Шанбе 20 Апрел 2024 мелодӣ / 11 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Ҷаҳли ба аҳли Ислом

[Мусалмонон] якдигарро намешиносанд ва аз дидгоҳои ҳам огоҳӣ надоранд; Аз ин рӯ, якдигарро дӯст намедоранд ва ба чизҳои бад муттаҳам менамоянд; Дар ҳоле ки ғолибан ба ончи нисбат медиҳанд илме надоранд ва танҳо аз сӯъи занн табаъият мекунанд; Чароки пайванди онон бо ҳам гусаста шуда ва аз ҳайси мазҳаб, сиёсат ва нажод, мутафарриқ гардидаанд... Чунонки ғолибан мусалмонони суннӣ, аз мусалмонони шиъа мутанаффиранд ва мусалмонони як кишвар, бо мусалмонони кишвари дигар бегонаанд ва мусалмонони араб, аз мусалмонони аҷам дурӣ мекунанд ва ин ба сабаби ҷаҳли онон ба муштаракоти якдигар дар асари ҷудоиҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва нажодӣ аст ки ҳеҷ як асле дар Ислом надорад. Рӯшан аст ки агар онон бо ҳам иртиботи кофӣ медоштанд, ба иштирокоти якдигар пай мебурданд ва ихтилофоти якдигарро бар мабнои иштирокоташон, бартараф мекарданд. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 41]

Ҷаҳл ба душманони Ислом

[Мусалмонон] душманони Исломро намешиносанд ва аз душманиҳои онон бо он огоҳӣ надоранд; Чароки ҷараёнҳои илҳодии ҷадидиде дар ҷаҳон ба роҳ афтода ва кӯшишҳои шайтонии пинҳоне бар зидди Худованд созмон ёфтааст. Шайтонпарастон аз торикхонаҳои худ берун омадаанд ва ҷодугарон, аз дахмаҳои худ сар баровардаанд, то бо ҳимояти қудратмандони муфсид ва сарватмадони мулҳид, ҳукумати куфрро бар ҷаҳон муставлӣ созанд ва дар ин миён, мусалмонон, бехабар аз чизе ки дар ҳоли вуқуъ аст, ба масоъилӣ ҷузъӣ ва беаҳамият машғуланд ва бар сари онҳо бо якдигар низоъ мекунанд; Чунонки ба унвони намуна, бар сари ниҳодани дастҳо дар зери ноф ё болоӣ он ба ҳнгоми намоз меҷанганд ва ниҳояти ҳаммашон ин аст ки зоъирони қубурро аз наздик шудани ба онҳо боздоранд; Ҳамчунонки толиби илми онон низ ҷуз ба шинохти мазоҳиби худ, эътиное надоранд ва аз ошноӣ бо ҷаҳони куфр ва ончи дар он мегузарад, фориғанд... Ба ин тартиб кофирон аз миллатҳои мухталиф, барои ҷанг бо Ислом муттаҳид шудаанд, дар ҳоле ки мусалмонон бо миллати воҳид, аз якдигар ҷудо гардидаанд ва ин пайомаде ҷуз султаи кофирон бар мусалмонон надоштааст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 43]

Ҷаҳл ба душманони Ислом

Ҷои таъаҷҷуб аст ки бархӣ аз мусалмонон, бо кофирон дӯстӣ ва бо бародарони худ душманӣ мекунанд, бо ин таваҳҳум ки кофирон, хайрхоҳи ононанд ва бародаронашон, шаррашонро мехоҳанд; Монанди бархӣ мусалмонони Афғонистон ки даҳҳо давлати кофир ва мутаъаддеро дӯсти худ мешуморанд, вале ду давлатӣ муслмон ва ҳамсояро душмани худ мепиндоранд! Вонгаҳе гурӯҳе аз душманони Ислом, мунофиқоне ҳастанд ки мусалмон шумурда мешаванд, дар ҳоле ки ба ончи Худованд бар Паёмбараш нозил кардааст, кофиранд ва барои нобудии Ислом ва истилоъи куфр бар ҷаҳон, бо кофирон ҳамкорӣ мекунанд ва ин дар ҳоле аст ки мусалмонон, ононро намешиносанд ва аз куфри онон, огоҳӣ надоранд... Онон дар воқеъ, шуморе аз кофиронанд ки ҳокимони мусалмон шумурда мешаванд ва аз ҷониби кофирон, барои ҳукумат бар мусалмонон ҳимоят мешаванд, то манофеъи кофиронро дар миёни мусалмонон, таъмин кунанд. Бидуни шак, дар раъси онон, ҳокимони Саъудӣ ҳастанд ки ошкоро даст дар дасти душманони Ислом доранд ва дар ду ҷабҳаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, барои нобудии Ислом кӯшиш мекунанд. Аз як сӯ, дар ҷабҳаи сиёсӣ, бо кофирони ҳарбӣ ҳамкорӣ мекунанд ва аз гурӯҳоӣ муфсид ва муҳориб дар сарзаминҳои Исломӣ, ҳимоят менамоянд ва аз сӯӣ дигар, дар ҷабҳаи фарҳангӣ, миёни мусалмонон тафриқа меафкананд ва боварҳои ширкомезро бо унвони тавҳид тарвиҷ медиҳанд, дар ҳоле ки бисёрӣ аз мусалмонон, ононро ходимони Ҳарамайн мепиндоранд ва мураввиҷони ақидаи саҳеҳ, мешуморанд! [Бозгашт ба Ислом, саҳ 44-45]

Тақлид

Яке дигар аз мавонеъи шинохт «Тақлид» аст ва он, пайравӣ аз гуфта ё кардаи дигарӣ бидуни далил аст ки дар панҷ гуна, ривоҷ ёфтааст:

[Тақлид аз пешиниён]

[Тақлид аз олимон]

[Тақлид аз аксарият]

[Тақлид аз золимон]

[Тақлид аз кофирон] [Бозгашт ба Ислом, саҳ 45]

Тақлид аз пешиниён

Яке аз гунаҳои ривоҷи тақлид, пайравӣ аз гуфта ва кардаи пешиниён аст... Ин аз он рӯст ки бисёрӣ мепиндоранд гуфта ва кардаи пешиниёнашон, лузуман аз гуфта ва кардаи онон дурусттар аст; Дар ҳоле ки ин пиндор, таваҳҳумӣ беш нест ва бунёде бар ақл надорад; Чароки бидуни шак, дурусттар будан ё набудани гуфта ва кардаи одамӣ, аз замони таваллуди ӯ табаъият намекунад, бал тобеъи мутобиқати бештар ё камтари он бо ақл аст ки мулозимае бо тақаддум ё таъаххури вуҷуди одамӣ надорад; Ҳамчунонки баҳсе дар нодурустии бисёрӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои пешиниён нест... Ин ба он маъност ки пайравӣ аз пешиниён ба эътибори тақаддуми замонии онон, бар хилофи усули Ислом, балки заруриёти он аст; Бино бар инки зарурии Ислом ҳар чизе аст ки аз сареҳи каломи Худованд дар китобаш дониста мешавад ва адами лузуми пайравӣ аз пешиниён, бидуни шак аз қабили он аст... Бо ин васф, рӯшан аст ки эътиқод ба лузуми пайравӣ аз пешиниён, асле дар Ислом надорад ва аз ақойиди мушрикон аст ва аз ин ҳайс монеъи шинохт шумурда мешавад ки аҳли он, ҳаққро дар сурате ки бар хилофи гуфтаҳо ё кардаҳои пешиниён бошад, ботил мепиндоранд; Бо таваҷҷуҳ ба инки ба заъмашон, он агар ҳақ буд, бар пешиниён пӯшида намемонд ва ҳар чи бар пешиниён пӯшида монда, бидъат аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 45-47]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Адолат танҳо дар ҳукумати Худованд будааст ки аз қадрҳо ва ҷоҳои шумо огоҳ аст ва ҷуз Ӯ касе ба он роҳ намеёбад агарчи бисёр пӯйиш ва кӯшиш кунад, магар касе ки Ӯ ба он Маҳдияш сохтааст, аммо шумо аз раҳмати Ӯ ноумед ва аз Маҳдии Ӯ ғофил шудаед ва аз ин рӯ, ҳукумате ки Ӯ барои Маҳлияш хостаастро ба касоне супурдаед ки Ӯ ҳукумате барои онон нахостааст! Ту гӯйи ҳукумат, мероси падаронатон аст ки онро аз ҳар кас мехоҳед мегиред ва ба ҳар кас мехоҳед медиҳед ва гӯйи аз они Худованд нест ки фармудааст: ...«Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Туӣ! Ҳукуматро ба ҳар кас мехоҳӣ медиҳӣ ва ҳукуматро аз ҳар кас мехоҳӣ мегири» Ва Ӯ онро ба Иброҳим дода ва аҳдӣ бо одилони зуррияаш сохта ва фармудааст: ...«Ва чун Иброҳимро Парвардигораш бо калимоте омӯрзид, пас чун онҳоро ба анҷом расонд, фармуд: Ман туро барои мардум имоме қарор диҳандаам, гуфт: Ва аз зуррияам? Фармуд: Аҳди ман ба золимон намерасад» Ва одилони зуррияи ӯ касоне ҳастанд ки Худованд хостааст ҳар нопокиро аз онон бизудояд ва ононро комилан пок гардонад ва онон дар китоби Худованд аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд Ва аз инҷо дониста мешавад ки Маҳдии Худованд, аз оли Иброҳим алайҳи салом ва аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва ҳар кас ҳокиме ҷуз ӯ ихтиёр кунад, ба гумроҳии дуре дучор шудааст. [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Шигифто ки мардуми ҳар замон дасти байъат бо касе додаанд ва ақди вилоят бо касе бастаанд ва надонистаанд ки ҳеҷ кас ҷуз касе ки Худованд ӯро барои ин кор ҳидоят карда ва тавоно сохтааст, аз ӯҳдаи он бар намеояд ва ҳаққи онро адо намекунад! Онон адолатро назди касоне ҷустаанд ки адолат назди онон набуда ва аз ҳокимони худ таваққуъи кореро доштаанд ки дар тавони онон набудааст! Чигуна адолат варзад касе ки қадри мардумро намедонад ва ҷои ононро намешиносад, бал қадри худро нашинохта ва аз ҷои худ берун аст?! Чигуна адолат варзад касе ки худ золим аст ва дар ҷои дигарӣ нишастааст ва чигуна ислоҳ кунад касе ки худ фосид аст ва ҷаҳонро ба фасод кашидааст?! [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Чи шудааст ки аз рӯзи нахуст то имрӯз, авлиёъи Худо ҳамвора маҳкум будаанд ва авлиёъи шайтон ҳамвора ҳоким! Фарзандони анбиё ҳамвора хонанишин будаанд ва фарзандони адъиё ҳамвора минбарнишин! Аъиммаи имон ҳамвора беёвар будаанд ва аъиммаи куфр ҳамвора пурёвар! Агар кохе буда ҳамвора барои золимон будааст ва агар кухе буда ҳамвора барои покизагон! Агар қудрате буда ҳамвора барои мушрикон будааст ва агар ҳиҷрате буда ҳамвора барои паёмбарон! Агар байъате буда ҳамвора барои Язидиён будааст ва агар шаҳодате буда ҳамвора барои Ҳусейниён! Агар давлате буда ҳамвора барои гумроҳон будааст ва агар ғайбате буда ҳамвора барои Маҳдиён! Ин чи расвоӣ аст ки торихро фаро гирифта ва ин чи девонагӣ аст ки ҷаҳонро гирифтор кардааст?! Оё мардумонро чашм нест то бибинанд ки ҳокимонашон ҳама ситам мекунанд ва адолат намеварзанд?! Ё ононро гуш нест то бишнаванд ки сиёсатмадоронашон ҳама дурғ мегӯянд ва рост намегӯянд?! Ё ононро ҳуш нест то пай баранд ки раҳбаронашон ҳама гумроҳ мекунанд ва роҳ наменамоянд?! Пас то ба кай ин захми чиркин, гушуда хоҳад буд ва то ба кай ин девонагӣ идома хоҳад дошт?! [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Ҳон, эй мардумон! Ба ман бигӯйед! То ба кай бояд монанди сиёҳмастон, аз рост ба чап ва аз чап ба рост билангед, то охирул амр бифаҳмед ки рост ва чап барои шумо яксон аст ва дар ҳеҷ як адолат нест?! Ба ман бигӯйед! Чанд ҳукумати дигарро бояд биёзмойед ва товони чанд итоъати дигарро бояд бипардозед, то саранҷом дарёбед ки ҳеҷ ҳукумате ҷуз ҳукумати Худованд, шуморо ба адолат намерасонад ва ҳеҷ итоъате ҷуз итоъати халифааш, шуморо аз зулм намераҳонад?! Оё ин ҳазорон сол таҷриба, басанда нест?! Оё ин товонҳои сангин, басанда нест?! Оё Намрудҳо ва Фиръавнҳоро нашунидид?! Оё Касроҳо ва Қайсарҳоро накашидид?! Оё халифаҳо ва шоҳонро надидид?! Оё ҷумҳуриҳо ва Исломиҳоро наёзмудид?! Пас оё ҳанӯз ибрат нагирифтаед?! То куҷо ба ин захми кӯҳна намак хоҳед зад?! Ва то куҷо ба ин ҷунуни торихӣ идома хоҳед дод?! [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Ҳон, эй подшоҳон ва амирони ситамкор ки барои касби султа ва ҳифзи он, хуни бегуноҳонро мерезед! Ҳон, эй фақиҳон ва руҳониёни риёкор ки ба ғайри ҳақ, худро гумоштаи Худо ва валии амри муслимини ҷаҳон медонед! Ҳон, эй риҷоли сиёсӣ тамъакор ки барои даст ёфтан ба ҳукумат, мусобиқа мегузоред! Ҳон, эй аҳзоби сиёсии фиребкор ки ҷуз дар пайи қудрат нестед! Ҳон, эй фирқаҳо ва гурӯҳҳои табаҳкор ки барои бартарӣ ёфтан дар замин, мекушид! Даст аз ин мардуми ранҷдида бардоред ва аз миёни онҳо ва соҳибашон канор биравед! Оё ҳазорон сол зулм ва фасод басанда нест?! Оё як торих, зиллат ва масканат басанда нест?! Оё хаста нашудаед аз ин ҳама шарорат ва фитнаангезӣ?! Пас кай ба ин бозии кӯдакона поён хоҳед дод?! Пас кай аз ин равишҳои такрорӣ боз хоҳед истод?! [Номаи чаҳордаҳум]

Суфорише аз он ҳазрат барои ёрон ва пайравонаш

Тарҷумаи гуфтор: Ту ва сойири ёрон ва пайравонамро ба тарс аз Худо дар пинҳон ва ошкор суфориш мекунам ва ҳамаи шумо ва ҳар кас ки баъдҳо ба шумо мулҳақ мешавадро ба маъруф амр мекунам ва аз мункар боз медорам. Ваҷиботи Худоро анҷом диҳед, муҳаррамоти Ӯро тарк кунед ва ҳудудашро нигоҳ доред. Бо якдигар меҳрубон бошед ва аз кина бипарҳезед. Тавозуъ ва адабро зинати худ қарор диҳед ки фарзанди Одам ба чизӣ зеборат аз он ду зинат наёфта ва аз сабру намоз неру бигиред ки бандаи Худо аз чизӣ бештар аз он ду неру нагирифтааст. Барои рӯзи мукофот –ки дер ё зуд хоҳад омад– тадбире бинамойед ва барои расвойии он чорае биандешед. Маргро ба хатар биспоред ки ёди марг сипарӣ боздоранд аст ва Худоро аз ёд набаред ки ёди Ӯ доруӣ шифо диҳанда аст. Хурди шумо бояд ба калонатон эҳтиром кунад ва калони шумо бояд бар хурдатон тараҳҳум намояд. Бо хубон биншинед ва даромезед ва аз бадон бипарҳезед ва бигурезед. [Гуфтори пнҷум]

Суфорише аз он ҳазрат барои ёрон ва пайравонаш

Тарҷумаи гуфтор: Бехабаронро хабар диҳед ва ҷоҳилонро биёмузед. Гумроҳонро роҳ намойед ва пурсандагонро посух гӯйед. Бар сафоҳат сафиҳон шакиб оваред ва дандон бар дандон бифарсойед; Ҳангоме ки шуморо дашном медиҳанд то биёзоранд ва бӯҳтон мезананд то биранҷонанд; Чароки пеш аз шумо бо Паёмбарони Худованд чунин карданд ва беш аз шумо бо мо чунин мекунанд. Масали шумо дар миёни онҳо масали занбӯри асал дар миёни парандагон аст; Ҳеҷ парандае нест магар инки ӯро кӯчак мешуморад, дар ҳоле ки агар медонист ӯ чи чизе бо худ ҳамл мекунад, албатта кӯчакаш намешумурд. Замин гандида ва замон монанди мурдоре аст ки бод карда бошад, вале шаберо надидем ки рӯзеро дар пай надошта бошад. Пас сабр кунед; Чароки фараҷи шумо наздик аст. [Гуфтори панҷум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Ҳароина Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам», пас фармуд: Ҳароина замин аз халифае ки Худованд қарор диҳандаи ӯ бошад холӣ намемонад ва агар холӣ бимонад аҳли худро фурӯ мебарад ва ҳар кас бимирад дар ҳоле ки ин халифаро намешиносад, ба марги ҷоҳилият мурдааст. Сипас муддате сукут намуд то ҷойе ки ирода кардам аз назди ӯ бархезам, пас идома дод: Худованд аз ҳангоме ки инро фармуд, ҳамвора дар замин халифаеро қарор додааст ва агар мефармуд: «Қарор медиҳам» метавонист як қарор додан бошад, вале фармуд: «Қарор диҳандаам» ва қарор диҳанда касе аст ки қарор додан аз Ӯ истимрор меёбад ва ҳар халифае барои Худованд дар замин, ба чизе ки Худованд дар он халқ карда, ҳидоят ёфтааст то онро дар ҷойе ки Худованд мехоҳад қарор диҳад ва ҳар кас ба Маҳдии замонаш роҳ пайдо накунад, ҳароина ба гумроҳии дуре дучор шудааст. [Фақараи 1 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Марде дар ҳоле ки ман ҳозир будам аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсид ки мефармояд: «Ҳароина Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам»; Пас фармуд: Худованд аз замоне ки ваъда дод, ҳамвора дар замин халифаеро қарор додааст, хоҳ ошкор ва машҳур буда бошад ва хоҳ тарсон ва гумном ва ҳароина Худованд ваъдаашро хилоф намекунад. Мард гуфт: Онҳо дар Ироқ халифаеро қарор додаанд ва эътиқоде ҷуз ин надоранд ки ӯ халифа аст! Фармуд: Душманони Худованд дурӯғ мегӯянд! Худованд ба онҳо нафармуд ки шумо дар замин халифаеро қарор диҳандаед, балки фармуд «Ман қарор диҳандаам», пас агар онҳо дар он халифае қарор диҳанд ҷуз халифае ки Худованд дар он қарор додааст, ҳароина бо ин кор мушрик мешаванд. Мард гуфт: Ин халифае ки Худованд дар он қарор дода, кист? Фармуд: Марде аз насли Фотима ки ба ӯ Маҳдӣ гуфта мешавад. [Фақараи 2 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Шунидам Мансур мефармояд: «Муназзаҳ аст Парвардигорамон, бегумон ваъдаи Парвардигорамон амалӣ шуд», ваъда дод ки дар замин халифаеро қарор медиҳад, гуфтам: Онҳо инкор мекунанд ки барои Худованд дар замин халифае бошад! Фармуд: Ӯ дар он аст агарчи ҳамаи касоне ки дар заминанд инкораш кунанд, сипас фармуд: Ман хабар дода шудаам ки онҳо дар замин халифае аз аҳли Ироқ қарор доданд[4], гуфтам: Оре ва барои ӯ хунҳо рехтанд, фармуд: Ӯ халифаи касоне аст ки ситам карданд ва халифаи Худованд ҳамоно Маҳдӣ аст. [Фақараи 3 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Ҳар дарс, дар бораи як масъалаи эътиқодӣ ё фиқҳӣ ё ахлоқӣ аст ва аз се боб ташкил шудааст:

• Боби якум баёни оёте аз Қуръон ки ба масъала марбут мешавад ва дар он тафосири арзишманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омада ки аз миёни гуфторҳои нуронии ӯ истихроҷ шудааст ва маъонии оётро ба гунае ки дилҳоро шифо медиҳад ва мардумро аз торикӣ ба нур мебарад, табйин менамояд.

• Боби дуввум аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он нукоти дақиқ ва тавзиҳоти судманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст ки маънои аҳодис, ҳоли ровиён ва назари олимонро табйин мекунад.

• Боби севвум баёни аҳодиси саҳиҳе аз аҳли байт алайҳи салом ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он назири чизҳое аст ки дар боби дуввум омадааст. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Қоъида назди ҳазрати аллома ҳафизаҳулоҳ таъоло, ҳуҷҷияти хабари мутавотир ва адами ҳуҷҷияти хабари воҳид аст ва хабари мутавотир назди ӯ чизе аст ки дар ҳар табақа беш аз чаҳор мард онро ривоят кардаанд, ба шарти инки қарини якдигар набошанд ва дар бораи маъно ихтилоф накарда бошанд ва чизе ки ривоят кардаанд бо китоби Худованд ё суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ақли салим таъоруз надошта бошад. Ҳамчунин, чизе ки дар ҳар табақа чаҳор мард онро ривоят кардаанд, дар ҳукми хабари мутавотир аст, ба шарти инки одил бошанд, илова бар се шарти пешин ва ин чизе аст ки баррасии ҳоли ровиён ҳаргоҳ беш аз чаҳор мард набошандро зарурӣ месозад. Аммо баррасии ҳоли онон ҳаргоҳ камтар ё бештар аз ин теъдод бошанд, коре аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз боби илзом анҷом медиҳад; Чароки аксари мусалмонон қоъил ба ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа ё садуқ ҳастанд ва чи басо чизе ки тавассути панҷ мард ривоят шудаастро мутавотир намедонанд. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло чизе ки ровиёни сиқа ё садуқ назди онон ривоят кардаандро ихтиёр мекунад то ҳуҷҷате бар онон бошад ва бошад ки онон ҳидоят ёбанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Шарти ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ихтиёри аҳодис, пас аз созгории маънои онҳо бо китоби Худованд ва суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ақли салим, шӯҳрати ровиёни онҳо ба васоқат ё садоқат назди касоне аст ки аҳли мазҳаби онҳо ҳастанд, на мухолифони онҳо; Чунонки дар шарҳи ҳоли Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ онро табйин карда ва фармудааст: «Милок, ҳоли фард назди асҳоби ӯст (яъне аҳли мазҳаби ӯ); Чароки онон ба ҳоли ӯ огоҳтаранд ва назари сойири мардум ҳаргоҳ бо назари асҳоби ӯ мунофот дошта бошад, ҳуҷҷат нест; Чароки онон аз ӯ дуртаранд ва чи басо ба хотири дӯст надоштани мазҳабаш, дар бораи ӯ бад мегӯянд ва гувоҳи он, кори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба яҳудиён фармуд: <Абдулло ибни Салом дар миёни шумо чигуна марде аст?> пас гуфтанд: <Хуби мо ва писари хуби мо ва сарвари мо ва писари сарвари мо ва олими мо ва писари олими мост>, пас суханашон дар бораи ӯро пазируфт; Чароки онон асҳоби ӯ буданд ва сипас ба онон хабар дод ки ӯ мусалмон шудааст, пас шурӯъ ба бадгӯйи дар бораи ӯ карданд ва гуфтанд: <Бадтарини мо ва писари бадтарини мост>, вале сухани онон дар бораи ӯро пас аз инки мухолифони ӯ дар мазҳабаш шунид напазируфт ва агар сухани мухолифон дар мазҳаб пазируфта шавад, чизе аз ҳадис боқӣ намемонад; Чароки ҳар тоъифае дар бораи тоъифаи дигар бад мегӯянд; Чунонки мебинӣ шиъаён ба чизе ки аҳли суннат ривоят мекунанд вақъе намениҳанд магар чизе ки онро ҳуҷҷате бар зидди онон қарор медиҳанд ва мебинӣ аҳли суннат ба чизе ки шиъаён ривоят мекунанд намегиранд магар бо таъаҷҷуб ва истиҳзоъ ва ҳар ду миёнаи роҳро гум кардаанд, вале мо ҳар чизе ки мусалмонон дар мутобиқат бо китоби Худованд ривоят мекунандро мепазирем ҳаргоҳ назди асҳоби худ ба ростгӯйи маъруф бошанд бидуни инки барои ҳеч як аз мазоҳиб таъассуб биварзем». [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Чизе ки назди ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло милок аст, Ислом ва шӯҳрати ровӣ ба васоқат ё садоқат назди тоъифаи ӯст, на мазҳаби ӯ ё тазъифоти мухолифонаш бидуни далилӣ қобили қабул. Пас агар ровӣ аз аҳли суннат аст, милоки ҳоли ӯ назди аҳли суннат аст ва ҳолаш назди шиъа милок нест ва фарқе миёни ривоёти шиъа ва ривоёти аҳли суннат вуҷуд надорад ҳаргоҳ бо се асли пешгуфта созгор бошанд ва ровиёнашон маъруф ба васоқат ё садоқат назди аҳли мазҳаби худ бошанд. Ба ҳамин далил аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ривоёте аз шиъаро монанди ривоёте аз аҳли суннат ихтиёр мекунад ва ривояти касеро ба хотири мазҳабаш тарк намекунад модоме ки мазҳабаш бар хилофи зарурии дин набошад, ба наҳве ки ӯро аз Ислом хориҷ созад; Чароки дар он сурат ӯ мунофиқ аст ва мунофиқ дар ҳеч заминае қобили қабули эътимод нест, агарчи ҳамаи мардум ӯро сиқа бидонанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Дарсҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳадафашон тазкияи мардум ва таълими Китоб ва ҳикмат ба онон ва меҳвар ва мабнояшон Қуръон ва суннат ва мавзӯъашон ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ аст ва мо аз миёнашон чизе ки ба масоъили муҳимтар ва мавриди ибтилотар марбут мешавадро интихоб кардаем ва онро ба гунае ки барои аҳли таҳқиқ ва мутолеъа осонтар бошад мураттаб сохтаем ва барои он таълиқотӣ муштамал бар зикри манобеъ ва бархӣ тавзиҳоти зарурӣ навиштаем. [Дарси яккум, муқаддама]

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бидуни таваҷҷуҳ ба фирқаҳо ва мазоҳиби Исломӣ ва танҳо бо истинод ба манобеъи аслӣ ва яқинии Ислом мӯътақид аст ки замин дар ҳеҷ замоне аз «Халифаи Худованд» холӣ нест ва далилашон барои ин эътиқод аз як сӯ зарурати ақлӣ вуҷуди халифаи Худованд дар замин барои таълими кулли Ислом ва иқомаи он ба сурати холис ва комил аст бо таваҷҷуҳ ба инки чунин таълим ва иқомае зарурат дорад ва бидуни вуҷуди чунин халифае мумкин нест ва аз сӯи дигар сухани Худованд аст ки ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً; «Бегумон ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам» Ва ба масобаи ваъдаи Ӯст ки тахаллуф намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿لَا يُخْلِفُ اللَّهُ وَعْدَهُ; «Худованд аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад» Ва ба масобаи суннати Ӯст ки тағйир намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿فَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا; «Пас ҳаргиз барои суннати Худованд тағйире намеёбӣ». Ин дар ҳоле аст ки танҳо халифаи Худованд дар охируззамон бо таваҷҷуҳ ба ахбори мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Маҳдӣ аст ва аз ин рӯ, яқин ба хилофати касе ҷуз ӯ баъд аз салаф мумкин нест, дар ҳоле ки ҷуз яқин дар Ислом кофӣ шумурда намешавад ва ин ба маънои адами имкони хилофати касе ҷуз Маҳдӣ дар ҳоли ҳозир аст. Бар ин асос, метавон ба вуҷуди Маҳдӣ ва зинда будани ӯ дар ҳоли ҳозир эътиқод дошт. [Пурсиш ва посухи 6]

Бояд таваҷҷуҳ дошт ки эшони Мансури Ҳошимии Хуросонӣ даъвати худ ба сӯӣ заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро бар эътиқод ба вуҷуд ва ҳаёти он ҳазрат дар ҳоли ҳозир мубтанӣ насохта, балки дар китоби худ тасриҳ фармуда ки заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат, ҳатто бино бар адами эътиқод ба вуҷуд ва ҳаёташ дар ҳоли ҳозир, зарури аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки бино бар ин мабно, вуҷуд ва ҳаёти ӯ агарчи мутаваққиф бар фоъиляти Худованд ба маънои таквинии Ӯст, мутаваққиф бар қобилияти мардум ба маънои пазириш ва омодагии онон аст ва Худованд ӯро дар замоне халқ мекунад ки қодир ба зуҳур дар он барои онон бошад. Бинобарин, агар ӯ ҳамакнун вуҷуд ва ҳаёт надошта бошад, заминасозӣ барои вуҷуд ва ҳаёти ӯ монанди заминасозӣ барои зуҳури ӯ зарурӣ аст ва ин мубтанӣ бар сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿إنَّ اللهَ لا یُغیِّرُ مَا بِقَومٍ حَتَّی یُغیِّروا مَا بِأَنفُسِهِم; «Бегумон Худованд чизе ки дар қавме астро тағйир намедиҳад то он гоҳ ки чизе ки дар худашон астро тағйир диҳанд». Ҳосил онки чи дар ҳоли ҳозир мавҷуд ва зинда бошад ва чи набошад, заминасозӣ барои зуҳури ӯ бар умуми мусалмонон воҷиб аст ва мурод аз он таҳсили муқаддамоти лозим барои таъмини амнияти ӯ ва таҳаққуқи ҳокимияти ӯст ки ҳазрати Мансур тафсили онро дар китоби «Бозгашт ба Ислом» табйин фармудааст. [Пурсиш ва посухи 6]

Иртибот бо ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом ба маънои гуфтугӯи ҳузурӣ бо он ҳазрат бино бар қавл ба вуҷуди ӯ дар ҳоли ҳозир, ақлан ва шаръан мумкин аст ва зоҳиран барои бархӣ аз мусалмонон воқеъ шудааст, вале ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ муддаъии иртибот бо он ҳазрат нест, ба ин маъно ки ё бо он ҳазрат иртиботе надорад ва ё онро бар мало намекунад. Дар ҳар ҳол, чи эшон бо он ҳазрат иртиботе дошта бошад ва чи иртиботе надошта бошад, тардиде нест ки ҳаргоҳ ҳокими яке аз кишварҳои Исломӣ пешниҳоди эшон мабнӣ бар канорагири аз қудрат ва интиқоли он ба Маҳдӣ алайҳи саломро воқеъан ва аз рӯӣ ихлос ва на иддаъоан ва аз рӯӣ фиреб қабул кунад ва иқдомоти амалии лозим барои исботи садоқати худ ва тасҳили зуҳури он ҳазратро ба тартибе ки дар китоби «Бозгашт ба Ислом» табйин шудааст анҷом диҳад, Худованд роҳи онро барои ӯ аз ноҳияи ҳар касе ки бихоҳад мегушояд; Чароки Ӯ ба бандагони худ ситамкор нест... Ва чизеро барои қавме тағйир намедиҳад то он гоҳ ки онон худ заминаи тағйирашро фароҳам созанд... Ва аз анҷоми коре ки барои онон лозим аст нотавон нест... Бал ҳақ он аст ки пас аз таҳсили ин муқаддамот тавассути ҳокимӣ мусалмон ва таъйиди он тавассути Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба унвони коршинос ва нозири бетараф ва қобили эътибор дар қолиби иқдомӣ муштарак, ниёзе ба иртиботи эшон бо Маҳдӣ алайҳи салом нахоҳад буд, балки Маҳдӣ алайҳи салом худ бо эшон иртибот хоҳад гирифт; Чароки ҳидояти эшон дар ин марҳала вазифаи Худованд хоҳад буд ва тайӣ ин марҳала тавассути Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бино бар қоъидаи ﴿إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَى رَبِّي سَيَهْدِينِ; «Ман ба сӯӣ Парвардигорам равандаам манро ҳидоят хоҳад кард» анҷом мешавад. [Пурсиш ва посухи 10]

Яке аз муҳимтарин ҳақоиқи табйин шуда тавассути ҷаноби Мансур дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» ки метавон онро мабнои назарӣ инқилоби ҷаҳонии Маҳдӣ ва нуқтаи азимат ба сӯӣ зуҳури он ҳазрат донист, имкони зуҳури он ҳазрат дар сурати иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз мусалмонон барои ҳифозат ва ҳимоят аз ӯст. Бар ин асос, ҳадафи ҷаноби Мансур, ташкили ин иҷтимоъ ва расондани он ба Маҳдӣ аст то битавонад бо ёрии он зуҳур кунад. Бо ин васф, ҳукумате ки ҷаноби Мансур дар садади ташкили он аст, ҳукумати Маҳдӣ аст ки монанди ҳар ҳукумати дигаре, дар сурати таҳаққуқи заминаҳои ин қобили ташкил аст ва машрӯъияти таҳаққуқи заминаҳои он бо меҳварияти ташкили иҷтимоъи мазкур, аз тавобеъи машрӯъияти ҳукумати Маҳдӣ аст; Ба ин маъно ки вақте ҳукумати Маҳдӣ машрӯъ аст, заминасозӣ барои он машрӯъият дорад ва ин аз боби таҳсил муқаддамаи воҷиб аст ки ақлан воҷиб маҳсуб мешавад, то ҳадде ки имкони наҳй аз он тавассути шореъ вуҷуд надорад; Чароки наҳй аз воҷиби ақлӣ қабеҳ аст, монанди наҳй аз таҳияи об барои ғусл ва таййи тариқ барои ҳаҷ ва ин сарфи назар аз он аст ки амри шаръӣ барои он ба ҷаноби Мансур расида бошад ё нарасида бошад. [Пурсиш ва посухи 25]

Ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати Маҳдӣ, ҳаргоҳ ба маънои ташкили ҳукумати он ҳазрат аз тариқи заминасозӣ барои он ба тартибе ки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» табйин шудааст бошад, мумкин аст, ҷуз онки дар ин сурат, ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати Маҳдӣ маҳсуб намешавад, балки ташкили он бо рафъи ғайбати ӯ маҳсуб мешавад ва ҳар гоҳ ба маънои ташкили ҳукумате ҷуз ҳукумат Маҳдӣ бошад, мумкин нест ва ин мумкин набудан, аз аворизи тақсири мардум дар ҳифозат ва ҳимоят аз он ҳазрат аст ки сабаби ғайбати ӯ буда ва бо ин васф, масуълияти табаъоти он бар уҳдаи онон аст. Ҳосил онки ташкили ҳукумати Исломӣ дар ҳар замоне бо зоҳир сохтани Маҳдӣ мумкин аст ва бо ин васф, ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати он ҳазрат маъно надорад. [Пурсиш ва посухи 25]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Худои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро мепарастад ва барои Ӯ дар таквин, ташриъ ва таҳким шарике намешиносад; Ба ин маъно ки Ӯро дар офариниш, ризқ ва тадбири мавҷудот ягона медонад ва ба ҳукме ҷуз ҳукми Ӯ ва ҳукуматӣ ҷуз ҳукумати Ӯ таслим намешавад ва ҳукумати Ӯро ҳукумати касе медонад ки ба изни Ӯ ҳукумат мекунад, ҳар чанд бештари мардум намедонанд... Худойе ки ташриъ танҳо барои Ӯст ва бояд ва набояд ҷуз аз Ӯ содир намешавад; Чунонки фармудааст: ﴿أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ شَرَعُوا لَهُمْ مِنَ الدِّينِ مَا لَمْ يَأْذَنْ بِهِ اللَّهُ; «Ё ононро шариконе аст ки барояшон чизе аз динро ташриъ кунанд ки Худованд ба он изн надодааст?!»; Худойе ки ҳукумат танҳо барои Ӯст ва насб ва азли ҳоким ҷуз тавассути Ӯ анҷом намешавад; Чунонки фармудааст: ﴿قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ; «Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Туӣ; Хукуматро бар ҳар кас ки мехоҳӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас ки бихоҳӣ мегирӣ», пас барои Ӯ шарике дар ҳукумат нест; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَمْ يَكُنْ لَهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ! Ин аст Худои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Худои Иброҳим ва Оли Иброҳим ва ин аст Худои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ парчамдори тавҳид дар асри ҳозир бо нидои тавҳиди «Ал-байъату Лиллоҳ». [Нақд ва баррасии 11]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, Худои ибни Ҳомид, ибни Таймия, ибни Абдулваҳҳоб ва амсоли ононро намепарастад; Ҳамон Худое ки боло ҳаст ва дар пойин нест ва ду чашм ва ду гӯш ва ду даст ва ду по ва даҳ ангушти ҳақиқӣ дорад ва аз ҷойе ба ҷои дигар ҳаракат мекунад ва бо чашми сар монанди маҳтоб дида мешавад ва намунаи комиле аз Лот ва Ҳубал ва Уззо мустатир дар ҳиҷоби «Било кайф» аст! Балки Худои Иброҳим ва Исмоъил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва Асбот ва Исо ва Мӯсоро мепарастад; Ҳамон Мӯсое ки гуфт: «Парвардгоро! Нишонам деҳ ки ба ту назар кунам» ва ба ӯ посух дода шуд: «Ҳаргиз Манро нахоҳи дид», пас ӯ аз таваққуъи хеш тавба кард: «Гуфт: Ту муназзаҳ ҳастӣ, ман ба сӯят тавба кардам»... Чароки чашмҳо Ӯро идрок намекунанд ва Ӯ чашмҳоро идрок мекунад ва Ӯ борикбини огоҳ аст... Худойе ки ба ҳар ҷо рӯй мекунӣ, дар онҷо ҳаст ва вуҷуди Ӯ монанди вуҷуди аҷсом ба ҷое маҳдуд намешавад... Худойе ки аз ҷойе ба ҷои дигар интиқол намёбад ва ба махлуқи худ такя намезанад ва монанди ҳайвон, қобили таҷзия ба аъзо ва ҷавореҳ нест ва ба сифоти инсон муттасиф намешавад... Худойе ки дар ҳеҷ васфе намегунҷад ва ба ҳеҷ васфе намеояд ва аз ҳар чизе ки битавон тасаввур кард муназзаҳ ва волотар аст... Худойе ки ҳамаи номҳои неку барои Ӯст, бегумон таъаддуди номҳояш ба таъаддуди зоташ анҷомад ва Ӯро ба аҷзоъӣ мутаъаддид тақсим кунад... Чунонки ду сифат «Бино» ва «Шунаво» Ӯро ба ду кас табдил намекунат ва барои Ӯ ду ҷузъ падид намеоварад, балки Ӯ дар айни биноӣ, шунавост ва дар айни шунавоӣ биност ва биноӣ ва шунавоӣ, ду эътибор аз сифатӣ воҳид барои Ӯянд ки «Илм» номида мешавад; Чароки таъаддудро ба вуҷуди Ӯ роҳе нест ва аз ҳар такассуре дар зоти худ муназзаҳ аст. [Нақд ва баррасии 11]

Занни будани аҳодис ба истиснои аҳодиси мутавотир, сирфан «Андешаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ» нест, балки андешаи умуми олимони мусалмон аз ҳамаи мазоҳиби Исломӣ ба истиснои гурӯҳе аз салафиён аст ва воқеъиятӣ возеҳ ва виҷдонӣ аст, то ҷойе ки ба таъбири бархӣ олимони мусалмон монанди Нававӣ (д.676қ) дар шарҳи саҳеҳул Муслим «Инкори он чизе ҷуз хирасарӣ дар баробари маҳсус нест»; Чароки аҳодиси воҳид табиъатан ба наҳве ҳастанд ки эҳтимоли ғалат, таҳриф ва кизб дар онҳо вуҷуд дорад ва бо вуҷуди ин эҳтимол, яқин ба судури онҳо ҳосил намешавад... адами ҳуҷҷияти занн, «Андешаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ» нест, балки сареҳи сухани Худованд дар Қуръони Карим аст ки борҳо ва бо таъкид фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا; «Бе гумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад» ва рӯшан аст ки ин сухани сариҳи Худованд, иршод ба як ҳукми ақлӣ аст; Чароки ақл низ танҳо яқинро меъёри шинохти хақ медонад ва занн ва шак ва ваҳмро бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди эҳтимоли хилоф дар онҳо, барои шинохти ҳақ кофӣ намедонад ва рӯшан аст ки аҳкоми ақлӣ, қобили тахсис нестанд; Ҳамчунонки сухани сареҳи Худованд, ғайри қобили тахсис аст; Ба ин маъно ки бо таваҷҷуҳ ба лаҳн ва сиёқи қотеъ ва сареҳи худ ва далолате ки бар табиъати занн дорад, таҳаммули тахсисро надорад... ва ин гуноҳи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ маҳсуб намешавад! [Нақд ва баррасии 1]

Хабари мансуб ба Паёмбари Худованд саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар бораи пайдоиши 73 фирқа пас аз ӯ ки яке аз онҳо «Ноҷиа» ва боқӣ оташанд, хабарӣ воҳид ва ғайри яқинӣ аст ва ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ адами ҳуҷҷияти чунин ахборро дар мавзӯъе аз китоби худ монанди мабҳаси «Ривоҷи ҳадисгароӣ»[1], ба тафсил табйин фармудааст. Фориғ аз онки бештари асноди ин ҳадис, дар назари аҳли ҳадис заъиф шумурда мешавад ва татиммаи машҳури он мабнӣ бар таърифи фирқаи ноҷиа ба «Ҷамоъат» ва таърифи ҷамоъат ба чизе ки «Паёмбар ва асҳоби ӯ» бар он будаанд, бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи шадиди ақвол ва афъоли асҳоби он ҳазрат, қобили илтизом нест, балки бӯӣ ҷаъл медиҳад. Афзун бар инки судури он бо воқеъияти маҳсус ва берунӣ созгорӣ надорад; Чароки пайдоиши 73 фирқа пас аз Паёмбари Худованд саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар миёни мусалмонон собит нест, балки чи басо хилофи он собит бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки фирқаҳои мусалмон ном бурда шуда дар кутуби фирқашиносӣ, бисёр бештар ё камтар аз ин теъдоданд ва ҳифзи бархӣ ва афзудани бархӣ дигар барои татбиқи онҳо бар ин теъдод, бидуни такаллуфи фаровон мумкин нест, балки навъан тарҷиҳи било мураҷҷаҳ аст. [Нақд ва баррасии 7]

Иҷтиҳод ба маънои таҳсили илм ба аҳкоми шаръ, як шуғл ё риштаи илмӣ аз қабили муҳандисӣ ва пизишкӣ нест ки ҳар кас дӯст дошт онро ихтиёр кунад ва ҳар кас дӯст надошт онро вогузорад, бал як таколифи шаръӣ монанди намоз ва рӯза аст ки бар ҳар мусалмоне фариза аст; Чароки инсон барои хӯрдан ва хобидан офарида нашуда, балки барои бандагии Худованд офарида шуда; Чунонки дар китоби Худованд омадааст: «Ва инс ва ҷинро наёфаридем магар барои инки Манро бандагӣ кунанд» Ва бандагии Худованд ба маънои фармонбардорӣ аз Ӯст, ҳар чанд мусталзими машаққат бошад ва яке аз фармонҳои Ӯ, таҳсили илм ва адами иктифо ба занн аст; Чунонки фармудааст: «Ва аз чизе ки ба он илме надорӣ пайравӣ накун» Ва фармудааст: «Ва ононро ба он илме нест, онон ҷуз аз занн пайравӣ намекунанд, дар ҳоле ки занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад»! Бо ин васф, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст ки илм ба аҳкоми шаръро таҳсил кунад ва ба занн дар бораи онҳо иктифо накунад ва ин бо муроҷиъаи мустақими ӯ ба китоби Худованд ва суннати Паёмбараш мумкин аст; Чароки муроҷиъаи ғайри мустақимми ӯ ба маънои тақлидаш аз муҷтаҳидон, муҷиби илми ӯ ба аҳкоми шаръ намешавад ва танҳо барои ӯ занн падид меоварад; Бо таваҷҷуҳ ба инки мутобиқати фатвои муҷтаҳидон бо аҳкоми шаръ, қатъӣ нест, балки заннӣ аст ва бо ин васф, чорае ҷуз муроҷиъаи мустақимми ӯ ба китоби Худованд ва суннати Паёмбараш вуҷуд надорад, агарчи аз он кароҳат дошта бошад; Зеро чи бисёр чизе ки касе аз он кароҳат дорад, вале барои ӯ зарурӣ аст; Монанди дору ки бемор онро дӯст намедорад, вале аз истеъмоли он ногузир аст; Чунонки Худованд фармудааст: «Ва чи басо чизеро дӯст надоред, дар ҳоле ки он хайре барои шумост» Ва фармудааст: «Пас шояд чизеро дӯст надошта бошед ва Худованд дар он хайри бисёре қарор дода бошад»! [Нақд ва баррасии 17]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Нависанда дар бахши дигаре аз китоби «Бозгашт ба Ислом» суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро барои ҳамеша мӯътабар ва қобили пайравӣ медонад, вале мӯътақид аст ки дастрасии яқини ба он умдатан барои аҳли замони он ҳазрат мумкин аст ва барои ояндагон мумкин нест. Аз ин рӯ, ояндагон ба марҷаъи дигаре барои яқин ба суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ниёзманданд ва он марҷаъ, халифаи Худованд дар замин аст ки нойиби Паёмбар дар татбиқи аҳкои Худованд шумурда мешавад ва алалқоъида монанди Қуръон ҳамеша дар дастрасии мардум аст. Нависанд пас аз баррасии нусуси қатъии Исломӣ шомили оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо шеваӣ бадеъи ва қонеъ кунанда барои умуми мусалмонон ва бар канор аз ҳар гуна ҷиҳатгирии мазҳабӣ исбот мекунад ки хулафои пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дувоздаҳ тан аз аҳли байти ӯ ҳастанд ки се нафари оғозини онҳо Али, Ҳасан ва Ҳусейн ҳастанд ва охарини онҳо Маҳдӣ аст. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Нависанда дар бахши дигаре аз китоби «Бозгашт ба Ислом»... баррасии ҷойгоҳи Маҳдӣ ва нақши ӯ дар таҳаққуқи ормони Ислом ки адолати ҷаҳонӣ аст мепардозад ва дар ин бора зароъиф ва дақоъиқеро матраҳ мекунад ки комилан бадеъи ва бесобиқа аст. Ба унвони намуна, ӯ бар хилофи дигарон ки пайдойиш ва зуҳури Маҳдиро баста ба ирода ва иқдоми ибтидойии Худованд ва тобеъи ҳикмат ва маслиҳати Ӯ мепиндоранд, онро баста ба ирода ва иқдоми ибтидойии мардум ва тобеъи ихтёр ва омодагии онҳо медонад ва бо сароҳат ва қотеъияти аҷибе мӯътақид аст ки дастрасии онҳо ба Маҳдӣ мумкин аст ва бо ин васф, онҳо бояд танҳо ба ҳифозат, иъонат ва итоъат аз ӯ биандешанд ва набояд худро ба ҳифозат, иъонат ва итоъат аз ғайри ӯ дар ҳар пӯшише ки бошад саргарм созанд. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Ҳошимӣ дар идомаи китоби худ, ба табйини муҳимтарин асли Ислом яъне тавҳид мепардозад ва онро ба се қисм тавҳиди дар таквин, ташриъ ва таҳким ё ҳокимият тақсим мекунад ва ҳар якеро ба тафсил тавзиҳ медиҳад. Сипас ба муъаррифии сойири усули ақойид ва мабонии аҳкоми Ислом мепардозад ва ҳар якеро бо манҳаҷҷӣ мутафовит ва хос, бозтаъриф мекунад ва ба унвони намуна, абвоби ҷадидеро дар бораи закот, ҳаҷ ва ҷиҳод ба рӯӣ аҳли фиқҳ мегушояд ки аз ҳар як абвоби дигаре гушуда мешавад. Ба ин тартиб ӯ бо истинод ба иқтизоъоти рӯшани ақлӣ ва истешҳод ба нусуни қатъии шаръӣ ки чизе ҷуз оёти Қуръон ва аҳодиси мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нест, ақойид ва аҳкоми Исломро бозтаъриф мекунад ва қироъати ҷадид ва комилан мутафовитеро аз он ироъа медиҳад ки метавон як мактаб ва идеъоложии Исломӣ шумурда шавад ва инқилоберо дар нигариш ва рӯйкарди мусалмонони ҷаҳон ба вуҷуд овард ва заминасози ваҳдат ва ҳамгароӣ онон дар ояндаи наздик ва таҳавулотӣ азим ва бунёдин дар сохторҳои сиёсӣ ва фарҳангии онон бошад. [Мақолаи 1]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум аз интишори китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» бехабаранд ва аз он иттилоъе надоранд. Ин халаъе аст ки бояд бо ҳиммати мусалмонон дар ростои иттилоърасонии ҳарчи бештар аз ин китоби шариф пур шавад, то ҳадде ки рӯзе бирасад ки мусалмоне набошад ки аз китоби «Бозгашт ба Ислом» беиттилоъ бошад ва онро нахонда ва нафаҳмида бошад... Гурӯҳе аз мардум ки китобро дарёфт карда ва хондаанд аммо мушкили онҳо адами фаҳми комил ва саҳиҳи тамом ё бахшҳое аз он аст, аз ин рӯ нисбат ба он беъэтиноӣ мекунанд. Рӯшан аст ки ин масала роҳи ҳалли содае дорад. метавонанд бо муроҷиъа ба пойгоҳи иттилоърасонии дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ва муроҷиъа ба бахши шарҳи осор ва ё бахши пурсишҳо ва посухҳо, зимни мутолиъаи шарҳҳоӣ ин китоби шариф ки омода шуда ва бо ҳимояти дигар бародарон ва хоҳарони мусалмон аз ақсоӣ нуқоти олам қобили тавсиъа ба забонҳои дигар аст, ва низ мутолиъаи саволоти мусалмонон дар бораи китоб ва посухҳои пойгоҳ ба эшон, ҳаргуна ибҳоми худро бартараф намоянд. [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум касоне ҳастанд ки мумкин аст китобро ба ҳар тариқе дарёфт карда бошанд вале ба аҳмияти он пай набурда бошанд ва ё ба далили машғулаҳои рӯзмара фурсати хондани китоб ва тамаркуз бар рӯӣ онро пайдо накарда бошанд лизо онро дар авлавиятҳои баъдӣ гузошта ё асосан ба канорӣ дур ва маҳҷур ниҳодаанд. Мутаъассифона рӯзмарагиҳо ва мушкилоти ҷории зиндагӣ дарди ҳама гире аст ки аз таваҷҷуҳ ба ҳақиқат бозмедоард. Аммо ба ростӣ агар мардум бидонанд ки роҳи ҳалли ҳамин мушкилоти рӯзмараашон монанди боло рафтани қимати аҷнос, кирояи хонаҳо, мушкилоти таҳсилӣ ва тарбиятии фарзандон, мушкилоти хонаводагӣ ва монанди он, дар китоби Бозгашт ба Ислом навишта шудааст, шояд дар ҳамон буҳбуҳаи рӯзмарагиҳо ва мушкилот ҷое барои хондан ва таъамул дар бораи ин китоб боз кунанд ва нигоҳашон нисбат ба он куллӣ тағйир ёбад ва бо кунҷковӣ ва тезбинии фаровоне онро бихонанд. [Мақолаи 2]