Сешанбе 17 июл 2018 мелодӣ баробар бо 4 зулқаъда 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English
Мансури Ҳошимии Хуросони
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Ошноӣ

Ошноӣ бо аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, олимӣ мусалмон, бузург ва мустақил дар осиёи миёна ва дорои мактаби эътиқодӣ ва фиқҳӣ хос ва осори бисёр арзишманд дар ҳавзаи улум ва маъорифи Исломӣ монанди китоби машҳур ва ҷараёнсози <<Бозгашт ба Ислом>> аст ки ҳамаи умри мубораки худро ба ислоҳи ақойид ва аъмоли мусалмонон ва мубориза бо бидъатҳо ва инҳирофот дар мазоҳиби Исломӣ аз тариқи даъват ба сӯи хайр ва амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва тарбияти шогирдони барҷаста ва мутаъаҳҳид пардохта ва барои сохтани заминаи зуҳури халифаи Худованд дар замин ва таҳаққуқи ҳокимияти ҷаҳонии Ӯ, аз тариқи гирдоварӣ ва тарбияти ёрони кофӣ барои он ҳазрат талош карда ва аз ин рӯ, ҳамвора мавриди таъқиб ва озори ҳукуматҳои минтақа ва қудратҳои ҷаҳонӣ буда ва ҳадафи анвоъи тӯҳматҳо, тавҳинҳо ва таҳдидҳои қудрати онон қарор гирифта ва ба ҳамин далил, маҷбур ба зиндагӣ дар пинҳони будааст.

Ин раҳбари ҳаким, озода, шуҷоъ ва парҳезкор ки улгуи эътидол, ақлоният ва посдорӣ аз арзишҳои ноби Исломӣ аст ва аз назари аҳли иттилоъ ва инсоф, аълами уламои уммат шумурда мешавад, худро вомдор ба ҳеҷ давлат, миллат ва мазҳабе намедонад ва танҳо вафодор ба Исломи холис ва комил ва ҳомии ҳуқуқ ва масолеҳи мустазъафони ҷаҳон ва дар раъси онон имом Маҳдӣ алайҳи салом аст. Ин заминасози айнӣ ҳокимияти Худованд дар замин, мутлақан ба сӯи ҳокимияти худ даъват намекунад ва муддаӣ улуҳият ё набувват ё Маҳдавият ё Бобият нест ва табъан ҳар иддаъои мухолиф бо ин дар бораи ӯ, маҳзи ифтиро ва сохта ва пардохтаи душманони ӯ барои фиреби афкори умумӣ аст.

Бадин васила ба иттлоъи ҳамагон мерасонем ки танҳо марҷаъи мӯътабар барои касби иттилоъоти бештар дар бораи шахсият, ақойид ва фаъолиятҳои ин олими муҷоҳид ва настуҳ, <<Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ>> (пойгоҳ ҳозир) аст ва ҳар гуна даъовӣ муроҷиъаи дигар дар бораи эшон, пеш аз таъйид ва тасдиқи ин пойгоҳ, эътиборе надорад ва қобили эътимод нест. Дар ҳоли ҳозир, иттилоъоти бештар дар бораи эшон, қобилияти интишор барои умумро надорад ва танҳо дар ихтиёри касоне қарор мегирад ки ба узвияти фаъол дар ин пойгоҳи Исломӣ дар меоянд.

Пурсишҳои ройиҷ дар бораи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло
Барои хондани посухи ҳар пурсиш бар рӯи он клик кунед.
1. Оё <<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ>> вуҷуд дорад?

Ин пурсиши аҷиб агарчи бисёр музҳик ба назар мерасад, яке аз пурсишҳои ройиҷ дар бораи ин олими бузургвор аст ки аз таблиғоти сӯъи душманони Ислом ба баҳонаи зоҳир нашудани он ҷаноб дар манзари умум нашъат гирифтааст. Ин пойгоҳи Исломӣ, дар посух ба мунтақиде ки тардид дар вуҷуди ин бузургворро ба далили зоҳир нашудани эшон дар манзари умум <<Ҳаққи худ>> пиндошта, навиштааст:

<Душвор метавон ба ҷаноби олӣ ҳаққе дод ки дар вуҷуди олимӣ соҳиби мактаб, пойгоҳи иттилоърасонӣ, китобҳо, номаҳо, гуфторҳо ва шогирдони фаровон шак раво доред, магар бинобар мабнои шакгароён ки ҳеҷ чизро то бо чашмони худ набинанд бовар намекунанд, ҳар чанд барои он далил ва шавоҳиди кофӣ вуҷуд дошта бошад. Бадеҳӣ аст ки ин осори амиқ ва илмӣ, аз осмон фуру наяфтода ё аз замин берун наёмада, бал табиъатан аз олимӣ бузург содир шуда ки онҳоро гуфта ва навишааст ва бо ин васф, касе ки дар вуҷуди чунин олиме бо вуҷуди чунин осори ошкоре шак раво медорад, назди оқилон маъзур нест, балки ба васвос ва сафсата муттаҳам мешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки онон яқин ба вуҷуди Худованд ва халифаи Ӯ дар заминро бидуни рӯъяти онҳо ва бо рӯъяти осорашон, воҷиб медонанд ва касе ки ба рағми рӯъяти осорашон, дар вуҷуди онҳо шак раво медорадро кофир ё мунҳариф мешуморанд. Фориғ аз инки онон назар ба қиёфа як олимро аз назар ба гуфторҳо ва навиштаҳои ӯ судмандтар намедонанд ва пас аз ҳусули илм ба андешаҳо ва ормонҳои ӯ, огоҳӣ аз баланди ё кӯтоҳии қомат ва фарбеҳӣ ё лоғарии шикам ва кашидагӣ ё гирдии чашмони ӯро зарурӣ намешиносад; Чароки дар назари онон, ин сифоти ҷисмонии ӯ пас аз дурустӣ андешаҳо ва ормонҳояш аҳаммияте надорад>.

Бо ин васф, бадеҳӣ аст ки ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло ба унвони як шахсияти ҳақиқӣ дар ҷойе аз ин ҷаҳони паҳновар вуҷуд дорад ва дар ҳоли зиндагӣ аст.

2. Оё <<Мансури Ҳошимии Хуросони>> як номи мустаъор аст?

<<Мансур>> ва <<Ҳошимӣ>> аз номҳои бисёр ройиҷ дар минтақаи осиёи миёна хусусан кишвари Афғонистон ҳастанд ва бо ин васф, далиле барои мустаъор донистани онҳо вуҷуд надорад. <<Хуросонӣ>> низ лақабӣ бисёр мутаъораф барои олимоне аст ки дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ин васф, таъаҷҷуб аз он дар мавзеъи худ нест; Чунонки ин пойгоҳи Исломӣ, дар посух ба пурсише дар ин бора навиштааст:

<Аммо ба ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз он ҷиҳат <<Хуросонӣ>> гуфта мешавад ки Хуросонӣ яъне аз аҳолии Хуросон аст ва дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ зиндагӣ мекунад> (Пурсиш ва посухи 25).

Албатта дафтари ҳифз ва нашри осори ин олими бузургвор мойил ба муҷодила дар бораи ҳуруф ва алфозе ки –дар ҳар сурат вазъӣ ва эътиборӣ ҳастанд– нест ва ба далили амниятӣ ва ба далили онки мавзӯъияте барои номи ин бузургвор намешиносад, исроре барои исботи мустаъор будан ё набудаи он надорад. Аз ин рӯ, дар посух ба фардӣ <<Ношинос>> ки муддаъӣ шуда <<Бино бар таҳқиқоти мо, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ як номи мустаъор аст>>, навиштааст:

<Ҳар чанд ҳуввияти худи шумо барои мо маълум нест ва эҳтимоли зиёд медиҳем ки худатон аз номи мустаъор истифода мекунед ва намедонем ки таҳқиқоти казоии шумо бо чи ангеза ва бар пояи кадом салоҳият ва бо иттико ба чи манобеъи хабарӣ анҷом шудааст, вале ба шумо пешниҳод мекунем ки чандон ба ин кашфиёти худ эътимод надошта бошед ва ҳамвора эҳтимоли хато ва иштибоҳро дар онҳо лиҳоз намойед то ба ҷои Каъба сар аз Туркистон ва ба ҷои Балх сар аз Шуштар дар наёваред! Чунонки гуфтаанд: <<Тарсам нарасӣ ба Каъба эй аъробӣ/ к-ин роҳ ки ту меравӣ ба Туркистон аст>> ва гуфтаанд: <<Гунаҳ кард дар Балх оҳангаре/ ба Шуштар заданд гардани мисгаре>>!! Дар айни ҳол, ин имкон низ вуҷуд дорад ки ҳадси шумо саҳиҳ бошад; Зеро аввалан истифода аз номи мустаъор дар миёни раҳбарони озода ва ислоҳталаби ҷаҳон ки душманони фаровоне монанди шумо доранд табиъӣ аст ва чизи ғайри оддӣ ва дур аз интизоре маҳсуб намешавад; Сониян доштани ду ё чанд ном дар миёни бисёрӣ аз мардуми ҷаҳон, ҳатто дар мавориде ки таҳдид ва хатаре барои онон вуҷуд надорад, ройиҷ ва мутаъораф аст, дар ҳоле ки шахсият, равиш ва аҳдофи онон дар ҳар ҳол собит ва мушаххас аст; Солисан иттихози лақаб барои пешвоён ва бузургони дин, корӣ шойеъ ва маъмули аст ва суннатӣ Исломӣ ба шумор меравад ки гоҳе тавассути дӯстдорон ва ҳомиёнашон ва бо таваҷҷуҳ ба хисол ва сафоҳати неки онон анҷом мешавад ва ҳатто бештар аз номҳои худашон шӯҳрат меёбад; Чунонки ба унвони намуна, лақаби <<Мустафо>> барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аз ин қабил аст, бал лақаби <<Аҳмад>> ки дар Инҷил бо он муъаррифӣ шуда ва башорат дода шуда, вале дар миёни қавмаш бо он шӯҳрат надошта, аз ин қабил будааст ва лақаби <<Сиддиқ>> барои Абубакр ва лақаби <<Форуқ>> барои Умар ва лақаби <<Зиннурайн>> барои Усмон ва лақаби <<Муртазо>> барои Алӣ аз ин қабил буда, бал барои Алӣ номи дигаре буда ки гӯё модараш бар рӯӣ ӯ ниҳода буда ва дар замони худ ба он шӯҳрат надошта ва бо ишора ба он фармудааст: <<أنا الذّي سمّتني أمّي حیدره/ ضرغام آجام و لیث قسوره>> яъне: <<Ман касе ҳастам ки модарам манро Ҳайдар номид/ ки ба маънои бабри бешаҳо ва шери жиён аст>>. Соири пешвоёни аҳли байт низ алқоби мухталифе монанди <<Боқир>>, <<Содиқ>>, <<Козим>> ва <<Ризо>> доштанд ва имрӯз ба онҳо шинохтатар ҳастанд то ба номҳои худ, бал имом Маҳдӣ ки Мансур ба сӯӣ ӯ даъват мекунад низ номи дигаре дорад ва <<Маҳдӣ>> лақаб ва шӯҳрати ӯст. Бо таваҷҷуҳ ба ин шавоҳид, мумкин аст ҳадси шумо дӯсти гиромӣ саҳиҳ бошад; Ба ин маъно ки <<Мансур>> низ лақаб ва шӯҳрати нависандаи китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ва заминасози зуҳури Маҳдӣ бошад, вале возеҳ аст ин чизи муҳимме нест ки фикри шумо ва кӯтофикрони дигарро ба худ машғул карда ва ба дастовези сустатон барои таблиғ бар зидди ин олими бузург ва мазлум табдил шудааст. Мусалламан аз назари оқилон, танҳ андешаҳо ва омӯзаҳои Исломӣ ва ислоҳгаронаи эшон аҳмият дорад ва ному лақаб ва шӯҳрати эшон таъйин кунанда нест; Чароки ин андешаҳо ва омӯзаҳои муттакӣ бар ному лақаб ва шӯҳрати эшон нест то эҳёнан бо тағйири он тағйир ёбад, бал муттакӣ бар китоби Худо ва суннати мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аҳкоми қатъии ақли аст ки ҳамвора собит ва қобили пайравӣ аст. Бинобарин, шумо метавонед тасаввур кунед ки номи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, Муҳаммад ё Алӣ ё Умар ё Саъид ё Ҳошим ё Ҷаъфар ё Қосим ё Қанбар ё Муҳаммад Алӣ ё Муҳаммад Ҷаъфар ё Абдуллоҳ ё чизи дигар аст; Чароки ӯ ҳар як аз ин номҳоро дошта бошад, нависандаи китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ва раҳбари наҳзати мубораке аст ки ба кӯрии чашми мунофиқон ва бемордилон, барои иқомаи Исломи холис ва комил дар ҷаҳон ва таҳаққуқи ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом зуҳур кардааст ва бо вуҷуди ҳамаи адоватҳо ва ҷовсозиҳо ба ҳаракати худ то расидан ба ормони мутаъолӣ ва муқаддасаш идома медиҳад ин шоъ Аллоҳ.> (Нақд ва баррасии 6).

3. Чаро садо ё тасвире аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло мавҷуд нест ва мушаххасоти ҷузъитаре аз эшон барои умум интишор намеёбад?

Чунонки пештар ишора шуд, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло ба далили доштани мавозеъи зидди истикборӣ ва муборизаи муъассир бо ҳокимони золим аз як сӯ ва гурӯҳҳои ирҳобӣ ва теруристӣ монанди доъиш аз сӯи дигар, таҳти таъқиб ва дар маърази дастгирӣ ва тирур қарор дода ва бо таваҷҷуҳ ба зарурати ақлӣ ва шаръӣ бақоъи эшон барои раҳбарии наҳзат дар ин бурҳаи ҳассос ва низ фиқдони ҳомиёни кофӣ барои эшон дар минтақа, феълан ба ошкор шудан барои умум нест ва табъан ба ҳамин далил, имкони интишори садо ва тасвири эшон низ вуҷуд надорад. Ба илова, душманони эшон ки навъан моликони расонаҳо ва абзорҳои таблиғотӣ дар ҷаҳон ҳастанд низ алоқаи ба инъикоси ахбори эшон надоранд ва тарҷиҳ медиҳанд ки ба ошноӣ мардум бо шахсияти ҷаззоб ва фаъолиятҳои Исломии эшон кӯмак накунанд, то ба заъми худ бо бойкоти хабарӣ ин бузургвор аз пешрафти наҳзати муқаддаси эшон ҷилавгирӣ кунанд; Чунонки ин пойгоҳи Исломӣ, дар посух ба мунтақиде ки аз гумном будани ин олими мазлум ва фиқдони биюгрофӣ ва аксе аз эшон дар интернет изҳори таъаҷҷуб карда ва онро далиле бар вуҷуд надоштани эшон пиндошта, навиштааст:

<Инки шумо пештар ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросониро намешинохтед ва номашонро нашунида будед, далили бар вуҷуд надоштани эшон намешавад; Чунонки оқилон гуфтанд: <<Наёфтани далил бар набудан нест>>! Ҳамчунонки шумо ба таври ҳатми бисёри дигар аз олимони ҷаҳони Ислом дар кишварҳои мухталифро низ намешиносед ва номашонро низ нашнидайед ва бо ин ҳол, онон вуҷуд доранд ва чи шумо бидонед ва чи шумо надонед, машғули фаъолиятҳои илмӣ ва фарҳангии худ ҳастанд. Ба илова, рӯшан аст ки <<Интернет>> лаҳви маҳфузи Худованд нест то вуҷуди биюгрофӣ ва акси ҳамаи бандагони Худованд дар он зарурӣ бошад, бал шабакаи сохтаи дасти кофирон ва золимон барои таблиғи фарҳанги худ ва нашри он дар ҷаҳон аст ва аз ин рӯ, биюгрофӣ ва акси онон ва дӯстонашон дар он фаровон аст, вале биюгрофӣ ва акси бисёрӣ аз бандагони солеҳи Худованд дар он ёфт намешавад! Оре, мутаъассифона шумо таҳти таъсири илқоъоти ҷоҳилон ва афроди муғриз ва бемор ҳастед вагарна медонед ки иттифоқан солеҳтарин бандагони Худованд касоне ҳастанд ки гумном ва аз шӯҳрат мегурезанд ва ин ба маънои вуҷуд надоштани онон нест, балки чи басо вуҷуд доштани дигарон ба баракати вуҷуди онон аст ва ба баракати вуҷуди онон мӯҳлат дода мешаванд! Онон касоне ҳастанд ки ба таъбири бархӣ ривоёти мустафиз <<Дар замин гумном ва ношинохтаанд, вале дар осмон маъруф ва машҳуранд>>! Оре, бародари гиромӣ! Шумо низ монанди бархӣ дигар аз ҷавонони эҳсосотӣ ва содадил, таҳти таъсири таблиғоти дурӯғгӯён ва ҷавсозон қарор гирифтайед вагарна аҷиб аст ки вуҷуди биюгрофӣ ва акси касе дар интернетро далил бар вуҷуди ӯ мепиндоред, вале вуҷуди китоби монанди <<Бозгашт ба Ислом>> бо умқӣ беназир ва диққатӣ бесобиқаро далилӣ бар вуҷуди нависандаи олим ва бузургвори он намедонед ва эҳтимол медиҳед ки худ ба худ ба вуҷуд омада бошад!! Ба ҳар ҳол, ба ёд дошта бошед инсони оқил касе аст ки ҳақро бо афрод намешиносад, балки афродро бо ҳақ мешиносад, дар ҳоле ки инсони ҷоҳил акси ин корро анҷом медиҳад ва шӯҳрат ё мақом ё унвони афродро далили бар ҳақ буданашон ва гумномӣ ононро далили бар ботил будан мепиндорад. Ин бегумон ҷаҳолатӣ ошкор аст!> (Нақд ва баррасии 5).

Ба илова, ин пойгоҳи Исломӣ дар посух ба касе ки хостори интишори иттилоъоти ҷузъӣ дар бораи савобиқи илмӣ ва шахсии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафиҳауҳллоҳ таъолло шуда, тавзиҳоти бештаре ироъа карда ва навиштааст:

<Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, ба гувоҳӣ андешаҳои воло ва омузаҳои Исломӣ мумтоз ва гаронсанги худ ва иҳотаи фавқулъода бар китоби Худованд ва суннати Паёмбараш ва манобеъи мӯътабар ва мутанаввиъи эътиқодӣ, тарихӣ, ҳадисӣ, фиқҳӣ, риҷолӣ ва фалсафӣ ки дар китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ва сойири гуфторҳо ва навишторҳои эшон машҳуд аст ва низ тарбияти шогирдонӣ муборриз ва мутаъаҳид ки дар пойгоҳи иттилоърасонӣ дафтарашон машғул ба таълимоти Исломӣ ҳастанд, дар болотарин сатҳи илмӣ қарор дорад, бал ба ҷуръат метавон гуфт ки аълами уламои уммат дар асри ҳозир аст ва бештарин фазли илмиро ба мусалмонони ҷаҳон мерасонад, вале бо ин ҳол, ба ду далил имкони ироъаи иттилоъоти ҷузъӣ дар бораи ҳувият, мавқеъият ва савобиқи шахсӣ эшон барои умум нест

Якум ба далили манҳаҷи ислоҳӣ ва инқилобии эшон ки мубтанӣ бар қатъи интисоб ба ҳамаи мазоҳиб, гурӯҳҳо ва кишварҳо аст то дар ҷойгоҳӣ фаромазҳабӣ, фарогурӯҳӣ ва фарокишварӣ қарор гирад ва қодир ба раҳбарии ҳамаи мусалмонон аз ҳамаи мазоҳиб, гурӯҳҳо ва кишварҳо ба сӯи ҳокимияти халифаи Худованд дар замин бошад ва ба сармояи муштарак барои ҳамаи инсонҳо табдил шавад, ҳар чанд барои зоҳиргароёни бадбин ва кӯтоҳфикр ки дар ҳисори калишаҳо ва қолибҳои худсохта асиранд, қобили дарк набошад; Чароки халифаи Худованд дар замин, мутаъаллиқи ба ҳеҷ мазҳаб, гурӯҳ ва кишваре нест ва байъати ҳеҷ як аз онҳоро бар гардан надорад ва аз ин рӯ, зарурӣ аст ки заминасози ҳокимияти ӯ низ мутаъаллиқ ба ҳеҷ мазҳаб, гурӯҳ ва кишваре набошад ва байъати ҳеҷ як аз онҳоро бар гардан надошта бошад то синхияти миёни иллат ва маълул ҳифз шавад ва имкони иҷтимоъи мусалмонон ба гардани ӯ вуҷуд дошта бошад.

Дувум ба далили зарурати ҳифзи амнияти эшон дар замони кунунӣ ки заруратӣ уқалойӣ ва шаръӣ аст; Чароки ин бузургвор танҳо умеди мустазъафони ҷаҳон барои дастрасӣ ба Маҳдӣ ва сармояи гаронбаҳо барои Ислом ва мусалмонон аст, дар ҳоле ки душманони хунхор аз мазоҳиб, гурӯҳҳо ва кишварҳои гуногун, ба сахтӣ дар ҷустуҷӯӣ эшонанд ва дар сурати огоҳӣ аз ҳувият, мавқеъият ва савобиқи шахсии ин бузургвор, бо суҳулат ба эшон дастрасӣ меёбанд ва решаи наҳзати муқаддаси <<Бозгашт ба Ислом>> ва инқилоби ҷаҳонии Маҳдӣ ки тоза ҷавона задаастро мехушконанд; Чароки ҳамакнун душманони фаровоне дар минтақа ҳузур дорад, дар ҳоле ки дӯстони чандоне дар минтақа ҳузур надоранд ва бо ин васф, тазоҳури эшон дар минтақа, бар хилофи ҳикмат ва маслиҳат аст ва зулми ба худ, Маҳдӣ ва мусалмонони ҷаҳон шумурда мешавад; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَا تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ» (Бақара/ 192); <<Ва худро бо дасти худ ба ҳалокат наяндозед>>! Албатта рӯшан аст ки ҳаргоҳ дӯстони кофӣ дар минтақа ҳузур ёбанд, эшон барои мусалмонони ҷаҳон тазоҳур меёбад ва дар бораи касоне аз онон ки вуҷуди эшонро инкор мекарданд, доварӣ мекунад; Чароки онон дар замин бартарӣ меҷӯстанд ва аз роҳи Худованд боз медоштанд ва мекӯшиданд ки ваъдаи Паёмбаронро дурӯғ гардонанд.> (Нақд ва баррасии 23).

Ин пойгоҳи Исломӣ ҳамчунин дар посух ба пурсиши касе ки пурсидааст <<Оё беҳтар набуд як миқдор роҷеъ ба зиндагиномаи эшон менавиштед?>>, навиштааст:

<Бояд бигӯйем ки мусалламан беҳтар буд, аммо на танҳо барои афроди кунҷкове монанди шумо ки танҳо мехоҳед ғаризаи кунҷковии худро арза кунед, балки барои душманони қасам хӯрдаи эшон низ ҳам ки мехоҳанд бо огоҳӣ аз ҷузъиёти савобиқи эшон монанди тарих ва маҳалли таваллуд ва низ маҳалли масканат ва таҳсилоти эшон ва иттилоъоти шахсии дигаре аз ин даст, аз як сӯ ба эшон дастрасӣ пайдо кунанд то решаи наҳзати заминасозӣ барои иқомаи Исломи ноб ва зуҳури халифаи Худованд дар заминро бихушконанд ва аз сӯи дигар баҳонаҳо ва дастовезҳои лозим барои таблиғоти козиб бар зидди эшон ва фиреби афкори умумиро биёбанд; Чароки ба унвони мисол, агар бидонанд эшон зодаи Эрон аст ва дар мадориси ин кишвар таҳсил кардааст, иддаъо мекунанд ки ӯ як шиъаи рофизӣ ва дастнишондеҳи Эрон барои зарба задан ба аҳли суннат аст ва агар бидонанд ки эшон зодаи Афғонистон аст ва дар мадориси Покистон таҳсил кардааст, иддаъо мекунанд ки ӯ як суннии ваҳобӣ ва дастнишондеҳи Арабистон барои зарба задан ба аҳли ташаюъ аст ва агар бидонанд ки эшон зодаи Туркистони Чин аст ва дар ҳеҷ як аз мадориси онон таҳсил накардааст, иддаъо мекунанд ки лобуд ӯ як комунист ва дастнишондеҳи кофирон барои зарба задан ба аҳли Ислом аст ва хулоса ҳар гуна огоҳӣ аз савобиқи эшонро баҳона ва дастовезе барои зарба задан ба наҳзати фаромазҳабӣ ва фаромиллии эшон қарор медиҳанд, дар ҳоле ки ин олими бузургвор мутаъаллиқ ба ҳеҷ мазҳаб ва миллате нест ва танҳо мутаъаллиқ ба Ислом аст ва мекӯшад то бо озодагии комил аз вобастагиҳои мазҳабӣ ва миллӣ, ҳамаи мазоҳиби Исломиро ба гирди Маҳдӣ муттаҳид кунад.

Албатта ин ба он маъно нест ки ҳеҷ кас аз зиндагии эшон иттилоъе надорад; Чароки зиндагии эшон барои даҳо нафар аз ёронашон маълум аст; Ҳамчунонки бисёрӣ аз мардум дар маҳалли зиндагияшон бо эшон иртибот доранд ва аз хирмани илми эшон баҳра мебаранд ва ахлоқи Исломияшонро ба чашм мушоҳида мекунанд. Эшон бо онки маҳалли иқомати собите надоранд, тақрибан ҳамаи намозҳоро дар масҷид ва ба ҷамоъат мегузорад ва бисёрӣ аз мардуми оддӣ низ дар ҷамоъати эшон ширкат мекунанд ва танҳо иҷозаи филмбардорӣ ва аксбардори аз эшонро надоранд. Эшон баъд аз ҳар намоз бо мардуми оддӣ сухан мегӯяд ва ба пурсишҳои онон посух медиҳад ва ҳавоъиҷи ононро бароварда месозад. Эшон аз ҳамсоягони худ дидан мекунад ва бо ақшори мардум муъошират дорад ва сахт мавриди алоқа ва эҳтироми онон аст. Эшон маҷолиси дарси маънавӣ ва пурбореро бо мавзӯъи ақида ва фиқҳ баргузор мефармояд ва мусалмонон аз мазоҳиби мухталиф дар маҳзарашон ҳозир мешаванд. Суханони эшон ба форсӣ ва арабӣ, бо диққат тавассути ёронашон навишта мешавад ва бархӣ аз он барои интишор дар пойгоҳи иттилоърасонияшон таҳти унвони <<Гуфторҳои Мансури Ҳошимии Хуросонӣ>> гузиниш мегардад. Бо ин ҳама, тадобири вежае барои нигоҳ доштани ҳувият ва макони эшон аз чашми душманон андешида шуда ки бо диққат тавассути ёронашон дар ҳоли иҷрост. Ин тадобир ба гунае аст ки душманони эшонро дар бораи ҳувият ва макони эшон мутаҳаййир сохта ва ба ғалат андохтааст; то ҳадде ки борҳо афроди мухталиферо бо эшон иштибоҳ гирифтаанд! Аз инҷо дониста мешавад ки бар хилофи пиндори хом ва насанҷидаи амсоли ҷаноби олӣ, <<Дар ҳолаи сӯҳбат кардан ва роз олуда будан>> гоҳе бархӣ чизҳоро ҳал мекунад ва ин мабнои <<Тақия>> дар Ислом аст; Зеро Ислом ба як мусалмон бо чунин вазифаи хатир ва ормони баланде иҷоза надодааст ки худро бидуни зарурат, дар маъзари тирҳои бадхоҳон қарор диҳад ва бозичаи дасти кунҷковони бекор созад, бал бо ташриъ <<Тақия>> аз ӯ хостааст ки худро то ҳадди мумкин аз тирраси онон ва дастраси инон маҳфуз дорад ва то ҳангоми ҳусули шаройити зуҳур, дар хафо гом бардорад. Ин ҳамон қоъидаи маъқул ва машруъӣ аст ки халифаи Худованд Маҳдиро ба ғайбат водошта ва дар тӯли солҳои мутамодӣ аз тирраси душманони доно ва дастраси дӯстони нодон ҳифз кардааст. Албатта рӯшан аст ки ҳар кас амонат ва ҳусни нияти худро бо эшон ва амали солеҳ ба исбот расонад, замина барои огоҳии бештари ӯ дар бораи ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло фароҳам мешавад ва ҳатто метавонад бидуни ҳеҷ мушкил ва маҳдудияте, монанди бисёрӣ дигар аз мардум ба маҳзари эшон роҳ ёбад ва аз хирмани илм ва ахлоқи Исломии эшон баҳраманд шавад, вале касе ки амонат ва ҳусни нияти худро ба исбот нарасонда, балки душманӣ ва ғаразварзӣ ӯ маҳсус аст, муҳол аст ки битавонад бо зиёдахоҳӣ ва суханонӣ аҳмақона ба мақсуди худ даст ёбад; Чароки ҳақ мутлақан тобеъи аҳвоъи ӯ нахоҳад шуд, магар онки осмон бар замин ояд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَلَوِ اتَّبَعَ الْحَقُّ أَهْوَاءَهُمْ لَفَسَدَتِ السَّمَاوَاتُ وَالْأَرْضُ وَمَنْ فِيهِنَّ ۚ بَلْ أَتَيْنَاهُمْ بِذِكْرِهِمْ فَهُمْ عَنْ ذِكْرِهِمْ مُعْرِضُونَ» (Мӯъминун/ 71); <<Ва агар ҳақ аз хоҳишҳои онон табаъият кунад ҳаройина осмонҳо ва замин ва ҳар кас дар онҳост табоҳ мешавад, балки мо мояи тазаккурашонро барояшон овардем, вале онҳо аз мояи тазаккурашон рӯйгардонанд!>>.> (Нақд ва баррасии 29).

Ба илова, ин пойгоҳи Исломӣ, дар посух ба мунтақидоне ки адами интишори тасвир ва мушаххасоти эшонро <<Боъиси бадгумонӣ ба ӯ ва аз даст рафтани фурсатҳо>> дониста, навиштааст:

<Интишори тасвир ва мушаххасоти аллома Мансури Ҳошимии Хуроснӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло пас аз интишори андешаҳо ва ормонҳои эшон зарурате надорад; Чароки агар андешаҳо ва ормонҳои эшон ботил бошад, бо интишори тасвир ва мушаххасоти эшон ҳақ намешавад ва агар андешаҳо ва ормонҳои эшон ҳақ бошад, бо интишори тасвир ва мушаххасоти эшон ботил намешавад; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки андешаҳо ва ормонҳои эшон дар пайванд бо тасвир ва мушаххасоти эшон нест; Чароки эшон мардумро ба сӯӣ худ даъват накарда; Ба ин маъно ки аз онон нахостааст аз эшон бо таваҷҷуҳ ба тасвир ва мушаххасоташон ва бидуни илм ба далоилашон пайравӣ кунанд ва бо ин васф, интишори тасвир ва мушаххасоти эшон, танҳо ба кори касоне меояд ки ё монанди душманони эшон дар пайи шиносойи, дастгирӣ ва нобудии эшон ҳастанд ва ё монанди дӯстони нодони эшон дар пайи пайравӣ аз эшон бо таваҷҷуҳ ба тасвир ва мушаххасоташон ва бидуни илм ба далолилашон ки як рӯйкарди инҳирофӣ аз синхи рӯйкардҳои ройиҷ дар миёни пайравони муддаъиёни дурӯғин аст ...

Ғайбати аллома Мнсури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло аз ғайбати имом Маҳдӣ алайҳи салом бузургтар нест ва бо ин васф, наметавон эшонро ба сабаби он маломат кард; Зеро чизе ки эшонро ба ин ғайбат водошта, чизе аст ки имом Маҳдиро ба ин ғайбат водошта ва он ҳамоно тарс аз низомҳои ҷаббор ва саркӯбгар аз ҷумла низоми Эрон аст. Бо ин васф, агар низоми Эрон аз эшон ҳимоят мекард, эшон маҷбур набуд ба таъбири шумо <<Баланд шавад ва биравад сари кӯҳҳо ва дар манотиқи дурафтодаи Афғонистон ва Тоҷикистон ва худашро аз мардум пинҳон кунад ва тасвиру мушаххасоташро мунташир накунад>>, балки метавонист ба содагӣ бо мардум иртибот бигирад ва ташнагонро аз дарёи илми худ сероб фармояд; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «إِنَّ الْمَنْصُورَ لَقِيَ بَلاءً وَ تَطْرِیداً وَ إِنِّي رَأَیْتُهُ فِي بَعْضِ هٰذِهِ الْأسْواقِ وَ هُوَ خائِفٌ مُتَرَقِّبٌ یَمْشِي وَ يَقُولُ: مَن يَعْصِمُنِي حَتّیٰ أُعَلِّمَ النّاسَ الْقُرآنَ كَما أُنْزِلَ وَ أَعْمَلَ بِما فِیهِ؟! أَمَّن يُجِيرُني حَتّیٰ أَتَكَلَّمَ بِكَلِمَةٍ فِيها بَلاغٌ لِقَومٍ عابِدِينَ؟! أَمَّن يُعِينُنِي حَتّیٰ أُبَيِّنَ أُمُوراً وَ أُغَيِّرَ أُخْریٰ؟! اللّهُمَّ إنَّكَ تَعْلَمُ أَنِّي لَو ثَبَتَتْ لِي قَدَمايَ لَوَطَّئْتُ لِصاحِبِ هٰذَا الْأَمْرِ سُلْطانَهُ»; <<Ҳароина Мансур болоҳо ва ронда шуданҳои бисёриро дид ва ҳароина ман ӯро дар бархӣ аз ин кӯҳҳои дидам ки бо тарс ва нигаронӣ гом бар медошт ва мефармуд: Чи касе манро пос медорад то ба мардум Қуръонро ҳамон гуна ки нозил шудааст биёмӯзам ва ба чизе ки дар он аст амал кунам?! Ё чи касе манро паноҳ медиҳад то ба калимаи мутакаллим шавам ки дар он кифояте барои гурӯҳи обидон аст?! Ё чи касе манро кӯмак мекунад то чизҳоеро рӯшан кунам ва чизҳоеро тағйир диҳам?! Ту медонӣ ки ман агар ду поям бароям устувор шавад заминаи ҳукумати соҳиби ин амрро месозам>>!

Ҳамчунонки яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:

   «إِنَّ الْمَنْصُورَ يَعْرِضُ نَفْسَهُ عَلیٰ أَهْلِ الْبُلْدانِ وَ يَقُولُ: أَلا رَجُلٌ يَحْمِلُنِي إلیٰ قَومِهِ؟! فَإِنَّ هٰذَيْنِ الْقَومَيْنِ مَنَعانِي أَنْ أَقُومَ بِأَمْرِ رَبِّي! وَ سَمِعْتُهُ يَقُولُ: مَن يُؤْوِيني حَتّیٰ أُوَطِّئَ لِمَلَكُوتِ رَبِّي وَ لَهُ الْجَنَّةُ؟! إِنَّ مَلَكُوتَ رَبِّي يُصْلِحُ الْأَرْضَ وَ يَمْلَأُها قِسْطاً»; <<Мансур худро бар аҳли сарзаминҳо арза мекунад ва мефармояд: Оё марде нест ки манро ба сӯӣ қавми худ бибарад?! Зеро ин ду қам манро монеъ шуданд аз инки ба амри Парвардигорам қиём кунам! Ва шунидам ки мефармояд: Чи касе манро ҷое медиҳад то барои малакути Парвардигорам заминасозӣ кунам ва барои ӯ Биҳишт бошад?! Бегумон малакути Парвардигор заминро ислоҳ мекунад ва аз адолат пур мегардонад>> (бингаред ба: Гуфтори 32).

Аз инҷо дониста мешавад ки ҳаргоҳ низоми Эрон ё низоми мусалмони дигаре содиқона аз эшон даъват ва ҳимоят кунад, эшон аз ҳолати ихтифоъ хориҷ мешавад ва бо мардум иртиботи мустақим мегирад ва бо ин васф, агар шумо аз вазъияти эшон дар ҳоли ҳозир хурсанд нестед, набояд ба эшон эътироз кунед; Чароки эшон нақше дар ин вазъият надошта ва худ аз он нохурсанд аст, бал бояд ба назоми Эрон ва сойири низомҳои мусалмони минтақа эътироз кунед ки чаро то кунун аз эшон даъват ва ҳимоят накардаанд?! Албатта то ҳангоме ки вазъияти кунунӣ боқӣ аст, ҳамии ҳомиён ва дӯстдорони ин алломаи бузургвор метавонанд бо узвияти фаъол дар пойгоҳи эшон, ба огоҳиҳои бештаре дар бораи эшон даст ёбанд ва ҳатто дар сурати исботи васоқати худ, ба ҷамъи ҳамроҳон ва шогирдони эшон бипайванданд ва ба маҳзари эшон бирасанд ва бо ин васф, далиле барои <<Бадгумонӣ ба эшон ва аз даст рафтани фурсатҳо>> нест.> [Нақд ва баррасии 66]

4. Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло аз аҳли суннат ва ҷамоъат аст ё аз аҳли ташаюъ?

Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло ба маънои дақиқи калима як <<Мусалмони ҳаниф>> аст ки ба далойили фаровоне мойил нест <<Шиъа>> ё <<Суннӣ>> ба маънои мусталаҳ номида шавад; Зеро эшон амалан мутамассик ба манобеъи яқинӣ ва мусалламе монанди китоби Худованд, суннати мутавотири Паёмбар ва бароҳини ақлӣ аст ки миёни ҳамаи мазоҳиби Исломӣ муштарак аст ва ба ҳеҷ як аз онҳо ихтисос надорад ва бо ин васф, далиле барои шиъа ё суннӣ донистани эшон мавҷуд нест. Албатта мумкин аст ки бархӣ дидгоҳҳои ин бузургвор ба дидгоҳҳои бархӣ мазоҳиб наздиктар бошад, вале ин иттифоқӣ комилан табиъӣ ношӣ аз наздиктар будани дидгоҳҳои бархӣ мазоҳиб ба китоби Худованд, суннати мутавотири Паёмбар ва бароҳини уқалоӣ аст ва аз таъаллуқи ин бузургвор ба ин мазоҳиб ҳикоят надорад; Ҳамчунонки мумкин аст бархӣ дигар аз дидгоҳҳои эшон ба дидгоҳҳои бархӣ дигар аз мазоҳиб наздиктар бошад, бе онки ба маъноӣ табаъияти эшон аз ин мазоҳиб бошад; Чунонки ин пойгоҳи Исломӣ дар посух ба мунтақиде ки мазҳаби эшонро номаълум шумурда, навиштааст:

<Аммо инки мазҳаби ҷаноби Мансури Ҳошимии Хуросониро номаълум шумурдайед, табиъӣ аст; Чароки эшон мазҳабӣ хос ва калишае аз он синх ки шумо мешиносед ва меписандед надорад то маълум бошад! Эшон ҳамон тавр ки дар китоби худ тасриҳ фармуда ва аз андешаҳояш ошкор аст, мусалмонӣ ҳаниф шумурда мешавад ва як шиъа ё суннӣ ба маъное ки мавриди назари шумост нест. Албатта эшон танҳо ба китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва халифаи ӯ дар замин вафодор аст ва ин бо нигоҳӣ дигарон метавонад ташаюъи ростин ва тасаннуни ростин шумурда шавад.> (Нақд ва баррасии 5).

5. Оё аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, ҳамон Мансури Хуросонии мавъуд дар ривоёти мутавотири Исломӣ аст?

Ҳатмитарин нишонаи зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом, зуҳури марде аз Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ аст ки ба сӯӣ Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам фаро мехонад ва барои ҳукумати Маҳдӣ алайҳи салом заминасозӣ мекунад ва парчамро бо мусолемат ё ғалаба аз дигарон мегирад ва ба ӯ мерасонад ва шитофтан ба сӯяш агарчи чаҳор дасту по бар рӯӣ барф воҷиб аст; Зеро ривояте ки аз он хабар дода, мутавотир аст ва қадимитарин, машҳуртарин ва саҳиҳтарин ривояти расида аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, саҳоба ва аҳли байт дар боби малоҳим маҳсуб мешавад, то чойе ки илҳомбахши қиёмҳое дар торихи Ислом монанди қиёми Абдурраҳом ибни Ашъас бар зидди Абдулмалик ибни Марвон (Ибни Аъсам, Ал-Футуҳ, ҷ7, с85) ва қиёми Абу Муслими Хуросонӣ бар зидди Умавиён (Заҳабӣ, Сиярул аъломил нубалоъ, ҷ5, с379) буда ва аз дербоз дар кутуби ҳамаи мазоҳиби Исломӣ инъикос ёфтааст; Чунонки ба унвони намуна, аз миёни аҳли суннат касоне чун Ибни Аби Шейба (д.235қ) дар Ал-Мусаннаф (ҷ8, с697), Аҳмад ибни Ҳанбал (д.241қ) дар Ал-Муснад (ҷ5, с277), Ибни Моҷа (д.273қ) дар Сунан (ҷ2, с1366), Абу Довуд (д.275қ) дар Сунан (ҷ2, с311), Ибни Ҳаммод (д.288қ) дар Китобул фитна (с188), Аҳмад ибни Амри Баззоз (д.292қ) дар Ал-Муснад (ҷ4, с310), Абу Саъид Шошӣ (д.335қ) дар Ал-Муснад (ҷ1, с347), Табаронӣ (д.360қ) дар Ал-Маҷмаъул авсат (ҷ6, с29), Ибни Адӣ (д.365қ) дар Ал-Комил (ҷ4, с227), Ҳокими Нешобурӣ (д.405қ) дар Ал-Мустадрак Алас Саҳиҳайн (ҷ4, с464), Байҳақӣ (д.458қ) дар Далоъилул Набувва (ҷ6, с516), Ибни Касир (д.774қ) дар Ал-Бидоя вал ниҳоя (ҷ6, с275), Ҳейсамӣ (д.807қ) дар Маҷмаъул завоъид (ҷ7, с316) ва аз миёни шиъа, касоне чун Муҳаммад ибни Сулаймони Куфӣ (д.300қ) дар Маноқибу Амирул Мӯъминин (ҷ2, с110), Қозӣ Нӯъмон Мағрибӣ (д.363) дар Шарҳул ахбор (ҷ3, с401), Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (қарни 4) дар Далоилул Имомия (с442 ва 446), Муҳаммад ибни Иброҳими Нӯъмонӣ (д.380қ) дар Ал-Ғайба (с281), Ибни Товвус (д.664қ) дар Ал-Малоҳиму вал фитна (с119) ва Ибни Абӣ Ҳотами Омулӣ (д.664қ) дар Адурру назим (с798, 799 ва 800), онро бо асноди мутаъаддид аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардаанд ва ровиёнаш аз риҷоли машҳур ва некуном дар миёни онон будаанд; Монанди Муъовия ибни Ҳишом Қассори Абул Ҳасани Куфӣ даргузаштаи 204 ё 205 қамари ки аз риҷоли сиҳоҳи ситта ғайр аз Бухорӣ аст ва Алӣ ибни Солеҳ Абу Муҳаммади Ҳамадонии Куфӣ даргузаштаи 151 ё 154 қамарӣ ки аз риҷоли сиҳоҳ аст ва гурӯҳе ӯро сиқа шумурдаанд ва гурӯҳӣ дигар ҳадисашро саҳиҳ донистаанд ва Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ Абу Абдуллоҳи Куфӣ даргузашри 134 ё 137 қамарӣ ки сиқаи одил аз риҷоли сиҳоҳ аст ва Иброҳим ибни Язиди Нахаъии Куфӣ даргузашти 94 қамарӣ ки васоқаташ мавриди иттифоқ аст ва фақиҳӣ бузург аз риҷоли сиҳоҳи ситта шумурда мешавад ва Алқама ибни Қайси Нахаъӣ даргузашти 62 қамарӣ ки тобеъӣ ва аз риҷоли сиҳоҳи ситта аст; Балки ин ҳадис бидуни шак мутавотир маҳсуб мешавад; Чароки ровиёни он аз Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ дар манобеъи мухталиф ба 9 нафар мерасад ва онон Алӣ ибни Солеҳ, Абубакр ибни Аъёш, Саббоҳ ибни Яҳё Ал-Музаннӣ, Муҳаммад ибни Фазил, Абдуллоҳ ибни Идрис, Ҷарир, Холид ибни Абдуллоҳ, Фатр ибни Халифа ва Мандал ибни Алӣ ҳастанд ва ривояти ин теъдод аз ӯ бидуни шак мутавотир маҳсуб мешавад; Ҷудо аз онки Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ дар ривояти ин ҳадис аз Иброҳими Нахаъӣ танҳо нест, балки касонӣ дигар чун Амр ибни Қайси Малоъӣ ва Ҳаким ибни Атия низ онро аз ӯ ривоят кардаанд; Ҳамчунон касонӣ дигар ҷуз Иброҳими Нахаъӣ монанди Зайд ибни Рафиъ ва Шарик ибни Абдуллоҳ ва Абдуллоҳ ибни Марвон низ онро ривоят кардаанд ва ривиёни онҳо монанди Ибни Ҳаммод, Ибни Абӣ Лейло, Ҳамзаи Насибӣ ва Ҷазрӣ низ аз ровиёни ин ҳадис дар ин табақа маҳсуб мешавад ки дар маҷмӯъ ба 7 нафар мерасанд; Ҳамчуноки илова бар Алқама, касоне чун Асвад, Абу Убайда ва Убайда Ал-Салмонӣ онро аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ва касоне чун Тамим ибни Ҳазлам ва Зайд ибни Ҳасан онро аз Абдуллоҳ ибни Аббос ва касоне чун Аълоъ ибни Утба онро аз Ҳасан ва касоне монанди Абу Асмоъи Руҳбӣ инро аз Савбон ходими Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардаанд ва онҳо низ ба 8 нафар болиғ мешаванд ки онро аз касоне чун Абдуллоҳ ибни Масъуд, Абдуллоҳ ибни Аббос, Савбон ходими Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва Ҳасан ибни Алӣ ривоят кардаанд. Фориғ аз онки ин ривоят бидуни тафовути чандоне дар алфозаш бо тариқи дигаре аз имомони аҳли байт монанди Алӣ ва Абу Ҷаъфари Боқир ва бисёрӣ аз саҳоба низ расида ва бо ин васф, рӯшан аст ки <<Мутавотири лафзӣ>> маҳсуб мешавад ва он болотарин ҳадди тавотур аст ва аз ин рӯ, метавон онро ваъдаи Худованд ва Паёмбараш ва табъан ҳатмитарин нишонаи зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом донист; Чароки ҳеҷ ривояти дигаре дар ин боб аз чунин қидмат, шӯҳрат ва тариқе бархурдор нест (Пурсиш ва посухи 318).

Аммо оё аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, мисдоқи Мансури Хуросонии мавъуд дар ин ривоят аст? Ин пурсиши ройиҷе аст ки мардум бояд ба он посух бидиҳанд; Зеро шинохти Мансури Хуросонии мавъуд дар ин ривоёт, вазифаи мардум аст ки бо таваҷҷуҳ ба нишонаҳо анҷом мешавад, на иддаъоҳо; Бо таваҷҷуҳ ба инки иддаъоҳо бидуни нишонаҳо фоидае надоранд ва нишонаҳо бидуни иддаъоҳо кофӣ ҳастанд; То ҷойе ки гуфтаанд: <<Ду сад гуфта чун ним кирдор нест>>; Чунонки ин пойгоҳи Исломӣ дар посух ба пурсише дар ин бора навиштааст:

<Ривоёти дар бораи зуҳури марде аз Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ ки ба сӯӣ Маҳдӣ фаро мехонад ва барои ҳукумати ӯ заминасозӣ мекунад, мутавотир аст ва агар касе эҳтимол медиҳад ки ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло назар ба иҷтимоъи сифоти мазкур, ҳамон мард аст, набояд дар интизори иддаъои ӯ бинишинад, балки бояд дар бораи ӯ таҳқиқ кунад ва таҳқиқ дар бораи ӯ, бо руҷӯъ ба ӯ ё руҷӯъ ба касоне мумкин аст ки бар ӯ руҷӯъ доранд то дар бораи нишонаҳои ӯ иттилоъ ҳосил кунад; Чароки шинохти Хуросонии мавъуд мутаваққиф бар иддаъои ӯ нест, бал мутаваққиф бар иҷтимоъи нишонаҳое аст ки барои ӯ ривоят шудааст, хоҳ ӯ онро иддаъо кунад ва хоҳ ба далоиле аз иддаъои он худдорӣ кунад; Зеро дар ривоёт наомадааст ки Хуросонии мавъуд, худро Хуросонии мавъуд мешуморад, бал танҳо нишонаҳое барои ӯ омада ва рӯшан аст ки ин нишонаҳо, барои шинохти ӯ тавассути дигарон қатъи назар аз иддаъои ӯ кофӣ аст; Бо таваҷҷуҳ ба инки агар қатъи назар аз иддаъои ӯ кофӣ набошад, бо назар ба иддаъои ӯ низ кофӣ нахоҳад буд; Зеро иддаъо барои касе ки нишонаҳои Хуросонии мавъудро надорад судманд нест, ҳамчунонки тарки иддаъо барои касе ки нишонаҳои Хуросонии мавъудро дорад, зиёнбор нест. Аз ин рӯ, Буҳайрои Насронӣ Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салламро пеш аз онки иддаъо кунад, бо нишонаҳояш шинохт ва ин аз боби он буд ки гуфтаанд: <<Офтоб омад далил офтоб>> ва гуфтаанд: <<Ҳунар биёр ва забоноварӣ макон Саъдӣ/ чи ҳоҷат аст бигӯяд шакар ки ширинам>>!> (Пурсиш ва посух 82).

Қадри мутаяққан ин аст ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло танҳо ба анҷоми вазифаи ақлӣ ва шаръии худ эҳтимом дорад ва дар пайи исботи мақоми хоссе барои худ нест ва аз ин рӯ, бо вуҷуди заминасозии айнӣ ва амалӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ва бархурдоӣ аз ҳамаи нишонаҳои Мансури Хуросонии мавъуд дар ривоёти мутавотири Исломӣ, иддаъое дар бораи худ намекунад; Чунонки пойгоҳи Исломӣ дар посух ба пурсише дар ин бора навишааст:

<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барканор аз иддаъоҳо ва муддаъиён, роҳи худро дар пеш гирифтааст ва мепаймояд ва вазифаи ақлӣ ва шарии худро анҷом медиҳад ва бо такя бар китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбараш ва муқтазаёти рӯшани ақлӣ, барои Зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом заминасозӣ мекунад ва ин корро дар амал ва бидуни ҳеҷ иддаъое анҷом медиҳад; Чароки бо вуҷуди амал, ниёзе ба иддаъо надорад ва иддаъоро барои бе амалон мегузорад, ҳар чанд ба фазли Худованд дар бораи хеш умедвор аст ва аз инки мавриди раҳмати ӯ қарор кирифта бошад ноумед нест; Чароки ӯ фазлӣ азим дорад ва ҳар кас аз бандагонашро ки бихоҳад машмули раҳматаш мегардонад ва ҷуз гумроҳон ва носипосон аз даргоҳаш ноумед нестанд ва ҳамаи корҳо ба Ӯ бозгашт дода мешавад.> (Пурсиш ва посух 16)

Ҳамчунонки дар посух ба пурсиши дигаре дар ин бора навиштааст:

<Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аст, на чизе камтар ва на чизе бештар; Шахсияте ки дар миёни мардум вуҷуд дорад, бо андешаҳ, ҳаракат ва ормонӣ мушаххас ва воқеъияте бар рӯӣ замин ки бо тағйири номҳо тағйир намеёбад; На бо <<Саййиди Хуросонӣ>> чизе бар ӯ афзуда мешавад ва на бо <<Инглисӣ>> ва <<Дурӯғгӯ>> чизе аз ӯ коста мешавад. Ҳар кас гӯши шунаво дорад бишнавад ва ҳар кас кар аст Худованд ҷуз бинии ӯро бар хок намолад: Мансури Ҳошимии Хуросонӣ яке аз бандагони Худо ва уммати Паёмбари Ӯ Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки аз Қуръони карим ва суннати мутавотири он Ҳазрат дар рӯшаноии ақл пайравӣ мекунад ва иддаъои набувват ё имомат ё Маҳдавият надорад ва бо ҳеҷ давлат ё мазҳаб ё гурӯҳе муртабит нест ва танҳо бо иқдомотӣ фарҳангӣ аз қабили нигориши китоб ва гуфтугӯ бо мусалмонон, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват мекунад ва барои зуҳури он ҳазрат заминасозӣ менамояд ва дар изои ин кори нек ва пурмашаққат, аз касе музде наметалабад ва танҳо аз Худованд хоҳони музд аст ва моли касеро ба ботил намехурад ва ҷони касеро ба ғайри ҳақ дар хатар намеандозад ва ба мӯрчаи хурд ва ҷондори бузургтар аз он ситаме намеварзад ва бо ин васф, агар касе даъвати ӯро иҷобат кунад ва аз ӯ ҳимоят намояд, бо назар ба ростии сухан ва дурустии кори ӯ бар пояи адиллаи ақлӣ ва шаръӣ ва бо ангезаҳои заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст ва агар касе ин корро накунад ё ба ҷои ин кор бо ӯ душманӣ варзад, ба ӯ зиёне намерасонад ва танҳо худро аз хайре маҳрум месозад ё дар шарре меандозад ва Худованд ба кори ҳамагон огоҳ аст. Бинобарин, Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, танҳо мусалмонӣ олим ва парҳезкор аст ки мусалмононро аз пайравӣ ҳокимони ситамгар ва зӯргӯ боз медорад ва ба пайравии Маҳдӣ фаро мехонад ва аз пайравии зунун ва авҳом наҳй мекунад ва ба пайравии илм ва яқин амр менамояд ва аз ҷаҳл ва тақлид ва аҳвоъи нафсонӣ ва дунёгароӣ ва таъассуб ва такаббур ва хурофагароӣ бар ҳазар медорад ва ба иқомаи Исломи холис ва комил дар партуви Қуръон ва суннат ва ақл таҳриз мефармояд ва бо ин васф, касоне ки эшонро душман медоранд, дар пешгоҳи Худованд узре надоранд ва бояд худро барои азоби Ӯ омода созанд; Чароки возеҳ аст душманӣ кардан бо чунин касе ҷойиз нест, балки дӯстӣ кардан бо ӯ воҷиб аст ва касе ки бо ӯ душманӣ мекунад, золим ва мутаъаддӣ аст; Монанди касе ки ба ӯ иҳонат мекунад ва касе ки ӯро истеҳзоъ менамояд ва касе ки ба ӯ тӯҳмат мезанад ва касе ки бар ӯ дурӯғ мебандад ва касе ки аз ӯ боз медорад ва рӯшан аст ки ҳамаи ин касон дар залолатӣ ошкоранд ва барои онон кайфарӣ сахте хоҳад буд.> (Пурсиш ва посух 10).

Бо ин ҳол, гурӯҳе аз мардум мӯътақиданд ки аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло, ҳамон Мансури Хуросонии мавъуд дар ривоёти мутавотири Исломӣ аст ва ин ақидае аст ки дурустии он ақлан мӯҳтамал аст ва бо китоби Худованд ва суннати мутавотири Паёмбараш мунофоте надорад ва аз ин рӯ, дар ҷои худ қобили эҳтиром, балки қобили дифоъ шумурда мешавад; Чунонки ин пойгоҳи Исломӣ дар посух ба <<Ҷамъе аз ҷавонони дӯстдори ҳазрати Маҳдӣ>> ки ҳадисе аз Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ин бораро зикр карда ва талвиҳан мунтабиқ бар наҳзати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло шумурдаанд, навиштааст:

<Ин мазмуни ҳадиси мутавотире аст ки дар миёни аҳли ҳадис ба <<Ҳадисул роёт>> машҳур аст ва муҳаддисони шиъа ва аҳли суннат ҳар ду бо асноди мухталиф дар кутуби мӯътабар ривоят кардаанд ... ва бархӣ ба сиҳҳати он ва шӯҳраташ дар миёни салаф тасриҳ намудаанд. Мутобиқ бо ин ҳадиси мутавотир ва машҳур, пайвастан ба наҳзате ки аз шарқи Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ зоҳир мешавад ва ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умуман ва Маҳдӣ алайҳи салом хусусан даъват мекунад ва барои ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом заминасозӣ менамояд, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст ва ин наҳзате аст ки бархӣ аҳли илм онро наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ медонанд; Чароки наҳзати ин бузургвор, аз шарқи Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ зоҳир шудааст ва ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умуман ва Маҳдӣ алайҳи салом хусусан даъват мекунад ва барои ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом заминасозӣ менамояд ва пеш аз он ҳеҷ наҳзати дигаре бо ин хусусият дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ зоҳир нашудааст ва пас аз он низ ҳар наҳзати дигаре ки –фарзан– бо ин хусусият дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ зоҳир шавад, ногузир дунболарави он хоҳад буд; Зеро дар воқеъ кореро анҷом хоҳад дод ки пештар ба василаи он оғоз шуда ва оғози дуборааш таҳсили ҳосил аст ки мумкин нест ва бо ин васф, танҳо идомаи наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мумкин аст ки пайравӣ аз ӯ маҳсуб мешавад ва рӯшан аст ки пайравӣ кунанда аз пайравӣ шаванда авло ба пайвастан нест то амри Худованд ба он маъқул бошад; Чароки муқаддам доштани тобеъ бар матбуъ қабеҳ аст ва аз Худованд содир намешавад; Чунонки фармудааст: «أَفَمَنْ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ أَحَقُّ أَنْ يُتَّبَعَ أَمَّنْ لَا يَهِدِّي إِلَّا أَنْ يُهْدَىٰ ۖ فَمَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ» (Юнус/ 35); <<Оё пас касе ки ба ҳақ роҳ менамояд сазовортар аст ки пайравӣ шавад ё касе ки худ роҳ намеёбад то он гоҳ ки роҳнамоӣ шавад?! Шуморо чи мешавад чигуна қазоват мекунед?!>>; Ҳамчунонки муқаддам доштани масбуқ бар собиқ қабоҳат дорад ва бар хилофи ҳукумат ва адолати Худованд аст; Чунонки фармудааст: «ثُمَّ أَوْرَثْنَا الْكِتَابَ الَّذِينَ اصْطَفَيْنَا مِنْ عِبَادِنَا ۖ فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِنَفْسِهِ وَمِنْهُمْ مُقْتَصِدٌ وَمِنْهُمْ سَابِقٌ بِالْخَيْرَاتِ بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ ذَٰلِكَ هُوَ الْفَضْلُ الْكَبِيرُ» (Фотир/ 32); <<Сипас китобро ба касоне аз бандагонамон ки баргузидаем мерос додем, пас аз онон касе аст ки ба худ ситам мекунад ва аз онон касе аст ки миёнарав аст ва аз онон касе аст ки ба изни Худованд дар хайрот сибқат мегирад ва он ҳамоно фазилати бузург аст>> Ва фармудааст: «أُولَٰئِكَ يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَهُمْ لَهَا سَابِقُونَ» (Мӯъминун/ 61); <<Онон дар хайрот шитоб мекунанд ва онон дар он пешгомонанд>>! Аз ин рӯ, ба бовари ин даста аз аҳли илм, агар наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ барои даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозии зуҳури ӯ зоҳир шудааст, мисдоқи ин ҳадис набошад, ҳеҷ наҳзати дигаре баъд аз он, мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд; Зеро ҳар наҳзате ки баъд аз он дар ин минтақаи ҷуғрофиёӣ зоҳир шавад, аз ду ҳол берун нахоҳад буд; Ё монанди наҳзати Мансур, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват ва барои зуҳури ӯ заминасозӣ хоҳад кард ки дар ин сурат монанди наҳзати Мансур мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд ва ё бар хилофи наҳзати Мансур, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват ва бар зуҳури ӯ заминасозӣ нахоҳад кард ки дар ин сурат ба тариқи авло мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд; Чароки ин ҳадис, даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозӣ барои зуҳури ӯро хусусияти мисдоқи худ донистааст.

Ҳосил онки қавл ба сидқи ин ҳадис бар наҳзати Мансури Ҳошимии Хуроснӣ, қавле аст дар ниҳояти қувват, балки ҷазм ба он, чунонки барои бархӣ аз аҳли илм ҳосил шуда, дар ғояти виҷоҳат аст ва ин фориғ аз авсоф ва аломати дигаре аст ки дар ин шахсияти бузург вуҷуд дорад ва бо аҳодиси ин бобо мувофиқ аст.> (Нақд ва баррасии 11).

6. Иллати истифода аз парчамҳои сиёҳ дар наҳзати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло чист?

Наҳзати Исломии аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло бо парчамҳои сиёҳ шинохта шудааст. Ин пойгоҳи Исломӣ, дар посух ба пурсише дар ин бора навиштааст:

<Рамзи истифодаи эшон аз парчамҳои сиёҳ се чиз аст:

Якум инки истифода аз парчамҳои сиёҳ, суннати Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст; Чароки бинобар ахбори мутавотир, ранги парчами он Ҳазрат дар ҷангҳо сиёҳ будааст ва бо ин васф, истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ дар ҷанги фарҳангии бузурге ки барои муқобила бо ҷаҳл ва тақлид ва аҳвоъи нафсонӣ ва дунёгароӣ ва таъассуб ва такаббур ва хурофагароӣ дар миёни мусалмонон ва иқомаи Исломи холис ва комил оғоз карда, аз боби таъассӣ ба Расули Худо салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва эҳёиъ шиъори Исломӣ аст ва корӣ намодин барои ишора ба наҳзати <<Бозгашт ба Ислом>> шумурда мешавад.

Дувум инки истифода аз парчамҳои сиёҳ, расмӣ ройиҷ дар миёни азодорон аст ва намодӣ мутаъораф барои эъломи мусибат ба шумор меравад ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар мусибати ғиёби Маҳдӣ алайҳи салом ва инҳитоти амиқ ва густардаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мусалмонон азодор аст ва аз ин рӯ, то замони зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом ва ислоҳи умури мусалмонон, аз парчамҳои сиёҳ истифода мекунад то таваҷҷуҳи ҳамагонро ба вуҷуди мусибатӣ бузург ва зойеъаи таъассуфбор дар ҷаҳон ҷалб намояд.

Севум инки истифода аз парчамҳои сиёҳ, тақобулӣ ошкор бо гурӯҳи золим ва муфсиде мавсум ба <<Доъиш>> аст ки ба тозагӣ дар ғарби ҷаҳони Ислом зуҳур карда; Чароки ин гурӯҳ аз парчамҳои сиёҳ истифода намуда ва муддаъӣ эҳёъи хилофати Исломӣ аст ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо истифода аз парчамҳои сиёҳ дар партуви бозтаърифи хилофати Исломӣ ва даъват ба сӯӣ хилофати Маҳдӣ алайҳи салом ба ҷои хилофати доъишӣ, дар садади муқобила бо ин инҳирофи бузург ва хатарнок аз масири Исломи холис ва комил ва эҷоди рақобати фарҳангӣ бо он баромадааст; Чунонки худ бо ишора ба ин гурӯҳ дар бахше аз китоби <<Бозгашт ба Ислом>> (с 341) фармудааст:

<<Пас хостам ки аз ин фитна пешгирӣ кунам ва майдонро аз чунин касоне бигирам; Бал шунидам ки нидоӣ ба ботил дар ғарб баланд шудааст, пас хостам ки нидоӣ ба ҳақ дар шарқ баланд шавад, то танҳо нидоӣ ба ботил дар ҷаҳон шунида нашавад, мабодо мусалмонон бар ботил иҷтимоъ кунанд ва азоби Худованд бар онон нозил шавад; Чароки ҳукумат танҳо барои Худованд аст ва онро ба ҳар кас аз бандагонаш ки хоҳад, месупорад ва Ӯ касе ҷуз Маҳдии Фотимиро нахоста ки мавриди ризои Оли Муҳаммад ва мавриди ризои ҳамаи мусалмонон аст>>.

Ба ин тартиб, акнун ду парчами сиёҳ дар ҷаҳони Ислом барафрошта шудааст ки яке дар ғарб ба сӯӣ хилофати доъишӣ даъват мекунад ва аз ҳамаи имконоти моддӣ ва таслиҳотӣ дар сояи ҳимояти коффор ва мунофиқин бархурдор аст ва ба иқтизои хабосат, ҳар магасеро аз гӯша ва канори ҷаҳон ҷазб мекунад ва дигарӣ дар шарқ ба сӯӣ хилофати Маҳдӣ даъват мекунад ва дар сояи адовати куффор ва мунофиқин аз ҳеҷ имконоти моддӣ ва таслиҳотӣ бархурдор нест ва ба иқтизои пок будан, барои магасоне ки ҷаҳонро пур кардаанд ҳеҷ ҷаззобияте надорад ва дар авҷи ғурбат ва мазлумият ба талошҳои илмӣ ва фарҳангии худ барои бедории мусалмонон ва бозгашти онон ба Исломи холис ва комил идома медиҳад. Албатта рӯшан аст мусалмонон метавонанд ба ҳар як аз ин ду парчам ки аҳақ меёбанд ва бо китоби Худованд ва суннати Паёмбари Ӯ салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мувофиқтар ташхис медиҳанд, мулҳақ шаванд, вале тардиде нест касоне ки ба хабосат зулм ва ҷиноят моиланд ва дар паӣ таҳорат адл ва ҳикмат нестанд ва сарват ва касрат ва таслиҳотро бар илм ва ҳуҷҷат ва истизъоф дар замин тарҷиҳ медиҳанд, ҳаргиз ба сӯӣ парчами шарқ намеоянд, балки ба сӯӣ парчами ғарб мешитобанд; Зеро танҳо касоне ба сӯӣ парчами шарқ меоянд ки дил аз дунё гусастаанд ва ба охират пайвастаанд ва аз банди ҷаҳл ва тақлид ва аҳвоъ ва таъассуб ва такаббур ва хурофот растаанд ва онон бисёр маъдуд ва андаканд. Аммо дар ин бурҳаи пурошуб, бадбахтар аз ҳама касоне ҳастанд ки ба сабаби бемории дил ва кӯрии чашм ва сангинии гӯш ва гунгии забон ва кӯтоҳии дасташон, дар миёни ин ду парчам ҳайрон ва саргаштаанд; На ба парчами сиёҳи ғарб мепайванданд то ба дунё даст ёбанд ва на ба парчами сиёҳи шарқ то ба охират, балки ҳар дуро бо як чӯб мезананд ва аз ҳар як ба баҳонае боз мемонанд; Чунонки Худованд фармудааст: «مُذَبْذَبِينَ بَيْنَ ذَٰلِكَ لَا إِلَىٰ هَٰؤُلَاءِ وَلَا إِلَىٰ هَٰؤُلَاءِ وَمَنْ يُضْلِلِ اللَّهُ فَلَنْ تَجِدَ لَهُ سَبِيلًا» (Нисоъ/ 143); <<Дар миёни он ду саргаштаанд, на ба сӯӣ ин ва на ба сӯӣ он ва ҳар касро Худованд гумроҳ кунад, барояш роҳе нахоҳӣ ёфт>>! Борӣ инҳо ҳастанд ки бадбахттарин мусалмононанд; Чароки дунё ва охиратро бо ҳам аз даст медиҳанд ва ин ба ростӣ зиёнӣ ошкор аст; Чунонки Худованд фармудааст: «خَسِرَ الدُّنْيَا وَالْآخِرَةَ ذَٰلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ» (Ҳаҷ/ 10); <<Дунё ва охиратро бо ҳам бохт! Он ҳамоно зиёни ошкор аст>>!

Ин рамзи истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ аст, аммо кош касоне ки ҳамаи ҳамми худро маътуф ба ҳавошӣ наҳзати эшон кардаанд ва ҷуз дарбоари мушаххасоти зоҳирӣ ва ранги парчамҳои эшон пурсише надоранд, ба матни паёми муҳим ва инқилобияшон назар бипардозанд ва ин андоза дур аз илм, ҳикмат ва фарзонагӣ набошанд; Чароки ҳаргиз нахоҳанд тавонист аз ҷойӣ ин андоза дур, ба он даст пайдо кунанд; Чунонки Худованд фармудааст: «وَأَنَّىٰ لَهُمُ التَّنَاوُشُ مِنْ مَكَانٍ بَعِيدٍ» (Сабаъ/ 52); <<Ва чигуна метавонанд аз ҷойӣ дур ба он даст пайдо кунанд!?>>.> (Пурсиш ва посухи 8).

7. Оё мулоқот бо аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло мумкин аст? Чигуна?

Дар ҳоли ҳозир, мулоқот бо аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло барои ёрони наздики эшон мумкин аст ки аз миёни аъзоъи фаъоли ин пойгоҳи Исломӣ интихоб мешавад. Бинобарин, касоне ки мойил ба мулоқот бо ин бузургвор ҳастанд метавонанд форми узвияти фаъол дар ин пойгоҳӣ Исломиро пур кунанд.