Шанбе 19 октябр 2019 мелодӣ баробар бо 20 сафар 1441 ҳиҷрӣ қамарӣ
     
Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
* Китоби шарифи <<Ҳиндисаи Адолат>> асарӣ арзишманд аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло мунташир шуд. * Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Нақдҳо ва баррасиҳо

Нақдҳо ва баррасиҳо дар бораи Пайдоиши мазоҳиб ва рақобати онҳо бо якдигар

Код Шумора Мавзӯъ ва матни нақд Нависандаи нақд Тарихи нақд Таълиқ
2
Мавонеъи бозгашт ба Ислом; Пайдоиши мазоҳиб ва рақобати онҳо бо якдигар
Суҳайли Қуддусӣ 12/06/2018
1
Мавонеъи бозгашт ба Ислом; Пайдоиши мазоҳиб ва рақобати онҳо бо якдигар
Ба номи Худованди ҷону хирад, К-аз у бартар андеша барнагзарад. Баъд аз ҳамди Аллоҳ таборак ва таъоло ва дуруди бепоён бар сарвари койинот, фахри мавҷудот ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ро комилан мутолиъа намудам бисёр дақиқ, ҳудуди як ҳафта болояш вақт гузоштам, аммо чизе ҷуз таноқузоти фоҳиш дар ин китоб надидам, ҳамон ангезаҳое ки қабл аз хондани китоб ба ҷаноби алломаи Хуросонӣ доштам, комилан аз байн рафт. Ман аз ҷумла таноқузот чандтояшонро менависам: 1. Тавҳин ба асҳоб фисқ аст, вале худаш мустақиман асҳобро ба нофаҳмӣ муттаҳам мекунад ҳатто ба андозае ки бузургтарин масъалаи динашонро надонистаанд. Ин на танҳо тавҳин ба асҳоб аст, балки тавҳин ба муъаллимашон аст! 2. Ҳукумате ки ҳокими он аз тарафи Худованд (ҷ) таъйин нашуда бошад тоғутӣ аст ва атбоъи он ҳам абдуттоғут ҳастанд. Бано бар ин ҳукумати Абубакр ва Умар тоғути аст ва аз ин гуфта тавре бардошт мешавад ки наъузубиллоҳ Алӣ ибни Абу Толиб абдуттоғут будааст! 3. Худи ҷаноби Хуросонӣ гуфта ҳанифан муслиман ҳастам, вале ман ҷуз тарафдорияш аз шиъа ҳақиқати бештаре наёфтам. Дар китобаш, то ҷойе ки бар имомони арбаъаи аҳли суннат эътироз дошта ва саҳиҳтарин китобашон ба заъфурривоя фи баъзил амокин таъбир карда, вале надидам ки ҷойе аз китоби пур нақс ва мутаноқизи Куланӣ ҳатто як нақд карда бошад! 4. Қойил ба таҳрифи Қуръон нест, вале аз мазҳаби ташаюъ ҷонибдоронатар дифоъ намуда, ҳол онки китоби Кофӣ бобе ба номи <<Қуръонро ҷуз аъима касе ҷамъоварӣ накарда ва ҳар кас иддаъои ҷамъоварӣ кулли Қуръонро карда бошад дурӯғ гуфта>> вуҷуд дорад! 5. Дигаронро аз пайравии занн боз дошта, ҳол онки худаш аз занн ки чи ҳатто аз хаёл пайравӣ мекунад. Маҳдиро дуруст огоҳ нест ки мутаваллид шуда ё на, вале мутмаъинан барои зуҳури хиёлиаш заминасозӣ мекунад! 6. То замоне барои ҳукумати Маҳдӣ заминасозӣ нашавад, ӯ зуҳур намекунад, ҳол онки ин худаш он қадр бемафҳум аст ки ба ҳеҷ унвон намеша тавҷиҳаш кард! Инҳо мушт намунаи харвор аст! Хатте аз китобашро надидам ки бо хатти дигаре дар таноқуз набошад! Ба ҳар ҳол чи тарҳи рангаӣ ки дорад ин китоб!
Абдурраззоқ 18/01/2016
Рафтан ба
шумораи
Ибтидо/1/Интиҳо
Рафтан ба
саҳифаи
Донлуди маҷмӯъаи нақдҳо ва баррасиҳо
Нақдҳо ва баррасиҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.
×
Оё моилед дар хабарномаи пойгоҳ узв шавед?