Сешанбе 23 январ 2018 мелодӣ баробар бо 7 ҷимоди-юл-уло 1439 ҳиҷрӣ қамарӣ فارسی English
Мансури Ҳошимии Хуросони
* Бахши «Номаҳо» ҳовии номаҳое аз ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло роҳандозӣ шуд. * Дарсҳои шайх Солеҳи Сабзаворӣ бо мавзӯъи шарҳи китоби «Бозгашт ба Ислом» дар бахши «Шарҳҳо» қобили дастрасӣ аст. * Китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> навиштаи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ бо хазинаи ҷамъе аз мӯъминони некукор ва ба сурати вақф мунташир шуд. * Саҳифаи расмӣ дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар шабакаи иҷтимоъии фесбук роҳандозӣ шуд.
loading

Нақдҳо ва баррасиҳо

Нақдҳо ва баррасиҳо дар бораи 
Коди
нақд
ШумораМавзӯъ ва матни нақдНависандаи
нақд
Тарихи
нақд
Таълиқ
1
Куллиёт
Ризо Муродӣ06/01/2015
2
Шинохти Ислом
Абдуллоҳ Дастҷирдӣ19/01/2015
3
Зарурат ва имкони бозгашт ба Ислом
Муртазоӣ Саворӣ21/01/2015
4
Куллиёт
Киёнуши Қосимпур24/01/2015
5
Шинохти Ислом
Ман ин китобро мутолеъа кардам. Дар воқеъ нисбат ба андешаи ташаюъ, беҳтар ва ба ҳақ наздиктар буд, вале Хуросонӣ ҳам мисли ҳамаи шиъаён мушрик ва кофир маҳсуб мешавад; Зеро бо дидгоҳи худ, оёти Қуръониро тафсир ба раъй кардааст; Зеро агар қабл ва баъди бисёрӣ аз оётро ки далили барои дидгоҳи худ овардаро бихонӣ мутаваҷҷеҳ мешавед рабте ба сиёқи баҳс надорад. Албатта аксари оёт ва на ҳама. Масалан дар ояи таҳорат Худои субҳон дақиқан ҳамаи занони Паёмбарро хитоб қарор медиҳад, дар ҳоле ки Мансур вилоятро бо он исбот мекунад ва онро мунҳасир дар Алӣ ва Фотима ва Ҳасанайн (а) мекунад ҳар чанд дар таҳорати онон шакке нест ва солеҳ буданд. Ба ҳар ҳол мунтазири нақ ҳастам. Банда тавсия мекунам ин нависанда ибтидо таҳқиқ кунанд бубинанд киро мепарастанд; Чун бо матолибе ки шумо ва шиъаён мегӯйед воқеъан Худоро ғофилгир мекунад.
Аҳмад30/01/2015
6
Мавонеъи бозгашт ба Ислом
Маҳмуд Фарзин05/02/2015
7
Шинохти Ислом
Алии Розӣ12/02/2015
8
Шинохти Ислом
Кушо Фарҳанг20/02/2015
9
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Муҳаммад21/02/2015
10
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Саййид Эҳсон22/03/2015
11
Куллиёт
Ҷамъе аз ҷавонони дӯстдорони ҳазарти Маҳдӣ23/04/2015
12
Куллиёт
Муҳаммад Сиддиқ14/06/2015
13
Мавонеъи бозгашт ба Ислом
Ҳасан Алӣ26/06/2015
14
Мавонеъи бозгашт ба Ислом
Ҳасан Алӣ26/06/2015
15
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Асғарзода26/07/2015
16
Куллиёт
Илҳом. Ҳ24/10/2015
17
Шинохти Ислом
Баҳси ақлонист ва лузуми он ва ҳамхонӣ бо шариъатро комилан хондам ва баҳсҳои дигар дар дасти мутолиъа аст. Аз инки муқаллид ва тақлидро бозшикофӣ кардаанд бисёр хурсанд шудам ва аммо инки хотимияти Паёмбари Исломро бо имомат васл кардаанд на ақлонӣ ёфтам ва на мувофиқи Қуръон; Ақлонӣ аз инки 11 имом дар даврони кӯтоҳе аз торих меоянд ва мераванд ки ҳеҷ кадом аз он бузургворон, рисолаӣ набигуна бар башарият надоштаанд, ило Ҳусейн (а) ки золимситезиро омӯзиш дод ва пайравонаш мутаъассифона дар маросими азодории он бузургвор, худ зулмпарвар шудаанд. Ҳузур ва зуҳури 11 имом ва қатъи ногаҳонии рисолати ононро мухолифи адолати Илоҳӣ ёфтам ки бар уммати ҳозир рафтааст ё ки инро шайтанате бар алайҳи Ислом ва ташобеҳ ба силсила маротиби шоҳаншоҳӣ медонам ки муллоён барои худ сохта ва пардохта ва дунёи худро пур кардаанд (дакокин). Ишора ба ояҳои «وَ نُرِیدُ أَنْ نَمُنَّ» ва оёти муносиби он ҳеҷ гуна исботи зуҳури имом Маҳдиро башорат намедиҳад, балки бештар насли башар ба такомули фикрӣ ва ақлонии ӯ аст ки ҷаҳони ояндаро хоҳад сохт ва дину динбозӣ ҳам хотима меёбад (ояҳои «فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِی فَطَرَ النَّاسَ» муъаяди ин башорат аст) ва ҳазорон ва ва ва-и дигар. Чи хуб буд ки рӯй дар рӯй ин баҳс идома медошт.
Исҳоқ Ҳамид28/10/2015
18
Мавонеъи бозгашт ба Ислом
Саййид Содиқ Мӯсавӣ06/11/2015
19
Куллиёт
Ризо Розӣ01/12/2015
20
Мавонеъи бозгашт ба Ислом
Абдурраззоқ18/01/2016
21
Шинохти Ислом
Бо салом хидмати асотиди мӯҳтарам; Шумо ки сохтаи зеҳни худро имоми худ намедонед ва аз яқин пайравӣ мекунед ва ба таколифи шаръӣ ва ақлии Ислом барои ҳокимияти охарин валийи амри муслимин талош мекунед. Ва аммо баъд... Яке аз дӯстон дар мавриди хумс таҳқиқоти фаровоне кардааст ва ба истилоҳ аз гуфтори уламо ва асноди эшон ба натиҷае расидааст ки гуфтори ҳазрати аллома дар таноқуз аст ва 2 суъол баён карданд ва хостанд бо санад ва мадрак баён кунед. Дар мавриди хумс дар саифаи 323 [китоби <<Бозгашт ба Ислом>>] марқум шудааст ки хумс аз замони ҳазрати Умар ба баъд ба аҳли байт пардохт нашудааст. Бо ин васф 1 . Тибқи суннати Паёмбар (с) хумс ба чи амволе таъаллуқ мегирифта ки Паёмбар хумси онро вусул мекардааст? 2 . Асноде ки нишон медиҳад Паёмбар хумсро мегирифтанд ва байни аҳли байти худаш тақсим мекарда [кадом] аст? Дар сурате ки мутуни Исломӣ машҳур аст ки Паёмбар ҳатто як бор чунин коре накардааст! Бо ташаккур
Мауҳаммад Ҷавод08/02/2016
22
Мавонеъи бозгашт ба Ислом
Умар Абубакр11/02/2016
23
Куллиёт
Ман китоби ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросониро дақиқ мутолеъа кардам, аз ибтидо то интиҳо. Ман дар мавриди мушаххасот ва акси эшон суъоле надорам; Зеро навиштори эшон ношон диҳандаи мушаххасоти эшон аст ва ҳамонанди сарварамон имом Маҳдӣ аз суннати яқинӣ ва ҳақиқӣ сӯҳбат кардаанд ва ҳамаи мусалмононро даъват ба мусалмонӣ кардаанд; Зеро Аллоҳ мусалмононро даъват ба мусалмонӣ кардааст ва албатта дар муқобили эшон касеро мебинам ки ҳама ӯро мешиносанд ва баёнӣ ҳамонанди дигар уламо дорад ва наздик ба нимае аз иҷтиҳодоташ эҳтиёт аст ва заннӣ!! Ва даъват ба худаш мекунад ва вақте чоплусон ва нӯкарони мунофиқона ба ӯ мегянд саййиди Хуросонӣ!! Бо сукут ва лабханд онҳоро таъйид мекунд ва абои сиёҳашро ба унвони парчами ӯ муъаррифи мекунанд!! Ва аммо баъд.. Ин ҷониб дар даъвати шаръӣ ва ақлии ҳазрати аллома ба сӯӣ халифаи Худо ва танҳо валии амри муслимини боқӣ монда шакке надорам ва бо эшон ҳамроҳ ва ҳам садо ҳастам, аммо эшон дар ҷойе фармудаанд ки ҳамон тавр ки Муслим барои Ҳусейн (а) байъат ҷамъ карданд ман ҳам дар Хуросон барои Маҳдӣ (аҷ) байъат мегирам. Бо инки шак надорам ва яқин дорам ки ин байъат гирифтан ва байъат додан ҳукми шаръи ва ақли аст, аммо суъол инҷост ки Муслим изни байъат гирифтан дошт. Оё қиёси эшон дар ҳамин робита аст?
Муштоқи имом Маҳдӣ12/02/2016
24
Шинохти Ислом
Зимни ташаккур аз посухҳои дақиқи ҳазарот ба суъолоти матраҳ шуда ва ёдоварии ин нукта ки муроҷиъини ба соёт, посухҳоро бо диққат ва резбинӣ баррасӣ мекунанд ва хурдтарин хато ё саҳлангорӣ дар посухҳо аз назари эшон дур намемонад ва ин раванд то расидан ба натиҷа ва тасмимгирӣ идома хоҳад дошт; Чун дар ин бурҳаи ҳассос, гирифтани тасмими аҷулона ҳазинаҳои зиёде дар пай хоҳад дошт. Баъзе аз мо дар гузашта ҳазинаҳои моддӣ ва маънавии зиёде пардохт кардаем ки боъиси ақабмондагӣ ва сархурдагии мо дар ҷомеъа шудааст. Аз тарафе дилбастагӣ ба имом Маҳдӣ ва аз тарафе заъфи моддӣ ва маънавӣ, моро дар як кашмакаши тӯлонӣ муддат қарор додааст ки гӯё поёне надорад! Аз тарафе таҳаммули фишорҳои дарунӣ ва берунии ҷисми ва руҳи моро хаста ва фарсуда кардааст. Ҳар чанд шайтон комилан бар мо мусаллат нашуда ва мо ҳанӯз комилан таслим нашудаем, вале хеле заъиф ва фарсуда шудаем ва эҳсоси хатар мекунем. Ҳол аз аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъолло дархост мекунем ки аввалан барои мо дуъо кунад ва ҳам дуъоӣ корсоз ба мо ёд бидиҳад то ба василаи он заъфҳои моддӣ ва маънавии худро бартараф кунем ва қуввате ба даст оварем то ба василаи он битавонем аз аҳдофи мутаъолии имом Маҳдӣ пуштибонӣ кунем ва Худовандро хушнуд кунем. Магар соҳибдиле рӯзе зираҳмат Кунад дар ҳаққи мискинон дуъое
Ҳодӣ14/02/2016
25
Шинохти Ислом
Ин ҷониб вақте наҳзати Бозгашт ба Исломро ба дӯстон ва наздикони хеш муъаррифӣ мекунам ва вақте исми заминасозӣ барои охарин валии амри муслимин меояд бо тамасхур ва ришханд мегӯянд: Мо ин қадар гирифтор ҳасте ки вақт надорем шиками худро сер кунем!! Ва ё наҳзати Бозгашт ба Исломро як афсона медонанд ки даҷҷолон барои фиреби мардум тарроҳӣ кардаанд то мухолифони худро аз байн бубаранд!! Ва ҳатто касе ба ман гуфт ҳар парчаме ки барафрошта шавад қабл аз зуҳури Маҳдӣ каззоб аст!! Ва бо ин иҷтиҳодҳо барои худ нусхаи дурӣ кардан аз наҳзатро ҳар чанд ки ҳақ будани онро дарёфтаанд мепечанд!! Ва суфориш мекунанд ки аз ин рудҳои охирул замон ки дар ҷараён аст дурӣ кунем ва худ болои қалла ба тамошои мо ва наҳзати Бозгашт ба Ислом менишинанд!! То хаста шудан ва ё нобудии моро ба чашм бубинанд!! Ва ба риши мо биханданд!! Бо ин васф, ин муддаиёне ки ҳар рӯз ба намоз ва зиёрат машғуланд дар пешгоҳи Илоҳӣ чигуна ҳастанд? Инҳо бо зуҳури имом Маҳдӣ чи ҷойгоҳе доранд? Оё касоне ки дар роҳи наҳзати Бозгашт ба Ислом ҳамроҳи олими раббонӣ ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ба суханҳову гуфторҳо ва тамасхуру азияти дигарон дучор мешаванд, чи аҷре дар пешгоҳи Худованд ва халифаи Ӯ доранд? Бо ташаккур
Муштоқи имом Маҳдӣ17/02/2016
26
Шинохти Ислом
Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳоли ҷамъоварии нафар ва имконот барои ҳифзи ҷони имом Маҳдӣ ҳастанд ва ҳол онки мусалмонон иқболе барои имом Маҳдӣ надоранд!! Чунонки шахсе ба ман гуфт: Муштоқи Маҳдӣ набош ки агар Маҳдӣ биёяд маҷбур ба итоъат ҳастӣ ва итоъат аз Маҳдӣ бисёр сахт аст!! Лизо беш аз онки муштоқи омадани Маҳдӣ бошанд тарс аз омадани Маҳдӣ доранд!! Ва ҳама силоҳ ва нафарро барои ҳифозат аз қудрати худ ҷамъ кардаанд ва маҷоле барои заминасозии зуҳури имом Маҳдӣ намедиҳанд!! Ва худро ҷонишини ӯ медонанд ва ҳукми худро ҳукми Паёмбар мешуморанд ва байъат бо худро айни байъат бо Паёмбар ва Аллоҳ муъаррифӣ мекунанд!! Ва ин сафиҳон аҳли байтро дар қабрҳо ибодат мекунанд ва ё дар чоҳ нома медиҳанд!! Албатта бидуни ҳеҷ байина ва ҳуҷҷате ва фақат бо таблиғот ва таваҳҳумот мардумро саргум мекунанд ва фиреб медиҳанд. Бо ин васф, ман ҳар чи фикр мекунам мантиқӣ [ба назар] намерасад ки ҷамъоварии заъифон метавонад боъиси ҳифозат аз ҷони имом Маҳдӣ шавад!! Зеро на қудрат баданӣ доранд ва на силоҳи пешрафта ва на сарвате ки онро таҳия кунанд.
Муштоқи имом Маҳдӣ25/02/2016
27
Шинохти Ислом
Душмани Хуросонӣ (!)29/04/2016
28
Куллиёт
Фарҳоди Гулистон11/05/2016
29
Шинохти Ислом
Ин гуна ки ман аз китоби <<Бозгашт ба Ислом>> мутаваҷҷеҳ шудам, барои зуҳури ҳазрати Маҳдӣ навишта шуда: 1. Шумори кофӣ аз мардум ирода кунанд, дар ҳоле ки мутаъассифона мардум ба ғайбати ҳазрат ва лазойизи дунёйи алоқамандтаранд то ба барқарории адолат дар ҷаҳон! 2. Мол, силоҳ ва нафари кофӣ ҷамъ оварӣ шавад то битавон барои зуҳур заминасозӣ кард, дар ҳоле ки мо агар бихоҳем дар ростои касби мол талош кунем, бояд ба куллӣ ақойиди Исломиямонро зери по бигзорем, вагарна бо ин авзоъи кунунии Эрон бо рӯзе 16 соъат кор ҳам наметавон як имрор маъоши рӯзона дошт, чи бирасад ба ҷамъоварии мол барои заминасозии як ҳукумат! Дар бораи таъмини силоҳ ҳам чанде пеш аз пойгоҳи шумо пурсидам ки ҷинси силоҳи имом Маҳдӣ чист?!! Посухе ки дарёфт кардам маро дилтанги ҳамон имоми замони афсонаи масҷиди Ҷамкарон кард ки меояд ва лабҳои шамшерро бар замин мекӯбад ва адолат дар ҷаҳон барқарор мешавад! Барои ҷамъоварии нафар ҳам дар фазои маҷозӣ пойгоҳи шумо филтир аст ва ба мо ҳам иҷозаи таблиғҳои маҷозӣ намедиҳанд ва барои таблиғҳои ҳузурӣ мо борҳо китоби шарифи <<Бозгашт ба Ислом>> ро бо гул оростем ва дохили ҷаъбаҳои тазйинӣ ниҳодем ва мутаъаллиқоте аз ҷинси сикка ва зар ва пул ба ҳамроҳаш кардем ва ба дӯстонамон ҳадия додем, вале афсӯс ки дохили ҳамон ҷаъбаҳо аз он нигаҳдорӣ карданд ва онро нахонданд ва гуфтанд фунти резе дорад ва чашмонамон озурда мешавад ва ба фикри қалби озурдаи имомашон набуданд!!! Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар саҳифаи 296 китоб мефармоянд: <<Дигар хаста ва сархурда шудам; чароки гӯйи замин аз мардумони шойиста холи аст>>. Мо низ ҳол ва рӯзӣ ин чунине пайдо кардаем. Чигуна бояд амал кунем то битавонем дар роҳи бозгашт ба Ислом гомҳои устувор дошта бошем?
Шиъаи аҳли байт15/05/2016
30
Шинохти Ислом
Маҳдия31/08/2016
31
Шинохти Ислом
Маҳдия31/08/2016
32
Куллиёт
Доввуд Каримӣ11/09/2016
33
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Ризо Розӣ01/10/2016
34
Шинохти Ислом
Муҳаммад Юсуф06/11/2016
35
Меъёр ва мавонеъи шинохт
Ризо Розӣ19/11/2016
Рафтан ба
коди
Ибтидо/1234/Интиҳо
Рафтан ба
саҳифаи
Донлуди маҷмӯъаи нақдҳо ва баррасиҳо
Нақдҳо ва баррасиҳо; Бозгашт ба Ислом; Мансури Ҳошимии Хуросони
Ҳар гуна истифода ва бардошт аз матолиби ин пойгоҳ бо зикри манбаъ биломонеъ аст.