Ҷумъа 29 Март 2024 мелодӣ / 18 Рамазон 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Ҷаҳл ба душманони Ислом

Ҷои таъаҷҷуб аст ки бархӣ аз мусалмонон, бо кофирон дӯстӣ ва бо бародарони худ душманӣ мекунанд, бо ин таваҳҳум ки кофирон, хайрхоҳи ононанд ва бародаронашон, шаррашонро мехоҳанд; Монанди бархӣ мусалмонони Афғонистон ки даҳҳо давлати кофир ва мутаъаддеро дӯсти худ мешуморанд, вале ду давлатӣ муслмон ва ҳамсояро душмани худ мепиндоранд! Вонгаҳе гурӯҳе аз душманони Ислом, мунофиқоне ҳастанд ки мусалмон шумурда мешаванд, дар ҳоле ки ба ончи Худованд бар Паёмбараш нозил кардааст, кофиранд ва барои нобудии Ислом ва истилоъи куфр бар ҷаҳон, бо кофирон ҳамкорӣ мекунанд ва ин дар ҳоле аст ки мусалмонон, ононро намешиносанд ва аз куфри онон, огоҳӣ надоранд... Онон дар воқеъ, шуморе аз кофиронанд ки ҳокимони мусалмон шумурда мешаванд ва аз ҷониби кофирон, барои ҳукумат бар мусалмонон ҳимоят мешаванд, то манофеъи кофиронро дар миёни мусалмонон, таъмин кунанд. Бидуни шак, дар раъси онон, ҳокимони Саъудӣ ҳастанд ки ошкоро даст дар дасти душманони Ислом доранд ва дар ду ҷабҳаи сиёсӣ ва фарҳангӣ, барои нобудии Ислом кӯшиш мекунанд. Аз як сӯ, дар ҷабҳаи сиёсӣ, бо кофирони ҳарбӣ ҳамкорӣ мекунанд ва аз гурӯҳоӣ муфсид ва муҳориб дар сарзаминҳои Исломӣ, ҳимоят менамоянд ва аз сӯӣ дигар, дар ҷабҳаи фарҳангӣ, миёни мусалмонон тафриқа меафкананд ва боварҳои ширкомезро бо унвони тавҳид тарвиҷ медиҳанд, дар ҳоле ки бисёрӣ аз мусалмонон, ононро ходимони Ҳарамайн мепиндоранд ва мураввиҷони ақидаи саҳеҳ, мешуморанд! [Бозгашт ба Ислом, саҳ 44-45]

Тақлид

Яке дигар аз мавонеъи шинохт «Тақлид» аст ва он, пайравӣ аз гуфта ё кардаи дигарӣ бидуни далил аст ки дар панҷ гуна, ривоҷ ёфтааст:

[Тақлид аз пешиниён]

[Тақлид аз олимон]

[Тақлид аз аксарият]

[Тақлид аз золимон]

[Тақлид аз кофирон] [Бозгашт ба Ислом, саҳ 45]

Тақлид аз пешиниён

Яке аз гунаҳои ривоҷи тақлид, пайравӣ аз гуфта ва кардаи пешиниён аст... Ин аз он рӯст ки бисёрӣ мепиндоранд гуфта ва кардаи пешиниёнашон, лузуман аз гуфта ва кардаи онон дурусттар аст; Дар ҳоле ки ин пиндор, таваҳҳумӣ беш нест ва бунёде бар ақл надорад; Чароки бидуни шак, дурусттар будан ё набудани гуфта ва кардаи одамӣ, аз замони таваллуди ӯ табаъият намекунад, бал тобеъи мутобиқати бештар ё камтари он бо ақл аст ки мулозимае бо тақаддум ё таъаххури вуҷуди одамӣ надорад; Ҳамчунонки баҳсе дар нодурустии бисёрӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои пешиниён нест... Ин ба он маъност ки пайравӣ аз пешиниён ба эътибори тақаддуми замонии онон, бар хилофи усули Ислом, балки заруриёти он аст; Бино бар инки зарурии Ислом ҳар чизе аст ки аз сареҳи каломи Худованд дар китобаш дониста мешавад ва адами лузуми пайравӣ аз пешиниён, бидуни шак аз қабили он аст... Бо ин васф, рӯшан аст ки эътиқод ба лузуми пайравӣ аз пешиниён, асле дар Ислом надорад ва аз ақойиди мушрикон аст ва аз ин ҳайс монеъи шинохт шумурда мешавад ки аҳли он, ҳаққро дар сурате ки бар хилофи гуфтаҳо ё кардаҳои пешиниён бошад, ботил мепиндоранд; Бо таваҷҷуҳ ба инки ба заъмашон, он агар ҳақ буд, бар пешиниён пӯшида намемонд ва ҳар чи бар пешиниён пӯшида монда, бидъат аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 45-47]

Адамаи лузуми пайравӣ аз пешиниён

Аз инҷо нодурустии рӯйкарди салафиён ки ба лузуми пайравӣ аз пешиниён бовар доранд, рӯшан мешавад; Чароки пайравӣ аз пешиниён агар ба эътибори пайравӣ онон аз ақл аст, ақл барои пасиниён низ вуҷуд дорад ва бо вуҷиди он, пайравӣ аз пешиниён бемаъност ва агар ба эътибори пайравӣ онон аз шаръ аст, шаръ барои пасиниён низ вуҷуд дорад ва бо вуҷуди он, пайравӣ аз он сазовортар аз пешиниён аст; Балки пайравӣ аз пешиниён ба эътибори пайравӣ онон аз ақл ва шаръ, корӣ мутаноқиз ва беманост; Чароки пайравӣ аз пешиниён дар сурати пайравии онон аз ақл ва шаръ, мусталзами пайравӣ аз ақл ва шаръ аст на аз пешиниён; Бо таваҷҷуҳ ба инки пешиниён, бино бар фарз, аз ақл ва шаръ пайравӣ кардаанд на аз пешиниён ва бо ин васф, пайравӣ аз пешиниён, муқтазии адами пайравӣ аз пешиниён аст! [Бозгашт ба Ислом, саҳ 47]

Адами имкони пайравӣ аз пешиниён

Пайравӣ аз се насли нахустини Исломӣ, асосе дар Ислом надорад ва бо ҳеҷ тақрире, қобили тавҷиҳ нест ва ин сарфи назар аз номумкин будани он дар воқеъ аст; Чароки се насли нахустини Исломӣ, афрод ва гурӯҳои мухталиф бо гуфтаҳо ва кардаҳои мутазод буданд, то ҳадде ки гуфтаҳо ва кардаҳои якдигарро нодуруст медонистанд ва бар сари онҳо, бо ҳам меҷангиданд. Рӯшан аст ки бо ин васф, пайравӣ аз онон мумкин нест; Чароки пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ аз онон, ба маънои адами пайравӣ аз гуфтаҳо ва кардаҳои бархӣ дигар аз онон аст ва ин коре мутаноқиз ва бемаъност; Фориғ аз онки ин пайравии гузинишӣ аз онон бидуни мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ ҷойиз нест ва ба ихтилоф миёни пасиниён меанҷомад, дар ҳоле ки бо мураҷҷаҳи ақлӣ ва шаръӣ пайравӣ аз онон шумурда намешавад, балки дар воқеъ пайравӣ аз ақл ва шаръ аст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 52]

Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз дунёгароӣ бар ҳазар медорад.

Дунёро бишнос; Зеро касе ки чоҳро мешиносад худро дар он намеандозад ва касе ки аз заҳр огоҳ аст онро наменӯшад... Дунё чун зане аст ки кобини ӯ марг аст ё руспии бе обрӯйе аст ки уҷрати ӯ нанг аст. Зинҳор! Ӯро ба ҳамсарӣ нагир ва бо ӯ ҳамбистар нашав; Чаро ки ин бевафо, шавҳаронашро кушта ва меросашонро ба тороҷ бурда ва ошиқонашро хоб карда ва дороишонро ба сирқат бурдааст. Зинҳор! Бо оройиши худ дилатро нарабояд ва бо ишваҳояш туро нафиребад... Дунё чун чоҳе аст хушкида ё ба анвоъи наҷосат олуда; Пас длви худро дар он наяндоз ва онро обишхури худ қарор надеҳ... Дунё нардабоне аст фарсуда ки бар он эътимоде нест; Ё сӯрохи морро монд ки ҳар кас дар он даст бурда, газида; Ё мурдоре ки кафторро мехонад ва магасро гирди меоварад, вале шерро меронад ва одамеро нафрат меафзояд... Дунё зане аст ки намезояд ва дарахте аст ки мева намедиҳад ва абре аст ки намеборад ва сояе аст ки намепояд. Зинҳор! Онро такягоҳи худ магир; Чароки такя бар дунё, такя бар бод аст ва дӯстӣ бо он дӯстӣ бо гург аст ва бо гург чи касе дӯстӣ тавонад кард?! [Номаи дуввум]

Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз дунёгароӣ бар ҳазар медорад.

Дунёро дӯст надор; Зеро дунё онро ки беш аз ҳама дӯсташ дошта, вогузоштааст. Агар боварат намеояд ба гузаштагонат бингар; Онҳое ки рӯзгоре дар канорат буданд ва имрӯз асаре аз онҳо нест. Пас саргузашти онҳоро мурур кун ва аз авоқиби онҳо ибрат бигир; Зеро онҳо инсонҳое чун ту буданд ки марг гулушонро гирифт ва қабр, аҷсодашонро балъид ва замон, осорашонро маҳв кард. Оё мепиндорӣ ки ончи бар сари онҳо омад бар сари ту нахоҳад омад?! Чигуна?! Дар ҳолле ки бисёрӣ аз онҳо қудратмандтар аз ту ва бисёрӣ дигар сарватмандтар аз ту буданд ва бо ин ҳол, қудрат ва сарваташон ба онҳо суде нарасонд ва саранҷом ба даруни дарраи марг сарнагун гардиданд. Зинҳор! Муъошират бо зиндагон туро аз мурдагон ғофил накунад, то бо онҳо дар таҳсили мол мусобиқа диҳӣ ва дар сохтани хонаҳо ва харидани абзорҳо ва гирифтани занҳо ва фуру рафтан дар лаззатҳо; Чароки зиндагон, мурдагони оянда ҳастанд; Ҳамчунонки мурдагон, зиндагони гузаштаанд. [Номаи дуввум]

Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз дунёгароӣ бар ҳазар медорад.

Чи бисёр хуфтагоне ки барнахостанд ва равандагоне ки боз нагаштанд ва бемороне ки беҳбуд наёфтанд. Ҳамоно ҳар ки зиндааст мемиранд ва ҳар ки мехурад, хӯроки хок мешавад... Аз марг ғофил набош; Чароки марг аз ту ғофил нест ва худро барои он муҳаё кун; Чароки намедонӣ дар кадомин лаҳза сар мерасад. Орзуҳои дарозро раҳо кун ва дар пайи хоҳишҳои нафс нарав. На ба иқболи дунё шод шав ва на аз идбори он ғамгин. [Номаи дуввум]

Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз дунёгароӣ бар ҳазар медорад.

Маҳори худро аз шайтон бигир ва ба халифаи Худованд дар замин биспор; Чароки шайтон туро ба сӯӣ оташ меронад ва халифаи Худованд дар замин, туро ба сӯӣ биҳишт мехонад... Ёрони Маҳдӣ касоне нестанд ки маъсияти Худованд мекунанд; Ёрони ӯ касоне ҳастанд ки аз гуноҳони кӯчак ва бузург мепарҳезанд; Шабҳоро ба намоз бар мехезанд ва рӯзҳоро ба таҳсили илм ва таълими он ба дигарон мепардозанд. Ба ваъдаҳои Худованд имон доранд ва аз рӯзи ҷазо меҳаросанд; Рӯзе ки дар пешгоҳи Парвардигор меистанд ва кирдори хешро ҳозир мебинанд. [Номаи дуввум]

Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз дунёгароӣ бар ҳазар медорад.

Ёрони Маҳдӣ ба ахлоқи анбиёъи Худо мутахаллиқ ва ба одоби авлиёъи Ӯ муъаддабанд. Ҳақро чун барояшон ошкор шуд мепазиранд ва ботилро чун барояшон расво гашт во мегузоранд. На мутаъассиб ва лаҷуҷанд ва на бадзабон ва ёвагӯ. Бар Худованд дурӯғ намебанданд ва аз касоне ки бар Ӯ дурӯғ мебанданд канора мегиранд. Намозро дар вақти фазилаташ барпо медоранд ва аз моли худ ба ниёзмандон мебахшоянд. Хашми худро фуру мехуранд ва аз ҷафои мардум дар мегузаранд. Падар ва модари хешро гиромӣ медоранд ва бар бад хулқӣ он ду сабр менамоянд. Ба дӯстони худ бо баҳонаи дӯстӣ бе эҳтиромӣ намекунанд ва ба душманони худ бо баҳонаи душманӣ ситам намеварзанд. Бо ҷоҳилон мудоро менамоянд ва бо сафиҳон даҳон ба даҳон намегузоранд. На пургӯӣ ва пурхандаанд ва на пурхоб ва пурхур. Маҳори шаҳватро дар даст доранд ва ҷониби иффатро фуру намегузоранд. На чашмчарон ва беҳаёянд ва на худнамой ва ҳарзагӯй. Бо фосиқон дӯстӣ намекунанд ва бо золимон муҷолисат наменамоянд. Ба корҳои судманд мепардозанд ва вақти худро ҳадар намедиҳанд. Бо китоби Худованд маънусанд ва бо ҳалол ва ҳаром ошноянд. Таъолими олимро мункир намешаванд ва аз душманӣ бо ӯ мепарҳезанд, балки даъваташро иҷобат мекунанд ва ба ёриаш мешитобанд; Ҳангоме ки ононро ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад то барои ёрии ӯ гирди ҳам оварад. [Номаи дуввум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Ва касоне ки кофир шуданд мегӯянд ки ту Паёмбар нестӣ, бигӯ Худованд ва касе ки илми китоб назди ӯст ба унвони шоҳид миёни ман ва шумо кофӣ ҳастанд», пас фармуд: Шаҳодати Худованд китоби Ӯст ва ҳароина миёни Паёмбар ва умматаш ду шоҳид вуҷуд дорад: Китоби Худованд ва касе ки илми китоб назди ӯст ва ӯ халифаи Худованд дар миёни онон пас аз Паёмбар аст ва умматаш ҳеч гоҳ бидуни он ду нахоҳад буд то он гоҳ ки қиёмат фаро расад, гуфтам: Худованд манро фадои ту гардонад; Зеро чизе аз китоби Худованд ки пинҳон медорандро бароям ошкор кардӣ! Фармуд: Онро пинҳон намедоранд, вале дар он тадаббур намекунанд, ё бар дилҳо қуфлҳое аст! Дар ин ҳангом гиряам гирифт, пас фармуд: Туро чи мешавад?! Гуфтам: Барои мардум таъассуф мехурам; Чароки онон сухани туро нашунидаанд, дар ҳоле ки он ҳикмат ва фазлулхитоб аст ва агар онро мешуниданд, ҳидоят меёфтанд, пас фармуд: Бар онон таъассуф нахур: «Агар Худованд дар онон хайре меёфт ҳатман ба онон мешунавонд ва агар ба онон мешунавонд пушт мекарданд, дар ҳоле ки рӯйгардон буданд»! [Фақараи 21 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Шуморе аз ёронамон моро хабар доданд, гуфтанд: Мо ҷамоъате назди Мансур будем, пас ба мо рӯй намуд ва фармуд: Ҳароина барои Худованд бар мардум ду шоҳид аст: Китоби Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст ва ҳеч як аз он ду ононро аз дигарӣ бениёз намекунад ва ин сухани Худованд аст ки фармудааст: «Бигӯ Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст ба унвони шоҳид миёни ман ва шумо кофӣ ҳастанд», сипас ба осмон нигарист ва фармуд: Худовандо! Оё табйин кардам?! Пас аз тарси Худованд чизе ба мо ворид шуд ки Худованд медонад ҳангоме ки инро фармуд, сипас ба сӯӣ мо бозгашт ва фармуд: Ҳароина замин аз Китоби Худованд ва касе ки илми Китоб назди ӯст холӣ намемонад, то ду шоҳид миёни Паёмбар ва умматаш то рӯзи қиёмат бошанд ва касе ки илми Китоб назди ӯст марде аз итрат ва аҳли байти Паёмбар аст ва ин сухани ӯст ки фармудааст: «Ҳароина ман дар миёни шумо ду чизи гаронмояро ба ҷо мегузорам: Китоби Худованд ва итратам аҳли байтам, агар ба он ду мутамассик шавед ҳаргиз пас аз ман гумроҳ нахоҳед шуд ва он ду ҳеч гоҳ аз ҳам ҷудо намешаванд то он гоҳ ки назди ҳавз бар ман ворид шаванд», сипас бори дигар ба осмон нигарист ва фармуд: Худовандо! Оё ба таври комил адо кардам?! Пас аз ҳайбати ӯ шурӯ ба ларзидан кардем ҳангоме ки инро фармуд, ингор ки дар ин дунё набуд! [Фақараи 22 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Оё касе ки бар баййинае аз Парвардигораш аст ва шоҳиде аз ӯ дар паяш меояд», пас фармуд: Касе ки бар баййинае аз Парвардигораш аст, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва пас аз ӯ дар ҳар қарне шоҳиде аз аҳлаш меояд ва дар паяш меояд яъне пас аз ӯ меояд, оё сухани Худованди баландмартабаро намебинӣ ки фармудааст: «Қасам ба хуршед ва партуви он ва моҳ ҳангоме ки дар пайи он меояд» яъне пас аз он меояд?! Пас ҳар кас мехоҳад аз оташ раҳойи ёбад ва ба биҳишт дарояд, бояд ба чизе ки Худованд нозил кардааст имон оварад ва аз Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пайравӣ кунад ва ба ҳамроҳи шоҳиди аз аҳли ӯ бошад, ҳамон тавр ки Ҳавориюн гуфтанд: «Парвардигоро! Мо ба чизе ки нозил кардӣ имон овардем ва аз Паёмбар пайравӣ кардем, пас моро ба ҳамроҳи шоҳидон бинавис». [Фақараи 23 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Бигӯ роҳи ман ин аст ки бо басират ба сӯӣ Худованд даъват мекунам, ман ва касе ки аз ман пайравӣ мекунад», пас фармуд: Замин аз касе ки дар ҳама чиз аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пайравӣ мекунад холӣ намемонад ва ӯ даъват кунандаи ба сӯӣ Худованд бо басират пас аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст. [Фақараи 24 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор додааст, холӣ намемонад.

Тарҷумаи гуфтор: Яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: Аз Мансур дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Эй касон ки имон овардед! Аз Худованд итоъат кунед ва аз Паёмбар итоъат кунед ва аз соҳибони амр аз шумо», пас фармуд: Ҳароина дар миёни касоне ки имон оварданд касе ҳаст ки итоъаташ бар онон монанди итоъати Худованд ва Паёмбар воҷиб аст, ҳар кас ӯро итоъат кунад, Худованд ва Паёмбарро итоъат карда ва ҳар кас ӯро нофармонӣ кунад, Худованд ва Паёмбарро нофармонӣ карда ва ӯ касе аст ки Худованд ва Паёмбар гумоштаанд ва касе ки мардум бо аҳвоъи худ гумоштаанд нест, гуфтам: Онон мегӯянд ҳар касе аз мӯъминон ки амри ононро ба даст мегирад аз соҳибони амр аз онон аст, фармуд: Рост мегӯянд! Гуфтам: Чигуна рост мегӯянд, дар ҳоле ки фармудӣ чизеро ки фармудӣ?! Посух дод: Ҳар касе ки амри ононро ба даст мегирад ҷуз касе ки Худованд ва Паёмбар гумоштаанд, аз мӯъминон нест, балки аз фосиқон аст ва Худованд ба итоъати соҳибони амр аз мӯъминон амр карда ва ба итоъати соҳибони амр аз фосиқон амр накардааст! «Оё пас касе ки мӯъмин аст монанди касе аст ки фосиқ аст?! Монанди ҳам нестанд»! Сипас фармуд: Оё бароят бияфзоям?! Гуфтам: Бале, фармуд: Соҳиби амр, моликони он ҳастанд ва онон касоне ҳастанд ки Худованд ва Паёмбар гумоштаанд ва ҳар кас ҷуз онон ки онро ба даст мегирад, ғосиби он аст ва ғосиб аз моликон маҳсуб намешаванд, «Агар фаҳм мекарданд»! Гуфтам: Худованд ба ту подоши неку диҳад; Зеро ба ман ду ҳикмати расо бахшидӣ ки ҳеч гоҳ то кунун нашунида будам! Фармуд: «Онҳо ду бурҳон аз Парвардигорат ҳастанд»! Сипас чун моҳи дигар бар ӯ ворид шудам, пас гуфтам: Ман ду ҳикмати туро ба марде дар Эрон гуфтам, пас гуфт: Худованд ӯро лаънат кунад! Чиқадр ба китоби Худованд олим аст! Фармуд: Эй Муҳаммад! Оё намедонӣ ки ман назди аҳли Эрон, монанди Алӣ ибни Абӣ Толиб назди аҳли Шом ҳастам?! Бани Умая ононро бо бӯҳтон фирефтанд, то ҷойе ки наздик ба шаст сол ӯро бидуни гуноҳе лаънат карданд! [Фақараи 25 аз гуфтори шишум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Дарсҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳадафашон тазкияи мардум ва таълими Китоб ва ҳикмат ба онон ва меҳвар ва мабнояшон Қуръон ва суннат ва мавзӯъашон ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ аст ва мо аз миёнашон чизе ки ба масоъили муҳимтар ва мавриди ибтилотар марбут мешавадро интихоб кардаем ва онро ба гунае ки барои аҳли таҳқиқ ва мутолеъа осонтар бошад мураттаб сохтаем ва барои он таълиқотӣ муштамал бар зикри манобеъ ва бархӣ тавзиҳоти зарурӣ навиштаем. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Ҳар дарс, дар бораи як масъалаи эътиқодӣ ё фиқҳӣ ё ахлоқӣ аст ва аз се боб ташкил шудааст:

• Боби якум баёни оёте аз Қуръон ки ба масъала марбут мешавад ва дар он тафосири арзишманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омада ки аз миёни гуфторҳои нуронии ӯ истихроҷ шудааст ва маъонии оётро ба гунае ки дилҳоро шифо медиҳад ва мардумро аз торикӣ ба нур мебарад, табйин менамояд.

• Боби дуввум аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он нукоти дақиқ ва тавзиҳоти судманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст ки маънои аҳодис, ҳоли ровиён ва назари олимонро табйин мекунад.

• Боби севвум баёни аҳодиси саҳиҳе аз аҳли байт алайҳи салом ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он назири чизҳое аст ки дар боби дуввум омадааст. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Қоъида назди ҳазрати аллома ҳафизаҳулоҳ таъоло, ҳуҷҷияти хабари мутавотир ва адами ҳуҷҷияти хабари воҳид аст ва хабари мутавотир назди ӯ чизе аст ки дар ҳар табақа беш аз чаҳор мард онро ривоят кардаанд, ба шарти инки қарини якдигар набошанд ва дар бораи маъно ихтилоф накарда бошанд ва чизе ки ривоят кардаанд бо китоби Худованд ё суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ақли салим таъоруз надошта бошад. Ҳамчунин, чизе ки дар ҳар табақа чаҳор мард онро ривоят кардаанд, дар ҳукми хабари мутавотир аст, ба шарти инки одил бошанд, илова бар се шарти пешин ва ин чизе аст ки баррасии ҳоли ровиён ҳаргоҳ беш аз чаҳор мард набошандро зарурӣ месозад. Аммо баррасии ҳоли онон ҳаргоҳ камтар ё бештар аз ин теъдод бошанд, коре аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз боби илзом анҷом медиҳад; Чароки аксари мусалмонон қоъил ба ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа ё садуқ ҳастанд ва чи басо чизе ки тавассути панҷ мард ривоят шудаастро мутавотир намедонанд. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло чизе ки ровиёни сиқа ё садуқ назди онон ривоят кардаандро ихтиёр мекунад то ҳуҷҷате бар онон бошад ва бошад ки онон ҳидоят ёбанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Шарти ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ихтиёри аҳодис, пас аз созгории маънои онҳо бо китоби Худованд ва суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ақли салим, шӯҳрати ровиёни онҳо ба васоқат ё садоқат назди касоне аст ки аҳли мазҳаби онҳо ҳастанд, на мухолифони онҳо; Чунонки дар шарҳи ҳоли Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ онро табйин карда ва фармудааст: «Милок, ҳоли фард назди асҳоби ӯст (яъне аҳли мазҳаби ӯ); Чароки онон ба ҳоли ӯ огоҳтаранд ва назари сойири мардум ҳаргоҳ бо назари асҳоби ӯ мунофот дошта бошад, ҳуҷҷат нест; Чароки онон аз ӯ дуртаранд ва чи басо ба хотири дӯст надоштани мазҳабаш, дар бораи ӯ бад мегӯянд ва гувоҳи он, кори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба яҳудиён фармуд: <Абдулло ибни Салом дар миёни шумо чигуна марде аст?> пас гуфтанд: <Хуби мо ва писари хуби мо ва сарвари мо ва писари сарвари мо ва олими мо ва писари олими мост>, пас суханашон дар бораи ӯро пазируфт; Чароки онон асҳоби ӯ буданд ва сипас ба онон хабар дод ки ӯ мусалмон шудааст, пас шурӯъ ба бадгӯйи дар бораи ӯ карданд ва гуфтанд: <Бадтарини мо ва писари бадтарини мост>, вале сухани онон дар бораи ӯро пас аз инки мухолифони ӯ дар мазҳабаш шунид напазируфт ва агар сухани мухолифон дар мазҳаб пазируфта шавад, чизе аз ҳадис боқӣ намемонад; Чароки ҳар тоъифае дар бораи тоъифаи дигар бад мегӯянд; Чунонки мебинӣ шиъаён ба чизе ки аҳли суннат ривоят мекунанд вақъе намениҳанд магар чизе ки онро ҳуҷҷате бар зидди онон қарор медиҳанд ва мебинӣ аҳли суннат ба чизе ки шиъаён ривоят мекунанд намегиранд магар бо таъаҷҷуб ва истиҳзоъ ва ҳар ду миёнаи роҳро гум кардаанд, вале мо ҳар чизе ки мусалмонон дар мутобиқат бо китоби Худованд ривоят мекунандро мепазирем ҳаргоҳ назди асҳоби худ ба ростгӯйи маъруф бошанд бидуни инки барои ҳеч як аз мазоҳиб таъассуб биварзем». [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Чизе ки назди ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло милок аст, Ислом ва шӯҳрати ровӣ ба васоқат ё садоқат назди тоъифаи ӯст, на мазҳаби ӯ ё тазъифоти мухолифонаш бидуни далилӣ қобили қабул. Пас агар ровӣ аз аҳли суннат аст, милоки ҳоли ӯ назди аҳли суннат аст ва ҳолаш назди шиъа милок нест ва фарқе миёни ривоёти шиъа ва ривоёти аҳли суннат вуҷуд надорад ҳаргоҳ бо се асли пешгуфта созгор бошанд ва ровиёнашон маъруф ба васоқат ё садоқат назди аҳли мазҳаби худ бошанд. Ба ҳамин далил аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ривоёте аз шиъаро монанди ривоёте аз аҳли суннат ихтиёр мекунад ва ривояти касеро ба хотири мазҳабаш тарк намекунад модоме ки мазҳабаш бар хилофи зарурии дин набошад, ба наҳве ки ӯро аз Ислом хориҷ созад; Чароки дар он сурат ӯ мунофиқ аст ва мунофиқ дар ҳеч заминае қобили қабули эътимод нест, агарчи ҳамаи мардум ӯро сиқа бидонанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар мабоҳиси хатире аз китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом», монанди мабҳаси «Ихтилофи мусалмонон», мабҳаси «Ҳокимияти ғайри Худованд» ва мабҳаси «Тавҳиди Худованд дар таҳким», мабнои «Ҳукумати Исломӣ» ро «Изни Худованд» ва интисоби ҳоким аз ҷониби Ӯ шумурда... Бо ин васф, «Ҳокимияте ки бояд дар ҷаҳон шакл бигирад то Исломӣ талаққӣ шавад», мунҳасиран ҳокимияти касе аст ки Худованд Ӯро барои он изн дода ва мансуб карда ва ӯ дар ҳоли ҳозир, бино бар далоили қатъӣ ва шаръӣ, Маҳдӣ аст ва ин дидгоҳи расмии Ислом шумурда мешавад. [Пурсиш ва посухи 25]

Дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, мардум наметавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд ҷуз дар ҳадди заруриёт ва ин асари вазъӣ ва зоҳир набудани ӯст ки аз тақсири онон нашъат гирифта ва уқубате барои онон аз ҷониби Худованд ба сабаби ин тақсир аст... ин ба маънои бечорагии онон дар ғайбати Маҳдӣ аст ки бовараш барои онон сахт аст, вале вокеъият дорад ва ҳазрати Мансур аз он хабар медиҳад. Дар воқеъ эшон кӯшиш дорад ба мусалмонон бифаҳмонад ки вақте касе зарфи оби худро дар биёбонӣ хушк гум кардааст, наметавонад ташнагии худро бо чизи дигаре монанди рег ё хори биёбон бартараф намояд ва ҳалокати ӯ дар ин ҳолат, асари вазъӣ ва табиъӣ тақсири ӯ дар ҳифзи зарфи об аст, магар онки кӯшиш кунад ва зарфи оби худро бозёбад. Ҳол агар ӯ мепурсад ки то замони бозёфтани зарфи об, чигуна метавонад ташнагии худро бартараф намояд, посухе барои пурсиши ӯ вуҷуд надорад; Чароки мусалламан наметавонад аз реги тафтидаи биёбон ё хори газандаи он истифода намояд; Бо таваҷҷуҳ ба инки он барои ӯ кифоят намекунад ва ҷойгузине барои зарфи обаш нест. [Пурсиш ва посухи 5]

Чорае аз халифаи худ дар замин қарор надода ва ниёзи ба ӯро сарнавишти маҳтум ва абадии мардум сохта ва бо ин васф, муҷодилаи онон ба манзури ёфтани ҷойгузине барои ӯ бефоида аст. Ба иборати дигар, зоҳир набудани Маҳдӣ, мусибатӣ узмо ва зойеъаи ҷубронопазир аст ва талошҳои мардум барои пур кардани ҷои холии ӯ, пуч ва беҳуда аст. Дар чунин вазъияти ҳувлнок ва асафаборе, барои мардум беҳтар аст ки ба ҷои талаф кардани вақт ва неруи худ бо ин қабил муҷодилот ва талошҳои беҳосил, ҳар чи зудтар нидои Мансурро лаббайк гӯянд ва заминаи зуҳури Маҳдиро фароҳам созанд; Чароки ин оқилонатарин кор барои бечорагон ва саргаштагони биёбон аст, вале афсӯз ки бештари онон аҳли таъаққул нестанд. [Пурсиш ва посухи 5]

Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бидуни таваҷҷуҳ ба фирқаҳо ва мазоҳиби Исломӣ ва танҳо бо истинод ба манобеъи аслӣ ва яқинии Ислом мӯътақид аст ки замин дар ҳеҷ замоне аз «Халифаи Худованд» холӣ нест ва далилашон барои ин эътиқод аз як сӯ зарурати ақлӣ вуҷуди халифаи Худованд дар замин барои таълими кулли Ислом ва иқомаи он ба сурати холис ва комил аст бо таваҷҷуҳ ба инки чунин таълим ва иқомае зарурат дорад ва бидуни вуҷуди чунин халифае мумкин нест ва аз сӯи дигар сухани Худованд аст ки ба рӯшанӣ фармудааст: ﴿إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً; «Бегумон ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам» Ва ба масобаи ваъдаи Ӯст ки тахаллуф намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿لَا يُخْلِفُ اللَّهُ وَعْدَهُ; «Худованд аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад» Ва ба масобаи суннати Ӯст ки тағйир намепазирад; Чунонки фармудааст: ﴿فَلَنْ تَجِدَ لِسُنَّتِ اللَّهِ تَبْدِيلًا; «Пас ҳаргиз барои суннати Худованд тағйире намеёбӣ». Ин дар ҳоле аст ки танҳо халифаи Худованд дар охируззамон бо таваҷҷуҳ ба ахбори мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам Маҳдӣ аст ва аз ин рӯ, яқин ба хилофати касе ҷуз ӯ баъд аз салаф мумкин нест, дар ҳоле ки ҷуз яқин дар Ислом кофӣ шумурда намешавад ва ин ба маънои адами имкони хилофати касе ҷуз Маҳдӣ дар ҳоли ҳозир аст. Бар ин асос, метавон ба вуҷуди Маҳдӣ ва зинда будани ӯ дар ҳоли ҳозир эътиқод дошт. [Пурсиш ва посухи 6]

Бояд таваҷҷуҳ дошт ки эшони Мансури Ҳошимии Хуросонӣ даъвати худ ба сӯӣ заминасозӣ барои зуҳури Маҳдиро бар эътиқод ба вуҷуд ва ҳаёти он ҳазрат дар ҳоли ҳозир мубтанӣ насохта, балки дар китоби худ тасриҳ фармуда ки заминасозӣ барои зуҳури он ҳазрат, ҳатто бино бар адами эътиқод ба вуҷуд ва ҳаёташ дар ҳоли ҳозир, зарури аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки бино бар ин мабно, вуҷуд ва ҳаёти ӯ агарчи мутаваққиф бар фоъиляти Худованд ба маънои таквинии Ӯст, мутаваққиф бар қобилияти мардум ба маънои пазириш ва омодагии онон аст ва Худованд ӯро дар замоне халқ мекунад ки қодир ба зуҳур дар он барои онон бошад. Бинобарин, агар ӯ ҳамакнун вуҷуд ва ҳаёт надошта бошад, заминасозӣ барои вуҷуд ва ҳаёти ӯ монанди заминасозӣ барои зуҳури ӯ зарурӣ аст ва ин мубтанӣ бар сухани Худованд аст ки фармудааст: ﴿إنَّ اللهَ لا یُغیِّرُ مَا بِقَومٍ حَتَّی یُغیِّروا مَا بِأَنفُسِهِم; «Бегумон Худованд чизе ки дар қавме астро тағйир намедиҳад то он гоҳ ки чизе ки дар худашон астро тағйир диҳанд». Ҳосил онки чи дар ҳоли ҳозир мавҷуд ва зинда бошад ва чи набошад, заминасозӣ барои зуҳури ӯ бар умуми мусалмонон воҷиб аст ва мурод аз он таҳсили муқаддамоти лозим барои таъмини амнияти ӯ ва таҳаққуқи ҳокимияти ӯст ки ҳазрати Мансур тафсили онро дар китоби «Бозгашт ба Ислом» табйин фармудааст. [Пурсиш ва посухи 6]

«Ҳокимият фақиҳ» наметавонад мисдоқи «Ҳокимияти Худо» бошад; Чароки фақиҳи Худо нест ва халифаи Ӯ дар замин шумурда намешавад ва бо ин васф, ҳокимияти Худо шумурдани ҳокимияти фақиҳ, дурӯғ бастан бар Худо ва бар фақиҳ аст! Танҳо мисдоқи ҳокимияти Худо, ҳокимияти халифаи Ӯ дар замин аст ва агар эҷоди ҳокимияти халифаи Ӯ дар замин душвор аст, эҷоди ҳокимияти фақиҳ ҳам осон нест; Чароки эҷоди ҳар ҳокимияте, ба заминасозӣ ниёз дорад ва заминасозӣ барои ҳар ҳокимияте душвор аст. Пас оё суханӣ заминасозӣ барои ҳокимияти фақиҳро бар метобед, вале суханӣ заминасозӣ барои ҳокимияти Худо дар заминро бар наметобед?! Ин чист ҷуз фурумоягӣ ва кӯтоҳии фикр ва сафоҳате ки то умқи замири нохудогоҳашон фуру рафтааст?! Ҳангоме ки ба сӯӣ ҳокимияти яке аз худ фаро хонда мешаванд то эҷодаш кунанд, ба сӯӣ он мешитобанд ва аз якдигар пешӣ мегиранд, бал «Даст аз ҳамаи корҳо мекашанд ва таҳсин мекунанд» ва эълом медоранд ки то ӯ ба ҳукумат нарасад, «Аз эътисоб ва таҳассуни худ даст нахоҳанд бардошт», вале ҳангоме ки ба сӯӣ ҳокимияти Маҳдӣ фаро хонда мешаванд то онро эҷод кунанд, сар боз мезананд ва баҳона меоваранд ва мегӯянд «Оё бояд даст аз ҳамаи корҳо кашида ва таҳассун карда ва эълом кунанд то Маҳдӣ алайҳи салом наёмада аз эътисоб ва таҳсини худ даст нахоҳем бардошт?!». Вой бар онон! Ба фарз ки чунин бошад! Магар ҳамин корро барои дигарон анҷом намедиҳанд?! Пас чаро онро аз Маҳдӣ дариғ медоранд?! Оё Маҳдӣ дар назарашон аз дигарон хортар аст?! Дар ҳоле ки ӯ ба ҳукумат бар онон аз дигарон сазовортар аст ва аз ҳукуматаш бар онон хайр ва баракат ва адолат ва саъодат меҷӯшад! [Нақд ва баррасии 16]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мӯътақид аст: «Бузургтарин иштибоҳ дар ҷаҳони мавҷуд» танҳо «Вогузории ҳукумат ба масъулони динӣ ва руҳонии ҷавомеъ» нест, бал вогузории ҳукумат ба умуми касоне аст ки Холиқи ҷаҳон ононро барои ҳукумат шоиста надониста ва таъйин накардааст ва «Масъулони динӣ ва руҳонии ҷавомеъ» аз ҷумлаи онҳо ҳастанд; Бо таваҷҷуҳ ба инки Холиқи ҷаҳон сазовортарин кас ба идораи он аст ва Ӯ ин корро аз тариқи муаъррифии «Инсони комил» ба унвони намояндаи худ анҷом медиҳад. Оре, албатта агар ҷаноби олӣ ба вуҷуди Худованд имон надоред, лозим аст бо таваҷҷуҳ ба нишонаҳои Ӯ дар осмон ва замин ва низоме ки ҳар чизеро фаро гирифта ва ҳаракати мавзуне ки бар табиъат ҳоким аст, ба вуҷуди Ӯ имон оваред, вале агар ба вуҷуди Ӯ имон доред, лозим аст ба ин ҳақиқати маҳтум гардан ниҳед ки ҳукумат бар ҷаҳон танҳо аз они Ӯст ва инсон шоистагии онро надорад ки бар инсон ҳукумат кунад. Таҳаққуқи адолат дар ҷаҳон, дар гарави таҳаққуқи ҳукумати Худованд бар он аст ва ҳукумати Худованд бар он ҳангоме таҳаққуқ меёбад ки халифаи Ӯ дар он ба ҳокимият даст ёбад ва халифаи Ӯ дар он, ҳангоме ба ҳокимият даст меёбад ки амсоли шумо даст аз «Масъулони динӣ ва руҳоӣ» ва «Масъулони ғайри динӣ ва ғайри руҳонӣ» бардоред ва ҳамчунон аз ин ба сӯӣ он ва аз он ба сӯӣ ин рафту омад накунед, балки рӯӣ худро аз ҳар ду ба сӯи «Инсони комил» баргардонед ва дасти ниёз ба остони ӯ дароз намойед ва оҷизона дар баробари ӯ зону бизанед ва зимни иқрор ба иштибоҳи ҳазор солаи худ, аз ӯ бихоҳед ки бар шумо миннат бигзорад ва ҳукумат бар шуморо бипазирад то шуморо аз зиллат ва масканат раҳоӣ диҳад ва ба каромат ва саъодат бирасонад. Ин танҳо роҳи наҷот барои шумост ва ҳар роҳе ҷуз ин, бероҳае ба сӯӣ табоҳӣ аст, хоҳ онро дини биномед ва хоҳ онро куфри; Чароки бидуни Худованд ва халифаи Ӯ дар замин, тафовути чандоне миёни дин ва куфр нест ва касе ки бо Худованд ва халифаи Ӯ дар замин байъат намекунад, агар хоҳад бо «Масъулини динӣ ва руҳонӣ» байъат кунад ва агар хоҳад бо «Масъулони ғайри динӣ ва ғайри руҳонӣ»; Балки агар хоҳад бо санге ва агар хоҳад бо чӯбе; Чароки барои ӯ яксон аст! [Нақд ва баррасии 12]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ Худои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро мепарастад ва барои Ӯ дар таквин, ташриъ ва таҳким шарике намешиносад; Ба ин маъно ки Ӯро дар офариниш, ризқ ва тадбири мавҷудот ягона медонад ва ба ҳукме ҷуз ҳукми Ӯ ва ҳукуматӣ ҷуз ҳукумати Ӯ таслим намешавад ва ҳукумати Ӯро ҳукумати касе медонад ки ба изни Ӯ ҳукумат мекунад, ҳар чанд бештари мардум намедонанд... Худойе ки ташриъ танҳо барои Ӯст ва бояд ва набояд ҷуз аз Ӯ содир намешавад; Чунонки фармудааст: ﴿أَمْ لَهُمْ شُرَكَاءُ شَرَعُوا لَهُمْ مِنَ الدِّينِ مَا لَمْ يَأْذَنْ بِهِ اللَّهُ; «Ё ононро шариконе аст ки барояшон чизе аз динро ташриъ кунанд ки Худованд ба он изн надодааст?!»; Худойе ки ҳукумат танҳо барои Ӯст ва насб ва азли ҳоким ҷуз тавассути Ӯ анҷом намешавад; Чунонки фармудааст: ﴿قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَنْ تَشَاءُ وَتَنْزِعُ الْمُلْكَ مِمَّنْ تَشَاءُ; «Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Туӣ; Хукуматро бар ҳар кас ки мехоҳӣ медиҳӣ ва аз ҳар кас ки бихоҳӣ мегирӣ», пас барои Ӯ шарике дар ҳукумат нест; Чунонки фармудааст: ﴿وَلَمْ يَكُنْ لَهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ! Ин аст Худои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Худои Иброҳим ва Оли Иброҳим ва ин аст Худои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ парчамдори тавҳид дар асри ҳозир бо нидои тавҳиди «Ал-байъату Лиллоҳ». [Нақд ва баррасии 11]

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, Худои ибни Ҳомид, ибни Таймия, ибни Абдулваҳҳоб ва амсоли ононро намепарастад; Ҳамон Худое ки боло ҳаст ва дар пойин нест ва ду чашм ва ду гӯш ва ду даст ва ду по ва даҳ ангушти ҳақиқӣ дорад ва аз ҷойе ба ҷои дигар ҳаракат мекунад ва бо чашми сар монанди маҳтоб дида мешавад ва намунаи комиле аз Лот ва Ҳубал ва Уззо мустатир дар ҳиҷоби «Било кайф» аст! Балки Худои Иброҳим ва Исмоъил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва Асбот ва Исо ва Мӯсоро мепарастад; Ҳамон Мӯсое ки гуфт: «Парвардгоро! Нишонам деҳ ки ба ту назар кунам» ва ба ӯ посух дода шуд: «Ҳаргиз Манро нахоҳи дид», пас ӯ аз таваққуъи хеш тавба кард: «Гуфт: Ту муназзаҳ ҳастӣ, ман ба сӯят тавба кардам»... Чароки чашмҳо Ӯро идрок намекунанд ва Ӯ чашмҳоро идрок мекунад ва Ӯ борикбини огоҳ аст... Худойе ки ба ҳар ҷо рӯй мекунӣ, дар онҷо ҳаст ва вуҷуди Ӯ монанди вуҷуди аҷсом ба ҷое маҳдуд намешавад... Худойе ки аз ҷойе ба ҷои дигар интиқол намёбад ва ба махлуқи худ такя намезанад ва монанди ҳайвон, қобили таҷзия ба аъзо ва ҷавореҳ нест ва ба сифоти инсон муттасиф намешавад... Худойе ки дар ҳеҷ васфе намегунҷад ва ба ҳеҷ васфе намеояд ва аз ҳар чизе ки битавон тасаввур кард муназзаҳ ва волотар аст... Худойе ки ҳамаи номҳои неку барои Ӯст, бегумон таъаддуди номҳояш ба таъаддуди зоташ анҷомад ва Ӯро ба аҷзоъӣ мутаъаддид тақсим кунад... Чунонки ду сифат «Бино» ва «Шунаво» Ӯро ба ду кас табдил намекунат ва барои Ӯ ду ҷузъ падид намеоварад, балки Ӯ дар айни биноӣ, шунавост ва дар айни шунавоӣ биност ва биноӣ ва шунавоӣ, ду эътибор аз сифатӣ воҳид барои Ӯянд ки «Илм» номида мешавад; Чароки таъаддудро ба вуҷуди Ӯ роҳе нест ва аз ҳар такассуре дар зоти худ муназзаҳ аст. [Нақд ва баррасии 11]

Занни будани аҳодис ба истиснои аҳодиси мутавотир, сирфан «Андешаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ» нест, балки андешаи умуми олимони мусалмон аз ҳамаи мазоҳиби Исломӣ ба истиснои гурӯҳе аз салафиён аст ва воқеъиятӣ возеҳ ва виҷдонӣ аст, то ҷойе ки ба таъбири бархӣ олимони мусалмон монанди Нававӣ (д.676қ) дар шарҳи саҳеҳул Муслим «Инкори он чизе ҷуз хирасарӣ дар баробари маҳсус нест»; Чароки аҳодиси воҳид табиъатан ба наҳве ҳастанд ки эҳтимоли ғалат, таҳриф ва кизб дар онҳо вуҷуд дорад ва бо вуҷуди ин эҳтимол, яқин ба судури онҳо ҳосил намешавад... адами ҳуҷҷияти занн, «Андешаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ» нест, балки сареҳи сухани Худованд дар Қуръони Карим аст ки борҳо ва бо таъкид фармудааст: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا; «Бе гумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад» ва рӯшан аст ки ин сухани сариҳи Худованд, иршод ба як ҳукми ақлӣ аст; Чароки ақл низ танҳо яқинро меъёри шинохти хақ медонад ва занн ва шак ва ваҳмро бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди эҳтимоли хилоф дар онҳо, барои шинохти ҳақ кофӣ намедонад ва рӯшан аст ки аҳкоми ақлӣ, қобили тахсис нестанд; Ҳамчунонки сухани сареҳи Худованд, ғайри қобили тахсис аст; Ба ин маъно ки бо таваҷҷуҳ ба лаҳн ва сиёқи қотеъ ва сареҳи худ ва далолате ки бар табиъати занн дорад, таҳаммули тахсисро надорад... ва ин гуноҳи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ маҳсуб намешавад! [Нақд ва баррасии 1]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум касоне ҳастанд ки мумкин аст китобро ба ҳар тариқе дарёфт карда бошанд вале ба аҳмияти он пай набурда бошанд ва ё ба далили машғулаҳои рӯзмара фурсати хондани китоб ва тамаркуз бар рӯӣ онро пайдо накарда бошанд лизо онро дар авлавиятҳои баъдӣ гузошта ё асосан ба канорӣ дур ва маҳҷур ниҳодаанд. Мутаъассифона рӯзмарагиҳо ва мушкилоти ҷории зиндагӣ дарди ҳама гире аст ки аз таваҷҷуҳ ба ҳақиқат бозмедоард. Аммо ба ростӣ агар мардум бидонанд ки роҳи ҳалли ҳамин мушкилоти рӯзмараашон монанди боло рафтани қимати аҷнос, кирояи хонаҳо, мушкилоти таҳсилӣ ва тарбиятии фарзандон, мушкилоти хонаводагӣ ва монанди он, дар китоби Бозгашт ба Ислом навишта шудааст, шояд дар ҳамон буҳбуҳаи рӯзмарагиҳо ва мушкилот ҷое барои хондан ва таъамул дар бораи ин китоб боз кунанд ва нигоҳашон нисбат ба он куллӣ тағйир ёбад ва бо кунҷковӣ ва тезбинии фаровоне онро бихонанд. [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳе аз мардум касоне ҳастанд ки мумкин аст китобро бихонанд ва ба ҳақоиқи мавҷуд дар он пай бибаранд вале ба далили фишори ҳоким бар фазои сиёсии кишвар битарсанд ва дар бораи китоб чизе нагӯянд ё иҷозаи баёни онро наёбанд! Чизе ки ба ин идда бояд ёдовар шуд, тарс аз Худо ва рӯзи қиёмат ва тарс аз мавохизаи Илоҳӣ аст. Чароки муҳтавои ин китоб чизе ҷуз Исломи холис ва комил бар пояи яқиниёт яъне оёти Қуръон ва суннати мутавотир ва бароҳини муҳками ақлӣ нест ва инҳо мисдоқи боризи маъруф ҳастанд. Бинобарин даъват ба сӯӣ он мисдоқи боризи амр ба маъруф ва лизо воҷиб аст. Бинобарин касе ки аз мавохизаи ҳукуматҳо бештар аз мавохизаи Худованд метарсад фарди боҳуш ва оқиле нест ва иштибоҳ мекунад ва бе шак зиён хоҳад кард ва пушаймон хоҳад шуд. [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Гурӯҳи дигар бархӣ аз уламо ва машоҳир ҳастанд ки хабари китобро дарёф мекунанд вале чун худро донои кул ва беайб ва нуқс ва бениёз аз пурсидан ва донистан медонанд, мумкин аст ба суроғи китоб нараванд ё инки китобро бихонанд аммо ғурурашон иҷоза надиҳад ки дар баробари ҳақоиқи он сар хам кунанд ва дар бораи он сухане бигӯянд. Алабтта ин афрод аз ҷиҳоти мутаъаддид дар муҳосиботи худ дучори иштибоҳ шудаанд. Чароки аз як сӯ пазириши иштибоҳ ва эътироф ба як чаҳл на танҳо мақоми як нафар ҳатто ҷалилул манзаларо пойин намеоварад балки иттифоқан бештар боло мебарад. Аз сӯӣ дигар, бузурги ҳақиқӣ касе аст ки дар пешгоҳи Худованд бузург бошад на дар пешгоҳи мардум ва машҳури ҳақиқӣ касе аст ки дар осмон машҳур бошад на дар замин! Ва танҳо касе назди Худованд бузург ва дар осмон матҳури Ӯ мешаванд ки аз Ӯ битарсанд ва аҳли тақво бошанд ва ҳақро бибинанд ва бишнаванд ва ба забон оваранд ва аз он табаъият намоянд ва ба сӯӣ он даъват кунанд. Вале мутаъасифона иддаи каме ин ҳақиқати бузургро дар меёбанд. Вонгаҳе билохира чи ин ба истилоҳи бузургон ва машоҳир бихоҳанд ва чи нахоҳанд, ҳақ роҳи худро тай мекунад ва ба сари манзили мақсуд мерасад ва дар он рӯз чизе ҷуз расвоӣ барои ин гурӯҳ боқӣ намемонад! Лизо ақл ҳукм мекунад ки имрӯз, фикри фардоро бикунанд ва имрӯз по бар ғурури худ бигзоранд то фардо по бар ҳами чизашон гузошта нашавад! [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Иддае низ бо пешзеҳниятҳои худ ба китоб менигаранд. Ҳанӯз онро надида ва нахондаанд такзиб мекунанд ва ботил мешуморанд ва барчасбҳои мутаъаддиде бар он мезананд. Инон касоне ҳастанд ки аз қабл тасмими худро гирифтаанд ва агар китобро мехонанд, на барои фаҳмидан ва рушд ва ҳидоят балки барои айбҷӯӣ ва инкор ва баҳона тарошӣ ва истеҳзоъ мехонанд ва ба дунболи ҳикмат ва ҳидоят нестанд. Ин идда танҳо дар он рӯз ҳасрати ки чишмҳо аз коса берун мезанд, хоҳанд фаҳмид ки чи зуд тасмим гирифтанд ва фиреби шайтонро хӯрданд ва маъракаро бохтанд... Гурӯҳе низ он қадр мутаъассибанд ки ба маҳзи дидан хурдтарин тафовуте дар китоб бо чизҳо ва касоне ки онҳоро қабул доранд, бидуни хурдтарин таъаммуле ихтиёр аз даст медиҳанд ва забон ба ҳаттокӣ ва фаҳҳошӣ ва тавҳин ва таҳмит мегушоянд. Ин гурӯҳ низ танҳо рӯзе ҳақро мефаҳманд ки ба ҳамроҳи маҳбубҳо ва маъбудҳояшон як ҷо вориди оташи дӯзах шаванд. Оташе ки таъассуби кӯр кӯрона ва ҳимояти ҷоҳилишон онро барафрухтааст. Он рӯз, рӯзи ҳасратӣ азим аст ва аз он рӯз бояд ба Худованд паноҳ бурд... Бархӣ низ он қадр муқаллиданд ки бе иҷозаи марҷаъи тақлид ва муқтадиён ҳатто об намехуранд, чи расад ба хондан ва дарк ва илтизом ба китоби гаронсанге чун «Бозгашт ба Ислом»! Инон низ ба маҳзи муваҷаҳ шудан бо ин китоб чашм мебанданд ва ҳар он чи марҷаъи тақлид ва муқтадояшон гуфт ҳамон мекунанд. Инон низ дар рӯзӣ сахт ки марҷаъи тақлид ва муқтадояшон аз онҳо дастгирӣ нахоҳанд кард бо ҳасратӣ бузург рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. [Мақолаи 2]

Чи касоне китоби «Бозгашт ба Ислом» ро намехонанд ё мехонанд ва аз он баҳра намебаранд?
Ризо Ғафуриён

Иддае низ ин китоби шарифро мехонанд ва ба маъорифи он пай мебаранд, аммо дар ғавғои фитна ва ошуб ва ҳошиясозӣ ва таблиғоти масмумии душманони Худо фирефта мешаванд ва бадбин мегарданд ва дилашон тира мешавад ва ба ҷои матн ба ҳошиа мепрдозанд ва дар ниҳоят аз ҳақ дур мешаванд. Албатта тардиде нест ки ин гуноҳи бузург, нахуст бар гардани он фитнагароне аст ки аз роҳи Худо боз медоранд ва азобӣ дарднок дар интизори онҳост. Ин ҳучигарон бо вуҷуди боз будани дарвозаи нақди илмӣ ва мантиқӣ, аз он ҷо ки ҳеҷ бурҳон ва мантиқе надоранд даст ба олуда кардани фазо мезананд. Аммо ба ҳар ҳол мухотабони ин китоби шариф бояд бидонанд ки ҳаракати ҳаққи тамоми анбиёъ дар тӯли торих низ бо сампошӣ ва тавҳин ва таҳмит ва фитнагарии мустабидон ва мустакбирон ва зӯргӯён ҳамроҳ будааст ва душманони Худо ҳамвора бо бадтарин шева фазоро олуда месохтанд ва мардумро аз роҳи Худо боз медоштанд. Лизо иттифоқи ҷадиде наяфтодааст ва мухотабони ин китоби шариф бояд бо озодагӣ ва инсоф ба далил ва бароҳини он назар кунанд ва фориғ аз эҳсосоти зудгузар ва ҳаяҷоноти козиб, ҳақро биёбанд ва ба муқтазояш амал намояд ин шоъ Аллоҳ. [Мақолаи 2]