза зикр мекунанд. Эшон дар мавриди моҳияти ҷараёни Умавӣ ва роҳбурди он дар шароити феълӣ мефармоянд:

«Муроди ман аз ҷараёни Умавӣ, танҳо ҷараёни мавҷуд дар миёни ҳокимони Умавӣ нест; Бал ҷараёне аст ки ҳокимони Умавӣ бунёни онро гузоштанд ва ҳокимони баъдӣ, онро бо номҳои дигар идома доданд ва имрӯз низ тавассути ҳокимонӣ монанди оли Саъуд, пайгирӣ мешавад. Ба илова, имрӯз як ҷараёни Умавии урён, дар минтақаи Шом ҳамон хостгоҳи Умавиён, бо қиёдати бархӣ аз оли Абӣ Сӯфиён дар ҳоли шаклгирӣ аст ки эҳёъи ҳукумати аҷдоди худро таҳти унвони хилофати Исломӣ, дунбол мекунанд ва бисёрӣ аз мусалмононро бо ин унвон ва ба умеди бозсозии шукуҳи моддӣ даврони онон, ҷазби хеш месозанд то бадин тартиб, сафоройӣ тозаеро дар баробари бозмондаи аз хонадони расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам анҷом диҳад ва ин ингорҳоро тақвият намояд ки мунозиъаи Умавиён бо Ҳошимиёнро поён нест ...»[12]

Дар охар бояд изофа кунем ки ончи дар шароити кунунӣ аз аҳмият ба сазое бархурдор аст лузуми ҳушёрӣ ва огоҳии мусалмонони ҷаҳон пиромуни масъалаи Маҳдӣ аст. Мусалмонон бояд ҳар чи зудтар аз хоби ғафлат бедор шаванд ва дар ин рӯёрӯйии торихӣ ва сарнавиштсоз, ба ёрии ҷабҳаи ҳақ бишитобанд ва нақши муфид ва муъассири худро дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз он эйфо намоянд; Чароки зулм ва бедоди ба авҷи худ расидааст ва кофирон ва мунофиқон бар ҷаҳони Ислом соя афкандаанд ва ин дар ҳоле аст ки мазлумон ва мустазафон бештар аз ҳар замони дигар дар интизори барқарории адолатанд ва адолат низ ҷуз ба дастони бо кифояти Маҳдӣ муҳаққақ нахоҳад шуд. Бнобарин вазифаи ҳами мост ки бо тамоми тавонои ва имконоте ки дар ихтиёр дорем ба тақвият ва тавсияъи ҷабҳаи тарафдорони Маҳдӣ кӯмак кунем ва дар тазъиф ва пароканда сохтани ҷабҳаи душманони Маҳдӣ аз ҳеҷ муҷоҳидате дариғ нанамойем. Албатта рӯшан аст ки ин иқдомот бояд созмонёфта ва ҳамоҳанг бошад ва ин муҳим ҷуз бо эҷоди як марказият ва пойгоҳ барои ҷабҳаи тарафдорони Маҳдӣ муҳаққақ нахоҳад шуд; Пойгоҳе ки хушбахтона санги бинои он тавассути нодири даврони ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар минтақаи Хуросони бузург гузошта шуда ва рӯз ба рӯз дар ҳоли густариш аст. Эшон бо дарки амиқ аз зарурати ташкили чунин пойгоҳе барои иҷтимоъ ва тамаркузи фаъолиятҳои тарафдорон ва заминасозони зуҳури Маҳдӣ чунин иқдомеро анҷом додаанд ва ба унвони раҳбари танҳо ҷунбиши ҳозир дар ҷаҳони Ислом ки ба сурати айнӣ ва воқеъӣ ба сӯӣ Маҳдӣ фаро мехонад, мусалмононро ба ҳамёрӣ ва таъовун бо ин ҷараёни амиқи Исломӣ фаро мехонанд. Умед аст ки мусалмонони ҷаҳон ба ҳукми ояи шарифае: ﴿وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى фарохони эшонро иҷобат кунанд ва ҳимояту пуштибонии ҳар чи бештари худро аз Маҳдӣ эълом намоянд ва ба парчамҳои сиёҳи заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат бипайванданд.

و السلام علی من اتّبع الهدی

↑[1] . Мӯъминун/53.
↑[2] . Мулк/1.
↑[3] . Ёсин/83.
↑[4] . Шуро/53.
↑[5] . Оли Имрон/109.
↑[6] . Ҳошими Хуросони, Бозгашт ба Ислом, с 136
↑[7] . Анбиё/73.
↑[8] . Қасос/41.
↑[9] . Ҳошими Хуросони, Бозгашт ба Ислом, с 155
↑[10] . Ҳамон, с 301 ва 302
↑[11] . Ҳамон, с 285 то 293
↑[12] . Ҳамон, с 188 ва 189
Ҳамрасонӣ
Ин матлабро бо дӯстони худ ба иштирок гузоред, то ба густариши илм ва маърифати динӣ кӯмак кунед. Шукронаи ёд гирифтани як нуктаи ҷадид, ёд додани он ба дигарон аст.
Email
Telegram
Facebook
Одноклассники
ВКонтакте
Метавонед ин матлабро ба забонҳои зер низ мутолеъа кунед:
Агар бо забони дигаре ошнойи доред, метавонед ин матлабро ба он тарҷума кунед. [Форми тарҷума]
Навиштани
мақола ё нукта
Корбари гиромӣ! Шумо метавонед мақолот, хотирот ва дилнавиштаҳои худро дар пайванд бо осор ва андешаҳои аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро дар форми зер бинависед ва барои мо ирсол кунед то дар ин бахш ба намоиш гузошта шавад.
Таваҷҷуҳ: Мумкин аст номи шумо ба унвони нависандаи мақола ё нукта дар пойгоҳ намоиш дода шавад.
Таваҷҷуҳ: Аз онҷо ки посухи мо ба эмейли шумо ирсол мешавад ва лузуман бар рӯи пойгоҳ қарор намегирад, лозим аст ки одраси худро ба дурусти ворид кунед.