Чоршанбе 18 январ 2017 мелодӣ баробар бо 20 рабеъ-ул-сони 1438 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی

Мансури Ҳошимии Хуросони

* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.

Оршив

Корбари гиромӣ! Сол ва моҳи мавриди назари худро интихоб кунед.
Сол
Ҳама
  • Ҳама
  • 2016
  • 2017
Моҳ
  • Ҳама
  • Январ
  • Феврал
  • Март
  • Апрел
  • Май
  • Июн
  • Июл
  • Август
  • Сентябр
  • Октябр
  • Ноябр
  • Декабр
Натиҷаи
2
* July 2016
Иттилоъияи дафтари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло дарбораи ҳилоли моҳи шаввол
بسم الله الرّحمن الرّحیم Дар посух ба пурсишҳои мукаррари бародарон ва хоҳарони мусалмонон, бидуни васила ба иттилоъи онон мерасонем ки то ин лаҳза ҳеҷ хабари мувассақӣ ҳокӣ аз рӯъяти ҳилоли моҳ шаввол ...
ҳилоли моҳ

بسم الله الرّحمن الرّحیم

Дар посух ба пурсишҳои мукаррари бародарон ва хоҳарони мусалмонон, бидуни васила ба иттилоъи онон мерасонем ки то ин лаҳза ҳеҷ хабари мувассақӣ ҳокӣ аз рӯъяти ҳилоли моҳ шаввол дар яке аз кишварҳои ҷаҳон нарасида ва бо ин васф, сешанбе 5/07/2016 сиёми моҳи мубораки рамазон ва чаҳоршанбе 6/07/2016 аввали моҳи шаввол ва иди саъиди фитр аст.

Зимнан ба бародарон ва хоҳарони мусалмон мерасонем ки закоти фитр, яке аз масодиқи закот аст ки Худованд дар китоби худ фарз фармуда ва Паёмбараш – бинобар ривоёти мутавотир ва машҳур – аз чуну чарои он хабар дода ва ба муҷиби онҳо, ҳар мусалмони дорои иститоъате мукллаф аст ки аз субҳи рӯзи аввали шаввол (тарҷиҳан пеш аз намози иди фитр), ба азои худ ва ҳар як аз оъилааш, айн ё қимати як соъ аз таъоми ғолиби худ ва ононро ба аснофи мазкур дар ояи 60 сураи муборакаи Тавба хусусан фуқаро ва мискинон бирасонид ва як соъ – бинобар назари аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло – баробари ҳудуди севуним килограм аст ки ҳудуди ним килограм аз соъи машҳур бештар аст.

Бо орзуӣ қабулӣ ибодот

Дафтари ҳифз ва нашри осори аллома Мансури Ҳошимии Хуросоӣ

Душанбе 4/07/2016

Китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба забони тоҷикӣ мунташир шуд.
Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> асарӣ мумтоз, арзишманд ва инқилобӣ дар ҳавзаи Исломшиносӣ аст ки бо нақди хирадварзонаи қироъати мавҷуд аз Ислом ва бозтаърифи мабонӣ ва манобеъи он, ба ...
Сухани ношир <<Закотул илми нашруҳ>>

Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> асарӣ мумтоз, арзишманд ва инқилобӣ дар ҳавзаи Исломшиносӣ аст ки бо нақди хирадварзонаи қироъати мавҷуд аз Ислом ва бозтаърифи мабонӣ ва манобеъи он, ба ҳамроҳи осебшиносии торихии ақойид ва аъмоли мусалмонон, бар пояи яқиниёт ва мусалламоти Исломӣ ва бар канор аз пешфарзҳо ва пешфарзҳо ва роҳбурдҳои заннӣ, ба сӯи иқомаи Исломи комил ва холис дар сартосари ҷаҳон даъват мекунад. Нигорандаи донишманд ва фарзонаи ин китоб, ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, бо нубуғи хос ва Худододии худ ки бар аҳли диққат ва фаросат пӯшида нест, бунёдитарин мабоҳиси илмӣ ва тахассусӣ дарбораи Исломро бо иборотӣ гӯё ва қобили фаҳм барои умуми мусалмонон, матраҳ мекунад ва бо беэътиноии амдӣ ба истилоҳоти ройиҷ ва иҷтиноби огоҳона аз лаффозиҳо ва зиёдагӯиҳои маъмул, амиқтарин ва дақиқтарин маъорифи Исломро бо содатарин ва шафофтарин услуб, ба риштаи таҳрир дар меоварад ва бо ворастагии комил аз фирқаҳо ва мазоҳиби гуногун ва озодагии далерона аз қолибҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ, дар ҳайъати як мусалмони ҳаниф зоҳир мешавад ва бародарон ва хоҳарони ҳамсафари худ аз ҳар фирқа, мазҳаб ва сарзамнро по ба пои худ, аз замин то осмони маърифати динӣ мерасонад; Чароки ҳамаи пешфарзҳои Исломиро ба каноре мениҳад ва аз мабодии аввалия оғоз мекунад ва сипас дар сафари дарози илмӣ ва маърифатии худ, бо пояфзори хирад дар рӯшанойии китоби Худованд ки чунон чароғе дар пешрӯӣ ӯ медурахшад, ба волотарин улум ва маъорифи Исломӣ даст меёбад ва дар ин миён, ҳаргиз ба куллигӯӣ ва баёни мафоҳими интизоъӣ басанда намекунад, балки бо басират ва огоҳии комил нисбат ба аҳли замони худ, масодиқи айнӣ ва воқеъӣ дар ҷаҳони Исломро меёбад ва муъаррифӣ мекунад ва аз ифшои иштибоҳот ва инҳирофоти мусалмонон бо шеваи хайрхоҳона ва ислоҳгарона, боке ба худ роҳ намедиҳад.

Ӯ бегумон бо андешаҳои воло ва жарфи худ, китоберо ба риштаи таҳрир даровардааст ки метавонад муҷиби бедории мусалмонони ҷаҳон ва бозгашти онон ба Исломи ноб ва раҳоияшон аз зиллат ва масканати кунунияшон бошад; Китобе ки бо теғи тези наққодии худ, ҷисми бемор ва ранҷури уммати Исломиро мешикофад ва решаи нокомиҳо ва нобасомониҳои онро бо сароҳати лаҳҷа ва шуҷоъатӣ беназир, эълом менамояд; Китобе ки аз воқеъияти асафбори мавҷуд дар ҷаҳони Ислом, ба унвони чизе ки ҳаст, парда бармедорад ва аз ҳақиқати гумшудаи Исломи ростин ба унвони чизе ки бояд бошад, сухан мегӯяд; Китобе ки мутаъаллиқ ба ҳеҷ мазҳаб ё сарзамине нест, балки мутаъаллиқ ба Исломи асил ва ҳамаи пайравони он дар саросари ҷаҳон аст ва ҳар мусалмони озодандеш ва рӯшанзамире аз ҳар мазҳаб ва сарзаминеро бо худ ҳамроҳ мекунад ва нидои осмонии бедории Исломӣ ва бозгашт ба омӯзаҳои асил ва фаромӯш шудаи Исломиро дар шарқ ва ғарби ҷаҳон танинандоз месозад.

Бар ин асос, аз ҳамаи касоне ки арзиши ин мактаб ва идеологии Исломиро дарк мекунанд, даъват менамоим ки моро дар тарҷима, чоп ва нашри он миёни мусалмонони ҷаҳон, ёри кунанд; Чароки ин кор, бо вуҷуди мухолифатҳо ва сангандозиҳои гуногун, коре ба ғоят душвор ва нафасгир аст ва аз ин дафтари мустақил ва мардумниҳод бо тавоноӣ ва бизоъати ночизаш сохта нест.

Китоби шарифи бозгашт ба ислом мунташир шуд
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.